“Аввал бизан, Фреддӣ!”
Бархилофи ин бовар, ки вақт ҳаргиз бознамеистад ва чархи таърих ҳеч гоҳ ба оқиб намегардад, имрӯзҳо, дар Амрико, сари ҳар қадам лаҳзаҳое пеш меояд, ки гумон мекунам, замона бозпас гаштааст, ё ман дар мошини вақт ба соли 1995 сафар кардаам. Ин эҳсос на аз он ҷост, ки шаҳрҳои зебои Амрико таровати худро дар чашми ман гум кардаанд, балки аз суолҳои ҳамсӯҳбатонест, ки боре дар гузашта низ шунида будам.
Достони Персеполис
Агар замоне тоҷикон аз паси “девори оҳанин”-и Иттиҳоди Шӯравӣ бо Эрон ишқ меварзиданд, танҳо акнун эрониёне дар Эрон пайдо шудаанд, ки ба Тоҷикистон бо меҳр менигаранд ва мехоҳанд, барои эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангию башарӣ коре бикунанд. Аммо шояд акнун ин як ишқест, ки ба гуфтаи Ҳофизи ширинсухан дар аввал осон намудор гашт, “вале афтод мушкилҳо.” Ҳамон гуна ки нахустин шукуфаҳои ишқи тоҷикон бо Эронро сармо зада буд.
Юридическая атака на прессу
Трое судьей, двое из которых служат в Верховном суде Таджикистана, сговорились наказать три независимых газет за опубликование разоблачительного письма адвоката.Они обвиняют независимые издания в оскорблении и унижении чести и достоинства, требуя возместить нанeсенный им моральный ущерб в размере 1 миллиона 260 тысяч долларов.
Juridical attack on the independent press
Three judges, two of them members of the Supreme Court of Tajikistan, have conspired to punish three independent newspapers for publishing a sensational story about unlawful conviction practices at the courts.
Ростию дӯстӣ — ҳамсоягӣ ва дурустӣ
Сардии шабеҳ ба ҳавои шаби солинавиро метавон шохиси вазъи муносибатҳои байни ду ҳамсоя — Тоҷикистон ва Узбакистон дар поёни соли 2009 номид. Вале ба ҳамон гунае, ки ҳаво дар табиат тағйирёбанда аст, ин муносибатҳо низ аз шебу фарози зиёд гузаштанд. Дар ҳеҷ соли дигаре равобит миёни ду кишвар ба ин андоза сард нашудааст. То ба ҳадде, ки хабаргузории Trend-News аз таҳлилгарон пурсидааст, оё дар соли 2010 байни Тоҷикистон ва Узбакистон низоъи мусаллаҳона сар хоҳад зад?
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.