Гуфтумоне бо ҷавонон
Фаридуни Раҳнавард, корманди рӯзномаи “Имруз News” гурӯҳи наверо дар Фейсбук таъсис дод, ки ба мушкилҳои журналистони ҷавон бахшида шудааст. Ин сафҳа таваҷҷӯҳро ба худ кашид, вале дар он як парокандагие дида мешавад. Шояд ба сарвари гурӯҳ зарур аст, мавзӯъҳои сафҳаро марзбандӣ ва қоидаҳои баҳсро таъйин кунад, то табодули афкор низоми муайян дошта бошад.
Рейтинги журналистон
Як дӯстам тор (линк)-и матлаби “Тоҷнюс”-ро фиристод, ки дар он банда муваффақтарин блогнависи тоҷик унвон шудаам ва як ҳамкорам тори раддабандии “беҳтарин матбуотчиён”-и кишварро роҳӣ кард, ки дар он низ банда ҷойгоҳе доштааст ва дар баррасии матбуот дидам, ки хонандагони як ҳафтавори Тоҷикистон “Чароғи рӯз”-ро бо гузашти ин ҳама сол нашрияи маҳбуби худ хондаанд.
Мағзи digital
Пешрафти фанновариҳои иттилоотӣ боз чӣ коре бо журналистика хоҳад кард? Ба фикри ман, он рӯз дур нест, ки кас битавонад, хабар ё мақолаашро ба ройона (компютер) дикта ё ҳиҷҷа кунад ва ройона онро бинависаду тасҳеҳ ва веросторӣ кунад ва дар они воҳид ба чанд забон баргардонад.
Блог ё Фейсбук?
Вақте блогнависиро сар кардам, кори нависандагиям ақиб афтод. Агар ҳар сол 3-4 достони кӯтоҳ эҷод мекардам ва навиштани ду қиссаву як румонро камобеш идома медодам, порсол ба ҷуз аз ду ҳикоя чизе нанавиштаам. Вақте сари онҳо менишастам, шайтон ба гӯшам мегуфт, “нигоҳе ба блогат бикун, касе паём фиристодааст.”
Бист сол бе СССР
Ширкат дар таҳияи як асари чандрасонаӣ бо номи “Фурӯпошӣ. 20 сол бе СССР” кори воқеан сангин, аммо шавқангез буд. Сангин аз он лиҳоз, ки мебоист, маводи зиёде ҷамъоварӣ ва барои раҳбарони тарҳ пешниҳод кард, мустанадҳои кӯтоҳ ва наворҳои видеоро ба тоҷикӣ гардонд ва шохисҳои асосии бист соли охири Тоҷикистонро раддабандӣ намуд.
Садои шикастани ях
Гумон доштам, ин ҳисси танҳо ман аст, ки мардуми мо андак-андак тарсро канор мегузоранд ва дар талаби ҳаққи қонунии хеш мешаванд. Эҳсос мешавад, рӯҳи хуфта бедору рӯҳи бедор ба пой хестааст. Алорағми он навмедиҳо, ки рӯҳи ин қавм дигар шикастааст ва ҳаргиз ба танаш барнахоҳад гашт.
Посухи номутаносиб?
Аз Русия имрӯзҳо ба сӯи Тоҷикистон мавҷи таҳқиру тавҳин меборад. Мисли барфи сиёҳ. Ва ҳам ба суи Душанбе мушти таҳдид баланд мешавад. Русҳо девона шуданд. Сабаб — ду халабони ҳавопаймо дар додгоҳи тоҷик ба ҷазо маҳкум гаштанд. Додгоҳ онҳоро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз айбдор донист.
Ҷои Латифӣ холист, холӣ…
Симои Тоҷикистон дар матбуоти Русия нишон медиҳад, ки ниёз ба журналисте монанди ӯ имрӯз шадидан эҳсос мешавад. Расонаҳои ахбори оми Русия ва ҷаҳон дар Тоҷикистон хабарнигорони доимӣ ва шинохташуда надоранд ва аз Тоҷикистон барои онҳо низ шахсоне наменависанд, ки таҳаввулоти ин кишварро ба гунаи дурусту комил бозтоб диҳанд.
Сабки нафратпарварон
Шарҳҳои дигаронро хондаву нашр ё рад кардаам, вале худам муддатҳост, роҷеъ ба матлабе дар ҷаҳони интернет назар надода будам. Охирин бор наздики як сол пеш ба торнамои Шабакаи аввали телевизиони Русия дар робита ба нақизаи “Наша Раша” дар намоиши “Большая разнитса” шарҳ навиштам ва онро нашр карданд. На танҳо мӯҳтавои нақизаро зери танқид гирифтам, балки афзудам, ки нақиза ба нақиза як навъ ҳимоят аз он аст.
Озори Зафари Мирзоён
Ҷустори ахир дар торнигори Зафари Мирзоён, ростӣ, маро такон дод. Ҳарфи дилаш буд, ки дили маро ҳам ба дард овард. Аммо барои бисёре аз мардумони мо номаи ахири ӯ шояд “бечоранолӣ” ё “ҷоҳталабӣ” шумурда шавад. Мардуме, ки садсолаҳо зери зулм ба сар бурдааст, камтарин ҳақталоширо “ношукрӣ” унвон мекунад. Аммо ҷаноби Мирзоён комилан барҳақ садо баланд кардааст ва ҳадафаш чизе ҷуз адлу инсоф нест.
Кафка инро медонист
Дар баҳси хонандагон сари матлабе бахшида ба озодии хабарнигори British Broadcasting Corporation (BBC) ё худ Би-би-сӣ Урунбой Усмонов дар торнамои Радиои Озодӣ нуктае матраҳ шуд, ки дар худи Бритониё низ чунин рӯйдодҳо, яъне ҳабси журналистон иттифоқ меафтад ва агар ҳадаф аз боздошт таҳқиқ аст, чаро бояд ҳукуматҳоро айбдор кард. Ин хонанда чунин навиштааст:
Аз Заркамар то Фейсбук
Атовулло Рақибов идеологияи “нола”-ро шикаст. Маслаки беш аз ҳазорсолаи миллии тоҷикиро, ки бояд фақат нолид ва он ҳам ба ин мазмун, ки “оҳ, ман чи афтодае ҳастам ва касе ба доди ман нарасид, касе дасти маро нагирифт, тақдирам ин аст.”
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.