Мусиқии тоҷик – гӯшти хук?
Насли нави мусулмонони тоҷик зоҳиран мехоҳад, кореро бо мардуми тоҷик бикунад, ки дар вақташ арабҳо натавонистанд, бикунанд. Агар дар ҳақиқат рӯзе ҳокимият ба дасти онҳо биафтад, шакке нест, ҳатман мусиқиро мамнӯъ эълон хоҳанд кард. Ва шояд на танҳо мусиқӣ, балки тамоми мероси фарҳанги миллиро. Ба фикрам, ин на рӯшанӣ, балки торикии имон аст.
Рамазон расидааст…
Рӯзи аввал аз як сӯ бисёр шодмона буд ва аз сӯе ҳам бисёр сахту дароз. Аммо гузашт ҳамонгуна ки рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо мегузаранд. Гузаштанаш ҳам дигар буд ва аслан шабеҳи рӯзҳои рафта набуд. Рӯзи комилан дигаре буд рӯзи нахусти моҳи шарифи рамазон…
Рӯзе буд, ки дар он ҳолати ғайриодие ба кас даст медиҳад. Худро хеле қавӣ ва сабук ҳис мекунӣ ва ҳамаи ҳиссиётат тоза мешавад.
“Бояд масҷиди бештаре сохта шавад…”
Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, рӯзи чаҳоршанбе аз Масҷиди ҷомеи Маскав дидан кард ва дар ҳамин ҷо гуфт, бояд дар кишвараш масҷиди бештаре сохта шавад. Вай махсусан зикр кард, ки бояд дар шаҳри олимпии Сочӣ як масҷиди бузурге бунёд гардад.
Муносибати Барак Обама ба олами ислом
Яке аз хонандагони ин торнигор пурсишеро ба миён гузошта буд, ки муносибати раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба ислом дақиқан чӣ гунa аст? Ин пурсиш мояи кандуков буд, вале имрӯз худи Обама ба саволи дӯсти мо ҷавоб дод.
Таджикистан. Религия как надежда на единство?
Судя по всему, нынешний год для Таджикистана будет отмечен небывалым ростом религиозной активности. Страна отмечает Год Великого Имама Абуханифы Нуъмона ибн Собита, основателя Ханафитского учения в исламе суннитского толка, жившего в VII веке. Проходят научные конференции, идет пропаганда на телевидении и радио, издаются книги, журналы, буклеты. Сам президент Рахмон выступил с речью об Абуханифе.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.