Валвалаи ҷанг
Чаро кишвари ҳамсояи Узбакистон ин қадар тонку зиреҳпӯш ва сарбозу афсарашро дар марзи Тоҷикистон ҷамъ овардааст? Ҳадаф аз ин сафороӣ чист? Амале барои тарсондани мардум ё тарсе, ки чунин амал ба бор оварда? На аз Тошканд ва на аз Душанбе садое дар шарҳи вазъ ба гӯш нарасидааст, аммо бидуни ҳама гуна шарҳ низ рӯшан аст, ки баъзеҳо мехоҳанд, бо оташ бозӣ кунанд.
Маскав—Душанбе 49:0
Бохти дастаи футболи Тоҷикистон ба дастаи Узбакистон, агарчӣ дилхункунанда аст, мисли бохти дастаи сиёсии Тоҷикистон ба Русия ҷонгудоз нест. Рустами Эмомалӣ бо ҳисоби 0:1 бохт, аммо падараш бо ҳисоби 0:49. Бохти бозии футбол шабеҳи пирӯзист, ба ҳар ҳол гов бой надодем, аммо бохти сиёсӣ мисли мӯҳре дар китф ё сурин барои ҷовидонаҳо.
Парвози шабонаи Медведев
Имрӯз дар бораи мулоқоти президентҳои Русия ва Узбакистон, Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов навиштам. Хеле сахт буд, зеро маълумоти дақиқ дар бораи ин гуфтушунид дастрас нест. Баъзе дониста ва шинохтаҳо аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ ба даст омад ва росту дуруст будани онҳоро озмудан душвор буд.
ДАСТурИ Путин
Сарвазири Русия, Владимир Путин, илтиҷои раҳбарони Тоҷикистонро, ки коҳиши боҷи содиротии фуровардаҳои нафтии Русияро мехостанд, рад кард ва баръакс фармони афзоиши бештари ин боҷро ба имзо расонд. Сар аз 1-уми апрели соли 2011 боҷи бензини содиротии Русия, ки 245 доллар барои 1 тонна буд, ба 284 доллар боло рафт ва боҷи солярка аз 170 ба 198 доллари амрикоӣ.
Кашокаш бар сари сенаторони Амрико
Аз як сӯ хеле хуб аст, ки мақолаи кас дар даҳҳо торнамо ва блогҳо бознашр шавад. Мардуми бештаре онро хоҳанд хонд. Худам мутваҷҷеҳ набудам, аммо як шинос бароям гуфт, ки мақолаи ман дар бораи назари мусбати Сенати Амрико ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сомона ба сомона мекӯчад ва ин “саёҳат” дар ҷаҳони интернет идома дорад.
Нафаси фалокат
Расонаҳои ҳамагонии ғарбӣ бо ҳайратзадагии тамом аз ваҳшати даргириҳо дар ҷануби Қирғизистон хабар дода, решаҳои низоъро кандуков мекунанд. Онҳо мехоҳанд пардаро аз рӯи воқеаҳо бардоранд ва ояндаи авзоъро аз зовияҳои гуногун ҳадс мезананд.
Ду шеваи муносибат бо Узбакистон
Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба Тошканд, ҳарчанд шиддатро дар байни ду кишвари ҳамсоя як андоза камтар кард, вале гиреҳи равобити печидаи онҳоро накушод. Мушкил замоне ҳал хоҳад шуд, ки гуфтушунид бо назардошти баробарӣ ва шинохти манофеъи тарафайн идома пайдо кунад. Аммо…
Тазоҳуроти “ҳокимияти чаҳорум”?
Хабари гирдиҳамоии журналистон дар баробари сафорати Узбакистон дар Душанбе таассуроти духӯрае аз худ боқӣ мегузорад ва андешаҳои тазодомезеро ба миён меорад. Бархе бар журналистон дуруд хоҳанд фиристод, ки дар амал низ ватандӯстии хешро исбот карданд. Аммо бархи дигар пурсишеро ба миён хоҳанд гузошт, ки оё журналистон бо ин иқдом ба рисолати хеш латма назаданд??
Парвандаи нашрияҳо. Набард ё оштӣ?
Ба 11-уми март, Рӯзи матбуоти тоҷик, рост омадани муҳокимаи ҳафтаномаи “Миллат” дар додгоҳ тасодуф аст ё баёнгари муносибати мақомоти кишвар ба матбуот? Ҳукми додгоҳ дар чунин рӯз чӣ маъние касб хоҳад кард? Оё имкон дорад, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз пас аз даъватҳои ӯ ба ҷасорати журналистӣ сабаби чандин парвандаи зидди нашрияҳо шуд, ба ин вазъи масхараомез ва бадномкунандаи кишвар мудохила кунад? Вай дар паёми табрикияш ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик чӣ хоҳад гуфт?
Сказка о проклятии Тамерлана
Боюсь, что подобно ежедгодно-новогодному повтору “Иронии судьбы” российские телеканалы станут традиционно показывать фильм “Проклятие Тамерлана” каждый год накануне 22-го июня или 9-го мая, Дня Победы над фашизмом. Трудно назвать фильм документальным, где патриарх узбекского кино, военный оператор Малик Каюмов говорит, что вскрытие гробницы тимуридов в Самарканде в июне 1941-го года стало прелюдией нападения гитлеровской Германии на Советский Союз.
Умеда Аҳмадова зиндонй мешавад?
Дар Узбакистон бар зидди филмсоз ва аккос, Умеда Аҳмадова, бо иттиҳоми “тӯҳмат” ва “таҳқир”-и миллати узбак парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. “Ҷурм”-и ӯ ин будааст, ки дар аксҳои худ “танҳо тарафҳои манфии зиндагии мардум дар Узбакистонро ҳадаф қарор додааст.” Манзур, силсилаи нави аксҳои Умеда аст бо номи “Мардону занон. Аз субҳ то шом.”
Чаро нақши пойи Айниро шустан мехоҳанд?
Тахриби осорхонаи Айнӣ дар Самарқанд танҳо як ҳадаф дорад — рӯфтани пайи фарҳанги тоҷикон аз ин шаҳри бостонӣ. Ин як хилофкории зиддибашарӣ ва зиддифарҳангист. Ин идомаи шикастани пайкараҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Самарқанд ва аз тоҷикӣ ба узбакӣ гардондани номи кӯчаву хиёбонҳо дар аксари шаҳрҳои Узбакистон аст.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.