Зодрӯзи РӮЗнома
Ниҳоят, пас аз танаффуси дарози баробар ба 20 сол Тоҷикистон аз нав соҳиби рӯзнома шуд, яъне соҳиби нашрияе, ки ҳар панҷ рӯзи кории ҳафта ба нашр хоҳад расид. Журналисти саршиноси тоҷик Раҷаби Мирзо ҷасорат нишон дод ва даст ба кори сахту сангине зад. Вақте як шаб пеш аз нашри “Имрӯз News” барои Радиои Озодӣ мусоҳиба медод, вай худ иқрор кард, ки дар баробари масъулияти бузурге қарор дорад. Read more »
Гурези бемисл аз маҳбаси Душанбе
Агар изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ҳақиқат бошад, яке аз раҳбарони фирори бесобиқа аз боздоштгоҳи Душанбе маҳбуси собиқи Гуантанамо, Иброҳим Насриддинов, дувумӣ фармондеҳи наздик ба Мирзо Зиёев бо лақаби “Кӯри Малиш”, Ҳикмат Азизов, ва савумӣ зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов будаанд.
Аммо саволе аз даҳҳо саволи беҷавоби марбут ба қазия ин аст, ки…
Фирор кунед аз маҳбаси андеша
Агар танзу шӯхиҳоро як сӯ гузорем, вокунишҳо ба хабари фирори 25 маҳбус дар торнамои Радиои Озодӣ ба таври аҷибе ду қутбро ба намоиш гузошт. Ду қутбе дар ҷомеа, ки шадидан хилофи ҳам ва комилан дур аз якдигаранд. Ва ҳарду ҳам дар сатҳи ифроту тафрит, яке тундгароёна шод ва ҳам дигаре тундгароёна ношод.
Имолаи* имло
Атои сиёсатмадоронро ба лиқояшон бахшед, ки аз онҳо бӯи умед нест. “Кишвару ҳаёти наве месозем,” – гуфтанду коре карданд, ки доштаҳои худро ҳам аз даст додем. Акнун бо тамоми нерӯ ба пеш ҳаракат мекунем, то ба гузаштаи худ бирасем. Давлатмардон як тараф, ҳоло донишмандони мо эълони навсозии забони моро кардаанд. Тарси ман ин аст, ки мабод онҳо корномаи ҳукуматдоронро такрор кунанд.
Достони Персеполис
Агар замоне тоҷикон аз паси “девори оҳанин”-и Иттиҳоди Шӯравӣ бо Эрон ишқ меварзиданд, танҳо акнун эрониёне дар Эрон пайдо шудаанд, ки ба Тоҷикистон бо меҳр менигаранд ва мехоҳанд, барои эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангию башарӣ коре бикунанд. Аммо шояд акнун ин як ишқест, ки ба гуфтаи Ҳофизи ширинсухан дар аввал осон намудор гашт, “вале афтод мушкилҳо.” Ҳамон гуна ки нахустин шукуфаҳои ишқи тоҷикон бо Эронро сармо зада буд.
Мусиқии тоҷик – гӯшти хук?
Насли нави мусулмонони тоҷик зоҳиран мехоҳад, кореро бо мардуми тоҷик бикунад, ки дар вақташ арабҳо натавонистанд, бикунанд. Агар дар ҳақиқат рӯзе ҳокимият ба дасти онҳо биафтад, шакке нест, ҳатман мусиқиро мамнӯъ эълон хоҳанд кард. Ва шояд на танҳо мусиқӣ, балки тамоми мероси фарҳанги миллиро. Ба фикрам, ин на рӯшанӣ, балки торикии имон аст.
Рамазон расидааст…
Рӯзи аввал аз як сӯ бисёр шодмона буд ва аз сӯе ҳам бисёр сахту дароз. Аммо гузашт ҳамонгуна ки рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо мегузаранд. Гузаштанаш ҳам дигар буд ва аслан шабеҳи рӯзҳои рафта набуд. Рӯзи комилан дигаре буд рӯзи нахусти моҳи шарифи рамазон…
Рӯзе буд, ки дар он ҳолати ғайриодие ба кас даст медиҳад. Худро хеле қавӣ ва сабук ҳис мекунӣ ва ҳамаи ҳиссиётат тоза мешавад.
Зафар ҳам рафт. Дунё биёбонтар мешавад…
Шояд на ҳама эҳсос мекунанд, ки бо даргузашти инсонҳои нек ва ҳунарманд дунёи атрофи мо ҳарчӣ бештар ба биёбон табдил меёбад. Чеҳраҳои наҷибе моро яке аз паси дигар тарк мекунанд ва моро бим фаро мегирад. Вақте чунин шахсони нодир мемиранд, мо бо тамоми вуҷуди хеш бовар мекунем, ки марг, ба ҳар ҳол ҳаст ва ба касе раҳм надорад.
Марги “Равшан” ва “Джамшут”
Билоахира, симои ин ду ҳаюло аз оинаи нилгуни Русия гуму нест мешавад. Аммо дареғу сад дареғ, ки марги онҳо хеле дер расид. Замоне расид, ки онҳо кори сиёҳи худро карданд ва ному шамоили каҷи худро дар сафҳаи таърих гузоштанд.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.