“Аввал бизан, Фреддӣ!”
Бархилофи ин бовар, ки вақт ҳаргиз бознамеистад ва чархи таърих ҳеч гоҳ ба оқиб намегардад, имрӯзҳо, дар Амрико, сари ҳар қадам лаҳзаҳое пеш меояд, ки гумон мекунам, замона бозпас гаштааст, ё ман дар мошини вақт ба соли 1995 сафар кардаам. Ин эҳсос на аз он ҷост, ки шаҳрҳои зебои Амрико таровати худро дар чашми ман гум кардаанд, балки аз суолҳои ҳамсӯҳбатонест, ки боре дар гузашта низ шунида будам.
Фариштаи барфӣ
Ба додари азизам, Илҳомҷон ин достони кӯтоҳ чандон писанд наомад. Менависад, ҳадаф нофаҳмост ва ҷузъиёт зиёд. Яъне пурҳарфии бемаъно. Бори дигар онро хондам ва андаке веросторӣ кардам. Соле ки ин достон дар “Адабиёт ва санъат” нашр шуда буд, чанд номаи гарме аз хонандагон гирифта будам, аз ҷумла аз Адолатҷӯи Ашкрез, ки тақрибан ҳамсоли Илҳомҷон аст. Нафаҳмидам, чаро ба яке аз онҳо хеле писанд омад ва ба дигаре хеле нописанд. Read more »
Зарбае ба эътибори кишвар
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот, созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз фишори афзоянда ба расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо мумониат ба чопи ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Пайкон”, дастнорас шудани сомонаҳои интернетӣ ва талошҳои ҷурмҷӯии Кумитаи андоз аз чаҳор нашрияро посухи ҳукумат ба бозтоби мустақилонаи рӯйдодҳои ноҳияи Рашт номиданд.
Махмасаи мармузи Рашт
Рӯйдодҳои ғамангези Камаробу Рашт ҷони даҳҳо нафарро гирифт. Навҷавононе кушта шуданд, ки аз сад гулашон яке ҳам нашукуфта буд ва падароне, ки фарзандонашон ҷовидона дар орзуи дидори падар ашки сӯзон дар чашм хоҳанд дошт. Модароне бо доғи фарзанд интизори марги худ хоҳанд монд ва ҳамсароне акнун ҷаҳонро ба чашми хашму алам хоҳанд дид. Амалиёти мармузи ҳарбӣ барои онҳо фоҷиаи пурдарди шахсӣ тарҷума мешавад ва агар касони зиёде ба зудӣ махмасаи Раштро фаромӯш кунанд, онҳо онро ҳаргиз аз ёд нахоҳанд бурд.
Нахустин низоми порлумонии Осиёи Марказӣ?
Бо тамоми ифтихор аз гузаштаи бузурги миллати хеш ва бархилофи пешдоварии имрӯзаи онҳое, ки ба ҳамсоягони туркнажоди худ аз боло ба поён нигоҳ мекунанд, ман ба қирғизҳо ба чашми ҳасад менигарам. Онҳо тамоми корро карданд, ки як интихоботи ба андозаи зиёд озод, одилона ва шаффоферо баргузор кунанд. Ҳарчанд мардуми мо шиори ориятии “Мо метавонем!”-ро тӯтивор такрор мекунанд, мо ҳанӯз чизеро натавонистаем, амо онҳо тавонистанд.
Сагзистон
Андешаи навиштани ин достон ҳанӯз замоне пайдо шуд, ки дар Гардези Афғонистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ кор мекардам. Вале рӯи коғаз овардани он бисёр сахт буд ва се дафъа навиштаву ноумед шудаву аз баҳраш гузашта будам. Нусхаи охирини он ҳамроҳи ҳамаи бойгониям дар солҳои ҷанг дар Душанбе ба ғорат рафт. Танҳо соли 1996 дубора ба он баргаштам ва ин ҳама сол аст, ки онро менавиштам. Гумон набояд кард, ки он танҳо саргузашти як саги бечора аст. Ва “Сагзистон” ҳам номи қадимии Сиистон, зодгоҳои Рустам аст. Read more »
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.