Блог ё Фейсбук?
Вақте блогнависиро сар кардам, кори нависандагиям ақиб афтод. Агар ҳар сол 3-4 достони кӯтоҳ эҷод мекардам ва навиштани ду қиссаву як румонро камобеш идома медодам, порсол ба ҷуз аз ду ҳикоя чизе нанавиштаам. Вақте сари онҳо менишастам, шайтон ба гӯшам мегуфт, “нигоҳе ба блогат бикун, касе паём фиристодааст.”
Корд ба дили Додоҷони Атовулло
Хабари нохуш, аламовар, дарднок ва ноумедкунанда. Дар маркази Маскав ба дили журналист корд задаанд. Ба диле, ки барои ватанаш ва мардумаш месӯзад. Ба диле, ки худ пур аз дард аст. Ба дили аз дардҳо раҳгумрафта ва бепаноҳи Додоҷони Атовулло.
Ба рашки Ави Лузон
Ин як торнамои хабарӣ буд ва кӯтоҳу рӯшан аз навтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷаҳон паём медод. Вале хабаре, ки ин бор дар торнамои “Миг” хондам, бо ҷумлае сар шудааст, ки чандон ба хабар монанд нест…
Куштори нангин
Хабари қатли ҷавоне дар пойтахти Тоҷикистон, ки дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, дар расонаҳои ахбори оми дунё ба гунае тафсир шуд, ки “фанатикҳои исломӣ” масъулону омилони ин кор будаанд. Беш аз ҳама расонаҳои Русия ин хабарро дар омехтагие бо мурчу қаламфур мунташир карданд.
Посух ба Суфӣ
Чанд нома ин ҳафта дар ҳошияи навиштаҳои ман ҳуруфчинӣ шуд, ки ғолибан мояе барои гуфтугӯ надоштанд ва беҷавоб монданашон беҳтар аст. Вале ин нома на танҳо дорои иттиҳоме ба унвони банда аст, балки ҷое барои сӯҳбат низ дорад.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.