Наврӯзи дардомез
Наворҳои видео хосияти аҷибе доранд. Онҳо агар туро ба ширкаткунандаи рӯйдод табдил надиҳанд, дастикам ба шоҳиди зиндаи воқеа мубаддал мекунанд. Гузоришҳои видеоии ҳамкоронам Бароти Юсуфӣ ва Фирӯз Баротовро дар торнамои “Озодӣ” медидаму фикр мекардам, Наврӯзро дар ватани азизамон, дар Тоҷикистон пешвоз гирифтам. Он ҷо будам. Дар байни мардум будам.
Ойини нисбатбозӣ
Ҳарчанд аксари ойинҳои наврӯзӣ ба хубӣ омӯхта ва решаёбӣ шудаанд, як бозии қадимии он аз назарҳо ба дур монда ва шояд дар ҳоли нобудист. Модаркалонам ҳикоят мекарданд, ки дар давраҳои пеш одати наврӯзие бо номи “нисбатбозӣ” вуҷуд доштааст, ки ба ҷавонону духтароне, ки номзади ҳамдигар шудаву аммо ҳанӯз издивоҷ накардаанд, имкон медод, дар рӯзҳои Наврӯз бо ҳам мулоқот кунанд.
Фархунда бод Наврӯзи оламоро!
Пеш аз ҳама муборак ба Хуршеди Тобон, ки имрӯз дар чархиши муназзами коинот дар марзи роҳи нави хеш қарор гирифт. Сипас табрик бод ба Замин, ки пас аз моҳҳои безурётӣ ва хазону яхбандон акнун обистани орзу шуд. Ба ҳазрати деҳқон, ки шукри офтобу нуру гармӣ мегӯяд ва донаи умед дар замин мекорад. Ба ҳар яки Шумо, хонандагони ин торнигор, ки бо ҳам рӯзҳои сарду сиёҳи зимистонро паси сар кардем. Наврӯз муборак!
Наврӯз ҷаҳоншумул шуд
Ҳоло, ки Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфт, Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Ва набояд дар ин роҳ аз эҳтимоли дарҳам-барҳамӣ дар гоҳшуморӣ ва ноҳамгунии он бо солшумории дигарон нигарон буд. Бавижа ки дастикам дар як кишвар Наврӯз расман сари сол аст. Ва нашояд масъаларо сиёсӣ ё мазҳабӣ кард. Асли матлаб хештаншиносист ва ҳамоҳангӣ бо табиатест, ки Худо офаридааст.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.