Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

«Хотели как лучше…»

Пусть земля будет ему пухом, Виктор Степанович оставил фразу, которая абсолютно точно передает смысл того, что сделано программой «Толерантность» Правительства Санкт-Петербурга. Хотели обучить своих граждан толерантности и помочь адаптации мигрантов, а получилось как всегда подтверждение унизительного отношения к «инородцам». «Хотели как лучше, а получилось как всегда».

Ёдаш ба хайр, сарвазири пешини Русия, Виктор Черномирдин ин ибораро зоҳиран барои солҳои зиёде ба ҳамватанони худ мерос гузошту рафт. Муаллифони “Раҳнамои муҳоҷири корӣ” (“Справочник трудового мигранта”) мехостанд, ба муҳоҷирон ёрӣ кунанд ва донишҳои судмандеро ба онҳо расонанд. Аммо ҳатто аз гӯшаи хаёлашон нагузашт, ки дар шакли ҷорӯбу андовачӯбу чуткаву валик тасвир кардани муҳоҷирон ҳама нийятҳои неки онҳоро барбод медиҳад.

Шумо, агар ба ман гапи хубе омӯзондан мехоҳед, чаро худро дар шакли одами зиндаву маро дар сурати асбобу анҷом қаламдод мекунед? Оё нахустин сабақи чунин тасвирҳо ин нест, ки ман бояд кӣ будани худро фаромӯш накунам ва ҷойи худро дар ҷамъияти инсонҳо ба хубӣ бидонаму аз ёд набарорам?

Офарин ба Хиромони Бақозода, ки ин ҳама тӯфонеро гирди тасвирҳои ғалат бапо кард. Ман шоҳиди ҳамаи сӯҳбатҳои телефонии ӯ бо мансабдорони ҳукумати Петербург, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва муаллифи ин китобча будам. То зангҳои телефонии ӯ ба Русия, ягон норозигие аз ин амали русҳо сар назада буд. На аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва на аз тарафи худи муҳоҷирон, ки танҳо пас аз баланд шудани ғавғо садои худро ба хори умумӣ ҳамроҳ карданд ва акнун ҳатто даъвои суду судбозӣ пеш мегузоранд.

То сӯҳбати телефонии Хиромон бо муовини раиси Кумитаи равобити байналмилалии шаҳри Санкт-Петербург Сергей Марков, торнамои ҳукумати шаҳр хабари нашри китобчаро бо шодмонию қаноатмандии зиёд ва ҳамчун як дастоварди муҳим пешкаши хонандагон карда буд. Баъд аз сӯҳбати телефонӣ, ки Марков дар он ҳамкори маро ба “иғвогарӣ” айбдор мекард, хабар аз торнамои расмӣ “ғайб” зад. Ҳол он ки рӯзномаи давлатии Русия “Российская газета” ба нақл аз ҳамин хабари торнамо чунин навишта буд:

“В Северной столице при информационной поддержке правительственной программы “Толерантность” выпустили иллюстрированную брошюру “Справочник трудового мигранта”. Обильно иллюстрированная книжка призвана снабдить гастарбайтеров основными сведениями, необходимыми для жизни и работы в городе на Неве. Художник Станислав Щепин изобразил мигрантов в виде одушевленного инвентаря: метлы, кисти, валика и шпателя, которым помогают освоиться в городе люди – экскурсовод, врач, чиновник и полицейский.

Брошюра, разработанная региональной общественной организацией “Взгляд в будущее”, состоит из трех частей. В первой рассказывается, как пересечь границу России, встать на учет, получить разрешение на работу и медицинскую страховку. Во второй объясняется, как уберечься от ВИЧ. В третьей даются полезные советы, как вести себя в Петербурге.

Как сообщается на сайте программы “Толерантность”, в разработке справочника приняли участие специалисты УФМС по Санкт-Петербургу и Ленинградской области, а также Городского центра по профилактике и борьбе со СПИДом и инфекционными заболеваниями. Брошюра переведена на киргизский, узбекский и таджикский языки.

Справочник распространяется в отделениях социальной помощи, городском центре профилактики и борьбы со СПИДом, госпредприятии “Таджиквнештруд” миграционной службы Республики Таджикистан, а также на кольце маршрутных такси у станции метро “Дыбенко”.

Ин хабар магар баёнгари муваффақияти ташаббускорон ва муаллифони дастурамали муҳоҷирон нест?

Баъд аз гуфтугӯи телефонӣ ҷаноби Марков шарик будани ҳукумати шаҳрро ба нашри китобча қатъиян рад кард ва айбро бар дӯши дигарон гузошт. Дигарон чӣ гуфтанд, метавонед дар блоги Хиромон бихонед. Зери номи “15 дақиқае, ки фикри як шахсро дигар кард”.

Эволютсияи фикри ҳамсӯҳбатони Хиромон воқеан қобили қайд аст. Онҳо аввал бо зӯргӯӣ посух медоданд, сипас зери фишори далелҳои зиёд тадриҷан суст мешуданд, аммо аз асп фуроянд, доду фарёди хешро аз сари узангу давом медоданд. Боз ҳам офарин ба Хиромон, ки бо русии қавӣ ва асабҳои оҳанин, орому ботамкин ва бо зикри эҳтиром ба ҳамсӯҳбати худ, онҳоро маҷбур мекард, аз узангу ҳам фуроянд, ба замин нишинанд, сипас, зону зананд ва бахшиш пурсанд.

Аммо, ба сурати умум, ин ҳама дигар мушти баъд аз ҷангро ба ёд меовард. Китобча чоп ба паҳн шудааст. Шояд барои оянда ба мансабдорону ҳомиёни ҳуқуқу ноширони Русия сабақе гардад. Вале агар онҳо ғалат кардаанд, ғалати намояндагони муҳоҷирон садчанд аст. Охирин далели ҳамсӯҳбатони Хиромон ин буд, ки худи муҳоҷирон ин тасвирҳоро бо хурсандӣ пазируфтаанд. Аз ҷумла аз Тоҷикистон намояндагони “Тоҷикхориҷакор”.

Китобча ҳанӯз моҳи август нашр шуда, тақсими он ба муҳоҷирон дар моҳи сентябр шурӯъ гаштааст. Ҳоло бисёр ҳайратовар аст, ки чанд ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои муҳоҷирон ба сахттарин лаҳн эътирози худро аз тасвирҳои танзомез баён мекунанд. Оё то ин вақт онҳо куҷо буданд? Чаро онҳо ташаббускори танқиди ин тасвирҳо нашуданд?

Як шиносам гуфт, баъзе аз онҳое имрӯз доду фиғон мекашанд, то дирӯз ҳамин китобчаро ба муҳоҷирон тақсим мекарданд. Фурсатталабии сарони чунин созмонҳо ва “бедории ногаҳонӣ”-и онҳо шояд на ба хотири муҳоҷирон аст, балки барои як каме сармояи сиёсӣ. Моҷаро на танҳо тағйир наёфтани муносибати ҷомеаи Русия, ҳатто бахши пешсафи он ба муҳоҷиронро нишон дод, балки ҳамчунин ба симои аслии диспораву созмонҳои худи муҳоҷирон низ ишора кард. Шояд аз рассомону китобнависон дида бештар ҳамин афроданд, ки ҳамватанони худро дар чашми дигарон ҷорӯбу валкаю андовачӯб кардаанд.

About these ads

20.10.2012 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Муҳоҷират, Русия | ,

7 Comments »

  1. Шахри Санкт-Петербург хамеша худро чун пойтахти маъданияти дар ФР пешниход мекунад. Агар пойтахти маъданияти хамин хел бошад …? Шояд пеш аз дигаронро бо маъданият омухтан аввал як аз худ назар мекардан…

    Comment by Peter | 21.10.2012 | Reply

  2. Az Facebook:

    Muhiddin Muminov

    Все брошюрки финансируется Правительством Санкт- Петербурга и распространяется через институт иностранных языков им. Герцена ( конкретно через Юркова) естественно за определенную плату. Все это провал программы толерантность, в чем огромная вина Правительство города и его подразделения. Что касается диаспор, их не видно, потому что решать конкретную задачу в силу своего интелекта они не способны. Я уже давно не говорю пошли вы в жопу, но одно скажу, каждый должен заниматся своим делом, и если ты не умееш делать свое дело пошел ВОН. Салимчон Вы наверно поняли о чем речь. Дар амони худо бошед.
    16 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 21.10.2012 | Reply

  3. Zamira Djabarova

    Акаи Салим Аюбзод есть информация о реакции самих трудовых мигрантов по этому поводу?
    10 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 21.10.2012 | Reply

  4. Nodira Khuseinova

    я считаю это унижение.Так получаются они белые пушистые,а мы черные и безмозглые?А если мы выпускали такие брошюры ,но вместо валиков нарисовать курильщиков и алкоголиков что было бы?
    7 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 21.10.2012 | Reply

  5. Nodira Khuseinova

    а наши диаспоры только и умеют зарабатывать на своих же сограждан.
    7 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 21.10.2012 | Reply

  6. [...] Tajik journalist, Salim Aioubzod, on his personal blog also criticized (tj) the controversial [...]

    Pingback by Tajikistan: Russian ‘Migrant Guide’ Deemed Insulting · Global Voices | 23.10.2012 | Reply

  7. [...] un altro giornalista tagiko, Salim Aioubzod, criticato [tj] la controversa [...]

    Pingback by Tagikistan: controversie per una Guida per immigrati “offensiva” · Global Voices in Italiano | 29.10.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 375 other followers

%d bloggers like this: