Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Худшиносии тағйирёбанда

Зиёда аз якуним соли умрам дар Гардез, маркази вилояти Пактиёи Афғонистон гузаштааст. Дар он давра волии Пактиё шахсе буд, ки дар мазҳари ом худро паштун меномид, вале чун бо тарҷумонони тоҷик хилват меёфт, мегуфт, тоҷик аст. Ҳоло, беш аз чоряк аср, вақте ҳар бор ибораи “ҳувияти тағйирёбанда”-ро вомехӯрам, беихтиёр чеҳраи маъсуми ӯ пеши назарам меояд.

Read more »

30.04.2012 Posted by | Баҳс, Ватан, Таърих, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | 15 Comments

Гуфтумоне бо ҷавонон

Фаридуни Раҳнавард, корманди рӯзномаи “Имруз News” гурӯҳи наверо дар Фейсбук таъсис дод, ки ба мушкилҳои журналистони ҷавон бахшида шудааст. Ин сафҳа таваҷҷӯҳро ба худ кашид, вале дар он як парокандагие дида мешавад. Шояд ба сарвари гурӯҳ зарур аст, мавзӯъҳои сафҳаро марзбандӣ ва қоидаҳои баҳсро таъйин кунад, то табодули афкор низоми муайян дошта бошад.

Read more »

28.03.2012 Posted by | Баҳс, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг | , | Leave a Comment

Рейтинги журналистон

Як дӯстам тор (линк)-и матлаби “Тоҷнюс”-ро фиристод, ки дар он банда муваффақтарин блогнависи тоҷик унвон шудаам ва як ҳамкорам тори раддабандии “беҳтарин матбуотчиён”-и кишварро роҳӣ кард, ки дар он низ банда ҷойгоҳе доштааст ва дар баррасии матбуот дидам, ки хонандагони як ҳафтавори Тоҷикистон “Чароғи рӯз”-ро бо гузашти ин ҳама сол нашрияи маҳбуби худ хондаанд.

Read more »

16.03.2012 Posted by | Баҳс, Матбуот, Таърих, Таҷриба | , | 5 Comments

Мағзи digital

Пешрафти фанновариҳои иттилоотӣ боз чӣ коре бо журналистика хоҳад кард? Ба фикри ман, он рӯз дур нест, ки кас битавонад, хабар ё мақолаашро ба ройона (компютер) дикта ё ҳиҷҷа кунад ва ройона онро бинависаду тасҳеҳ ва веросторӣ кунад ва дар они воҳид ба чанд забон баргардонад.

Read more »

07.03.2012 Posted by | Дурнамо, Забони модарӣ, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг | | 1 Comment

Сиёҳторик – 2

Дар ду бахши гузаштаи достон шиносоии ҷавоне сар шуд, ки кадом нақшаи пинҳоне дорад дар фазои як деҳаи ваҳмзада аз қатлу куштор. Инчунин ошноии хонанда бо се симои дигар оғоз ёфт – амаки Ҷалол, генерали “мардумӣ” Қурбон ва додари қаҳрамони асосӣ — Нозим. Дар ду бахши нав шиносоӣ амиқтар меравад ва воҳимаи ҷанг бештар мешавад. Ҳама гуна шарҳи Шумо бароям дилнишин аст, махсусан танқидҳо…

Read more »

12.02.2012 Posted by | Адабиёт, Каме латра, Таҷриба, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳикоя | 5 Comments

Бист сол бе СССР

Ширкат дар таҳияи як асари чандрасонаӣ бо номи “Фурӯпошӣ. 20 сол бе СССР” кори воқеан сангин, аммо шавқангез буд. Сангин аз он лиҳоз, ки мебоист, маводи зиёде ҷамъоварӣ ва барои раҳбарони тарҳ пешниҳод кард, мустанадҳои кӯтоҳ ва наворҳои видеоро ба тоҷикӣ гардонд ва шохисҳои асосии бист соли охири Тоҷикистонро раддабандӣ намуд.

Read more »

25.12.2011 Posted by | Матбуот, Сиёсат, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон | , | 4 Comments

Садои шикастани ях

Гумон доштам, ин ҳисси танҳо ман аст, ки мардуми мо андак-андак тарсро канор мегузоранд ва дар талаби ҳаққи қонунии хеш мешаванд. Эҳсос мешавад, рӯҳи хуфта бедору рӯҳи бедор ба пой хестааст. Алорағми он навмедиҳо, ки рӯҳи ин қавм дигар шикастааст ва ҳаргиз ба танаш барнахоҳад гашт.

Read more »

04.12.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Матбуот, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй | 1 Comment

Кафка инро медонист

Дар баҳси хонандагон сари матлабе бахшида ба озодии хабарнигори British Broadcasting Corporation (BBC) ё худ Би-би-сӣ Урунбой Усмонов дар торнамои Радиои Озодӣ нуктае матраҳ шуд, ки дар худи Бритониё низ чунин рӯйдодҳо, яъне ҳабси журналистон иттифоқ меафтад ва агар ҳадаф аз боздошт таҳқиқ аст, чаро бояд ҳукуматҳоро айбдор кард. Ин хонанда чунин навиштааст:

Read more »

16.07.2011 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Таҷриба, Қонун | | Leave a Comment

Пешрафтеро медонед?

Моҳи гузашта як маҷаллаи инглисӣ аз ман хоҳиш кард, мақолае дар бораи вазъи феълии Тоҷикистон бинависам. Вале тамоми мавзӯъҳое, ки онҳо пешниҳод карданд, бароям зиёд хушоянд набуданд. Исломи сиёсӣ, фасод ва фақр, низоми худкома,  маводи мухаддир, кашокаш бо Узбакистон, фишори Русия… бе ман ҳам дар ин бораҳо зиёд навиштаанд. Гуфтанд, пас худат интихоб кун, ки дар бораи чӣ менависӣ.

Read more »

03.07.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Рӯзгор, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон | 20 Comments

Як одати чехҳо

Мардумони чех, ки 16 сол мешавад, дар байни онҳо умр ба сар мебарам, хислатҳои аҷибе доранд. Яке аз чунин вижагиҳои, метавон гуфт, миллии онҳо эътино накардан ба раҳгузарони дигар аст. Касе гӯё касеро намебинад ва касе парвои касе надорад. Гоҳе як нафар дар миёнаҷои гузаргоҳи танге меистад ва гӯӣ ба андешаҳои бузургворонаи худ фурӯ меравад.

Read more »

05.06.2011 Posted by | Баҳс, Донишнома, Инсон, Каме латра, Муҳоҷират, Таҷриба | 15 Comments

Детектори дурӯғ

Матлабе, ки бахши марказии хабар дар Радиои Озодӣ дар бораи корбурди дастгоҳи ташхиси дурӯғ ё дурӯғсанҷ дар озмоиши мансабдорони давлатӣ дар Русия омода карда буд, вокунишҳои ҷолибе ба бор овард ва ба эҳтимоли қавӣ то дер гоҳ дар ёдҳо хоҳад монд ва мавзӯи пурсишу андешаҳое хоҳад шуд.

Read more »

29.05.2011 Posted by | Амрико, Русия, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Фарҳанг, Қонун | 5 Comments

Хорхона

Аз касе шунидам, нависандае як достони худро ба гунае навиштааст, ки ҳамаи вожаҳои решаияш бо як ҳарф сар мешаванд, яъне ҳамаи калимаҳо бо ҳарфи “М” оғоз меёбанд. Достонро надидаам ва шояд он як суханбозиву шаклпарастист, вале ҳам шояд як шоҳкор. Ғазалҳои “шаҳрошӯб”-и бузургони адабиёти мо ва ҳам шакли “мувашшаҳ” ба ёдам омад. Аввалиҳоро ҳар мисраъ бояд бо “ш” шурӯъ шавад ва дар дувумӣ ҳарфи аввали ҳар байт бояд номи касеро бидиҳанд, ки мувашшаҳ ба ӯ бахшида шудааст.

Read more »

28.05.2011 Posted by | Каме латра, Таҷриба, Ҳикоя | , | 1 Comment

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.

Join 119 other followers