Сагзистон
Андешаи навиштани ин достон ҳанӯз замоне пайдо шуд, ки дар Гардези Афғонистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ кор мекардам. Вале рӯи коғаз овардани он бисёр сахт буд ва се дафъа навиштаву ноумед шудаву аз баҳраш гузашта будам. Нусхаи охирини он ҳамроҳи ҳамаи бойгониям дар солҳои ҷанг дар Душанбе ба ғорат рафт. Танҳо соли 1996 дубора ба он баргаштам ва ин ҳама сол аст, ки онро менавиштам. Гумон набояд кард, ки он танҳо саргузашти як саги бечора аст. Ва “Сагзистон” ҳам номи қадимии Сиистон, зодгоҳои Рустам аст. Read more »
Тасвири “секс” ва марзи одоб
“Шумо хеле беодобона навиштаед. Махсусан дар бобати муносибати зану мард ва ё тасвири ҷисми зан.” Чунин навиштааст бонуи азизе дар мавриди китобчаи ман “Каме латра”, ки соли 2007 дар нашриёти “Деваштич” дар Душанбе ба теъдоди 500 нусха ба табъ расид.
Бо иҷозаи муаллифи ин нома ва ҳам хонандаи дигаре посухро аз тариқи торнигор пешниҳод мекунам.
Пас аз хондани дигарбораи “Segafredo”
Дӯсти арҷманде аз “Боргоҳи сухан” (яке дигар аз эҷодкориҳои Бӯрӣ Карим) хостааст, барояш ҳикояи “Segafredo”-ро бифиристам. Менависад, замоне аз хондани он лаззати зиёд бурдааст ва ҳоло мехоҳанд, онро аз нав чоп кунанд. Дархости камназир ва хушоянд.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.