Муносибати Барак Обама ба олами ислом
Яке аз хонандагони ин торнигор пурсишеро ба миён гузошта буд, ки муносибати раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба ислом дақиқан чӣ гунa аст? Ин пурсиш мояи кандуков буд, вале имрӯз худи Обама ба саволи дӯсти мо ҷавоб дод.
8. Хотима. Сукуте, ки хиёнат мекунад…
Ҳамсарии Онянго, бобои Барак ва Акуму, бибии ҳақиқии ӯ, аз силсилаи ошӯб ва гургоштиҳо иборат буд. Бо вуҷуди сарватмандии Онянго ва тӯҳфаҳои гаронбаҳои ӯ, Акуму чаҳор дафъа аз хона фирор кард ва танҳо фишори падару модараш ӯро водошт, ҳамроҳи Онянго ба хона баргардад.
6. Достони дувоздаҳ пушти Барак Обама
Мисли ин буд, ки Барак заррабине дар даст аз кӯчаҳои пурхок нақши пойи падарро меҷуст. Аз танаи дарахтон ламси дастони ӯро, аз дару девор акси садояшро ва аз чашму абрӯи хоҳару бародаронаш нишонаҳои ирсии вайро. Вақте бо шодию фараҳи беинтиҳо фарзандони падарро оғӯш мегирифт, бӯйи падарро мешамид ва нигоҳи гарми ӯро аз гӯшае ҳис мекард.
5. Вилояти умр ва мероси падар
Ҷомадони Барак дар фурудгоҳи Найробӣ гум шуд. Касе ӯро пешвоз нагирифт. Ҳаяҷони дидори ватан дар рагҳояш хушкид. Худро гум кард, аммо ончӣ пас аз лаҳзае ёфт, ба ҳамаи ранҷи роҳи дураш меарзид. Корманди фурудгоҳ вақте аризаи Баракро гирифт, пурсид: “Бубахшед, Шумо тасодуфан хеши Доктор Обама нестед?” Барак посух дод: “Бале, вай падари ман буд.”
4. Дар роҳ ба сарзамини назр, ниёз ва паймон
Хондани китоби пур аз дард, гумон ва яъси Барак Обамаро идома медиҳам, ки ногоҳ садои худи ӯ ба гӯшам мерасад. Сар боло мекунам ва чеҳраи ӯро дар телевизион мебинам, ки Наврӯзро ба мардуми Эрон шодбош мегӯяд ва ҳатто ба забони мо ин ҷумларо талаффуз менамояд: “Иди шумо муборак!”
3. Тоҷик аз китоби Обама чӣ меҷӯяд?
Вақте ки як тоҷик ёддоштҳои Барак Обамаро мехонад, мехоҳад, нуқоти пайванде миёни хештан ва муаллифро пайдо кунад. Ва бештарини ин пайвандгоҳҳо ҳангоми сафари Барак ба ватани падараш рӯ мезанад. Масалан, номҳои ошно — Зайтуна ва Соро (аммаҳои Барак), Умар, Юсуф ва Саид (амакҳои ӯ), Руқия (дӯсти падараш). Аммо пайванди аслӣ ҷои дигар аст.
2. Гаштори хашм (Transformation of Anger)
Ду нафари дигар низ дар тарбияи Барак Обама саҳми бузург гирифтаанд. Яке падарандари мусулмонаш Лоло дар солҳои зиндагӣ дар Индунезӣ ва дигаре дӯсти бобояш, шоири солхӯрдаи сиёҳпӯст Френк дар Ҳаваӣ. Яке бо намунаҳои амал ва дигаре бо сухани коро.
1. Ман Барак Обамаро аз наздик шинохтам
Барои ин дар таҳи дарвозаи Кохи Сафед шому саҳар интизор нишастан зарур нест ва ба ҳар ҷаласаи ӯ давидан ҳам. Ва ошноӣ бо наздикони ӯ низ. Шумо ҳам метавонед, бо ӯ мисли як дӯсти наздики худ ошно шавед. Барои ин фақат як кор кофист…
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.