Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Корд ба дили Додоҷони Атовулло

Хабари нохуш, аламовар, дарднок ва ноумедкунанда. Дар маркази Маскав ба дили журналист корд задаанд. Ба диле, ки барои ватанаш ва мардумаш месӯзад. Ба диле, ки худ пур аз дард аст. Ба дили аз дардҳо раҳгумрафта ва бепаноҳи Додоҷони Атовулло.

Корд. Ду зарбаи пайиҳам. Ман лаҳзаҳои дард кашидани ӯро дидаам. На як бору ду бор. Он лаҳзаҳои сахту сангини рӯзгорони талху тираи солҳои нооромро, ки дили ҳамаи моро шӯру шавқ ва умеду бовар тарк мекарду ҷояшро дард, андӯҳ ва яъс мегирифт. Дарди бархе то ба андозаи бефарқӣ афзуд. Дарди дигаре ба дардчаҳои хурди зиёд тақсим шуд, ки ӯро фурӯ бурданд. Савумиро Худо асири обу дона кард ва дард ӯро тарк намуд. Вале он дард Додоҷонро тарк накард, ҳарчанд лаҳзаҳое пеш омада буд, ки фишори дард коҳиш ёбад ё обу дона бартарӣ ёбад. Оре, дард кашиданҳои ӯро дидаам. Дард кашиданҳои бесадо ва беашки ӯро дидаам, ки чеҳраашро каҷ ва рӯяшро турш мекард.

Аммо ҳоло фикри густохонаеро шайтон ба дили ман меандозад, ки ин дафъа дар чеҳраи Додоҷон дард рӯ назад. Вай рӯй турш накарду дандонҳояш ҳам зиреҳ наафтод. Вай зарбаҳои қотилшавандаро бо лабханд пешвоз гирифт, ҳамон гуна ки дармондае наҷотбахши худро пешвоз мегирад. Биё, ҷонам, бизан ва маро аз ин ҳама дарду машаққату ғурбат раҳо кун. Зиндагӣ барояш маънои худро гум карда буд ва аз мардуми хеш озурда буд, ки дигар рӯҳу маҷоле барои тапиш ва ҷадал надоранд. Ин буд, ки ҳама гуна тарсро аз вуҷуди ӯ берун андохта буд. Тарсро касе метавонад рад кунад, ки ғуломро аз вуҷуди худ қатра-қатра фишурдаву берун ғиҷ карда бошад.

Зери теғи ҷарроҳ шояд афсӯс мехӯрд, ки кордзан ҳам ҳаваскори тарсуе ва буздили ношуде буд…

Ин ҷумлаи хабаргузориҳо манзарасоз аст: “Вақте ки Атовуллоев ба ин ҷо омад ва паси мизе интизор менишаст, шахсе, ки симои осиёӣ дошт, ба сӯи давид ва ду бор ба ӯ корд зад.”

Худоё, наход ҳамватанаш бошад? Пас ӯ нишаста буду кордзан росто? Чӣ чизе буд, ки дасти ӯро ба задани ин корд ҳаракат дод? Дасти ларзони дили кӯчак ва ларзон. Ба гуфтаи дигар, ӯ бархостааст, то салом кунад. Бо ҳамватани худ. Ҷойи “алейк” — зарбаҳои корд. Пизишкон гуфтаанд, ҳарчанд ҳамлавар дили Додоҷонро нишон гирифта буд, ба шуш ва ҷигари ӯ корд зад. Дил наҷот ёфт. Иншоаллоҳ, Додоҷони Атовулло, аз ин ҳамла ҳам зинда берун меояд ва ҳамчун муҷассамаи яктои зидди зулму зӯроварӣ боз солҳои зиёде барои аҳдофи худ мубориза мекунад ва як рӯз ба орзуҳояш низ мерасад.

Бешубҳа, дар ин роҳи дарози пуршебу фароз вай иштибоҳҳо ҳам кардааст, баъзан носуфта ҳам гуфтааст, аммо иштибоҳҳояш ҳам самимонаанд, комёбиҳояш низ. Ман Додоҷони журналистро дӯст медорам ва эҳтиром мекунам. Дар сиёсат кас маҷбур мешавад, гоҳе ба хашму эҳсосот роҳ диҳад ва дар сатҳи рақибонаш рафтор кунад, сиёсат кори поке нест, аммо журналистика саҳнаест, ки ту ҳастиву хонандаи донотар аз ту, ту хонандаатро дӯст медорӣ ва хонандаат туро. Вале бо ин ҳама ӯ чизе дорад, ки ҳеҷ каси дигар надорад. Он чист, шояд худаш ҳам надонад. Қотили ноком шояд ҳамин чизро мехост аз ӯ рабояд. Натавонист. Худо меҳрубон аст. Худо бандагони самимияшро дӯст медорад ва ҳифз мекунад.

Яке аз навиштаҳои ӯро ин ҷо меорам, то дониста шавад, ки корди шахси бераҳм ва ноҷавонмард чӣ дилеро ҳадаф гирифта буд:

 МАРГИ МУДҲИШ ДАР ҒУРБАТ

“Ҳодисаҳое ҳастанд, ки гуфтани онҳо сахт аст, вале нагуфтани онҳо ба маротиб сахттар.” Бо ин ҷумла сар кардааст, журналисти шинохтаи тоҷик Додоҷони Атовулло мақолаи худро дар нашрияи “Газета”, чопи Маскав. Ҷумлае, ки хитобаи машҳур ва шоиронаи тоҷикиро ба ёд меорад, ки “бигӯям, забонам сӯзад, нагӯям, ҷонам.”

Ин нидои муаллиф замоне баланд мешавад, ки аз сӯхтани 9 ҷавони тоҷик дар як анбораки чӯбӣ дар Долгопруднии Маскав мегӯяд. “Инҳо тоҷиконе буданд, ки дар ҷустуҷӯи пораи нон аз кишвари фақири худ рафтанд, пораи ноне ёфтанд ва марги пурдарде низ.”

Муаллиф менависад, корфармоён муҳоҷирони тоҷикро баъд аз рӯзи дароз ва сангини кор дар чунин кулбаҳои нимдошти чӯбӣ қуфл мекунанд, то ки беҳуда ба кӯча набароянд ва ба дасти милиса наафтанд. Ва милиса ҳам гумон нахоҳад кард, ки дар паси дарҳои қуфлзада одамон ба сар мебаранд. Биноан, вақте сӯхтор ба амал омад, касе аз мардикорон наҷот ёфта натавонист. Дар аз берун маҳкам буд. «Андарун аз тоҷикон ҳашт кило устухони сӯхта боқӣ монд.»

“Муҳоҷирон аз оташ онгуна наметарсанд, ки аз милиса.” Дар бозори Черкиз милиса Искандар Саидовро онгуна латукӯб кард, ки тоб наовард ва ҷон дод.

Додоҷони Атовулло менависад, ки ҷасади ваҳшатангези ҷавони тоҷик ҳазорон ҳамватани ӯро такон дод. Онҳо хостанд, ба нишони эътироз як раҳпаймоии сукутомез барпо кунанд. Вале шабонгоҳ милиса ба хуфтгоҳи муҳоҷирон ҳамла кард ва 277 нафари онҳоро ба сармои қаҳратун ронд. Яке аз онҳо бо номи Нодир ба муаллиф гуфтааст: “Тамоми шаб моро бо либоси таҳ нигаҳ доштанд. Баъд аз ҳар кадом 500-рублӣ гирифта, сар доданд. Ҳафт километр пиёда то бозор омадем. Сармои сахт буд. Дар паҳлуи ман муаллими қишлоқамон қадам мезад, мегирист ва такрор мекард: “Чаро? Чаро?”

Дар поёни мақолаи худ дар нашрияи “Газета” (22-юми феврали соли 2006) Додоҷони Атовулло менависад, ки ҷомеаи Маскав ба ин рӯйдодҳо эътиборе надод. Ин ҳам дар ҳоле ки аҳли ин ҷомеа бо шӯру шааф ба кӯшиши манъ кардани раҳпаймоии ҳамҷинсбозон мухолифат мекунад ва ё латукӯби чанд шаҳрванди Русияро дар Лаҳистон ба боди танқиду эътироз гирифтааст ва батакрор аз арзишҳои башарию аврупоӣ ҷор мезанад. ” Фоҷиаи тоҷикон (дар ин зимистон аз Маскав ва вилояти он 38 ҷасад ба Тоҷикистон фиристода шуд) ба дили касе асар накард. Оё ахлоқи аврупоӣ дар ин бора ба чӣ назар аст?”

Муаллиф мегӯяд, бисёриҳо фикр мекарданд, ин рӯйдодҳо сабаби сафари фавқулоддаи президенти Тоҷикистон ба Маскав мешавад, вале ӯ ба ин кор вақт надошт. “Ва эълони Соли тамаддуни ориёиву харҷи сармоя ба ин маърака дар баробари саргардонии беш аз як миллион нафар тоҷик дар ғурбат касеро ба ташвиш намеорад. Онҳо дар ватан одамони зиёдатӣ буданд ва дар ин ҷо низ.”

Нишонии матлаб: http://centrasia.org/newsA.php4?st=1140598680

Advertisement

13.01.2012 - Posted by | Ватан, Сиёсат, Тоҷикистон, Худшиносй | ,

19 Comments »

  1. Салимчон, сипос барои ин чакидахои сузон ва хамдардихо дар ин замонаи хунсарду пахнои бекарони вахшо. Илохо Худованд хамаи дустонамонро дар панохаш нигах дорад! Омин!

    Comment by Muborak Sharif | 13.01.2012 | Reply

  2. Xudovand shifoi komil dihad!!!!!!!!!!! Va dasti on buzdilro xushkgardonad Allohi buzurg!!!!!! Inshoalloh Atovulloev shifo meyobadu bozham qalamash teztar meshavad va dushmanoni buzdili u dar buxlu alamu sharmandagi mesuzandu memurand!!!!!!!!!!
    Az dargohi yazdoni pok orzui shifoi komilro tamanno doram!!!!!!!!!!!!

    Comment by Mullo | 13.01.2012 | Reply

  3. чун тег ба даст ори мардум натавони кушт,
    некии касон назди худо нест фаромуш-т

    Comment by хонанда | 13.01.2012 | Reply

  4. Sad afsus har gohe chunin xabarhoro meshunavam dilam dard mekunad. Xudo salomat dorad ustodro.

    Comment by Buzurgmehr | 13.01.2012 | Reply

  5. Az Facebook:

    Sanjar Hamidov sad afsus!
    4 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  6. Az Facebook:

    Ibrahim Rustamov ин ду зарбаи корд зарбаест ба номи Тоҷикистон! Бобои Барфии соли навиро ба хотир оред! ҳамакнун шакке надорам, ки дар соли 2012 дар ҳисоботҳо ва феҳристҳои байналмиллали озодии баён ва рӯзноманигори, Тоҷикистон аз охир дар мақоми аввал қарор хоҳад гирифт! هماکنون شک ندارم که در ساله ۲۰۱۲ تاجیکستان در فهرست های بینالمللی آزادی بیان و ژورنالیسم ازآخردرمقام اول قرار خواهد گرفت

    3 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  7. Khujandi Zafar “Чаро? Чаро?” :( ((
    about an hour ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  8. Guissou Jahangiri ‎:(
    5 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  9. Anahita Boboeva ‎:(
    5 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  10. Ibrahim Rustamov ‎:(
    4 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  11. Shodi Rashidbekov Izvinite mozhete na russkom izlozhit vsu informasiyu? Kogo? Zachem?
    about an hour ago · Like

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  12. Fayzulloev Shokir тайёрам донори кунам ба у!
    6 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 13.01.2012 | Reply

  13. Ҳамчунон ғамгину беморам, ки гӯиё бар сари синаи ман кор задаанд… Хастаам аз ин ғиромбозиҳо, номардиҳо…
    Устод бо ин навиштаи худ алами дилро дучанд кардед. Худо ҳамаи Шумо ғарибони дур аз Ватан, аммо ҳамеша бо ёди Ватанро дар амонаш нигаҳбон бошад!

    Comment by Kayumars | 13.01.2012 | Reply

  14. Додочонро чосусони Э.Рахмон ба катл расонданд, дар ин чо шубха вучуд надорад!

    Comment by Zoolsho | 13.01.2012 | Reply

    • Зоолшои азиз. Шубҳа бояд ҳамеша бошад. Бояд интизор бимонд ва дид, ки Худо ӯро аз варта баргардонад. Бубинем, чӣ мегӯяд, воқеа чӣ гуна иттифоқ афтодааст. Бисёриҳо дарҳол ҳарфи Шуморо гуфтанд ва ин ба мавзъгирии сиёсии Додоҷони Атовулло пайванд дорад. Аммо мумкин аст, ин як ҳамлае буд, ки дар сатҳи поинтари интиқомҷӯён, ки ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дахл надошта бошанд, ба амал омадааст. Бояд интизор буд, то қазия рӯшан шавад.

      Comment by aioubzod | 15.01.2012 | Reply

  15. Аслан фочиаи миллат хануз соли 1986 вакте гурухи авбошон дар Душанбе ба нависанда Фазлиддин Мухаммадиев хамла карданд, огоз ёфта буд. Бубинед, пас аз чоряк аср, хамоно кордзани ба калби ахли зиё идома дорад….

    Comment by Зайнудин Орифи | 13.01.2012 | Reply

  16. Худовандо шифои комил бидех Додочон Атоуллохро. ОМИН! У имруз забони чанд милиюн мардуми камбагали Точикистон аст. Бе ингуна одамони часур миллат бехи гунг мемонад. Аз суханони У бисёрихо норохат мешаванд. Хакикат аз корди кордзан хам тезтар асту аз захр талхтар!
    Чанобон то вактеки, рахбарони хукумат тахаммули танкидро надошта бошанд, ВАО озод набошад ва хабарнигорон озодона танкид накунанд, ояндаи ватан дар хатар хохад буд. Таракиётро мардуми бечора дар талвизун хоханд диду халос!

    Comment by Patriot-TAJ | 14.01.2012 | Reply

  17. Ин амр сад дар сад фармоиши буду кордзан ” котили касби”. Фармоишгарон фикр карданд ки, агар Додочон Атоуллохро бо захми корд нобуд кунанд, мардуми чахон фикр хоханд кард, ки Уро ягон авбош корд задааст. На! На! Харгиз на! Он чизе, ки аён аст, хочат ба баён нест!
    Ба Худо ин хама як шармандагист, ки ягон равшанфикр озод набошад, чи дар ватан ва чи дар хорич! Ояндаи ватан чи мешуда бошад?
    Худо хамаи равшанфикрони Точикро хифз кунад!

    Comment by Patriot-TAJ | 14.01.2012 | Reply

  18. Додочон, мо дуогуи саломатии туем. Бо ин хукумат хеч вакт оштй накун! Мо хам онро дуст намедорем.

    Comment by Карим | 18.01.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 107 other followers