Як порча видео
Як навори кӯтоҳи видео бо суръати барқ ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва ботини интихобот дар Тоҷикистонро ошкор кард. Ин саҳна садҳо бор қавитар аз он баёнияҳо буд, ки нозирони байнулмилалӣ мегуфтанд. Манзурам аз “байнулмилалӣ” ғарбиёнанд, на он нозирони хасакӣ аз Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд.
Дар ҳақиқат, гоҳе барои ифшои умқи як раванд сухани зиёд зарур набудааст. Кофист, ки як дафъа одамон бо чашмони худ бубинанд. Воқеан беҳуда нагуфтаанд, “шунидан кай бувад монанди дидан.”
Баргардиши орзу ба дилсардӣ
Шабакаҳои гуногуни телевизионӣ, хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, рӯзнома ва нашрияҳои Аврупову Амрико аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сатр иттилоъ медиҳанд. Ҳол он ки ҳафтае пеш хабару гузориши онҳо аз омодагиҳо ба интихобот дар Тоҷикистон хеле фарқ мекард. Рӯҳияи умумӣ ва лаҳни сухан тамоман дигар буд. Ҳатто рангҳо дар видеоҳо рӯшантару дурахшандатар.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.