Ямшиков ва забони фарҳанг
Телевизиони РТР-Планета имшаб филми мустанадеро аз ҳаёти Савва Ямшиков намоиш дод, ки тавонистааст, ҳазорон ёдгориҳои калисои русро ҳифзу эҳё кунад ва пеши чашми миллионҳо нафар бигузорад. Сарнавишти як шахси нодир, ки дар баробари фишори замони коммунистӣ барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳунарии Русия қад алам кунад. Ҳар бор чунин мустанадҳоро бинам, ба қадршиносии русҳо аз афроди бузургашон ҳасад мебарам.
Коргузории таблиғоти кажтоб
Як хонандаи доно бори дувум аст, ба ман нома мефиристад. Номаҳои хашмолуд ва гоҳе ҳам қабеҳ. Агар жожу мож ва ҳарзаҳои ӯро як сӯ гузорем, эроди умдааш ин аст, ки чаро ман дар китоби “Сад ранги сад сол” ва силсилаи мақолаҳои “Фақат ба хотири сулҳ” аз навиштани, ба гуфтаи ӯ, “ҳақиқат” дар бораи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода парҳез кардаам ва гӯё дар мавриди ин шахс асосан мусбат гуфтаам.
Мушкили фаннӣ?
Торнамои turajon.com дар хориҷ аз Тоҷикистон бе мушкил боз мешавад. Чандин нафар аз мавҷудияти ин сомона замоне огаҳӣ ёфтанд, ки Хадамоти мухобироти кишвар аз ширкатҳои интернетрасон дархост кард, дастрасӣ ба ин торнамо “бо сабабҳои техникӣ” маҳдуд гардад.
Баъд аз сари бин Лодин
Бомдоди душанбеи 2-юми май нав барномаро хатм кардаву аз студия баромадам, ки дар тоблуҳои бузурги телевизионии утоки хабар аксҳои ҳазорон бор нашршудаи Усома бин Лодинро дидаму ҳадс задам, ки хабари наве аз ӯ рӯ задааст. Вақте навори хабарҳоро боз кардам, чанд ҷумларо дидам, ки ба нақл аз шабакаи телевизионии СNN омада буд: “Эҳтимол меравад, сарвари Ал Қоида Усома бин Лодин дар Покистон кушта шудааст.”
Банди ҷудоиандоз
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти, ба гуфтаи худаш, “аҳли ҷамоатчигӣ”, бори дигар, ин дафъа бо дағдағаи бештар аз тарҳи пешниҳодии худ – “масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳимоят кард. Ин як сигнал ба Маҷлиси намояндагон аст, ки тарҳро бе чуну чаро ба қонун табдил диҳанд. Read more »
Чоркалид дар хиёбони Медисон
Вақте ки аз кӯчаи 46-уми Ню Йорк қадам задаву ба Медисон Авеню расидем ва ба дасти рост тоб хӯрдем, ман аз шигифтӣ “воҳ!” гуфтам ва дигаронро ҳам мутаваҷҷеҳ сохтам. Дар пештоқи биное, ки дар кунҷи кӯча ва хиёбон ҷойгир шудааст, свастикаро дидам. Он андаруни нақше буд, ки бист сол пеш дар Бухоро ва Самарқанд дида будам. Оё касе аз гиребони амрикоиҳо мегирифта бошад, ки чаро “рамзи фошистӣ”-ро дар пештоқи биное дар дили шаҳри Ню Йорк ба намоиш гузоштаанд?
Нукоте дар бораи амнияти миллӣ
Як сиёсатшиноси тоҷик боре барҳаққу нишонрас гуфта буд, ки барои ҳукумати Тоҷикистон масъалаи амният дар ҷои аввал аст. Табъан ҳар ҳукумате амнияти қаламрав ва мардумашро дар садри вазифаҳои худ қарор медиҳад ва бе амният дар ҳеч риштаи дигаре наметавон пеш рафт. Таҳдид ба амният таҳдид ба истиқлолият ва ҳастии давлат аст. Read more »
Шодбодии соли нави 2011
Фикр мекунам, касе нашумурдааст, ки чанд дарсади мардум дар Тоҷикистон дар охирин шаби соли 2010 гирди дастархони ороста менишинад ва фаро расидани соли нави 2011-ро ид мекунад. Ҳадси ом ин буд, ки чунин хонаводаҳо сол то сол камтар мешаванд. Вале як дӯстам гуфт, баракс, дар қиёс бо 2-3 соли пеш имсол, зоҳиран, пешвозгирандагони соли нави милодӣ бештар шудаанд. Read more »
Набарди носолим
Шояд на барои ҳама, вале барои онҳое, ки вазъи сиёсии Тоҷикистонро дунбол мекунанд ва хостори сулҳу осоишу шукуфоии Ватан мебошанд, хабари баста шудани масҷид дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 26-уми ноябр як рӯйдоди нохушоянд ва озордиҳанда буд.
Иди гузаштан аз худ
Имрӯз дар Тоҷикистон аз Иди Қурбон таҷлил мекунанд. Ҳарчанд мардуми мо садҳо сол ин идро дошт, дар замони Шӯравӣ таҷлил аз он мамнӯъ буд ва кормандони амниятии СССР намозгузорони рӯзи идро ба ҳабс мегирифтанд. Онҳое ки дар намози бомдоди рӯзи ид ширкат мекарданд, агар мансабдор мебуданд, аз мақоми хеш маҳрум гашта, ҷовидона ба “феҳрасти сиёҳ” меафтоданд. Танҳо дар соли 1991 бо ташаббуси Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Иди Қурбон якҷо бо Иди Рамазон ба сафи ҷашнҳои расмии Тоҷикистон шомил шуданд.
Ангошту анбошти идона
Мехоҳам, ду идро, ки имсол болои ҳам омадаанд, ба ҳамаи хонандагони ин торнигор табрик гӯям. Яке — Рӯзи истиқлолияти миллии Тоҷикистон ва дигаре — иди Рамазон. Танқиду тамасхури бархе аз соҳибназаронро дар мавриди истиқлолияти давлатии тоҷикон шунидан сахт аст, аммо бояд дарк кард, ки зимни ин онҳо аз ҳукумати феълии кишвар интиқод мекунанд ва ба ҳоли раҳбарони нотавон тамасхур мезананд ва аз он ҷо ки ҷасорати фошгӯӣ надоранд, алами худро аз истиқлолият мегиранд.
Мусиқии тоҷик – гӯшти хук?
Насли нави мусулмонони тоҷик зоҳиран мехоҳад, кореро бо мардуми тоҷик бикунад, ки дар вақташ арабҳо натавонистанд, бикунанд. Агар дар ҳақиқат рӯзе ҳокимият ба дасти онҳо биафтад, шакке нест, ҳатман мусиқиро мамнӯъ эълон хоҳанд кард. Ва шояд на танҳо мусиқӣ, балки тамоми мероси фарҳанги миллиро. Ба фикрам, ин на рӯшанӣ, балки торикии имон аст.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.