Рейтинги журналистон
Як дӯстам тор (линк)-и матлаби “Тоҷнюс”-ро фиристод, ки дар он банда муваффақтарин блогнависи тоҷик унвон шудаам ва як ҳамкорам тори раддабандии “беҳтарин матбуотчиён”-и кишварро роҳӣ кард, ки дар он низ банда ҷойгоҳе доштааст ва дар баррасии матбуот дидам, ки хонандагони як ҳафтавори Тоҷикистон “Чароғи рӯз”-ро бо гузашти ин ҳама сол нашрияи маҳбуби худ хондаанд.
Борони аризаҳои додгоҳӣ бар сари матбуот
Аз таҳдиду дашному латукӯб ё ҳатто “қатлҳои фармоишӣ”-и журналистон дар даҳсолаҳои пеш ба толори додгоҳ кӯчидани ҷанги мансабдорон бо озодии сухан, бешубҳа, метавонад падидаи мусбат шумурда шавад.
Juridical attack on the independent press
Three judges, two of them members of the Supreme Court of Tajikistan, have conspired to punish three independent newspapers for publishing a sensational story about unlawful conviction practices at the courts.
Озодӣ. Имрӯз, ҳоло ва ҷовидона
Эътиқоди ман мумкин аст, аз ҳама кас, аз ҳама ҷо ва аз ҳама чиз баргардад, аммо бовари ман ба озодии сухан ҳамчун ибтидоитарин омили ислоҳи вазъ ва беҳбуди як ҷомеъа ҳаргиз заррае коста нахоҳад шуд. Лоақал ба хотираи поки шаҳидон ва ё дар эҳсоси ғамшарикй бо рондашудагони абад…
Лабханди ҳамешсабзи фарзанди навбаҳор
Одамоне ҳастанд, ки ба хотири мо ҳамеша дар ҳоли лабханд задан падид меоянд. Бо лабханд дар ёди мо нақш бастаанд. Оё лаҳзаҳое буда, ки Олимпур хашмгин шуда бошад? Ё малулу афсурда?
Нимарост — бадтар аз дурӯғ, нимаозод — бадтар аз маҳбас
Наврӯз Некбахтшоев, яке аз ҷавонони доно ва рӯшангарои тоҷик, ки акнун дар Амрико ба сар мебарад, се сол пеш Назарияи озодии матбуот дар шароити феълии Тоҷикистонро пешниҳод кард. Бо ишора ба баста шудани “Рӯзи нав” ва “Нерӯи сухан” ва мегуфт, ки ҳукумат ва матбуот бояд бар сари озодии баён ва марзҳои он ба созиши мутақобила бирасанд.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.