Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Интихоб аз кист? Оё аз мардум?

3EFCC9CB-C438-4AF4-803B-2C5001BFB06D“Итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ намунаи беҳтарини амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари худро озодона, бо майлу иродаи хеш интихоб мекунанд ва ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ба сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллии мардуми кишвар ва болоравии обрӯи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.”

Ин ҷумла моли ман нест. Онро аз торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, гирифтам. Агар эшон ин ҷумларо 7-уми сентябр дар ҷаласаи Рӯзи истиқлолият дар Кохи Борбад бе мушкил ва шикасти нафас талаффуз карда бошанд, офарин! Сарфу наҳв ва таҳрирталабии онро канор мегузорам, ба ҳар ҳол мазмун рӯшан аст.

Дар ҳамин паём раисиҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ҷумлае, ки нақл кардам гуфтааст:

“Бори дигар таъкид месозам, ки ин чорабинӣ бояд дар чаҳорчӯбаи қонун ва шаффофу озод баргузор гардад, то ин ки мардуми Тоҷикистон имконияти иштирок ва интихоби номзади арзандаро ба ин мақоми олӣ дошта бошанд.”

Оё мешавад, ба ин дастур бовар кард, дар ҳоле ки аз интихобот то интихобот ҳузур ва неруи қонун дар ин маъракаҳо то рафт заифтар мегардад? Ин суол дар ҳоле ба зеҳнам омад, ки матолиби расонаҳои ғарбиро дар бораи интихоботи порлумонии 28-уми феврали соли 2010 мурур мекардам.

“Ню Йорк Таймс” ду рӯз баъд аз раъйдиҳӣ навишта буд, ки қонуншиканиҳо ба дараҷаи зиёд рӯйи натиҷаҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон таъсир гузоштанд. Нашрия ҳатто изҳори нигаронӣ карда буд, ки мумкин аст, беадолатии зиёд боиси ошӯб дар кишваре шавад, ки бо Афғонистони ноором ҳамсоя аст ва яке аз масирҳои таъмини нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон аз Тоҷикистон мегузарад.

Дар ҳамин бора хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфта буд: “ба чолиш кашидани натиҷаҳои интихобот дар як кишвари фақир ва саршор аз мушкилот метавонад ба нооромиҳо сабаб гашта, барномаҳои иқтисодии марбут ба Афғонистонро ба ҳам занад.”

Шахсан, барои ман ҳайратовар буд, ки барои муаллиф барномаҳои иқтисодии Афғонистон аз демократия дар Тоҷикистон муҳимтар буд. Ҳоло мо мегӯем, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бозиҳои моҳиронаи байни демократия ва амниятро аз куҷо омӯхтаанд. Шояд нигарониҳои амниятӣ бесабаб нестанд, аммо чӣ чизе беҳтар аз адлу қонун метавонад, ҳама гуна ноамниро хунсо кунад?

Ройтерз дар тазоде саргум зада буд, ки ҳарчанд “шаҳрвандон аз ҳокимияти 17-солаи президент Раҳмон дилсард шуда, наздик ба ними нерӯи кори кишвар дар Русия истифода мешавад, натиҷаҳои интихобот аз пеш маълуманд.” Сокини 62-солаи Душанбе, Алишер Шодиев гуфтааст, “умеде нест. Онҳо намегузоранд, ҳизбе, ки ман барояш овоз медиҳам, вориди порлумон шавад.”

Бо гузашти қариб панҷ сол оё Алишер Шодиев бовар дорад, ки раъйи ӯ шахси дилхоҳашро вориди Қасри миллат хоҳад кард?

Кӣ кафолат медиҳад, ки қонуншиканиҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ такрор намешаванд? Бархе аз онҳоро хабарнигорони хориҷӣ бо чашмони худ дидаанд.

Хабарнигори Ройтерз навишта буд: “дар бархе аз ҳавзаҳо як шахс метавонист, ба ҷойи чанд нафари дигар, ки шиносномаҳои онҳоро дар даст дошт, раъй бидиҳад, аммо интихобкунандагоне низ буданд, ки номашон дар ягон рӯйхат вуҷуд надошт ва аз ҳаққи қонунии хеш маҳрум гаштанд.“

Дар зимн, ин навор ҳарчанд саросари оламро гашту вокунишҳои зиёде ба бор овард, дар худи Тоҷикистон пайомаде надошт ва мақомоти ҳифзи қонун ба он эътиное накарданд.

Як нозири ғарбӣ ба ин хабарнигор гуфтааст, ки номзади мухолиф дар ҳавзаи Данғара, зодгоҳи раисиҷумҳур, вақте ба райъдиҳӣ омад, фаҳмид, ки аллакай каси дигар ба ҷои ӯ раъй додааст.

Рӯзномаи “Файнэншл таймс” рӯзи 3-уми марти соли 2010 навишт, ҳарчанд интихобот бо орзуи қавии тағйиру дигаргуниҳо ҷараён ёфт, поёни кор ин гуна буд, ки чизе иваз нахоҳад шуд. Ин нашрия андарзи замони шӯравиро ёдовар шуда, гуфтааст,

бино бар гуфтаҳои Сталин муҳим нест, ба кӣ овоз медиҳанд, муҳим он аст, ки овозҳоро кӣ мешумурад.”

Дар як соли пеш аз интихоботи президентии соли 2013 чанде аз ҳизбу созмонҳо борҳо пешниҳод карданд, ки қонун тағйир ёбад ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо ширкат дар кори кумиссюнҳои интихоботӣ шаффофияти онро таъмин намоянд. Он гоҳ ҳикмати Сталин шояд дигар ин гуна боварбахш садо надиҳад. Пешниҳод нагузашт, қонун тағйир накард ва сояи шубҳа бар сари ин интихобот низ хоҳад афтод.

Мутаассифона, хилофкорӣ ва найрангҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон ба гунаи комил омӯхта ва раддабандӣ нашудаанд. Шояд пажуҳише дар ин росто шуда бошад, аммо натиҷаҳои он дастраси ом нестанд. Аз сӯе ҳам ман нашунидам, ки омилони ин қонуншиканиҳо дар кишвар муҷозот шуда бошанд. Шумо шунидаед? Пас оё чизе иваз хоҳад шуд?

About these ads

13.09.2013 - Posted by | Интихобот, Тоҷикистон, Қонун, Ҷомеа | ,

16 Comments »

  1. Тағироти ҷиддӣ амри маҳол аст! Ин амр омилҳои зиёде доранд, ки муҳимтаринаш ҷаҳолат ва беҷуратии мардуми овоздиҳанда, яъне эжлоктарати тоҷик аст ва набудани лидери воқеӣ!

    Comment by asadullo | 23.09.2013 | Reply

    • Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  2. Замониддин Насриддинов Древнегреческий философ-Платон говорил:”Я вижу близкую гибель того государства, где закон не имеет силы и находится под чьей-то властью”.
    September 16 at 3:34pm · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  3. Salim Aioubzod И то закон написанный под определенного человека!
    September 17 at 11:12am · Like

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  4. Ном: ziddi intihobot аз: ozodi
    14.09.2013 19:41

    Ман фикр мекунам , ки мардуми мо маънои интихоботро дар давлатхои худкома то хол нафахмидаанд ва интихоботри дар давлатхои демократи бо имтихоботи давлатхо худкома баробар кардан аъйни хатост, бисёрихо то хол гумон мекунанд ки мо низ мардуми давлатхои сеюм монанди давлатхои тараки карда рахбари худро интихоб мекунем.ин чунин гумон кардан хатои махз аст. интихобот дар давлатхои худкома аз давлатхои демократи каме фарк дорад дар давлатхо худкома хоким мардуми худро интихоб мекунад , ин аст хакикати хол дар давлатхои демократи агар интихобкунанда номи касеро ки ихтиёр кард ин маънои инро дорад ки ин шахсро рахбар дидан мехохад дар давлатхои худкома бошад агар номи рахбарри кунуниро ихтиёр ки накарди ин маънои онро дорад ки рахбар туро хамчун мардуми худ кабул надорад ва дар оянда бо мушкилот мувочех хохи шуд. дар давлатхои демократи касе ки дар интихобот иштирок накард овози у хисоб карда намешавад дар давлатхои худкома иштирок ки накарди сукут аломати ризост гуфта овозат ба чаноби рахбари кунуни меравад.

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  5. Ном: мир аз: душанбе
    14.09.2013 19:47
    Посух
    Чизе иваз нахохад шуд! Ракибе вучуд надорад ва вучуд дошта наметавонад.Харчи интихобот бехтар мебуд ба бехбудии мардум сарф мешуд натича якест!

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  6. Ном: Беном
    15.09.2013 08:06

    Интихоботи озодy шаффоф ҳам ки гузарадy намояндаи маруми гузарад на Амрико қабулаш дорадy на Расия. Ин давлатҳо касеро мехоҳанд ки ғyломашон бошад. Магар дар Мисри Араб интихобот озодy шаффоф нагyзашт вале номзадҳо ки мардуми бyданд чи бало ба сарашон омад. Дар кишварҳои мусалмони ҳар номзаде михоҳад комёб шавадy барномаашро амали карда тавонад аввал бояд қyдрати низоми дошта бошад бадан мешавад коре шyд. Мисол бисёр локин якеш кофист Ирон низоми овардаи Ҳyмайни зyр намедош ҳаргиз наметавонист 40 сол давом ёбад.

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  7. Ном: Sobit аз: Душанбе
    16.09.2013 11:58

    Интихоботхои пешини Точикистон собит сохтанд, ки вокеан хак бар чониби Сталин аст: “Мухим нест, ки мо ба кӣ овоз медиҳем, муҳим он аст, ки овозҳоро кӣ хисоб мекунад”.

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  8. Ном: Daler
    16.09.2013 12:02

    Рости гап ман фикр мекунам,ки дар интихоботи оянда хам Эмомали Рахмон голиб меояд. Лекин ин дафъа на Россия на Амрико бо Хукумати ояндаи Точикистон муносибахои сиёсии хубро раво намедонанд. Хамсояамон Узбекистон бошад аз тамоми воситахо истифода карда, вазъи иктисодии моро мушкил сохтан мегирад. Бо Хукумати Чаноби Оли, ки вазирону мансабдорон онро як хукумати беназир, бисёр муваффак ва аз чихати сиёси пуркувват дар назари Президент вонамуд мекунанд мутаасифона дигар кишвархо хамкори кардан намехоханд. Хукумати имруза дар симои вазирону раисони кумита ва шахру вилоятхо,ки хама (бо истиснои баъзеашон, албатта 100% не) сарсупурдаи Чаноби Оли мебошанд ба сари мардуми кишвар ба чуз зиёд шудани карзхову сард шудани муносибатхои дипломати бо мамлакатхои кудратманд ва хамсоя,ки аз онхо рушди мо низ вобастаги дорад, наметавонад бори дигаре биёрад. Рости агар ягон шахси дигаре хам шавад яку якбора бехбудиро интизор шудан намебояд, чунки ин системаи сиёсии фарсудаву коррупсиониро аз байн бурдан кори осон нест ва баъдан каси дигаре хам шавад то командаи худро интихобу баркарор карданаш мардум зиёд азоб мекашанд. Хулоса номаълум,ки баъди интихобот ки интихоб мешавад. Лекин то он даме,ки Ислом Каримов бо Эмомали Рахмон сари кудратанд новобаста аз хама чиз мушкилихои иктисоди дар Точикистон давом хоханд ёфт. Раваду Ноябр ва Март ба чои инхо дигарон сари кудрат биёянд шояд дар муносибатхои хасоягии мо руз ба бехи мушохида шавад. Ман шахсан Эмомали Рахмонро бисёр эхтиром мекунам ва сахмашро барои халку миллати точик бузург мешуморам, аммо айни хол рафтанашонро аз сари кудрат яке аз вариантхои хуб мешуморам. Зеро бисёре аз атрофиёнашон бо лаганбардориву макру фиреб аз инсони хуб буданашон истифода карда чумхуриро зери карзхои гарон ва рушди тамоман сусти сиёсиву иктисоди гузоштаанд.Факат инчо як муаммо барои ман хамин аст,ки номзади дар хакикат сазовор ки буда метавонад??? Кабири номзади хуб аст, аммо Президент шуданаш метавонад боиси мунокишахои дохили шавад. Дигар ки?…..

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  9. Ном: Бобо аз: кухистони Масчох
    16.09.2013 17:21

    Барои миллати гулом чи даркор демократия ,интихобот ,озоди ,донистани хукукхои хеш ???? Гаштан гиред гушхо таги токи дар гуломи ва онхо Точикистон аз ман аст гуфта таксим карда хурда гаштан гиранд ,чи дар кор дар мо точикон ин нишонахои инсони ? Мо на ирони хастему на руссу на инсонхои гарбу шарк мо як гуломоне ки руссхо аз дасти мугулхо озодмон карданду ба худ тобе карданд ва холо ки талокмон кардаянд мо инро кабул надорем мехохем ки боз гуломи ягон давлат ё касе шавем ана холо гуломи Точикистон аз манаст шудему ба хамин хам хурсанд.Дигар хамаш САПСАТА !!!

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  10. ом: мухамад аз: Душанбе
    16.09.2013 17:59

    Иншоллох интихобот ба тарзи шафоф мегузарад чун ки ин маракаро нозирони байналмилали назорат мекунанд агар дар интихобот хатоги шавад ин гунохи нозирони байналмилали аст.

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  11. Ном: Хабибулло аз: Точикистон
    17.09.2013 17:02

    ман фикр мекунам ва боз фикр мекунам ягон номзади аз президенти хозира дар назди халк намоёнтарро намебинам чораи дигар нест. Насиби мо хамин будааст!!!!

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  12. Ном: Сайёфи Мизроб
    17.09.2013 20:21

    Акои Салим, салом! 1 чиро нагуям, мекафамммм! Ин кор дар хавзаи интихоботии байнидаврии н. Восеъ, дар мактаби дехаи Тугурак рух дод, ки он чо Рачаби Мирзо муддаи буд. Ману Хуршеди Атовулло, холо шохиди хам медихад, вориди “корзор” шудем ва дидем, ки 1 нафар ба чои 8-10 кас овоз доданист! Худо ману Хуршедро дод! Такаллуб? Конуншикани!!! Караул ва г ва х. Аз дасти он бечора баргахоро гирифтаву сиёсаташ мекардем, лабу лунчи директори мактаб, он же, раиси участка овезон, доду вой, хуллас, вохима. Ин замон чашми ману Хуршед ба номзади интихобкардаи ин “гунахкор” уфтод. И как думаете? У ба РАЧАБ овоз медод!!! Чаро ин киссаро овардам? мардуми мо холо ба интихобот омода нест! Ва онхое, ки такаллуб мекунанду 5-10 барга мепартоянд, холо маълум нест, ки ба ки овоз додаанд. Касе бовар надорад, аз Хуршед пурсад, ки Сайёф рост гуфт ё на? Бо хам аз он чо баромадему гушамонро кашидем, ки интихоботбозии точики шахсан барои мо… БАС!!!

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  13. Ном: Марям аз: Душанбе
    20.09.2013 14:50

    Ана барои чӣ Раҷаб нагузашта будааст.)))

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  14. Ном: Салими Аюбзод аз: Прага
    20.09.2013 15:56
    Посух
    Салом ба Сайёф! Шарҳи Шумо ҷолиб аст. Ин ишорае ба он аст, ки омӯхт кардани мардум бо қонуншиканиҳо ҳамеша, дар ҳама ҳолат бар зарари ҳақиқат ва адл хоҳад буд ва он ҳамчунин метавонад, бар зарари онҳое низ бошад, ки нахуст барои чунин хилофкориҳо роҳ боз мекунанд. Ман дар аввалин интихоботи президентии умумихалқӣ аз ҷониби Давлат Худоназаров нозир будам ва низ шоҳиди раъйдиҳии чандгона шудам (ба фоидаи Раҳмон Набиев). Пештар дар интихоботи Латифӣ-Гиро ҳамчун шахси боэътимоди Латифӣ ҳузур доштам ва айни чизро протокол карда будам (Ба фоидаи Гиро). Дар интихоботи ҳавзаи Варзоб байни Бӯрӣ Каримов ва раиси ноҳия Ғафуров кор то ба ворид шудани ҷавонони ҳузарб барои танбеҳ додани мо расида буд (Бар зарари Бӯрӣ Карим). Хулоса, кам ё беш шоҳиди ҳол будам ва дар посух ба Шумо мегӯям, ки аз чунин хилофкориҳо бештар номзадҳое баҳравар мешаванд, ки ҳокимият пирӯзии онҳоро мехоҳад. Рӯйдоди марбут ба Раҷаби Мирзо шояд як истисно ё ба гуфти Шумо, як шанс аз ҳазор бошад. Аммо фарқ намекунад, қонуншиканӣ аз он ки ба фоидаи номзади дилхоҳи мо бошад, тағйире намекунад ва ҳамон қонуншиканӣ боқӣ мемонад ва мардум бояд аз он ҳазар кунанд.

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply

  15. Ном: Начмиддин
    20.09.2013 20:12
    Посух
    Устод Саёф! Нони жанри маро ду таксим накунед.Бехтарин танз аст.Соли 1991 мо бо чанд зиёиён ба аёдати академик Баходур Искандар рафтем.Аз вазъи замон гап зада бо викор гуфтем,ки иншоллох Бухорову Самркандро зада мегирем.акакдемик ханда карда гуфтанд-Метрасам Регару Хисорро низ за даст медихем.
    Рачаб сохиби кабинет шуд.Чанде пеш баъди интихобот кабинеташро низ аз даст дод.Ягона начоти кишвар ин интихоби МАН аст.Бояд маро интихоб кунед.Мардуми мо 20 сол боз гапи ростро фаромуш карда факат бо дуруг зиндаги карда дар Осиёи Маркази аз хама зиндагии бехтар доранд.Ман бо дуруг хамаро хушбахт мекунам.Лекин ман бовари дорам,ки факат се имзо-Махмадали Равшан ва Бармен Дилварро чамъ карда метавонам.Хатто фарзандонам ба мукобили ман овоз медиханд.Ба хар хол кушиш кунед аз Ислом Каримов ман боаклтар астам.

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 336 other followers

%d bloggers like this: