Зиндагии бедевори Имомназари Холназар
“Аз бемористон баъзан барои набераҳо мева мефиристодам. Дар хона Само аз момааш афлесун пурсид. Момааш гуфт, ки нест, тамом шуд. Само сӯи банда рӯ оварда, илтиҷоомез гуфт:
– Бобоҷон, Шумо равен, боз дар касалхона хоб кунен, ино афлесун бихаранд…”
Муҳаммадзамони Солеҳ — ганҷи ношинохта
Худоё, равонаш шод кун, инсони хирадманд, парчамдори озодагон, нависандаи тавоно ва ганҷи ношинохтаи мо — Муҳаммадзамони Солеҳро, ки хабари марги нобаҳангомаш дилҳоро ба хун нишонд. Бархе аз андешаҳоямро ман дар рӯзи шуми хабари маргаш дар сомонаи Радиои Озодӣ навишта будам.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.