Чаро “Зарнисор” бояд ба захм табдил ёбад?
Тоҷирони бозори ба тамоми ҷаҳон машҳури “Зарнисор” дар шаҳри Душанбе гуруснашинии эътирозӣ сар карданд. Ин шояд талоши охирин ва навмедонаи онҳо ба ҷилавгирӣ аз гуруснагии ояндаи фарзандонашон аст. Ва як рӯёрӯии ошкорову шадиди мардум бо давлат.
Вопасин рӯзҳои бозори “Зарнисор”?
Ботурхон Талбаков, бунёдгузори бозори “Зарнисор”-и шаҳри Душанбе, ки 1000 нафарро бо кор таъмин мекард, мегӯяд, вай гуноҳе надорад. Аз суханони Э. Раҳмон хуни тоҷикияш ҷӯшиду хост, ба ватанаш мадад кунад. Аммо намефаҳмад кӣ ва чаро ӯро “шикастан” мехоҳад.
Дар ҳошияи навори Мунаввари Мунавварзод
Дар ин видео барои чанд сония тифлеро мебинед, ки дар рӯи мизи қабулгоҳи Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ғунудааст. Ва агар мақомоти давлат ба арзи модари ӯву садҳо ҷабрдидаи дигар гӯши хирад во накунанд, мумкин аст, ин кӯдак дар хиёбон ба воя расад.
Салими Аюбзод дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад. Муаллифи чанд китоб ва ду филми мустанад дар бораи Тоҷикистон аст. Дар оғози солҳои 1990 сардабири ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” буд. Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.