Худшиносии тағйирёбанда
Зиёда аз якуним соли умрам дар Гардез, маркази вилояти Пактиёи Афғонистон гузаштааст. Дар он давра волии Пактиё шахсе буд, ки дар мазҳари ом худро паштун меномид, вале чун бо тарҷумонони тоҷик хилват меёфт, мегуфт, тоҷик аст. Ҳоло, беш аз чоряк аср, вақте ҳар бор ибораи “ҳувияти тағйирёбанда”-ро вомехӯрам, беихтиёр чеҳраи маъсуми ӯ пеши назарам меояд.
Рейтинги журналистон
Як дӯстам тор (линк)-и матлаби “Тоҷнюс”-ро фиристод, ки дар он банда муваффақтарин блогнависи тоҷик унвон шудаам ва як ҳамкорам тори раддабандии “беҳтарин матбуотчиён”-и кишварро роҳӣ кард, ки дар он низ банда ҷойгоҳе доштааст ва дар баррасии матбуот дидам, ки хонандагони як ҳафтавори Тоҷикистон “Чароғи рӯз”-ро бо гузашти ин ҳама сол нашрияи маҳбуби худ хондаанд.
Бист сол бе СССР
Ширкат дар таҳияи як асари чандрасонаӣ бо номи “Фурӯпошӣ. 20 сол бе СССР” кори воқеан сангин, аммо шавқангез буд. Сангин аз он лиҳоз, ки мебоист, маводи зиёде ҷамъоварӣ ва барои раҳбарони тарҳ пешниҳод кард, мустанадҳои кӯтоҳ ва наворҳои видеоро ба тоҷикӣ гардонд ва шохисҳои асосии бист соли охири Тоҷикистонро раддабандӣ намуд.
Фарҷоми Қаззофӣ
Сараввал, рости гап, дилам ба ҳоли Муаммар Қаззофии хуншору ҳайрону бимзада сӯхт. Вале шояд ин таъсири манзараҳои видеоӣ буд ва бе ин тасвирҳо мумкин фарҷоми раҳбари барканоршудаи Либия ин қадар эҳсосбарангез намебуд. Вале садчандон беҳтар мешуд, ҷони ӯро ҳифз мекарданд ва пас аз табобат, бигзор ҳатто дар кати равон, ба додгоҳаш мебурданд.
Д и Ю. Как это было.
Бывает, напишешь от души, но потом долго ищешь иллюстрацию для блога. Иногда приходится идти на разные ухищрения эпохи фотошопа и Гугла. Два с половиной года назад написал политическую песнь «Без границ. Юлдуз и Далер спели дуэтом», которая, спасибо друзьям и единомышленникам, пошла гулять из сайта в сайт по миру. Не было у меня совместной фотографии двух замечательных певцов. Read more »
Коргузории таблиғоти кажтоб
Як хонандаи доно бори дувум аст, ба ман нома мефиристад. Номаҳои хашмолуд ва гоҳе ҳам қабеҳ. Агар жожу мож ва ҳарзаҳои ӯро як сӯ гузорем, эроди умдааш ин аст, ки чаро ман дар китоби “Сад ранги сад сол” ва силсилаи мақолаҳои “Фақат ба хотири сулҳ” аз навиштани, ба гуфтаи ӯ, “ҳақиқат” дар бораи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода парҳез кардаам ва гӯё дар мавриди ин шахс асосан мусбат гуфтаам.
Чоркалид дар хиёбони Медисон
Вақте ки аз кӯчаи 46-уми Ню Йорк қадам задаву ба Медисон Авеню расидем ва ба дасти рост тоб хӯрдем, ман аз шигифтӣ “воҳ!” гуфтам ва дигаронро ҳам мутаваҷҷеҳ сохтам. Дар пештоқи биное, ки дар кунҷи кӯча ва хиёбон ҷойгир шудааст, свастикаро дидам. Он андаруни нақше буд, ки бист сол пеш дар Бухоро ва Самарқанд дида будам. Оё касе аз гиребони амрикоиҳо мегирифта бошад, ки чаро “рамзи фошистӣ”-ро дар пештоқи биное дар дили шаҳри Ню Йорк ба намоиш гузоштаанд?
Ойини нисбатбозӣ
Ҳарчанд аксари ойинҳои наврӯзӣ ба хубӣ омӯхта ва решаёбӣ шудаанд, як бозии қадимии он аз назарҳо ба дур монда ва шояд дар ҳоли нобудист. Модаркалонам ҳикоят мекарданд, ки дар давраҳои пеш одати наврӯзие бо номи “нисбатбозӣ” вуҷуд доштааст, ки ба ҷавонону духтароне, ки номзади ҳамдигар шудаву аммо ҳанӯз издивоҷ накардаанд, имкон медод, дар рӯзҳои Наврӯз бо ҳам мулоқот кунанд.
Горбӣ ва “Таджикия”
Раҳбари собиқи Шӯравӣ, Михаил Горбачев, бароям ба ҳайси як муаммо боқӣ мондааст. Имрӯз чанд сатре дар бораи ӯ навиштам ва бори дигар ба ин андеша баргаштам, ки ботини ин шахс ҳамоно паси парда боқӣ мемонад. Маълум нест, то куҷо рост мегӯяд. Ошкор нест, ҳанӯз ҳам гоҳе билети ҳизбияшро боз кардаву ба акси хеш менигарад ё дигар ақидааш аз реша иваз шудааст.
Замини моро ба Чин доданд
Бархе аз блогнависон ва расонаҳои ҳамагонӣ ин иқдомро як рӯйдоди камназири садаи 21 номиданд ва суол гузоштаанд, ки чаро дар муқобили чунин гузашти сангин кишвари бе ин ҳам кӯчак ва фақир чизе ба даст наовардааст. Чанде аз торнамоҳо ҷузъиёти баҳс дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро ба нашр расондаанд.
Шодбодии соли нави 2011
Фикр мекунам, касе нашумурдааст, ки чанд дарсади мардум дар Тоҷикистон дар охирин шаби соли 2010 гирди дастархони ороста менишинад ва фаро расидани соли нави 2011-ро ид мекунад. Ҳадси ом ин буд, ки чунин хонаводаҳо сол то сол камтар мешаванд. Вале як дӯстам гуфт, баракс, дар қиёс бо 2-3 соли пеш имсол, зоҳиран, пешвозгирандагони соли нави милодӣ бештар шудаанд. Read more »

Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.