Кашшофи сирри садо
Ҳай дареғ, ки рӯзи панҷшанбе дар пойтахти кишвар набудам. Агар он ҷо мебудам, ҳатман ба Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков мерафтам ва аз дидори Далери Назар баҳра мебардоштам. Таронаҳои нави ӯ ва ҳунари дӯстони ҷавонашро медидам. Шоҳиди он мешудам, ки чӣ гуна созҳои тамоми умр гирдовардаи устод Гурминҷ дар дасти афроди боҳунар ба садо меомаданд.
Булбул дар қабристон
Чанд рӯз пеш, на дақиқтараш ду рӯз пеш, ҳаво офтобӣ буд ва субҳ пиёда мерафтаму роҳам аз назди қабристоне мегузашт. Атроф ҳанӯз камодам буд ва аз он сӯи девори қабристон, аз миёни шохсорон садои булбуле ба гӯшам расид.
Васияти Отахон Латифӣ
Фақат дар назари аввал ин гуна намудор мешавад, ки Отахон Латифӣ, яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи навтарини Тоҷикистон, ки рӯзи 22 сентябри соли 1998 номардона дар назди хонааш дар шаҳри Душанбе кушта шуд, аз худ васиятномае боқӣ нагузоштааст. Дуруст аст, ки мактубе аз ӯ ба ҳайси васият дар даст нест, ҳанӯз фурсати марги ӯ набуд, диле пур аз орзуҳои наҷиб дошт ва мебоист боз даҳсолаҳое мезисту ба ватани худ хидмат мекард.
Ифшои тахаллус
Гуфтам, як рӯз фориғ аз ҳама кори ҷаҳон бошам, то ин фароғат рӯҳамро ором кунад. Қасд доштам, ин субҳ роҳи ҷангалистонро дар пеш бигирем ва ҳамаи хонадон дастархоне сари санг боз кунему нонеро ба оби чашма тар бикунем, дар канори табиат ва ҳамнаво ба обшорону бодҳо бишавем. Афсӯс, Худо нахост.
Андаруни як шумхабар
Субҳи имрӯз аз хабари марги Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоир ва драмнависи саршиноси тоҷик сахт афсурда шудам. Ёдаш ба хайр, чеҳрааш пеши назарам омад ва хотираҳое дар зеҳнам зинда шуд, аммо аҷабам омад, ки дилам холӣ буд. Мо мехостем, бо ҳам дӯст бошем. Мехостам, аз як сайёра, як ватан, як диёр бошем… Read more »
“Худоё, беватан мемирам охир…”
Даҳ сол аз қатли ӯ гузашт ва тарси ман ин аст, ки агар дар ин ҳама муддат қотил ё қотилони ӯро шиносоӣ ва боздошт накарданд, пас наҷустаанд ё кашф карда бошанд ҳам, бо сабабе наметавонанд, эълон кунанд. Шояд як тоҷик барои онҳо онгуна арзишеро надошту надорад, ки худро “ғам диҳанд”. Марги бепайомади то 300 муҳоҷири тоҷик ҳар сол ҳамин паёмро дорад. Ва ҳам онҳо аз куҷо донанд, ки Искандари Хатлонӣ кӣ буд?
Зафар ҳам рафт. Дунё биёбонтар мешавад…
Шояд на ҳама эҳсос мекунанд, ки бо даргузашти инсонҳои нек ва ҳунарманд дунёи атрофи мо ҳарчӣ бештар ба биёбон табдил меёбад. Чеҳраҳои наҷибе моро яке аз паси дигар тарк мекунанд ва моро бим фаро мегирад. Вақте чунин шахсони нодир мемиранд, мо бо тамоми вуҷуди хеш бовар мекунем, ки марг, ба ҳар ҳол ҳаст ва ба касе раҳм надорад.
Омадан ва рафтан
Яке аз феодалҳои Осиёи Марказӣ аз нукаронаш хост, қонуни наве омода карда, зимни он ба ӯ унвони “пешвои миллат” диҳанд ва минбаъд ин унвонро пеш аз номи ӯ ба кор баранд. Намунаи сирояткунандаест. Шояд ба зудӣ раҳбароне барои пинҳон доштани заъфи камар хостори унвони қонунии “мард” шаванд? Ҳокимият, ки дар даст ҳаст, чаро не? Хоҳӣ, метавонӣ бо тасвиби қонуне худро фил ё шер ҳам эълон кунӣ. Аммо дар амал чӣ?
Марсияи носуруда
Ҳар сол 15-уми май бомдоди ман торику боронист. Айнан монанди ҳамон субҳи соли 2002-ум, вақте падарам аз ин дунёи фонӣ реҳлат карданд. Моро гузоштанду рафтанд. Дар айни камолот, дар синни 67-солагӣ ва дар ҳоле ки мебоист, боз солҳои зиёде соябони сари мо, фарзандонашон мебуданд. Дару девори хонаи мо бекасу бесарпараст монд.
Комил Ёдгор — суратгари рустонишин
Тобистони соли гузашта (2009) як асари наққоши тоҷик, Комил Ёдгор меҳвари намоише бахшида ба 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шуд. Абдувалӣ Шарифов, раиси Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод онро “ифтихори ин намоишгоҳ” номид ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин асари наққош барои осорхона харидорӣ шавад.
Ном ними нанг аст, эй гумномон!
Шояд дуруст набуд, ки ба торнигори худ “Салими Аюбзод. Нигариш ва кандуков” ном гузоштам. Хоксории тоҷикона беҳтар буд. Сари хамро шамшер намебурад. Садҳо мавриди суистифода аз номи худро мебинаму ангушти ҳайрат мегазам. Ин ҳам дар ҳоле ки тамоми умр ҳар куҷое будам, талош кардаам, номам ба моҷарое олуда набошад.
Садое бо хуни чашми шоирон
Дориюши Иқболӣ номи хуш ва иқболи баланд дорад, ки метавонад, бо садои марғуладораш дарди дили ҳазорон нафарро ба гӯши оламиён расонад. Таронаҳои нави ӯ ва ҳам таронаҳои деринааш низ дар пасманзари рӯйдодҳои имрӯзаи Эрон дилгудоз ва пурсӯз садо медиҳанд ва ҳолати равонии рӯшанзамирони ватандӯстро бозгӯ мекунанд.

Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.