Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Муҳаммадзамони Солеҳ — ганҷи ношинохта

soleh-2Худоё, равонаш шод кун, инсони хирадманд, парчамдори озодагон, нависандаи тавоно ва ганҷи ношинохтаи мо — Муҳаммадзамони Солеҳро, ки хабари марги нобаҳангомаш дилҳоро ба хун нишонд. Бархе аз андешаҳоямро ман дар рӯзи шуми хабари маргаш дар сомонаи Радиои Озодӣ навишта будам.

Дареғу сад дареғ, ки умр вафо накард ва то рӯзгоре нарасондаш, ки на чанд тани огоҳ, балки садҳо ҳазор нафар корномаи ӯро бишиносанд ва ба умқи андешаву бозёфтҳои ӯ пай бибаранд, фарёди ором, вале пурдарди ӯро бишнаванд. Рӯзе хоҳанд шинохт, пай бурд ва шунид. Лек дигар бе ҳузури ҷисмонии ӯ. Одат аст, то ганҷро замоне бишносем, ки аз даст бидиҳем? Чӣ касе буд ӯ?Қадри дастнависеро бо шунидани хабари сӯзону такондиҳанда ва кушандаи даргузашти Муҳаммадзамон шинохтам, ки наздики дусад сафҳа ва матни шитобнависонаи муколамаҳои ӯ буд, ки дар ҷӯши ҷанги Тоҷикистон бебозгашт гум кардам. Намедонам, аз хонаам рабуданд, вақте онро ғорат карданд ва ё дар коргоҳам зери даступо рафт, ё ҳамсояҳоям ҳамчун “матни хатарнок” онро сӯхтанд, онгуна ки садҳо сафҳаи дигари бойгониямро, аммо рафт, ки рафт. Пораҳое аз он дар ёд мондаанд, вале бахшҳоеро мехостам, рӯзе дар дидор бо ӯ эҳё кунам. Ин сафҳаҳо равзан ё даричае буд ба дунё ё дунёҳои Муҳаммадзамони Солеҳ. Парвозгоҳе ба коиноти офаридаи ӯ.

Мизи кунҷакие дар чойхонаи машҳури “Роҳат”. Атроф пур аз ғавғои одамон, садои мошинҳо дар хиёбони марказӣ, таронаи пуршӯр аз радио, аммо ман ин ҳамаро намешунидам, танҳо садои ӯро, зеро ончӣ мегуфт, чизе буд, ки на дар панҷ соли таҳсили донишгоҳиям шунида будам ва на дар чандин соли кори журналистӣ. Дар ин сӯҳбатҳо гоҳе Адаш Истад, Баҳманёр, Муаззама, Ҷонибек, Мирзо Боқӣ, Муҳаммадраҳим Сайдар, Ҳалимшо ва гоҳе афроди ношиносу тасодуфӣ ҳузур доштанд. Бо вуҷуди он ки ману ӯ аз як ноҳия будем, аввалин бор устод Адаш Истад дар соли 1983 моро бо ҳам шинос кард ва аз он нахустин дидор ман дилбастаи сӯҳбатҳояш шудам. Чанде баъд тасмим гирифтам, ҳар дафъа баъд аз ин нишастҳо суханони ӯро барои худ кӯтоҳ ҳам бошад, барои худ бинависам. Гӯё аз нав донишҷӯ шудаву конспекти лексияҳоро сар карда будам.

“Адабиёт чист?” ин пурсиши сода дар он айёме дубора матраҳ мешуд, ки китоби машҳури Ризо Бароҳанӣ, “Тило дар мис” аз Эрон дастраси адибони тоҷик гашта буд ва баҳси “шеър чист?”-ро доғ карда буд. “Адабиёт пеш аз ҳама ҳикмат, хирад, дониш аст ҷамъи ҳунар ва халлоқият ба хотири бозтоби воқеият аз тариқи образҳои бадеӣ. Сухани баланде, ки ба таври хотирнишин гуфта шудааст, қодир аст, зеҳни одамон ва аз ин тариқ зиндагии онҳоро иваз кунад.”

Ду сол пеш аз ин мулоқот, вақте ман ҳанӯз донишҷӯ будам, омӯзгорони донишгоҳӣ мағзи маро аз “ҳизбият ва халқияти адабиёт” пур мекарданд. Он замон “сухани баланд” ҳамоне буд, ки Кумитаи марказии Ҳизби коммунист мегуфт. Буданд онҳое, ки дар Иттифоқи нависандагон низ ин шиорҳоро такрор мекарданд ва Муҳаммадзамони Солеҳ барои онҳо диссиденте буд, ки зеҳни ҷавононро аз роҳи таъинкардаи ҳизб мунҳариф мекунад. Воқеан он сӯҳбатҳо зеҳнҳоро дарҳам мекӯбид ва касро ба андешаҳои амиқу давомдор мекашид.

Замоне ки дар кунҷи танҳоӣ далелҳои ду тарафро бармекашидам ва ба умқи суханони Солеҳ мерафтам, андӯхтаҳои панҷ соли донишгоҳ ва даъватҳои адибон аз ҳам фурӯ мепошид ва ҳамчун дурӯғҳои мудҳиш бароям маънии хиёнат ба насли ҷавон ва фарҳанги миллиро мегирифт. Муҳаммадзамон барои исботи назари худ далелҳои қавӣ меовард. Мехоҳӣ, аз Арасту ё Фирдавсӣ, намехоҳӣ аз Сартр, Кафка, Стриндберг ё Толстой. Камюро нақл мекард ва бо Эроих Фромм ба хулоса мерасид. То ҳанӯз кам касеро дидаам, ки ин қадар аз афкору андеша ва адабиёти ҷаҳон огоҳ бошад. Дар рӯзгоре ки адибони воломақом дастурҳои ҳизбро иҷро мекарданд, Муҳаммадзамон рисолати як нависандаро ба маънои томаш шинохта буд ва аксари адибони мо ба меъёрҳои ӯ посухгӯ набуданд. Вай инсон, некию бадӣ, адл, Худо, Дард, Ишқ, Роҳ, Башар ва Пирӯзиро меҳвари адабиёт медонист.

Лаҳн ва сабки гуфтораш гиранда буд. Аз он ҷо ки кӯтоҳ, башиддат ва умда мегуфт, дарк мекардам, ҳамеша маҷбур будааст, дар зери фишори мубоҳисон ва хатари бурида шудани суханаш, зуд, кӯтоҳ ва муассир ҳарфашро бизанад. Вай дӯстдори баҳс буд ва ҳаргиз баҳсро ба шахс интиқол намедод, балки шояд бештар мехост, асари далелҳои худро бубинад. Чашмонаш оташвор медурахшиданд ва суханаш мисли фӯлод сутун-сутун поин мерехт, то замоне ки мубоҳис ё таслим шавад ё далели қавитаре дар миён гузорад. Нав шудани баҳс ва самти тозаи он шавқи ӯро бештар меангехт. Гоҳе дар мавриди чизи нав ақидаи бадеҳие мегуфт, ки шояд худаш ҳам ҳанӯз ба он чандон итминон надошт, аммо муҳим буд, далели ҷавобиро бишнавад ва назари худро биёзмояд. Ҳузури ӯ дар ҳар сӯҳбат ё баҳсе ба маънии лағви марзҳои андеша буд. Хеле зуд баҳси адабиёт ва рӯзгори муосир мепайваст ва ноаён ба сиёсат мегузашт, бархеро тоқат тоқ мегашт, домантакон бармехестанд ва ба атроф менигаристанду худоҳофизӣ мекарданд ва ман дар чашмони онҳо тарсро медидам. Чизеро, ки ҳаргиз дар чашмони ӯ надидаам. Ин ҷасорати суханаш буд, ки дар буҳбуҳаи низоми шӯравӣ роҳи ӯро ба адабиёт сахту ноҳамвор кард. “Нозирони сухан” ин ҷасоратро дар достону ҳикояҳои ӯ низ меҷустанд ва гоҳе меёфтанд ва ба ӯ фишор меоварданд, ки ин ё он порчаи асарашро тағйир диҳад. Гоҳе аз як ҷузъиёти ночизе хулосаҳои бузурги таҳдид ба низоми шӯравиро пайдо мекарданд. Ин буд, ки дар рӯзгоре ки фарҳангиёни тоҷик ба Афғонистон тарҷумонӣ мерафтанд, то сармояе барои як зиндагии бемушкил ба даст оранд, роҳи ӯ ба Афғонистон аз тарафи мақомоти олии ҳизб ва хадамоти амнияти он, бо суханчинии ҳамқаламонаш абадан баста буд. Чанд талоше ки кард, натиҷае надод ва дар ҳайрат монд, ки Мирзо Боқии аз ӯ ҷасуртару чарбзабонтар чӣ гуна тавонист, барои кор дар Афғонистон роҳхат бигирад. Ин шигифтӣ беш аз ду ҳафта накашид. Бо дастури ҳизбӣ Боқиро, ки ҳанӯз манзилаш дар Кобул таъин нашуда буд, ҳамчун фарди барои низоми шӯравӣ хатарнок бозпас хонданд. Онҳое, ки асноди кори ӯ дар Афғонистонро дуруст карда буданд, барои аз даст додани “ҳушёрии синфӣ ва сиёсӣ” танбеҳи ҳизбӣ гирифтанд. Ягона сармояи Боқӣ аз Афғонистон як боронии чармӣ ва Девону маснавии Румӣ гашт. Муҳаммадзамон мегуфт, Боқиро барои ҳайкали Ленин зери шубҳа гирифтанд. Дар нимаҳои солҳои 70-уми садаи гузашта ин ду якҷо бо як ҳамқалами дигар аз шафати пайкараи доҳӣ мегузаштанд ва Мирзо Боқӣ дар баробари ҳайкал истодаву мегӯяд:
— Валлоҳу биллоҳ, инро медонам, ки як рӯз ба гардани ту симресон мебанданд ва чаппаат мекунанд…

Таври маълум дар он рӯзгор аз ҳар се нафар яке суханчини КГБ буд ва ин ривоят хеле зуд ба гӯши давлат расида. Мирзо Боқӣ, ки дар номгӯи сиёҳ буд, акнун комилан ба душман табдил меёбад. Соли 1991 пайкараи Ленин айнан ба ҳамон тарзе, ки Боқӣ пешгӯӣ карда буд, вожгун гардид ва ҳарчанд маълум шуд на заррин будаву на биринҷӣ, балки гаҷи оҳандавонда, ба рамзе ҳазорон инсонро зери вазниу сояи худ кушт. Тафовут ин ҷост, ки ҳанӯз наафтода сарнавишти Мирзо Боқӣ ва Муҳаммадзамони Солеҳро вожгун карда буд. Муҳаммадзамон ба он айбдор мешуд, ки “бадгӯиҳо”-и Боқиро ба кумитаи амният хабар надод. Яъне суханчинӣ накард, яъне ба хиёнат омода набуд.

Боқӣ худро устоди Муҳаммадзамон меномид, аммо шояд танҳо дар оғози роҳ Боқӣ даричаи “афкори мамнӯъ”-ро барои Солеҳ боз кардааст, дигар марди роҳ худ медонист, ба кадом самт биравад. Хеле пештар аз “мактаб”-и Боқӣ Муҳаммадзамони Солеҳ, ки пас аз хатми риштаи адабиёти клоссики донишгоҳ барои навиштани рисолаи номзади илм Толори дастхатҳои Китобхонаи Фирдавсиро тақрибан ба “иҷора” гирифта буд, ошиқи шоирони суфӣ ва осори ирфонӣ гардид. Ба ӯ ҳамчун истиснои зарурати илмӣ иҷоза дода буданд, нодиртарин ва мамнӯътарин китобу дастхатҳоро бихонад. Нақл мекард, ки пас аз мутолиаи “Фӣ мо фӣ”-и Румӣ се моҳ наметавонад ба худ ояд. Рӯъёе ба ӯ даст медиҳад, ки гӯё дар ҳама ҷо Мавлои Балх ҳамроҳаш аст ва бо ӯ суолу ҷавоб мекунад. Дар ҳамин толор соатҳо ғарқи хондани “Дафтарҳои фаслафӣ”-и Иқбол мешавад, ҳарчанд ин китоб ба мавзӯъи илмии ӯ пайванди мустақим надошт. Баъд “Равзат-ус-сафо”-и Мирхонд. Сипас “Таърихи Табарӣ” ва солномаи Наршахӣ ва ба ҳамин минвол ӯ рӯзе дарк мекунад, ки аслан дар пайи навиштаи рисолаи номзадӣ нест, балки ҷаҳонеро кашф кардааст, ки бузургтару наҷибтар аз ҷаҳони воқеист ва сипардани роҳҳояш аз як шаҳр ба шаҳри дигар ё аз хамгашти як кӯча ба кшчаи дигар ҳамаи имкониятеро медиҳад, ки ӯ дар он шаҳру кӯчаҳо хешро биҷӯяд ва худро бишносад.

Кадом рӯз маълум нест, аммо дақиқ аст, ки аввалин порчаи ҷиддии насри худро Муҳаммадзамон дар Толори дастхатҳои Китобхонаи Фирдавсӣ дар идомаи сафҳае аз рисолаи илмияш менависад. Ин поёни карйераи ходими ояндаи Фарҳангистони улум ва оғози роҳи як нависандаи беҳамто гашт. Вай аз мавзӯъи рисолаи номзадӣ даст кашид ва ба Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси мудири бахши адабӣ ба кор пардохт. Мулоқот бо Маҳмуди Воҳид, Фаррухи Қосим, Ато Муҳаммадҷонов ва даҳҳо ҳунарманди бузург, ҳамкорӣ дар таҳияи намоишномаҳои Сотим Улуғзода, Софокл, Молйер, Булгаков… Ва баҳсҳо сари мизи кунҷакии чойхонаи “Роҳат” бо ширкати Мирзо Боқӣ, шоир Сармад ва дигарон. Дастёфт ба китобҳои дар Иттиҳоди Шӯравӣ манъгаштаи Нича, Сартр, Камю, Булгаков…

Ибтидои солҳои 80-уми садаи гузашта “Маориф ва маданият” ба ду тақсим шуд — “Омӯзгор” ва “Маданияти Тоҷикистон”. Муҳаммадзамони Солеҳро ҳамон вақт ҳамчун мутахассиси театр ба “Маданияти Тоҷикистон” даъват карданд. Чанде баъд ман ҳам ин ҷо, дар бахши ҳунар хабарнигор шудам ва мудири бахш Адаш Истад моро бо ҳам ошно кард. Ду ҳамдиёрро, ки маълум шуд дар деҳаҳои ҳамсоя ба ҳам мезистаем. Муҳаммадзамон маҳалгароиро бад медид, онро марги миллат мешумурд ва аз гурӯҳҳое канора меҷуст, ки ба гуфтаи худаш “ҳанӯз натавонистаанд, аз деҳи худ берун оянд.”

Тақрибан дар ҳамин давра китобчаи аввалини Солеҳ “Сарви Кишмар” дар силсилаи “Навниҳолони боғи адабиёт” аз чоп баромад. Шодии ӯро ҳадду канор набуд. Аммо ман маҳкум ба ин будам, ки “классикҳои зинда”-ро, ки дар долонҳои Иттифоқи нависандагон бо ҳашмат қадам мезаданд, бо ин “навниҳоли боғи адабиёт” қиёс кунам ва дилам аз ҳама чиз сард шавад. Вале чизе гуфта наметавонистам ва навишта ҳам, зеро ин маҳалгароӣ шумурда мешуд. “Классикҳо” аз сохтмони Норак ё рушди ҳаёти колхозиву раисони овозадор менавиштанд, “навниҳол” аз шаҳомати Иронвеҷ ва корномаи Маздак. Бархеро қарорҳои съезди навбатии ҳизб илҳом мебахшид, ӯро шабаҳҳои “Таърихи Табарӣ” дар Толори дастхатҳо. Вале хушбахт буд, ки “нобиғаи насри тоҷик” Сотим Улуғзода ӯро ба манзилаш даъват мекард ва онҳо соатҳо сӯҳбат мекарданд. Шояд баҳс низ. Ва хушбахт буд, ки ба китобаш на шахсе тасодуфӣ, балки худи Муҳаммадҷон Шакурӣ сарсухан навишта буд ва бо ин як навъ сипари зиндаи ӯ гашта буд.

“Сарви Кишмар” нишон дод, ки ҳам сохтор ва ҳам забони осори Солеҳ гӯё бо тамоми аъзо мухолифи шеваи адабӣ ва забони роиҷи адабӣ буд. Агар Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ин китоб пешгуфтор наменавишт, даргумон буд, ки он ҳатто нашр шавад. Танқиди адабӣ чопи ин китобро нодида гирифт. Бархе аз “бузургони адабиёт” мегуфтанд, “мо намефаҳмем, вай дар бораи чӣ менависад, китоби ӯро бе луғат хонда намешавад.” Боре ҳам сари андешаву ғояҳои китоб баҳс нашудааст, балки сари ин ё он калимаи ноби форсии тоҷикӣ, ки дар солҳои 80-уми садаи гузашта ба гӯшҳо наву бегонаву инқилобӣ меомад. Он ҳам дар ҳоле ки ҷаласаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо сабаби ҳузури коргузори иттифоқ Минел Левин ва котиби иттифоқ Борис Пшеничнийба забони русӣ ҷараён мегирифтанд.

Он солҳо суннате мисли “презентатсияи китоби нав” вуҷуд надошт ва мусоҳиба бо адибон низ “согласование” ва “добро”-ро талаб мекард. Солеҳ ба минбаре барои муаррифӣ ё шарҳу тафсири осораш ниёз дошт, зеро дар ҳақиқат мавзӯъҳои осори ӯ, сабку шева, талмеҳу истиораҳои ӯ барои ағлаб наву мавҳум буданд. Мизи кунҷакии чойхонаи “Роҳат” ё муоширати ӯ бо ҷавонон ва ё баҳсҳои оташин бо адибони “расмӣ ва дуруст” шояд талошҳое дар ҷустуҷӯи роҳ ба сӯи хонанда буданд. Эҳтимол ин буд, ки вай дар ин гуфтугӯҳо бо омодагии комил ҳарф мезад ва ҳар лаҳзаи онҳоро пур мекард, аз ҳар ошноии нав мадад меҷуст, то бидонад, коре ки мекунад, чист. То як садое дар посух пайдо кунад ва пару бол бигираду қавитар ба парвоз ояд. Аммо чунин сухани рӯҳбаландкунанда кам ба ӯ гуфта мешуд ё умуман гуфта намешуд. Борҳову борҳо дидаам, ки сухани ӯро намефаҳмиданд ва намепазируфтанд. Барои дарки суханони ӯ ҳамсӯҳбатон мебоист дар як поя мебуданд. Дареғ ҳеҷ яке дар он поя набуд. “Кас бояд ҳамеша ба кори худ шубҳа кунад”, мегуфт ӯ ва меафзуд, “аслан бояд ба ҳама чиз шубҳа кард ва то охир ҷустуҷӯ намуд. Он гоҳ шубҳа боманфиат хоҳад буд.” Гоҳе ба умқи дилсардии бузург меафтод. “Ин миллат ҳаргиз одам намешавад, ҳаргиз.” Ва ё мегуфт: “Зиндагӣ як бозии беҳуда аст, ки танҳо поёни он маъние дошта метавонад.” Фарёд: “Марди худо, ман ба ин навиштаҳо, ки мардумро бояд дӯст дошт, бовар намекунам! Касеро метавон дӯст дошт, аммо на ҳамаи мардумро.” “Замин мисли себест ва башар кирме, ки онро мехӯраду мехӯрад.” “Ончӣ инсонро аз ҳайвон ҷудо мекунад, фақат калом нест, балки ахлоқ аст.” “Баъзеҳо ба гунае зиндагӣ мекунанд ва намеҳаросанд, ки павосандон ба гӯрашон туф хоҳанд кард.”

Ёд меоварам аз он дастнависи гумшудаи “Сӯҳбатҳо бо Муҳаммадзамони Солеҳ”. Он ҷо сӯҳбатеро навишта будам. Достони “Сарви Кишмар”-ро се бор хонда, паёмро нагирифтам. Нофаҳмо буд, аммо хеле писанд. Наққоше таҳти таъсири солномаи қадимӣ мемонад дар бораи бурида шудани Сарви Кишмар, сарве ки дар дили Эронзамин рӯида буд ва аз ҳазорон фарсахи чаҳор самти ҷаҳон дида мешуд ва ифтихори эрониён буд. Рӯзе ки ин сарвро ба дастури як халифаи ҳасуд мебуранд, рӯзи мотами дунё ва табиат, ҳазорон парандаи зебову хушхон аз сари шоху баргҳои он ба парвоз меоянд. Ва ҳангоме ки дарахт меафтад, ин парандагон дигар ҷое намеёбанд, ки аз ҳаво фуруд оянд. “Қотилон”-и сарв онро дар чиҳил гардуна бор мекунанд ва барои халифаи Бағдод мебаранд. Аз таъсири ин достони драматик наққоши Солеҳ, ки фарзанди замони мост, яъне рассоми шӯравии солҳои 1970-80 тоблуе меофарад, ки кундаи дарахти азиму қадимӣ дар мобайни он аст ва аз се гӯшааш се парбехае руставу ба осмони шишаии паст бархӯрдаанд ва сарозер шудаву ранги заҳир доранд. Дар яке аз сӯҳбатҳоямон Муҳаммадзамон бо хоҳиши ман ҳар ҷузъи достонро шарҳ дод ва паём ин буд, ки аз решаи буридаи фарҳанги бузурги мардумони эрониасл се кишвари ҷудо рӯидаанд, ки ҳар се гирифтори мушкилҳои худанд. Вай бо илҳоми тамом шарҳ медод, ки дар минётурҳои қуруни вусто кунда ё дарахти бурида рамзи чист, лонаи парандагон чӣ маънӣ дорад, ранги зарди баргҳо ва ғайра… Ман фикр кардам, наққоши достон худи ӯст ва қиссаро дар таърихномаҳои Толори дастхатҳо хондааст.

Дар достони дигараш мардеро тасвир карда буд, ки аз бадахлоқиҳо ва беадолатиҳои шаҳр ва бо ёди бачагиву поктиннатии рустоиён рӯ ба деҳа оварда буд ва дида буд, ки вайронии ахлоқ дар авҷи бунёди ҷомеаи коммунистӣ ба деҳа низ асар кардааст. “Афсонаи деҳи матрук” як реквием ба ҳазорон деҳаи дар кӯҳистон бекасмонда аст бо пурсиши ин ки чаро ба хотири обод кардани ҷое бояд ҷои дигарро тахриб кард. Дар достони “Рӯзи ғалаба” пирмарди собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо наберааш ба парад меояд ва суоле ӯро ғаш медиҳад, ки оё дарвоқеъ ғалаба кардаем? Аз ин пирӯзӣ ба пирамарди маълул чӣ расидааст?

Барои адабиёти он давраи мо ин андешаҳо дарвоқеъ ҷасурона буданд. Шояд барои ин Солеҳ пардапеч менавишт ва аз рамзу кинояву истиора зиёд истифода мекард, ба андозае ки бузургони адабиёт аз нафаҳмидани осораш гила мекарданд? Вай мегуфт, “ҳикоя бояд фақат қуллаи айсберг бошад ва як қабати он намоёну ҳашт қабати дигараш зери об бошад. Ҳар қабат барои ҳар қишри хонанда.” Рамзу маҷоз ва падид овардани саҳнаҳои монументалию бошаҳомат ва хотирмон ба эҷодиёти Солеҳ агар аз як сӯ аз адабиёти гузаштаи форсу тоҷик омада бошад, аз сӯи дигар шояд таъсири осори экзистентсиалистҳо, модернистҳо ва ҳатто сюрреалистҳои Ғарб бошад. Шигифтовар, вале ҳақиқат буд, ки аз тозатарин осори адабиёти ҷаҳонӣ, дастикам оне ки ба русӣ ё форсӣ баргардон шудааст, огаҳӣ дошт. Шоҳид будам, боре як “классики зинда” бо писханд чизе гуфт ва афзуд, инро касоне мефаҳманд, ки Хулио Кортасарро хонда бошанд. Баъдаш нони нимирӯзии он “классик”, ба фикрам заҳр гашт, ки дигар луқмае ба даҳан набурд. Солеҳ осори Кортасарро якояк ном бурд ва кӯтоҳ мӯҳтавои ҳар кадомро баён кард, як-ду ишораи танқидӣ ҳам партофт, сипас Мигел Анхелио Астуриас, Элиас Каннетти, Карлос Фуентес ва чанде дигар аз ҳамовардони Кортасарро ном бурда, тафовути байни онҳоро шарҳ дод ва ҳамчун ширинии сарбор аз тозаҳои Хорхе Луис Борхес ва Гарсия Маркес ёдовар шуд. Бори дигар дар баҳсе нишон дод, ки ҳикояте дар Маснавии Маънавии Румӣ ва як достони Апулей бо ҳам чӣ қаробат доранд. Зиндагиномаи Буддо, готу яштҳои “Авасто”, аҳодиси набавӣ, андарзҳои Конфутсий аз дӯстдоштатарин манобеъи ӯ барои иқтибос буданд. Тамоми осори Достоевскийро ба таври комил медонист ва ин ё он тасвир ё андешаро дар кадом асараш ва ба чӣ пайванд гуфтааст, шарҳ медод. “Бародарони Карамазов” яке аз китобҳои дӯстдоштаи ӯ буд. Дар баҳсҳои марбут ба ҳамлаи муғул аз Ҷувайнӣ намуна меовард ва мегуфт, Ян чӣ порчаҳое аз таърихномаи Ҷувайниро “тешаи бедаста” кардааст. Вақте ки дар “Адабиёт ва санъат” достони ӯ дар бораи ҳодисаҳои садаи 2-и пеш аз милод ба нашр расид, “классик”-и дигар ба ӯ гуфт, аз таърихи гузашта навиштан хуб аст, аммо чаро ин қадар бояд амиқ рафт ва ин оё ба дарди кӣ мехӯрад. Солеҳ адои эҳтиром кард ва сипас шаҳр дод, ки танҳо сужа аз он ҳодисаи таърихист, аммо ишқ, ватан, қудрат, сарват, хиёнат ва адолат барои ҳамаи давру замонҳо яканд. Ва аз сӯе ҳам чаро бояд аз он таърих нагуфт, ки таърихи ниёкони мост.

Ин бархӯрдҳо бетаъсир намемонд. Ҳеҷ яке аз раҳбарон нахостааст, ба пешрафти Солеҳ ё беҳбуди рӯзгори ӯ мусоидат кунад. Вай ҳамон дар “рӯихатти сиёҳи афроди ғайри қобили эътимод” монда буд. Ёд дорам сардабири вақти “Адабиёт ва санъат” бо шунидани номи ӯ абрӯ чин мекард, аммо аз ҳамшаҳрияш бо ҳар роҳи мумкину номумкин котиби масъул ва раҳбари идора “сохта” буд. Танқиди адабӣ ҳам рӯихотирбин буд. Садҳо сафҳа ба таҳлили эҷодиёте бахшида мешуд, ки бо гузашти ду даҳсола нишоне аз онҳо намондааст. Бо вуҷуди ин маълум буд, ки Солеҳро эътироф кардаанд, аммо на ошкоро. Медонистанд, ӯ кист, вале иқрор намкарданд. Иқрор ин маъниро медошт, ки бояд ӯро бологузар ва болонишин кунанд. Ин амал ҷасорат мехост. Худаш ҳарчанд намудор намекард, аммо чунин муносибат ӯро сахт меозурд.

Нерӯи ботинӣ ба Муҳаммадзамони Солеҳ имкон медод, қатъи назар аз нописандиҳо ва ҳатто нодида гирифтанҳо роҳи худро идома диҳад. Соли 1989 китоби дувуми ӯ “Оҳанги шаҳри ишқ” ба нашр расид, ки шомили қиссаи “Ишқи актёри пир” низ буд. Ин асарро Солеҳ ба дӯсташ — ҳунарпеша ва коргардони театр Фаррухи Қосим бахшида буд. Солҳоеро, ки Солеҳ дар Театри Лоҳутӣ ба сар бурд, на танҳо чунин дӯсти бузурге ба ӯ ҳадия карданд, ки метавонист, андеша ва ақидаҳои худро бо ӯ қисмат кунад, балки ӯро ба тасвири намоишӣ ё бинишварона, дарки мусиқӣ ва ҳаракатҳои саҳнаӣ низ ҷалб намуданд.

Румони “Девори Хуросон” матнест, ки дар зеҳни хонанда манзараҳоро падид меорад. “Саёҳати ҳаштуми Синдбод” низ асарест, ки метавон бе ҳеҷ тағйир ё такмил онро ба пардаи синамо кашид. Манзараи чанори пиру пудаву пӯсида ва пирамарди пинакрафтаи дуторбадаст дар пои он худ як тоблуи хотирнишин аст.

Вале ҳамаи ин саҳнаву манзараҳо на фақат тасвири ангораву аржанг, балки саҳнаҳои саршор аз маҷоз ва аломату нишонаҳое мебошанд, бо як хатти умумӣ аз оғози ҳар асар то поёнаш шаддавор ба ҳам мечаспанд ва барои ифодаи паёми аслӣ хидмат мекунанд. Чунин хатҳо дар осори Муҳаммадзамони Солеҳ ҳам уфуқиянд ва ҳам амудӣ. Барои намуна, “Девори Хуросон” ҳам сарнавишту корномаи Шоҳ Исмоили Сомонист дар бунёди давлати ягона ва қавии тоҷикон дар ҳазору сад сол пеш, вале агар ба дурустӣ хонда шавад, ҳам роҳнамои бунёди як чунин давлат дар замони мусоир бо таъкиди воқеъиятҳои ин давраи вижаи таърихист. “Адабиёти садаи нуздаҳи рус ва ҳам марҳалаи баъдии он пурсишҳои “кӣ гунаҳкор?” ва “чӣ бояд кард?”-ро матраҳ мекунад. Адабиёти мо бояд масъалаҳои “мо дар чӣ ҳолем?” ва “роҳи наҷоти мо куҷост?”-ро ҳал кунад,” — мегуфт ӯ.

Метавон танҳо аз як нукта ёд кард, ки баҳси ҳувияти миллӣ ва динӣ имрӯз дар ҷомеаи мо чӣ қадар тезутунд аст, ки мардумро ба шохаҳо ҷудо мекунад. Солеҳ дар намунаи Сомониён роҳи ҳалли ин мушкилро нишон медиҳад. Вай аз забони Исмоили Сомонӣ мегӯяд: “Алҳамдулилоҳ, ман мусулмонам, вале эронӣ, аз нажоди озодагон.” Ё дар ҷои дигар: “Ҳама гуна давлате, ки фоқиди андешаи бақои миллат бошад, пойдор нест.” Зимнан, “Ардавирафнома ё Сояҳои шикаста” низ гӯё аз таърихи гузаштааст, лек паёмаш бо ишора ба замони шӯравӣ ин аст, ки оё метавон бо танаффур дӯст дошт ва зиндагӣ кард? Дар “Кобуси Кобусҳо”, ки тасвири оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, Солеҳ суол медиҳад: “Оё мо қодир ба зодани инсони озод ҳастем?”

Интизор мерафт, ки аз рӯи романи “Девори Хуросон” филми ҳунарие ба навор ояд, вале бо баҳонаи камбуди сармоя ин тарҳ амалӣ нагашт. Ҳол он ки имрӯз барои ҷавонони мо дар ин раҳгумии андеша беҳтарин филме мешуд ва рӯҳи миллатро низ мебардошт. Баъдаш ин асари нодир ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешбарӣ шуд, аммо бо вуҷуди беҳтарин тақризҳо дар матбуот дар охирин лаҳза аз номгӯй афтод. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки нависанда бо мушкили сахт рӯбарӯ буд ва дар ғояти фақру нодорӣ ба сар мебурд. Ба хотири рӯзгор ӯ ҳатто муддате Душанберо тарк кард ва даст ба кишоварзӣ зад, то фарзандонашро нон бидиҳад. Кӯмакҳои ночиз ва гаҳгоҳии дӯстонаш кофӣ набуданд. Хост машғул ба тиҷорат шавад, вале ҳамчун шахси дур аз ҳирсу хасисӣ ба зудӣ варшикаста шуд.

Оё касе ба он меандешад, ки чаро Муҳаммадзамони Солеҳ, ки ба адабиёти тоҷик чунин хидматҳои бузурге кард дар айни камоли инсонӣ, дар синни 58-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт? Дар ҳар кишвари дигар чунин нависанда мавриди ҳимоят ва имдоди ҳукумату ҷомеааш қарор мегирад. Солеҳ метавонист, боз солҳои дарозе зиндагӣ кунад ва осори бештаре барои мардуми худ бе мерос бигузорад. Румонҳои нави ӯ “Муҳаммад пайғамбар” ва “Куруши Кабир”, қиссаи “Малгушон”, ба эҳтимоли зиёд нотамом монданд. Дуруст аст, ки ҳоло аз лиҳози молӣ айёми чандон неке барои адабиёти мо нест, вале боз ҳам ҷои дареғу сад дареғ аст, чун ин ганҷро, ки аз рӯзи рӯ заданаш нашинохта буданд, ҳамоно ки нашинохтанду ба хок супурданд. Он вақт, дар замони шӯравӣ ҳам мисли ҳоло мақоми ин ё он адибро раддабандии ҳокимияти сиёсӣ муайян мекард. Агар шумо аз диёри раҳбар ҳастед, пас нависандаи бузургед ва ҷоизаро ҳам ба шумо медиҳанд, навбати хонаву мошинро низ. Боз ваъда мекунанд, ки вақте мурдед, гӯрсанги калонтарину катибаи зарҳалӣ низ вижаи шумо хоҳад буд.

Муҳаммадзамони Солеҳ зодаи диёре буд, ки он вақт низ барои раҳбарони олимақом ҷойгоҳе надошт. Вақте кишвар ба истиқлолият расид ва умеде рӯ зад, ки сулолабозии зодагони як маҳалли хурд акнун моли таърих шудааст, ман гумон доштам, шояд акнун зодбуми Муҳаммадзамон монеъаи рифоҳи ӯ намешавад. Вале шунидам, ки дар давраи баъдӣ акнун худи ӯро ба сулолабозони даврони гузашта пайванд медоданд, ки гӯё 70 сол сари кор буд ва дар натиҷа Солеҳ барои давлат ҳамон бегонае монд, ки буд. Аммо мутмаин бошед, наслҳои оянда ганҷеро, ки мо пеши по кардем, хоҳанд шинохт ва хоҳанд қадр кард. Таърих эътирофҳои деррас ва бозгаштҳои пуршӯри бузургони нокомро зиёд дидааст ва ин бор ҳам хоҳад дод. Он гоҳ ба мо аз ояндагон танҳо шарм ва маломат хоҳад расид.

23.02.2009 - Posted by | Адабиёт, Дин, Донишнома, Душанбе, Забони модарӣ, Таърих, Тоҷикистон, Фалсафа, Uncategorized | , , , ,

16 Comments »

  1. Akoye Salom, chi khabari shume! Duste khub, Muhammadzamon, mutafakkir, insone volo… chi khabare dardnok…
    duston payopay meravand… khele dardnok ast…
    need to talk to you… pls, take a good care for yourselves!
    bo kamole ehtirom, m

    Comment by muborak | 24.02.2009 | Reply

  2. Dar navishtane nome shumo khato kardam, uzr. in va chand maqolahoye digaratonro khondam va ham kame dar in jo va on jo joygir kardam… man ardavirafnomaro qabl az jang ba rusi tarjuma karda budam, vale binobar jang chand safhaash notamom monda budu orzu doshtam ruze onro komil karda ba muallifash suporam, to chop kunand… sad afsus … yodam hast ruzhoye ke jang aknun alanga megirift, meguftand ke nest shudanamon, muradanamon az in ruzi sharmsor behtar ast … qalbe nozanin doshtand… iloho ruhashod shod bod! chi sud ke chand muddat az navishtahoye shumo bekhabar mondaam… hamagi solimu bardam boshed! m

    Comment by muborak | 24.02.2009 | Reply

  3. Мубораки азиз,

    Ташаккур барои нома. Хабари даргузашти Муҳаммадзамони Солеҳ ҳамзамон ё пасопеш бо хабарҳои реҳлати азизони дигаре монанди Ҷумъабой Ниёзов, Наримон Бақозода, Боймуҳаммади Ниёз ба мо расид ва моро хеле андӯҳгин кард. Дунё гӯё холитар мешавад. Ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад онҳоро.

    Comment by aioubzod | 25.02.2009 | Reply

  4. Дустам, Салимчон, навиштаро хондаму бори дигар барои Мухаммадзамон, барои Шумо ва барои худ гирён шудам.
    Ва чуз ин байт барои тасаллии хамаамон чизе наметавонам гуфт:
    Хок бар дидаи микрози чудои бодо,
    Ки аз он хошияи базм чудо кард маро!

    Comment by Чура Юсуфи | 25.02.2009 | Reply

  5. Cалом,Дустам…
    Боз як бори дигар хамдардии худамро ба ахли байт ва дустони мархум мерасонам.
    Барои навиштахои боло ва воло сад ташаккур.
    Худо хофиз!!!

    Comment by Абдучалил | 26.02.2009 | Reply

  6. Сипос аз ғамшарикии ҳамаи шумо. Равонаш шод, устоди арҷмандро!

    Comment by aioubzod | 27.02.2009 | Reply

  7. Ман устод Солехро аз наздик мешинохтам . Вокеан одами ачибу начибе буданд. Вакт даст дихад хотирахоямро аз он кас руи когаз меоварам. Фикр мекунам ба онхое ки устодро мешинохтанду хоханд шинохт ин хотирахо мароковар хохад буд…

    Comment by самак | 01.03.2009 | Reply

  8. Азизони дил,

    Ман фикр мекунам, мо вомондагони Муҳаммадзамон бояд Ёдномаи ӯро омода ва нашр кунем. Ҳамчунин шояд дӯстоне ҳастанд, ки чопи осори номатбӯъ ва дафтарҳои хотираи ӯро ба ӯҳда бигиранд?

    Бовар надорам, касе дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ин кор майле зоҳир кунад.

    Comment by aioubzod | 01.03.2009 | Reply

  9. Устод Аюбзод! Ман аз донишчуёни огози истиклол ва замони чанг хастам (дустдоштатарин газетаам “Чароги руз” буд). Аммо аз будани бузурге чун Мухаммадзамони Солех баъд аз маргаш огох гаштам, харчанд наметавонам бигуям, ки нисбати адабиёт бепарво хастам. Аммо боре хонда будам нависандае хушкаламу хакгу румони “Куруши Кабир” дорад менависад. Оё мумкин нест кумакам кунед то чанде ё хадди акал 1 навиштаи ин бузургро дастрас намоям?

    Comment by Farid | 17.03.2009 | Reply

  10. Фариди азиз. Ростй арзише ба унвони устодй ва хатто пайванде ба ин номи баланд надорам. Аммо сипосгузорам аз луфту эхтироми Шумо. Бинависед, ки кучо хастед. Агар дар Точикистонед, ба даст овардани ду китоби охирини устод Солеx мушкил нест, агар дар берун аз ватан хастед, хатман бароятон кумак мекунам, ки сохиби “Девори Хуросон” гардед.

    Сарбаланд бошед.

    Comment by Cалими Аюбзод | 17.03.2009 | Reply

  11. Устод Аюбзод! Шумо бовар хохед кард, агар бигуям, замони донишчуи (форигуттахсили бахши журналистикаи ДМТ хастам) вакте навиштахоятонро мехондам, гоххо аз вачд кафкуби мекардам? Пас чи тавр мешавад Шуморо Устод хитоб накунам? Банда дар Точикистон хастам. Хамаи дуконхои китобфурушии Хучандро гаштам, нишоне аз китобхои устод Солех наёфтам. Шояд дар Душанбе боядашон чустучу кард? Ва китобхои худи Шуморо хам мехохам пайдо кунам. Кумакам мекунед?

    Comment by Farid | 19.03.2009 | Reply

    • Фариди мехрбон. Оре, дар Душанбе ду китоби ахири Мухаммадзамони Солех дар фуруш хаст. Дар Хучанд хам тобистони соли 2006 “Девори Хуросон” (чопи Эрон)-ро дида будам. Аз навиштахои худам дар ярмаркаи августи “Гунги хобдида”-ро дида будам, ки ба 3 сомонъ фурщхта мешуд.

      “Сад ранги сад сол”-ро метавонед аз хабарнигори Радиои Озодй дар вилояти Сугд, дустам Маъсуми Мухаммадрачаб пайдо кард. Теъдоди каме аз “Каме латра” ба Хучанд расидааст, аммо намедонам дар фуруш бошад ё на.

      Сипсогузорам аз хусни нияти Шумо.

      Comment by Cалими Аюбзод | 19.03.2009 | Reply

  12. […] Муҳаммадзамони Солеҳ — ганҷи ношинохта […]

    Pingback by Муҳаммадзамони Солеҳ « Фирдавси Аъзам | 23.02.2010 | Reply

  13. Навиштаи олӣ, устод Салимҷон. Фақат, лутфан, равшанӣ андозед, ки чаро “нобиғаи насри тоҷик” (нисбат ба Сотим Улуғзода) дар нохунак гирифта шудааст.

    Бо эҳтиром,
    Куруш

    Comment by Куруш | 17.01.2011 | Reply

  14. Устод Аюбзод,
    Ачаб забони соф, забони равони нависандаги доред. Аз хар чумлаи он бахраманд гаштам, чизе нав омухтам. Зинда бошед!

    Comment by Файзулло Насруллоев | 17.01.2011 | Reply

  15. Зинда бошед устод ки ёди чунин шахсони бузрго мекунед

    Comment by Абдурахим | 01.03.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: