Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Озори Зафари Мирзоён

Ҷустори ахир дар торнигори Зафари Мирзоён, ростӣ, маро такон дод. Ҳарфи дилаш буд, ки дили маро ҳам ба дард овард. Аммо барои бисёре аз мардумони мо номаи ахири ӯ шояд “бечоранолӣ” ё “ҷоҳталабӣ” шумурда шавад. Мардуме, ки садсолаҳо зери зулм ба сар бурдааст, камтарин ҳақталоширо  “ношукрӣ” унвон мекунад. Аммо ҷаноби Мирзоён комилан барҳақ садо баланд кардааст ва ҳадафаш чизе ҷуз адлу инсоф нест.

Read more »

18.07.2011 Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Илм, Матбуот, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳунар | 4 Comments

Банди ҷудоиандоз

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти, ба гуфтаи худаш, “аҳли ҷамоатчигӣ”, бори дигар, ин дафъа бо дағдағаи бештар аз тарҳи пешниҳодии худ – “масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳимоят кард. Ин як сигнал ба Маҷлиси намояндагон аст, ки тарҳро бе чуну чаро ба қонун табдил диҳанд. Read more »

10.04.2011 Posted by | Амният, Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Дин, Тоҷикистон, Қонун | 3 Comments

Оташаке нест?

Фикр мекунам, як бори дигар низ навишта будам, ки дар бист соли охир рӯҳи миллии мардуми тоҷик шикаста шуд. Имрӯз, вақте матлаби ҳамкорам Ҳарамгули Қодирро дар торнамо мегузоштем, боз ин андеша ба зеҳнам омад. Ин бор як пайомади рӯҳи шикастаро дидам.

Read more »

06.04.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Ваҳдат, Инсон, Сарнавишт, Тоҷик, Худшиносй | 4 Comments

Наврӯзи дардомез

Наворҳои видео хосияти аҷибе доранд. Онҳо агар туро ба ширкаткунандаи рӯйдод табдил надиҳанд, дастикам ба шоҳиди зиндаи воқеа мубаддал мекунанд. Гузоришҳои видеоии ҳамкоронам Бароти Юсуфӣ ва Фирӯз Баротовро дар торнамои “Озодӣ” медидаму фикр мекардам, Наврӯзро дар ватани азизамон, дар Тоҷикистон пешвоз гирифтам. Он ҷо будам. Дар байни мардум будам.

Read more »

21.03.2011 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Душанбе, Муҳоҷират, Наврӯз, Худшиносй | | 7 Comments

Андаруни як шумхабар

Субҳи имрӯз аз хабари марги Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоир ва драмнависи саршиноси тоҷик сахт афсурда шудам. Ёдаш ба хайр, чеҳрааш пеши назарам омад ва хотираҳое дар зеҳнам зинда шуд, аммо аҷабам омад, ки дилам холӣ буд. Мо мехостем, бо ҳам дӯст бошем. Мехостам, аз як сайёра, як ватан, як диёр бошем… Read more »

22.02.2011 Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Душанбе, Рӯзгор, Ҳолнома | 5 Comments

Замини моро ба Чин доданд

Бархе аз блогнависон ва расонаҳои ҳамагонӣ ин иқдомро як рӯйдоди камназири садаи 21 номиданд ва суол гузоштаанд, ки чаро дар муқобили чунин гузашти сангин кишвари бе ин ҳам кӯчак ва фақир чизе ба даст наовардааст. Чанде аз торнамоҳо ҷузъиёти баҳс дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро ба нашр расондаанд.

Read more »

13.01.2011 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Сиёсат, Таърих, Тоҷикистон | 6 Comments

Нукоте дар бораи амнияти миллӣ

Як сиёсатшиноси тоҷик боре барҳаққу нишонрас гуфта буд, ки барои ҳукумати Тоҷикистон масъалаи амният дар ҷои аввал аст. Табъан ҳар ҳукумате амнияти қаламрав ва мардумашро дар садри вазифаҳои худ қарор медиҳад ва бе амният дар ҳеч риштаи дигаре наметавон пеш рафт. Таҳдид ба амният таҳдид ба истиқлолият ва ҳастии давлат аст. Read more »

10.01.2011 Posted by | Амният, Ватан, Ваҳдат, Дин, Ислом, Таҷриба, Тоҷикистон | Leave a Comment

Афсуни Ленин

Аҷаб тазоде! Дар шаҳри Пушкини наздикии Санкт-Петербург (Ленингради пешина) ҳайкали Владимир Ленинро тарконданд, дар зодгоҳаш Симбирск ва дар Калининград бар сари ин ҳайкал мум рехтанд ва дар рӯзҳое, ки ин хабарҳо ба гӯш мерасид, аз тарси эътирози коммунистону коммунистмаобон муҷассамаи доҳии террористонро дубора дар шаҳри Кӯлоб устувор карданд. Read more »

08.12.2010 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Сиёсат, Таърих, Тоҷик, Худшиносй | | 26 Comments

Иди гузаштан аз худ

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Иди Қурбон таҷлил мекунанд. Ҳарчанд мардуми мо садҳо сол ин идро дошт, дар замони Шӯравӣ таҷлил аз он мамнӯъ буд ва кормандони амниятии СССР намозгузорони рӯзи идро ба ҳабс мегирифтанд. Онҳое ки дар намози бомдоди рӯзи ид ширкат мекарданд, агар мансабдор мебуданд, аз мақоми хеш маҳрум гашта, ҷовидона ба “феҳрасти сиёҳ” меафтоданд. Танҳо дар соли 1991 бо ташаббуси Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Иди Қурбон якҷо бо Иди Рамазон ба сафи ҷашнҳои расмии Тоҷикистон шомил шуданд.

Read more »

16.11.2010 Posted by | Ваҳдат, Дин, Инсон, Таҳсил, Таҷриба, Тоҷик, Худшиносй | 3 Comments

IRS – ақл, хирад ва шарафи замони мо

Имшаб Шабакаи аввали телевизиони Точикистон мадҳияи аҷибе пахш кард. Ин бор мадҳу сано ба роҳи пулакӣ хонда шуд. Тақрибан зиёда аз 10 бор такрор ба такрор гуфта шуд, ки роҳи пулакӣ чӣ андоза барои мардум судманд аст ва мояи рушду пешрафти иқтисодиёту ҳаёту мардум мешавад. Ва зиёда аз ин борҳову борҳо гуфта шуд, ки ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз) барои нигаҳдории “сатҳи баланди хизматрасонӣ” дар роҳи Душанбе – Фотеҳобод (набояд Чанак гуфт) чӣ андоза хидмати бузург мекунад.

Read more »

16.11.2010 Posted by | Ваҳдат, Инсон, Иқтисодиёт, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Қонун | 15 Comments

Бахтнома ё тахтнома?

Бардошти ман аз Рӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон (6-уми ноябр) ин аст, ки мардуми мо ҷойгоҳи ин санади бунёдии кишвари худро ба хубӣ намешиносанд ва ё ба дараҷае аз он дилсард шудаанд, ки ин пойдевори бинои ҳаёти хешро аз як қоғази одии дурӯғин зиёд намедонанд. Сӯҳбатҳо аз Сарқонуни кишвар асосан умумӣ ва расмӣ буданд, кам касон ба он таваҷҷӯҳ доранд, ки Рӯзи Қонуни асосӣ аз идҳои дигари мардуми мо зиёдтар асту камтар не.

Read more »

08.11.2010 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Инсон, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй, Қонун | 5 Comments

Имолаи* имло

Атои сиёсатмадоронро ба лиқояшон бахшед, ки аз онҳо бӯи умед нест. “Кишвару ҳаёти наве месозем,” – гуфтанду коре карданд, ки доштаҳои худро ҳам аз даст додем. Акнун бо тамоми нерӯ ба пеш ҳаракат мекунем, то ба гузаштаи худ бирасем. Давлатмардон як тараф, ҳоло донишмандони мо эълони навсозии забони моро кардаанд. Тарси ман ин аст, ки мабод онҳо корномаи ҳукуматдоронро такрор кунанд.

Read more »

22.08.2010 Posted by | Ваҳдат, Забони модарӣ, Фарҳанг, Худшиносй, Қонун | 53 Comments

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 119 other followers