6. Достони дувоздаҳ пушти Барак Обама
Мисли ин буд, ки Барак заррабине дар даст аз кӯчаҳои пурхок нақши пойи падарро меҷуст. Аз танаи дарахтон ламси дастони ӯро, аз дару девор акси садояшро ва аз чашму абрӯи хоҳару бародаронаш нишонаҳои ирсии вайро. Вақте бо шодию фараҳи беинтиҳо фарзандони падарро оғӯш мегирифт, бӯйи падарро мешамид ва нигоҳи гарми ӯро аз гӯшае ҳис мекард.
5. Вилояти умр ва мероси падар
Ҷомадони Барак дар фурудгоҳи Найробӣ гум шуд. Касе ӯро пешвоз нагирифт. Ҳаяҷони дидори ватан дар рагҳояш хушкид. Худро гум кард, аммо ончӣ пас аз лаҳзае ёфт, ба ҳамаи ранҷи роҳи дураш меарзид. Корманди фурудгоҳ вақте аризаи Баракро гирифт, пурсид: “Бубахшед, Шумо тасодуфан хеши Доктор Обама нестед?” Барак посух дод: “Бале, вай падари ман буд.”
4. Дар роҳ ба сарзамини назр, ниёз ва паймон
Хондани китоби пур аз дард, гумон ва яъси Барак Обамаро идома медиҳам, ки ногоҳ садои худи ӯ ба гӯшам мерасад. Сар боло мекунам ва чеҳраи ӯро дар телевизион мебинам, ки Наврӯзро ба мардуми Эрон шодбош мегӯяд ва ҳатто ба забони мо ин ҷумларо талаффуз менамояд: “Иди шумо муборак!”
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.