Зодрӯзи РӮЗнома
Ниҳоят, пас аз танаффуси дарози баробар ба 20 сол Тоҷикистон аз нав соҳиби рӯзнома шуд, яъне соҳиби нашрияе, ки ҳар панҷ рӯзи кории ҳафта ба нашр хоҳад расид. Журналисти саршиноси тоҷик Раҷаби Мирзо ҷасорат нишон дод ва даст ба кори сахту сангине зад. Вақте як шаб пеш аз нашри “Имрӯз News” барои Радиои Озодӣ мусоҳиба медод, вай худ иқрор кард, ки дар баробари масъулияти бузурге қарор дорад. Read more »
Борони аризаҳои додгоҳӣ бар сари матбуот
Аз таҳдиду дашному латукӯб ё ҳатто “қатлҳои фармоишӣ”-и журналистон дар даҳсолаҳои пеш ба толори додгоҳ кӯчидани ҷанги мансабдорон бо озодии сухан, бешубҳа, метавонад падидаи мусбат шумурда шавад.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.