“Шикор”-и IP чаро?
Додситонии кулли Тоҷикистон нишонаи IP ё Internet Protocol-и назарнависеро ҷустуҷӯ дорад ва барои ин ба «Азия-Плюс» муроҷиат кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон мехоҳад, барои расидагӣ ба шикояти шаҳрванде, ки гӯё дар номаи шарҳнависе ҳадафи таҳқир қарор ёфтааст, IP-и он номанависро пайдо кунад.
Боз даст ба кисаи мардум
Оре, ман омодаам, барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 дона китоб фиристам. Ҳатто бештар аз ин. Ҳатто китобҳои гаронбаҳоро, ки аз Теҳрону Истамбул ё Ню Йорк кашидаву овардаам. Ҳатто китобҳои нодиреро, ки як замон ба устод Иржӣ Бечка тааллуқ доштанд. Бале, ин китобҳо дар дасти мананд, зеро ҳукумати Тоҷикистон дар вақташ аз гирифтани китобхона ва бойгонии Бечка нописандона худдорӣ карда буд.
Наврӯзи дардомез
Наворҳои видео хосияти аҷибе доранд. Онҳо агар туро ба ширкаткунандаи рӯйдод табдил надиҳанд, дастикам ба шоҳиди зиндаи воқеа мубаддал мекунанд. Гузоришҳои видеоии ҳамкоронам Бароти Юсуфӣ ва Фирӯз Баротовро дар торнамои “Озодӣ” медидаму фикр мекардам, Наврӯзро дар ватани азизамон, дар Тоҷикистон пешвоз гирифтам. Он ҷо будам. Дар байни мардум будам.
Андаруни як шумхабар
Субҳи имрӯз аз хабари марги Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоир ва драмнависи саршиноси тоҷик сахт афсурда шудам. Ёдаш ба хайр, чеҳрааш пеши назарам омад ва хотираҳое дар зеҳнам зинда шуд, аммо аҷабам омад, ки дилам холӣ буд. Мо мехостем, бо ҳам дӯст бошем. Мехостам, аз як сайёра, як ватан, як диёр бошем… Read more »
Гурези бемисл аз маҳбаси Душанбе
Агар изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ҳақиқат бошад, яке аз раҳбарони фирори бесобиқа аз боздоштгоҳи Душанбе маҳбуси собиқи Гуантанамо, Иброҳим Насриддинов, дувумӣ фармондеҳи наздик ба Мирзо Зиёев бо лақаби “Кӯри Малиш”, Ҳикмат Азизов, ва савумӣ зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов будаанд.
Аммо саволе аз даҳҳо саволи беҷавоби марбут ба қазия ин аст, ки…
Фирор кунед аз маҳбаси андеша
Агар танзу шӯхиҳоро як сӯ гузорем, вокунишҳо ба хабари фирори 25 маҳбус дар торнамои Радиои Озодӣ ба таври аҷибе ду қутбро ба намоиш гузошт. Ду қутбе дар ҷомеа, ки шадидан хилофи ҳам ва комилан дур аз якдигаранд. Ва ҳарду ҳам дар сатҳи ифроту тафрит, яке тундгароёна шод ва ҳам дигаре тундгароёна ношод.
Зафар ҳам рафт. Дунё биёбонтар мешавад…
Шояд на ҳама эҳсос мекунанд, ки бо даргузашти инсонҳои нек ва ҳунарманд дунёи атрофи мо ҳарчӣ бештар ба биёбон табдил меёбад. Чеҳраҳои наҷибе моро яке аз паси дигар тарк мекунанд ва моро бим фаро мегирад. Вақте чунин шахсони нодир мемиранд, мо бо тамоми вуҷуди хеш бовар мекунем, ки марг, ба ҳар ҳол ҳаст ва ба касе раҳм надорад.
Телевизиони мардумии Тоҷикистон
Ҳукумати нави Қирғизистон радио ва телевизиони давлатии ин кишварро ба ниҳоди мустақили ҷамъиятӣ табдил дод. Аз ин ба баъд кори онро Шӯрои мустақили нозирон идора хоҳад кард. Ин шӯро дар навбати худ аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва журналистони мустақил иборат хоҳад буд.
“Дар Русия мардикорам, дар ватанам олигарх!”
Шабакаи аввали телевизиони Русия бори дигар дар симои мардикорони мо Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва ин бор бахусус зани тоҷикро таҳқир ва тавҳин кард. Дар барномаи “Большая разнитса”, ки гуфта мешавад, беҳтарин намоишҳои Шабакаи аввали Русияро аз роҳи танз таблиғ мекунад, бо баҳонаи таблиғи шабакаи мусиқии “МТВ” таронае пахш шуд, ки аз номи мардикорони тоҷик суруда шуда, дар он аз шаҳри Душанбе ёд мешавад.
Чаро “Зарнисор” бояд ба захм табдил ёбад?
Тоҷирони бозори ба тамоми ҷаҳон машҳури “Зарнисор” дар шаҳри Душанбе гуруснашинии эътирозӣ сар карданд. Ин шояд талоши охирин ва навмедонаи онҳо ба ҷилавгирӣ аз гуруснагии ояндаи фарзандонашон аст. Ва як рӯёрӯии ошкорову шадиди мардум бо давлат.
Дар ҳошияи навори Мунаввари Мунавварзод
Дар ин видео барои чанд сония тифлеро мебинед, ки дар рӯи мизи қабулгоҳи Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ғунудааст. Ва агар мақомоти давлат ба арзи модари ӯву садҳо ҷабрдидаи дигар гӯши хирад во накунанд, мумкин аст, ин кӯдак дар хиёбон ба воя расад.
Зиндагии бедевори Имомназари Холназар
“Аз бемористон баъзан барои набераҳо мева мефиристодам. Дар хона Само аз момааш афлесун пурсид. Момааш гуфт, ки нест, тамом шуд. Само сӯи банда рӯ оварда, илтиҷоомез гуфт:
– Бобоҷон, Шумо равен, боз дар касалхона хоб кунен, ино афлесун бихаранд…”
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.