“Шикор”-и IP чаро?
Додситонии кулли Тоҷикистон нишонаи IP ё Internet Protocol-и назарнависеро ҷустуҷӯ дорад ва барои ин ба «Азия-Плюс» муроҷиат кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон мехоҳад, барои расидагӣ ба шикояти шаҳрванде, ки гӯё дар номаи шарҳнависе ҳадафи таҳқир қарор ёфтааст, IP-и он номанависро пайдо кунад.
Қонунсолор
Ин сатрҳоро дар ҳошияи як матлаби торнигори “Пайкон” навишта будам. Танҳо барои ҳамин пойгоҳ ва хонандагони он. Хеле вақт гузашту ҳар бор ки он гӯшаро боз мекунам, суханони худро намебинам ва фикр кардам, бояд онҳоро ҳамин ҷо бигузорам. Лоақал барои онҳое, ки гаҳ-гоҳ сар ба ин кулба мезананд.
Кафка инро медонист
Дар баҳси хонандагон сари матлабе бахшида ба озодии хабарнигори British Broadcasting Corporation (BBC) ё худ Би-би-сӣ Урунбой Усмонов дар торнамои Радиои Озодӣ нуктае матраҳ шуд, ки дар худи Бритониё низ чунин рӯйдодҳо, яъне ҳабси журналистон иттифоқ меафтад ва агар ҳадаф аз боздошт таҳқиқ аст, чаро бояд ҳукуматҳоро айбдор кард. Ин хонанда чунин навиштааст:
Мушкили фаннӣ?
Торнамои turajon.com дар хориҷ аз Тоҷикистон бе мушкил боз мешавад. Чандин нафар аз мавҷудияти ин сомона замоне огаҳӣ ёфтанд, ки Хадамоти мухобироти кишвар аз ширкатҳои интернетрасон дархост кард, дастрасӣ ба ин торнамо “бо сабабҳои техникӣ” маҳдуд гардад.
Ғурмагас ба парвоз омада
Ҳар субҳ мисли як раҳнаварди ошиқ ҷаҳони блогнависони тоҷикро мегардам. Гоҳе дурдонаеро пайдо мекунам. Ин бор онро дар шарҳе ёфтам, ки як хонандаи, зоҳиран, босалиқа дар ҳошияи матлаби торнигори “Мардикорнома” аз худ боқӣ гузоштааст. Лаҳни сухан маро таҳрик дод, то пайванди муаллифи шарҳро “ангушт” занам. Ба дунёи дигаре ворид шудам.
Исмоиловро озод кунед!
Эҳтимолан, навиштаи ман ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик беш аз ҳад хушбинона буд. Ба вижа дар мавриди ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии журналистон. Як нокомии бузург ногуфта монд ва ин ҳам бошад, дар зиндон боқӣ мондани журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов. Ягона журналисти зиндонии тоҷик.
Дуруд бар журналистон!
Иди матбуот ё беҳтараш Иди журналистикаи тоҷикро ба ҳамаи ҳамкасбону ҳамкорон самимона табрик мегӯям ва орзу мекунам, аз душвориҳои имрӯз бо сари баланд бигзаранду ба ояндаи хубтаре бирасанд. Ояндаи беҳтаре на танҳо барои онҳо, балки барои ҳамаи мардум ва тамоми кишвар. Ин ид ҳарчанд реша дар гузашта дорад, ба сурати умум, нигоҳ ба имрӯз ва оянда аст. Read more »
Ифшои тахаллус
Гуфтам, як рӯз фориғ аз ҳама кори ҷаҳон бошам, то ин фароғат рӯҳамро ором кунад. Қасд доштам, ин субҳ роҳи ҷангалистонро дар пеш бигирем ва ҳамаи хонадон дастархоне сари санг боз кунему нонеро ба оби чашма тар бикунем, дар канори табиат ва ҳамнаво ба обшорону бодҳо бишавем. Афсӯс, Худо нахост.
Қаламрави Маҳбуби Ганҷаалӣ
Маҳбуби Ганҷаалӣ, номи аслияш Абдулазизи Восеъ, дар шабакаи ҷаҳонии интернет қаламрави рангини худро дорад. Ҷое кӯҳу адир, ҷое боғу гулистон. Майдони аспдавонӣ. Аспи андеша бо тозиёнаи танз. Территория дар торнигори хусусияш, ки баъдан дар зеҳни хонандагон доман мегустурад. Read more »
Кӣ занад теша ба решаи хеш?
Касеро дидаед, ки теша ба пойи худ занад? Вақте мегӯянд, Амрико худ асноди махфияшро ба воситаи торнамои Викиликс фош кардааст, ман ба ёди ҳамин гуна шахс меафтам. Албатта, тасодуфан теша ба пойи хеш задан мумкин аст, аммо танҳо ландаҳур метавонад шохеро бибурад, ки бар он нишастааст. Read more »
Тарозуи “damage”
Хуб нест, агар манфиҳои падидаеро сабт карда бошаму аз мусбати онҳо чашм бипӯшам. Манзурам, бо “сабабҳои номаълум” аз чоп мондани ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Пайкон” аст, ки ин ҳафта дутои онҳо аз чоп баромад ва чӣ аҷаб, “Нигоҳ” дар чопхонаи “Шарқи озод”. Торнамоҳои “бандӣ” – “Авеста”, “Тоҷнюз”, “Сентразия” ва “Тҷкнюз” ҳам боз шудаанд.
Зарбае ба эътибори кишвар
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот, созмони “Хабарнигорони бидуни марз” аз фишори афзоянда ба расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо мумониат ба чопи ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Пайкон”, дастнорас шудани сомонаҳои интернетӣ ва талошҳои ҷурмҷӯии Кумитаи андоз аз чаҳор нашрияро посухи ҳукумат ба бозтоби мустақилонаи рӯйдодҳои ноҳияи Рашт номиданд.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.