Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Марсияи носуруда

Ҳар сол 15-уми май субҳи ман торик аст. Ин рӯзест, ки падарам аз ин дунёи фонӣ реҳлат карданд. Моро гузоштанду рафтанд. Дар синни 67-солагӣ, дар ҳоле ки мебоист, боз солҳои зиёде соябони сари мо мебуданд. Дару девори хонаи мо бесаробон монд. Он рӯзро ҳаргиз, то охирин нафаси умрам фаромӯш нахоҳам кард. Солҳо мегузаранд, аммо дард маро тарк намекунад. Ҳар лаҳза гоҳе ногаҳон ва гоҳе бо кӯчактарин ангезае симои пурнуру хандони падар пеши чашмам пайдо мешавад ва мехоҳам, фарёд занам, фиғон кашам, бигирям…

Аммо чунин лаҳзаҳо аҳёнан рӯй медиҳанд, зеро дар ҳама ҳангоми дигар тавре зиндагӣ мекунам, ки гӯё падарам зиндаанд ва аз дур, аз ватан ба ҳар кори ман, ба ҳар ҳарфи ман, ба ҳар навиштаи ман диққат медиҳанд. Ман натавонистам, ба набудани он кас одат кунам. Натавонистам, бовар кунам, ки падарам дигар нестанд, чун дар ҳақиқат ҳамеша ҳузури эшонро ҳис мекунам ва дар лаҳзаҳои мушкил аз он кас машварат мехоҳам ва чунин машваратро он кас ба ман медиҳанд.

Шояд бисёриҳо бар ин бошанд, ки падарон барои мо намунаи зиндагиянд ва рӯҳи онҳо то охирин нафас моро ҳамроҳӣ кардаву дар лаҳзаҳои душвор наҷотамон медиҳад. Аммо достони байни ману падарам достонест дигар, нодир ва нотакрор.

Меҳри модар ба фарзанд як чизи табиӣ ва ғаризаист, аммо падарон метавонанд ба ҳар гуна бошанд. Ман инро ҳанӯз дар ҳамон овони кӯдакӣ медидам. Падароне буданд, ки ба фарзандони худро ҳама гуна бераҳмиро раво медиданд. Падароне буданд, ки аслан дар фикри фарзандони худ набуданд. Вале падари ман гӯё аз обу гили дигар буданд.

Вақте ман ё додару хоҳаронам бемор мешудем, ба фикрам, он кас баробари мо, бештар аз мо дард мекашиданд, ба андозае ки беморӣ аз сар заданаш ба хонадони мо шарм медошт ва моро тарк мекард.

Падарам ба ҳисси барои мо номаълуме ҳамеша дарк мекарданд, ки дар ин ё он лаҳза дили мо чӣ мехоҳад ва ҳама корро мекарданд, ки дили мо шод бошад. Бибиям ва модарам падарамонро коҳиш мекарданд, ки бачаҳоро аз ҳад зиёд нозпарвард мекунанд. Аммо баъд аз ин ҳама нозпарвардӣ, камтарин нигоҳи он кас ба мо кофӣ буд, то аз шарм розӣ бошем, ки ба зери замин дароему чунин нигоҳро набинем.

Ба фикрам, он кас як сабки ба худ хоси тарбияро дарёфта буданд, ки ҳамеша коро буд ва ҳаргиз барҳадар намерафт.

Ҳамчун устоди адабиёт падарам аз Саъдӣ, “Қобуснома”, Низомиву Ҷомӣ намуна оварда, аз шеваи парвариши фарзандони хеш ҳимоят мекарданд. Ва касе ҳам наметавонист дар баробари эътибори яке аз беҳтарин муаллимони диёр ба ҳарфи он кас шубҳа кунад.

Хушбахтии ман, фарзанди нахустин ва хоҳару додаронам – Гулнора, Гулчеҳра, Гулсара, Ҳакимҷон, Гулпарӣ, Гуландом, Афзалмоҳ, Илҳомҷон ва Гулафзо ин буд, ки чунин падаре доштем – муаллим, порсо, парҳезгор, ростқавл, хоксор, олиҳиммат, меҳрубон, донишманд ва адолатпеша.

Аз сӯе ҳам ин як масъулияти бузург буд. Мо бояд тавре таҳсил мекардем ва одобе медоштем, ки сазовори номи падар бошад. Метарсидем, омӯзгоре моро таъна накунад, ки магар фарзанди чунин шахс метавонад, баҳои паст бигирад ва ё рафтори ғалат бикунад.

Падарам тамоми ҳастии хешро ба тарбияи мо, фарзандон сарф мекарданд ва аз он ҷо ки ҳамчун омӯзгор намунаҳои зиёде пеши чашмонашон буду тайи солҳо таҷрибаи бузурге андӯхта буданд, чӣ кор карданашонро хуб медонистанд.

Он кас на танҳо мо, фарзандони худро, балки ҳазорон нафар аз фарзандони мардумро низ дар ҳамин рӯҳия таълим додаву тарбия кардаанд.

Албатта, гоҳе хаёлан ошӯб мебардорам ва гӯё ба он кас мегӯям, чаро ба ман роҳҳои фанду фиреб, макру ҳиял ва хиёнат ба хотири баҳраҷӯиро ёд надодед. Ин дар ҳамон лаҳзаҳое мешавад, ки аз нокомӣ ва шикаст намедонӣ чӣ бикунӣ.

Ба назарам, ин як сустии лаҳзагист вагарна он меҳвари фӯлодие, ки аз тарбияи он кас дар мағзи устухони ман рост шудааст, ҳаргиз нагузоштааст, сархам бошам, таъзим кунам, таслим шавам ва ба роҳи ғалат равам. Шояд иштибоҳҳое кардаам, аммо хиёнатҳое на, найрангҳое на, судҷӯиҳое на, ҳаромхӯриҳое на ва виҷдонфурӯшиҳое на.

ДУ БОБО – ДУ ҶАҲОН

Шояд ҳамин гуна ки ман аз падарам нерӯ ва машварату кӯмак мегирам, ӯ аз падари хеш мегирифт. Аз бобои ман.

Бобоям шахси таҳсилдида ва домуллои деҳа буданд. Ҳаргиз як воқеаро фаромӯш намекунам. Боре аз Душанбе меомадам ва дар фурудгоҳ тасодуфан ҳамдиёронеро вохӯрдам, ки баҳимматона розӣ шуданд, маро низ то деҳаам бирасонанд.

Дар роҳ табъан гуфтугӯ сар шуд ва дар он давраи шӯҳратхоҳии ҷавонӣ номамро гуфтаму оҳиста илова кардам, ки журналистам. Даврае буд, ки ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар мекардам ва аксаран аз он ки бо гуфтани номам маро мешинохтанду аз ман ситоиш мекарданд арҷу эҳтиром мегузоштанд, фикр кардам ҳоло маро мешиносанд ва ба важд меоянд. Ғайриинтизор вокунише нашуд. Пурсиданд, писари кӣ мешавед? Ин ҳам фурсати хубе буд, зеро падарамро низ дар ин ҷо хуб мешинохтанд, аммо боз ҳам таъcире надошт.

Он гоҳ номи бобоямро гирифтам. Гуфтам, ман набераи Домуллоаюб мешавам. Мошин ҷобаҷо истод. Ҳамсафарони мо изҳори озурдагӣ карданд, ки чаро ман аз аввал ба онҳо нагуфтам, ки кистам. Аз мошин баромада, маро якояк ба канор гирифтанд ва гуфтанд, чӣ саодате буд, ки ин шом бо набераи чунин шахси бузург вохӯрдаанд. Он шаб моро ба хонаашон бурданд ва то дер вақт меҳмондорӣ карданд. Ман сари як дастархони пур аз нозу неъмат дар миёни даҳҳо нафар аз аҳли як деҳа нишаста будам ва ҳар лаҳза номаки хасакии журналистии худро ёд мекардаму ба ҳоли худ механдидам.

Бобои модариям низ як шахси шинохташуда буданд. Ду бобо, яке домулло ва шахси шадидан мазҳабӣ ва дигаре корманди ҳизбӣ, коммунисти сарсупурда, “коргари район” бо ҳам қудо шуданд.

Падарам мегӯянд, онҳо ҳамчун намояндагони ду фазои рӯзгори замони шӯравӣ ҳамдигарро такмил мекарданд. Яке фазои суннатии зиндагии тоҷикон ва дигаре таҳоҷуми сиёсӣ ва фарҳангии шӯравӣ. Яке ҳокимияти ботинӣ бар зеҳну дили одамон ва дигаре ҳокимияти бештар зоҳирӣ, аммо амалӣ ба зиндагии онҳо.

Ба зоҳир онҳо ду қутби хилофи ҳам буданд, аммо дар ботин ҳамон як тамомияти равонии мардум, ки идеолужики коммунистӣ барояшон бештар як саҳнасозӣ ба хотири ҳифзи ҷону мол ба шумор мерафт.

Падарам мегуфтанд, мулоқоту сӯҳбату ду бобои ман барои бисёриҳо ҷолиб буд. Дар оғоз ҳар ду нарму мӯътадил бо ҳам гап мезанданд, дар нимаҳои сӯҳбат, мавзеъгириҳои ғоявии онҳо кам-кам зуҳур мекард ва гуфтугӯ акнун аз паси ду сангар ҷараён меёфт, дар фарҷом баҳс сиёсӣ мешуд. Баҳси ислом ва коммунизм.

Ҳарду аз мавзеъгириҳои хеш ҳимоят мекарданд, аммо ба иззати нафси ҳамдигар намерасиданд.

Замоне ки бибиям оши палавро рӯи дастархон мегузоштанд, сӯҳбат дубора ба нармиш гаройида, баҳс аз байн мерафт ва навбат ба таом мерасид. Ин ҷо хиради мардумии “Аввал таом в-он гаҳ калом” пирӯз мегашт.

Ба фикрам, бобои домуллоям бо вуҷуди ноқаноатмандияшон аз қарору қонуни ҳукумат, дарк мекарданд, ки тағйир додани вазъ дигар номумкин аст ва баҳс тақрибан фоидаи зиёде надорад. Бобои коммунистам, ба навбати худ, медонистанд, ки ҳизб чизе гӯяду нагӯяд, мардум мусулмон буданд ва мусулмон хоҳанд монд, биноан, набояд беш аз ҳад фишор овард.

ПАДАРАМ

Падарам шояд маҳкум ба ин буданд, ки дар байни ин ду қутб зиндагӣ кунанд. Ниме ба ин ва ниме ба он. Он кас, ба фикрам, тамоми имкониятро доштанд, ки ба як рӯҳонии бонуфуз табдил ёбанд ва ё ба узви кумитаи ҳизбии ноҳия ё яке аз сарони он.

Аммо то охири умр коммунист нашуданд ва ба ин сабаб дар айни авҷи карйераи худ, дар ҳоле ки ба мансабҳои баланд расидаву барояшон дар марказ коттеҷ дода буданд, чаҳор хонаи хоб, салон, ҳавливу боғча ва дар подомани боғча ҳатто оғилҳои замонавӣ, аз вазифа даст кашиданд. Замоне даст кашиданд, ки масъалаи ҳизбӣ ба миён омад.

Он касро борҳову борҳо маҷбур карданд, барои узвият дар Ҳизби коммунист ариза диҳанд. Ин ҳам дар ҳоле ки солҳои 1970-ум танҳо ба намояндагони синфи коргар ва деҳқон шомил шудан ба ҳизб осон буд, на ба омӯзгорон, ки намояндагони интеллигентсия ба шумор мерафтанд. Вақте падарам ин пешниҳодҳоро рад карданд, дафъатан ба сафи афроди “калаванда” афтоданд ва маҷбур шуданд, корро дар маркази ноҳия қатъ кардаву ба деҳаи худ баргарданд.

АЗ ШАЙТОНАРОБА ТО ТЕЛЕВИЗОР

Модарам, духтари як корманди ҳизбию давлатӣ, дар синни хеле ҷавон бо падарам издивоҷ карданд. Вуруд ба ин хонадон барояшон як андозае изтиробангез буд. Хонадони домуллои машҳур. Аммо аз сӯи дигар тамоми деҳа медонист, ки ин як хонадони пешрафта ва рӯшангар аст ва дар он ба ҳеч гуна зулму ҷабр роҳ дода нахоҳад шуд.

Ин солҳое буд, ки хонадони Домуллоаюб аввалин шуда, “шайтонароба”-ро ба Масчоҳ оварда буд. Манзурам, велосидпед ё дучарха, ки он вақт мардум онро “шайтонароба” ном кард. Дертар нахустин радиоро низ ҳамин хонавода овард ва мардум ҷамъ меомаданд, то садои радиоро шунаванд.

Ривоят мекунанд, ки бибиям Афзалмоҳ аз садои шавшуви радио безор шуда, ба писаронаш мегуфтааст, “ин чизро аз хона берун бароред, валлоҳ кӯрпачаҳоро ғиччи об мекунад.” Бибии худораҳматиям фикр мекарданд, ки он шавшуви радио садои об аст.

Дертар ҳамин хонавода нахустин телевизионро ба ноҳия овард. Худи ман, ҳарчанд кӯдаки хурдсол будам, дар хотир дорам, ки солҳои 1965 ё 1966 даҳҳо тан аз ҳамдеҳагонамон ба хонаи мо меомаданд, то телевизионро бинанд. Агар тобистон буд, модарам дар рӯи ҳавлӣ, зери тут шолчаву намадҳоро паҳн мекарданду кӯрпачаҳо меандохтанд ва ҳамдеҳагони мо қатор нишаста, намоишҳои телевизонро медиданд. Ин як телевизори “Старт-3” бо экрани хеле хурд ва тасвири сиёҳу сафед буд.

Дар оғоз танҳо намоишҳои телевизиони Тошкандро дидан мумкин буд, мавҷи телевизиони Тоҷикистон то ин ҷо намерасид. Падарам даҳҳо намуд мавҷгире сохтанд, то телевизиони мо бо тоҷикӣ садо диҳад. Ёд дорам, боре чандин лулаи оҳаниро кафшер карда, бо ёрии ҳамдеҳагон мавҷгирро ба баландии 16 метр бардоштанд. Чанд нафар мавҷгирро нигоҳ медоштанд ва ин сӯву он сӯ мегардонданд ва падарам аз канал ба канал мегузаштанд, то мавҷҳои телевизиони тоҷикро пайдо кунанд.

Натиҷае ба даст наомад. Ҳол он ки ин мавҷгирро падарам пас аз фиристодани нома ба маҷаллаи маскавии “Радио и телевидение” ва гирифтани посухе бо тарзи сохтани мавҷгир чандин шаб бедорхобӣ кашида, сохта буданд.

На, мавҷгир гӯё кор намедод. Вале вақте ки онро поин меоварданд ва он дар ҳоле ки ҳамоил буд ба баланди 2 метр фуромад, ногаҳон дар телевизиони мо дикторзани тоҷик пайдо шуд ва каломи тоҷикӣ садо дод. Падарам фарёд заданд, ки “Шуд! Истед!” ҳама истоданд ва дар ин оромӣ садои дикторзани тоҷик ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва ҳамаи онҳое, ки он ҷо буданд, аз дилу ҷон “ҳурро” гуфта, фарёд бароварданд.

Дар экрани телевизион зане бо мӯйҳои мисли тӯб дар болои сараш баста пайдо шуд ва ба забоне ҳарф мезад, ки пас аз чандин ҳафтаи узбакиҳои диктори телевизиони Тошканд Насиба Қамбарова мисли ҷон ба тани падарам ва ҳамдеҳагони мо дамид. Танҳо баъдҳо мо, ки номи диктори узбакро медонистем, фаҳмидем, ки номи дикторзани тоҷик Рафоат Абдусаломова будааст.

Ин лаҳзаҳо ман шодмонии падарамро дида будам, аммо намедонистам, ки вай чӣ зиндагии сахтеро паси сар кардааст. Махсусан дар давраҳои бепулие, ки дар Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа мехонд ва яке аз шогирдони беҳтарини устод Разиюллоҳи Абдуллоҳзода буд.

Ҳаргиз он солҳоро ёд намекарданд, аслан мойил набуданд, аз душвориҳои зиндагӣ ҳарф зананд. Амакам нақл карданд, ки дар солҳои қаҳтии Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бибиям пеш аз рафтан ба кори колхоз як кулчаи хурдаки нони зағора барояш мегузоштаанд, то худаш, додараш ва хоҳараш бихӯранд. Додарон нонро ду ҳисса мекардаанд, то нимашро ба хоҳарчаашон диҳанд, вале вай кулчаи нимаро намехостааст ва мегиристаанд, онҳо маҷбур мешудаанд, нимаҳои нонро бо чӯбакҳо ба ҳам васл кунанду ба ӯ диҳанд, то гиря накунад.

КОҒАЗ ВА ОҲАНҶОМА

Зоҳиран, падарам ҳамчун фарзанди солҳои қаҳтию нодорӣ мебоист, як каси хасис мебуданд, аммо дар амал чунин набуд. Модарам гоҳе падарамро накӯҳиш мекарданд, ки серхарҷанд, охирин пули худро ба ҳар кас қарз медиҳанд ва пули зиёдеро сарфи коғазпора ё оҳанпора мекунанд.

Дарвоқеъ падарам ба техника шавқи беандоза доштанд. Пас аз нахустин велосипед, хонавода бо тавссути он кас аввалин мотосиклро ба деҳа овард. Он тамғаи “Ковроветс” буд ва хеле вақт садояш ба ҳамдеҳагон хабар медод, ки писари Домуллоаюб ба куҷо рафт ё аз кадом тараф омад. Дертар, мо соҳиби мотосикли сечархаи “ИЖ- Юпитер” шудем ва баӣд аз он сечархаи “Муравей”. Хона пур аз пармаву рандаҳои гуногун, шиканҷаи оҳанин ва ғайра буд.

Китоби зиёде дар хона ҷамъ шуд, ки падарам маҷбур шуданд, барои онҳо як ҳуҷраи ҷудогона созанд. Ҳамин гуна китобхонаи мардуми падарам пайдо шуд. Он ҷо наздик ба 5 000 нусха китоб ҷамъ шуда буд. Ҳар сол падарам ду моҳ музди кор надоштанд. Ин нархи обуна ба тамоми рӯзномаҳои Тоҷикистон ва 5-6 рӯзномаву маҷаллаи русӣ буд. “Известяи”, “За рубежом”, “Знамя”, “Дружба народов”, “За рулем”, “Наука и жизнъ”, Техника молодежи”, “Юностъ”, “Мурзилка”, “Вселие картинки”, “Молодая гвардия” аз нашрияҳои дӯстдоштаи он кас буд. Ба ғайр аз ин аз Лаҳистон ё Полша маҷаллаи “Наука и техника для детей и молодежи”-ро мегирифтанд.

Бо вуҷуди ишқе, ки падарам ба адабиёти классики тоҷик доштанд, бисёр мехостанд, мо ба риштаҳои техникӣ майл пайдо кунем. То охирин соли таҳсил дар мактаби миёна, ба ман мегуфтанд, бояд муҳандиси сохтмон шавам. Дар яке аз зодрӯзҳоям бароям бозии “Конструктор” – ро харида буданд. Ин як қуттие буд пур аз ҷузвҳо ва печҳои васлкунанда ва аз онҳо кас метавонист, хона ё ҳавопаймову киштӣ бисозад.

Он кас мегуфтанд, дар интихоби касб бояд дид, ки ҷомеа имрӯз ба чӣ касоне ниёз дорад. Орзу доштанд, ки деҳаи нави мо, шаҳрҳои кишвар ва куллан ватани мо зебо бошад ва меъмории қадимии мо эҳё шавад.

ИНТИХОБИ ПЕША

Соли 1977 ман мактаби миёнаро хатм кардам. Тайи як сол то ин воқеа падарам ҳамеша бо ман сӯҳбат мекарданд ва мепурсиданд, кӣ шудан мехоҳам. Орзуи ландаҳуронае дар дили ман нишаста буд, ки бояд ҳунарпешаи синемо шавам. Ману ҳамсинфам Давлат Қурбонов бо ҳам аҳд баста будем, ки ба Душанбе рафта, таҳсилро дар Донишкадаи ҳунарҳои нафиса идома хоҳем дод.

Падарам ибтидо намехостанд, ошкоро мухолифати худро ба ин нақшаҳои ман нишон диҳанд. Фақат мегуфтанд, “аз он ки ту дар синемо худнамоӣ хоҳӣ кард, ба кӣ чӣ фоидае мерасад? Бояд ба думболи касбе равӣ, ки ба ҷомеа даркор ва зарур бошад.” Аммо ман ошиқи кино будам ва ҳамон давраҳо буд, ки китобчаи Ато Аҳроров “Кинои тоҷик”-ро хондаву тасмимамро гирифта будам. Бозии Маҳмудҷон Воҳидов ва Бимбулат Ватаевро дар филми “Достони Рустам” дидаву шефтаи ҳунари онҳо будам ва ҳатто дар хоби шаб бозии онҳоро такрор мекардам.

Аслан, ин меҳрро низ ба дили ман падарам ҷо карда буданд. Ҳанӯз кӯдак будем, аммо ҳамроҳи хоҳаронам Гулнора ва Гурчеҳра як театри хонагӣ доштем, ки худамон барои он пйесаҳо навишта, ба саҳна мегузоштем ва ба хешу наздикон намоиш медодем. Пайдо шудан дар симои афроди гуногун ва зистани умри онҳо, барои омодагӣ ба як саҳначаи чанддақиқаӣ барои ман беҳтарин шуғл буд.

Падарам маро ҳушдор медоданд, ки ҳунарпешаи синемо бояд овоз дошта бошад, ки тарона бихонад, бояд хуб бирақсад. Ман ба дастаи ҳаваскорони санъати мактаб даромада будам ва рубобу гиторро хуб менавохтам, суруд мехондам ва мерақсидам. Бо ҳаммактабон Табарркушоҳ ва Ғуфрон чанд намоиши театрӣ омода карда будем, ки хеле муваффақ буданд.

Аммо, росташ, мо ҳамагӣ шефтаи филмҳои ҳиндӣ будем. Ёд дорам, ҳамон вақт филмҳои “Боббӣ” ва “Ишқ зиндагист”-ро 7-8 бор тамошо карда будам ва бароям душвор набуд, дар синфхона тамоми нақшеро ки Риши Капур ё Амитабх Баччан бозидаанд, бибозам.

Рӯзи ҳалли ниҳоӣ дар тобистони соли 1977 низ фаро расид. Падару модарам дар пешгоҳ нишаста буданд ва хоҳаронам дар поён ва аз ман суол шуд, ки ниҳоят, қарорам чист. Боз ҳам шояд натиҷаи тарбияи падарам буд, ки бо қатъияти тамом гуфтам: “Кино ва тамом!”

Падарам лабханд заданд, ба модарам нигаристанд ва баъд аз лаҳзае гуфтанд, “хуб, дар он сурат, бароят 200 сӯм медиҳам ва чӣ коре, ки мехоҳӣ бикуну бидон, ки масъули ҳама корат худатӣ.”

Вақте бо Давлат ба Душанбе расидем ва ба Донишкадаи санъат омадем, маълум шуд, ки он сол, яъне 1977 танҳо ба бахши русии факултаи театру синемо донишҷӯ қабул мекардаанд. Давлат дудила шуд ва ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи маданӣ-равшаннамоиву китобхнадорӣ супорид. Ман ба факултаи театру синемо, аммо қабул накарданд, зеро ман дар мактаби русӣ таҳсил накарда будам.

Оваҳ, ман мехостам, дар бораи падарам бинависам, аммо худхоҳӣ маро ин ҷо овард, ки ба нақли саргузаштҳои худ пардохтам ва ин достон дароз асту шояд фурсати дигаре бояд ҳикоят шавад.

ФОҶИАИ МУҲОҶИРАТ

Падарам на танҳо фарзанди айёми ҷанг буданд, балки ҷавонии он кас дар муҳоҷират барбод рафтааст. Соли 1956 мардуми моро аз кӯҳистони биҳиштосои Масчо ба дашти Дилварзин муҳоҷир карданд. Ин нақшаи Бобоҷон Ғафуров буд, ки мардуми Масчо ӯро танҳо баъд аз нашри китоби “Тоҷикон” бахшид, вагарна ҳаргиз намебахшид.

Ҳазорон нафарро аз сарзамине, ки насл ба наслу аҷдод ба аҷдод дар он ҷо зистаанд, бо зӯри силоҳ ба биёбон ронданд. Мисли он буд, ки бурси сарсабзи ҳазорсоларо аз решае, ки ба обҳои ширини кӯҳистон печида буд, бикананд ва дар биёбони сӯзон, байни хору хас биншонанд.

Мардуми зиёде зери офтоби сӯзони биёбон дар ҳасрати боғу бешазорон ва рӯду чашмасорони хеш ҷон дод, то барои давлати шӯравӣ пахта бирӯёнад. Падарам мегуфтанд, агар дар ватани обоӣ деҳаи мо ҳамагӣ як тобут дошт, дар ҷои нав панҷ тобут сохта буданд, ки ҳамарӯза дар роҳи байни хонаҳои нимасохтаву хаймаҳо ва қабристони навпайдо дар ҳаракат буданд.

Рӯзҳое мешуд, ки аз як хона ду ё се тобут мебароварданд. Ва рӯзҳое мешуд, ки барои тобут навбат мегирифтанд. Бештар аз ҳама кӯдакону солмандон гурӯҳ-гурӯҳ мемурданд. То ҳанӯз бойгонии ин фоҷиа гӯё боз нашудааст. Нависандаи шаҳир Пӯлод Толис ба назди ин мардум сафар кард ва мебоист, достони қаҳрамонии мардуми кӯҳистонро менавишт, аммо аз ғояти дард натавонист, чизе бинависад. Шояд ҳамин дард буд, ки оқибат ӯро бемор ва ҷавонимарг кард. Шояд дидани фоҷиаи бесоибқа буд, ки дар ниҳояти амр ӯро ба худкушӣ водор намуд.

Бобои Муллоаюбам он рӯзҳо аз субҳ то шом деҳаро мегаштанд ва аз ҳоли муҳоҷирон хабар мегирифтанд. Онҳоро дилдорӣ мекарданд.

Падарам, яке аз нахустин омӯзгорони мактаби нав муаллимони дигар ва хонандагонро ба шинондани ниҳол водор карданд. Мебоист, боғҳо сохт ва мебоист кӯчаҳо пур аз дарахт бошанду ба зудӣ шоху шипа зананд ва бар сари мардум соя кунанд.

Бибиям Афзалмоҳ ин биёбонро Дашти Карбало меномиданд ва кӯдакону наврасонро шаҳид. Он кас мегуфтанд, дар ин биёбон дарахт сабз намешавад ва дар ҷое ки дарахт намесабзад, инсон бояд зиндагӣ накунад. Бобоҷон Ғафуров, тавре акнун мебинем, ҳадафи дигаре дошт, бузургтар аз пахтаи Масчо. Вай мехост, марзро тақвият диҳад, марзро бубандад. Вале оё мумкин буд, ба ин қадар маргумир роҳ надода, ин корро кард?

Падарам мегуфтанд, як бадбахтии дигар ин буд, ки мардум аз сари хашм фарзандони худро аз мактаб мегирфтанд. Онҳо бо ҳамин роҳ эътирози худро ба ҳукумат баён медоштанд. Он гоҳ тасмим гирифта шуд, ки муаллимон деҳаи навободро ба бахшҳо тақсим кунанд ва хона ба хона бигарданду кӯдаконро ба мактаб биёранд. Мушкил ин буд, ки агар дар Масчои кӯҳна деҳаҳо ҷудо-ҷудо ва дур аз ҳам воқеъ буданд, баъд аз кӯчондану ба Дилварзин овардани мардум аҳолии чанд деҳаро дар як деҳкада ҷой доданд ва маҳаллаҳо номе надоштанд, ки ба бахшҳо қисмат кардану масъулияти онҳоро бар дӯш гирифтани муаллимон як низоми муайян дошта бошад.

Он гоҳ масъалаи номгузории кӯчаҳо ва шумора задан ба хонаҳо ба миён омад. Кӯчаҳои бахши аз канали “Тоҷикистони шӯравӣ” болои деҳкадаи Обурдонро падари ман номгузорӣ кардаанд. Дӯсту ҳамкасбу ҳамсарнавишти эшон, муаллим Хурсанд Надиров ҳикоят мекарданд, ки ба ҳамин сабаб номи кӯчаҳои боло ҳама аз зикри бузургони адабиёти тоҷику форс иборат аст – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷомӣ, Зебуннисо, Бедил, Саъдӣ ва кӯчаҳои поён ба номи Жуков, Крупская, Фадеев, Кошевой ва монанди инҳо.

Вақте ман мактабхон шудам дарахтони деҳа бар фарози кӯчаҳо соя андохта буданд. Боғи мо боғе буд, ки даҳҳо нафар аз он ниҳолак ё пайванд мегирифтанд. Падарам аз ҳар куҷо, бештар аз ҳама аз Янгиюли Узбакистон, ки амакашон он ҷо мезистанд, ниҳолҳои гуногуни мевадор меоварданд ва пас аз чанде ин ниҳолҳо ба тамоми деҳа паҳн мешуд.

Омӯзгор буданд, аммо ба шогирдонашон на танҳо савод меомӯхтанд, балки як ҳуҷраи хонаи мо фотолаборатория шуда буд ва бачаҳо дар он ҷо навори аксҳоро мебароварданд ва аксҳоро нашр мекарданд. Дақиқ намедонам, аммо яке аз аввалиин дастгоҳҳои аккосӣ дар хонаи мо пайдо шуда буд.

Даҳҳо нафар дар хотирам ҳастанд, ки бо шеваи акнун нодаркор, аммо он замон инқилобии чопи акс дар обҳои кимиёӣ садҳо аксро нашр мекарданд. Барои ман зери шуъои қирмизӣ тадриҷан пайдо шудани аввал хатҳои нимааён, сипас суробу шабаҳҳо ва он гоҳ симову шаклҳо мисли як мӯъҷиза буд.

Дар зимн, аввалин акс аз ман замоне бардошта шудааст, ки ҳамагӣ семоҳа будам ва монанди касе ҳастам, ки сару рӯяш докапеч аст. Ин манам дар парпечҳо. Ва даҳҳо аксе мондааст, ки дар онҳо ман дар синну соли гуногун намудор мешавам.

Падарам тамоми фароянди муҳоҷирати мардуми Масчоро низ дар аксҳое тасвир кардаанд. Дӯст намедоштанд, касе ин аксҳоро бубинад. Мегуфтанд, бахши аъзами онҳоро ҳатто рӯйи коғаз нашр накарданд. Боре ҳамроҳ як чанбар наворҳои негативиро дидем ва аз байни онҳо 60 наворро ман интихоб кардам, ки ба Душанбе бурда, тармим ва нашр мекунам ва дар Иттифоқи журналистон як намоишгоҳе дуруст мекунем, ки ҳақиқати фоҷиаи муҳоҷирати мардуми моро нишон диҳад.

Бадбахтона, ин наворҳо ҳамроҳ бо ашёву колои дигари ман дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз хонаи ғоратшудаам ба яғмо рафт. Ин шояд гаронбаҳотарин дороии ман буд, ки абадан ба он ганҷи сӯхта хоҳам сӯхт.

ВОПАСИН НАФАСҲО

Хушбахтиям дар ин буд, ки бо вуҷуди табдил шуданам ба мусофири абадӣ дар вопасин лаҳзаҳои умри падар ҳамроҳашон будаму дасташон дар дастам буд. Аз роҳ меомадам, чун хабар гирифта будам, ки ҳолашон бад аст ва хоҳарам дар гӯшии телефон мегирист, ки агар дар чанд соати дигар нарасам, рӯйи гарми он касро нахоҳам дид. Аммо ба амри Худованд падарам то омадани ман интизор монданд.

Хоҳаронам гуфтанд, ҳар лаҳза ба дар менигаристанд ва интизори ту буданд. Вақте ман вориди ҳуҷраашон шудам ва ҳама давра нишаста буданду “Ёсин” мехонданд, он кас сар аз болин бардоштанду ба ман нигаристанд ва гунаҳкорона табассум карданд. Вақте ки наздашон нишастаму оғӯшашон гирифтам ва ашк аз чашмонам шашқаттор равон гашт, хоҳиш карданд, ки гиря намкунам. Пас аз чанд лаҳза ҳамаи моро падруд гуфтанд.

Ҳафтае пеш аз ин вақте рӯйи кати зери хавозаи ток нишаста сӯҳат мекрадем, гуфта буданд, фурсати охирин сафари он кас расидааст. Ман эътироз мекардам, он кас мегуфтанд, “ин хости Худованд аст ва танҳо инро бароят мегӯям, ки ман аз ҳеч чиз пушаймон нестам. Ман аз ҳама чиз розиям. Аз ту хеле ва хеле розиям ва хоҳиши ман ин аст, ки ҳамин роҳатро идома бидеҳ, ҳаргиз дарнамо ва пушаймон ё ноумед нашав.”

Ин васияти падар буд, аммо таърихчае дошт, ки фақат ҳардуямон медонистем. Аз он ҷо, ки ман журналист шудам ва он ҳам журналисти саркашу мубориз, падарам солҳо розӣ набуданд. Мегуфтанд, тунд меравӣ. Мегуфтанд, муросо ва мудоро бояд кард. Аммо ман аз сухан ва корам суд барои мардум меҷустам, на барои худ. Баҳсҳои сангине бо ҳам доштем. Албатта, падар мехост, писараш амн ва муваффақ бошад, аммо фикр намекард, ки писар наметавонад, меъёрҳои ахлоиқиеро, ки падар дар ниҳоди ӯ гузоштааст, баҳам занад.

Ҳар гоҳе ки мақолаи танқидии ман чоп мешуд, рӯзи дигараш падарам занг мезаданд ва назари худро мегуфтанд ва боз ҳамоно насиҳати оҳиста рав, ҳамеша рав.

Соли 1992 барои тамоми миллати тоҷик соли сахт буд. Барои падарам ва ман низ. Дар ҳоле ки ман кишварро тарк карда будам ва нокасоне маро меҷустанд, ба падарам мерасонанд, ки гӯё ман захмиям ва дар бемористони ноҳияи Айнӣ мебошам.

Ин дасисаи кормандони амниятӣ буд, ки аз як сӯ мехостанд, бидонанд, оё падар аз маҳалли будубоши писар хабар дорад ё на ва аз сӯи дигар, агар падар ба ҷустуҷӯи писар барояд, мешавад, ба думболи ӯ рафт ва журналистро пайдо карду ба ҳабс гирифт.

Падарам бо шунидани ин хабар ба сафар мебароянд. Ба Панҷакенту Айнӣ, сипас ба Душанбе мераванд ва ин ҳама муддат ҷосусон аз паяшон мегарданд. Вақте ба Масчо бармегарданд, он касро ба Кумитаи амният ба бозпурсӣ даъват мекунанд. Барои ман шунидани ин хабар бисёр дардовар буд. Шабу рӯз дар ҳароси ин будам, ки бо падарам чӣ хоҳанд кард. Ба худ савганд хӯрда будам, ки агар он касро ҳабс кунанд, ман меравам, то барои озодияшон кунҷи маҳбас биншинам.

Маҷбур шудам, нахустин бор гузоришҳои худро ба Радиои Озодӣ на ба садои худам бидиҳам. Ҳафтае нагузашт, ки падарам занг заданд ва гуфтанд, “писарам, ман ҳамеша мегуфтам, тунд марав, эҳтиёт кун ва ба фикрам, ҳоло ту барои ман шуда, гузоришҳоятро бе садои худат пахш мекунӣ. Фикри ман ин аст, ки бояд натарсӣ ва ҳақиқатро ба мардум расонӣ. Аз ҳеч чиз фикр накун. Ончӣ ман дидам, далели ин аст, ки бояд хомӯш наистод ва сухани ҳақро гуфт. Ман дар намозҳоям аз Худованд мехоҳам, ҷонатро дар амон дорад, то битавонӣ дарди мардуми худро бигӯӣ.”

Ман даступо хӯрдам. Бори аввал буд, падарам он бори сангинро аз дӯши ман мегиранд ва роҳи маро боз мекунанд, ки дигар бепарво ва озод ҳарф занам. Пас аз як лаҳза сукут он кас илова карданд:

“Дарди мардумро бигӯ, то дардашон сабуктар шавад. Ин васияти ман аст.”

Мо ду тан, яке дар Маскав ва дигаре дар Тоҷикистон дар гӯшии телефон бо ҳам мегиристем. Гиряе буд, ки ангезаҳои зиёд дошт. Ҳам дурии писар аз падар, ҳам қатли оме, ки бар сари тоҷикон рехт, ҳам аз ҳоли зори ҳазорон маҳбуси бегуноҳ, ҳам аз боз шудани дилҳои падару писар бо ҳам, ҳам аз ноумедии дидоре, ки ба қиёмат мемонад.

Аммо тақдир карда будааст, ки дида ба дидор расид…

Намехостам, ин гуна тӯлонӣ ва дарҳаму барҳам бинависам. Мехостам, фақат ёде аз падарам бикунам. Надонистам, ки риштаи суханам ин гуна ба дарозо кашид. Вале ҳанӯз ҳам дилам пур аст ва ин қадар гуфтание дорам, ки ҳоло танҳо ашк пеши чашмонамро гирифтаву дард диламро мефишорад ва фарёд гулӯямро месӯзонад, бояд биистам ва идомаи суханро ба вақти дигаре бигузорам.

9 Comments »

  1. Bor iloho hamai orzuhoi neki Shumoro amali gardonadu,baroi boz ham oshkor soxtani dardi mardumi jafokash tavfiq arzoni farmoyad.
    Rosti gap ustod ba mujarradi xondani guftahoi bolo,lahzae chand dar dunyoi gam furu raftam,va dar peshi chashmonam manzarai Mastchohi shodobu Dilvarzini suzon namoyon megasht,ki mardumi muhojir bo hazor shikanja muboriza baroi hayot mekardand.
    Dar miyon simoi Bibii xudorahmatiyam yod omad ki bo 2 farzandi yatimash voridi in sahnai zulmu jafo meshavand.
    Girya insonro gulugir mekunad…Xudoyo ruhi hamai fotehoni in biyoboni barahutro shod,va dar Jannatul Firdavs mustaqar bigardon.
    OMIN YO RABBAL OLAMIN!

    Comment by Imommuhammad | 29.05.2010 | Reply

  2. МОРО ЗИ ПАДАР НОМУ НИШОНЕ БОКИСТ
    ГАРЧИ ЗИ ЧАХОН РАФТ ЧАХОНЕ БОКИСТ.

    Дарди бепадарирро ман хам дар дил дорам ва тули 14- сол аст ки ба набудани киблагохам тахаммул карда наметавонам хаёлам ки дар сафари хидмати асту хозир даромада меояад вале афсус сад афсус ки рафтагон боз намегарданд… мо ба суи онхо равонаем.

    Comment by Shahlo | 05.08.2010 | Reply

  3. Чи байти пурмаъно ва зебое!

    Сипосгузорам аз хамдардии Шумо ва низ хамдардии маро бипазиред.

    Comment by aioubzod | 06.08.2010 | Reply

  4. Xudovand joyashonro jannatilma`vo gardonadu umri shumoro daroz, ki voqean dar fazoi ittilootii milli xizmati nazarrase kardaistodaed.
    Boshed salomat!!!!!!!!!!!!!

    Comment by Salmon | 21.04.2011 | Reply

    • Сипосгузорам бе хадду канор.

      Comment by aioubzod | 21.04.2011 | Reply

  5. Ассалому алайкум хамдиёри ва хешбачаи гиромикадр Салимчон. Ах номи худам ва хонадонамон ба Шумо саломати ва тансихати хохонем. Баъд аз хондани сатрхои боло рости гиря гулугирам шуд. Аз хикоятхое бобои равоншодам ба мо наберагон мекарданд, оиди дуъо ва насихатхои бобои Шумо ёдовари мо мегаштанд. ва насихатхои худорахматии падаратон, ки устоди мо низ ба хисоб мерафтан доим хотираи мо накш бастаанд. Ба Шумо аз даргохи Худованд сихат саломати, барори кор ва тамоми хушихои зиндагиро таманно дорам.

    Comment by Иноятхоча валади Каттахоча валади Азизмухаммад | 23.11.2011 | Reply

  6. Илохо гузаштагони Шуморо рахмат ва Шуморо сарбаланди 2 олам гардонаду амалкарди Шумо сабаби ризоятмандии онхо шавад.Иншоаллох худат фарзанде хасти,ки барои гузаштагон ва ояндагонат мояи ифтихори.
    Хак бигу , хак бишнав,хак ширин бувад….

    Comment by Шамсиддин | 17.01.2012 | Reply

  7. Man agbara sar kardam ba pushti burso,
    sad sol guzarad dilam kashuni Mascho

    Maqolahoi shumoro xonda yodi Vatani azizam kardam

    Comment by Gul | 07.03.2012 | Reply

  8. surudi judoi xele dilangez, jigarsuz va jolib!!!! dili porai musofironro beshtar ob mekunad. Ruhi muallim Ayubov shod bod!

    Comment by Gul | 07.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 119 other followers