Лабханди рӯзи борон
Даҳ сол аз он рӯзи тираи боронии реҳлати падари бузургворам гузашту ман ҳис мекунам, ки ҳамоно лаҳзаҳои дардомези он рӯзро аз сар мегузаронам. Ҳамон чак-чаки борон, ҳамон сояи ҳавлангези хавозаи ток ва тути пир, ҳамон мурғакони фурӯрафта дар паруболи худ ва ҳамон деворҳои намзада. Бухси нафасгир. Дили шикаста. Осмони фурӯафтода…
Сиёҳторик. Поёни достон
Сахт буд поёни кор. Оғозидан ҳамеша осон аст, ба анҷом расондан мушкил. Узр, ки бархе аз Шумоёни азизро интизор нигаҳ доштам. Бахшҳои поёниро чанд бор навиштам ва ба назарам, ин анҷом беҳтарин аст. Касе танқиде накард. Роҳнамоие низ. Шояд интизор будед, ки ҳама чиз то охир гуфта шавад? Инак, майдон аз Шумо. Достон аз ҷое сар шуд ва дар ҷое ба охир расид. Ҳоло бигӯед, ки чӣ назар доред.
Сиёҳторик — 4
Самимона сипосгузорам аз ҳамаи онҳое, ки бо номаҳо ё ишораҳои хеш ба ман ёрӣ ва нерӯ медиҳанд, то кореро, ки сар кардаам, ба поён расонам. Онҳо бароям ҳолати гуфтугӯи зиндаро меофаранд, ки медонам, барои кӣ ва чаро ин ҳамаро менависам. Ман бо сипоси бекарон ҳузури ҳар яки Шуморо ҳангоми навиштан ё веросторӣ ҳис мекунам. Аммо боз ҳам интизори назарҳои танқидгарона боқӣ мемонам. Бигзор дӯстон бизананд табарвор…
Офтоби сиёҳторик – 3
Ин қисмат аз достон хеле ба осонӣ навишта шуд, зеро онро на ман, балки қаҳрамонони ҳикоя худ “навиштанд”. Хотираҳои нависандаеро хонда будам, ки мегуфт, заҳмати аслии ӯ ба офаридани персонажҳо сарф мешавад ва идомаи кораш сабук аст, зеро қаҳрамонони асар дигар худ ба ҳаракат меоянд ва достонро ба вуҷуд меоранд. Ин муаллиф мегуфт, кор ба дараҷае мерасад, ки ӯ дигар назорате ба ҳаёти қаҳрамонон надорад ва наметавонад, ба таври маҷбурӣ сарнавишти онҳоро муайян кунад.
Сиёҳторик – 2
Дар ду бахши гузаштаи достон шиносоии ҷавоне сар шуд, ки кадом нақшаи пинҳоне дорад дар фазои як деҳаи ваҳмзада аз қатлу куштор. Инчунин ошноии хонанда бо се симои дигар оғоз ёфт – амаки Ҷалол, генерали “мардумӣ” Қурбон ва додари қаҳрамони асосӣ — Нозим. Дар ду бахши нав шиносоӣ амиқтар меравад ва воҳимаи ҷанг бештар мешавад. Ҳама гуна шарҳи Шумо бароям дилнишин аст, махсусан танқидҳо…
Офтоби сиёҳторик
Ду қисмати аввали ҳикояи “Офтоби сиёҳторик ё Ҷанги ду деҳа”-ро, ки аз 7 қисм иборат аст, ба хонандагони азиз пешкаш мекунам ва умедворам, назари худро ба оғозномаи ин қисса баён кунанд. Нақшаи ман ин аст, ки дар силсилаи достонҳои кӯтоҳ солҳои ҷангу нооромии ватани азизамонро ба тасвир гирам. Ҷӯёи он набошед, ки ин ё он тараф ва ё афродро ба чизе гунаҳкор хоҳам кард. Ман фақат мехоҳам, дардеро, ки аз он айём ба дил мондааст, берун бирезам ва эй кош, битавонам, аз он бираҳам.
Блог ё Фейсбук?
Вақте блогнависиро сар кардам, кори нависандагиям ақиб афтод. Агар ҳар сол 3-4 достони кӯтоҳ эҷод мекардам ва навиштани ду қиссаву як румонро камобеш идома медодам, порсол ба ҷуз аз ду ҳикоя чизе нанавиштаам. Вақте сари онҳо менишастам, шайтон ба гӯшам мегуфт, “нигоҳе ба блогат бикун, касе паём фиристодааст.”
Як одати чехҳо
Мардумони чех, ки 16 сол мешавад, дар байни онҳо умр ба сар мебарам, хислатҳои аҷибе доранд. Яке аз чунин вижагиҳои, метавон гуфт, миллии онҳо эътино накардан ба раҳгузарони дигар аст. Касе гӯё касеро намебинад ва касе парвои касе надорад. Гоҳе як нафар дар миёнаҷои гузаргоҳи танге меистад ва гӯӣ ба андешаҳои бузургворонаи худ фурӯ меравад.
Хорхона
Аз касе шунидам, нависандае як достони худро ба гунае навиштааст, ки ҳамаи вожаҳои решаияш бо як ҳарф сар мешаванд, яъне ҳамаи калимаҳо бо ҳарфи “М” оғоз меёбанд. Достонро надидаам ва шояд он як суханбозиву шаклпарастист, вале ҳам шояд як шоҳкор. Ғазалҳои “шаҳрошӯб”-и бузургони адабиёти мо ва ҳам шакли “мувашшаҳ” ба ёдам омад. Аввалиҳоро ҳар мисраъ бояд бо “ш” шурӯъ шавад ва дар дувумӣ ҳарфи аввали ҳар байт бояд номи касеро бидиҳанд, ки мувашшаҳ ба ӯ бахшида шудааст.
Дар ҷустуҷӯи чашма
Солҳову ҳафтаҳову рӯзҳову лаҳзаҳо дар ҷустуҷӯи он чашмаи поку босафо мегардам. Он чашмае, ки обаш аз қаъри кӯҳҳои сарбафалак бо шӯру шавқу шигифтӣ берун меояд ва ҳар қатрааш ҷону хиради тоза ба нӯшаварон мебахшад. Чашмае, ки чашмҳоро рӯшан мекунад ва ба тан нерӯ мебахшад.
Табболе дар метрои Ню Йорк
На, ин ягон шоҳкоре нест. Сари чанд вақт наворҳои видеоро, ки акнун як бахши бойгонии маро ташкил медиҳанд, тамошо мекунам ва он рӯзҳову лаҳзаҳои рафтаро ба ёд меорам, гӯё онҳоро аз нав зиндагӣ мекунам. Дар байнашон наворе будааст, ки аз таблнавозии як таббол дар метрои Ню Йорк бардоштаам. Хостам, онро Шумо ҳам бубинед.
Фариштаи барфӣ
Ба додари азизам, Илҳомҷон ин достони кӯтоҳ чандон писанд наомад. Менависад, ҳадаф нофаҳмост ва ҷузъиёт зиёд. Яъне пурҳарфии бемаъно. Бори дигар онро хондам ва андаке веросторӣ кардам. Соле ки ин достон дар “Адабиёт ва санъат” нашр шуда буд, чанд номаи гарме аз хонандагон гирифта будам, аз ҷумла аз Адолатҷӯи Ашкрез, ки тақрибан ҳамсоли Илҳомҷон аст. Нафаҳмидам, чаро ба яке аз онҳо хеле писанд омад ва ба дигаре хеле нописанд. Read more »
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.