Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фархунда бод Наврӯзи оламоро!

Пеш аз ҳама муборак ба Хуршеди Тобон, ки имрӯз дар чархиши муназзами коинот дар марзи роҳи нави хеш қарор гирифт. Сипас табрик бод ба Замин, ки пас аз моҳҳои безурётӣ ва хазону яхбандон акнун обистани орзу шуд. Ба ҳазрати деҳқон, ки шукри офтобу нуру гармӣ мегӯяд ва донаи умед дар замин мекорад. Ба ҳар яки Шумо, хонандагони ин торнигор, ки бо ҳам рӯзҳои сарду сиёҳи зимистонро паси сар кардем. Наврӯз муборак!

Хуҷаста бод Наврӯз ба бемороне, ки пас аз авҷи дардҳои хеш дар пирию афсурдагиҳои фасли сармо ва ғалаёни эҳсоси барбастани рахт дар вопасин нохунхароши хокҳои яхбастаи роҳи қабристон аз меҳрубонии Худо ба баҳори нав расиданд ва дигарбора дар чашми онҳо ишқи зиндагӣ дурахшид, дигарбора умед мисли муғчае дар шохаи хушкидаи дарахти умри онҳо бишукуфт.

Оне ки ба баҳор расид, то зимистон умр хоҳад дошт. Худованд бо Наврӯз ба ӯ чунин паём дода. Боз бишаванд дилҳои баста ва тилисми бемориҳо. Худованд бо Наврӯз ба онҳо шифо фиристад. Ва умру бақо. То баҳори дигар ва баҳорони дигар.

Наврӯз муборак ба модаре, ки моро зоду парвард ва аз пойи равони мо ба ӯ фақат ғубори ғаму дарди ҳиҷрон мерасад. Хушо, ки ба Наврӯз ёдаш кунем ва дилашро шод ва омурзиш бихоҳем аз ӯ барои дил ниҳодан ба ҷодаҳои хоро ва мулки бегона.

Шод бод Наврӯз ба мусофирони раҳдур, ки дар ҳар куҷои олам бошанд, дар беҳтарин лаҳзаҳову бадтарин лаҳзаҳои умр ёди ватан мекунанд ва дар фосилаи байни ин ду ёди хоҳару бародар ба дарди дили онҳо меафзояд ва ҳам ин дардро сабуктар мекунад.

Фаррухпайк бод Наврӯз ба ошиқоне, ки ҳама чизи атроф барояшон ҳамеша ҷилои наврӯзӣ доштаву дорад ва тақвиме нест набояд ишқи онҳоро ва Наврӯз аст онҳоро имрӯзу ҳама рӯз, ҷовидона.

Фархунда бод Наврӯз ба парандаҳои муҳоҷир, ки ба кошонаи пурҳасрати хеш баргаштаанду меҳру нишоти нав ба он овардаанд. Дуруд ба шукуфаҳои наврӯзӣ, ки ҳаворо атр бахшиданд ва салом ба боди наврӯзӣ, ки дуду меҳро парешон кардааст.

Шоиста бод Наврӯз ба болонишинон, ки дар ин рӯз поён биёянд ва ҳамнаво бо мардуми хеш бошанд, ҳамдард, ҳамнафас, ҳамсафар, ҳамдил ва ҳамкор. Бадиҳо фаромӯш, некиҳо тоҷи сар, аз сафҳаи сафед то рангорангии гулҳо, ростӣ ва дурустӣ, некӣ ва дӯстӣ. Худоё, шифо, бақо, барор, ҳамҷӯрии ҳама бо ҳам ва ҳамагон бо ҷаҳоне, ки офаридаӣ, ҳидоятамон кун.

Ин номаро, ки аз дӯсте расида, низ ин ҷо насб мекунам:


20.03.2010 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Табиат, Фарҳанг | , ,

3 Comments »

  1. Гуед ба Навруз ки наояд ба ин мулки гуломон!

    Comment by Samandar | 21.03.2010 | Reply

  2. Устоди арчманд!
    хаммаслакони гиромикадр!
    Фарорасии Наврузи хучастамакдам ва фаррухфолро, ки чашни эхёи зиндагони ва тачаммули бахори нозанин дар саросари Ачам аст, ба Шумо самимона тахният гуфта, бароятон саодати рузгор, офияти пайваста, икболу манзалати оли, комрониву комгорихои хамешагиро таманно мекунам.
    Чашни Наврузи Ачам башоратовари паёми чонфизои Бахори хучастафол ва рамзи тулуъи хуршеди оламафруз ва чахонорост, ки дар тадовуми фурсатхои сабзу шукуфо ба зиндагонии мардумони ориётабор нуру зиё, шукуху сафо, гулистони назокату латофат ва чамани орзухо эхдо оварда, моро ба фардохои пур аз максуд ва фуруги абадипартави саодат мепайвандад. Ин чашнвораест, ки аз рузгори чамшеди Каёни ибтидо гирифта, дар тамоми масири таърихи аквоми эронитабор хамагуна тахдиду фишорхои таърихро ба сарбаланди тахаммул карда, то имрузи фурузону дурахшони мо хамчун рамзи човидонагии мероси Ачами бузург аз гирдбодхои пурталотуми таърихи инсоният махфуз мондааст. Ин аст, ки то кунун тамоми мардумони Ачам бо хастии ин суннати деринаи ачдоди ва чашни шукуфоиву нусрат ва нузхати табиат алами ифтихор барафрошта, Наврузи некпайро тимсоли дустиву иттиход ва нишони вахдати мардумони сарзамини Ачам шинохта меоянд.
    Бори дигар Шумо хамзаминону хамзамонон ва хамзабонони арчмандро ба муносибати ин чашни хумоюну фархунда самимона тахният гуфта, бароятон шукуфоии тоза, нусрату нузхати хамешаги дар зиндагони ва мачмуи хушихои рузгорро таманно намуда, дасти дуои хайре мекушоям, ки
    Эй Худованди замину осмон,
    То ба Наврузи дигар моро расон!
    Наврузи хучастакадам муборак!

    Comment by Мехрубон | 21.03.2010 | Reply

  3. norooz bar hameye shoma mardome sharif mobarak bad
    in ghalam serilik ra ma iranian nemitavanim hargez bekhanim.dari ra be ghalame english benevisied ta ba ham betavanim ertebat bargharar konim
    ba tashakor

    Comment by samani lover | 29.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 119 other followers