Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нимарост — бадтар аз дурӯғ, нимаозод — бадтар аз маҳбас

1pressНаврӯз Некбахтшоев, яке аз ҷавонони доно ва рӯшангарои тоҷик, ки акнун дар Амрико ба сар мебарад, се сол пеш Назарияи озодии матбуот дар шароити феълии Тоҷикистонро пешниҳод кард. Бо ишора ба баста шудани “Рӯзи нав” ва “Нерӯи сухан” ва мегуфт, ки ҳукумат ва матбуот бояд бар сари озодии баён ва марзҳои он ба созиши мутақобила бирасанд.

Назарияи Наврӯз аз он бармеомад, ки матбуоти нимаозод аз як тараф ва истифодаи су аз озодиҳои нисбии сухан аз тарафи дигар сабаб мегардад, то насли ҷавон дар фазои носолими нимаросту нимишора, бехабарию ноогаҳӣ, манфиатҷӯиҳои гурӯҳию табақотӣ ва ҳамчун натиҷа бо рўҳияи беэътимодӣ ба расонаҳои хабарӣ, бетафовутӣ ба сарнавишти ҷомеъа ва ояндаи хештан, ҳарос ва канораҷўӣ аз равандҳои сиёсӣ ба воя расад.

Насли ҷавоне, ки дар давраи пас аз ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон ба воя расидааст, на танҳо ба пурсишҳое, ки дар зеҳнаш пайдо мешавад, аз матбуот ва нашарот ва ҳатто адабиёту синамо посух намеёбад, балки дар миёни сухани чопӣ ё оммавӣ ва воқеъияти зиндагии атрофи худ партгоҳеро мебинад ва гузашта аз ин дарк мекунад, ки матбуот гоҳе баракси воқеъият ҳарф мезанад ва мехоҳад, як воқеъияти сунъиро ба вуҷуд орад. Журнализми Тоҷикистон бо вуҷуди бархе аз дастовардҳояш то ҳанӯз натавонистааст, ойинаи поки воқеъияти кишвар бошад. Марзҳои озодии суханро худсонсурӣ ва назорати ноаёни давлатӣ дар андозаҳои танг ва барои ҳокимон зарурӣ нигоҳ медоранд.

Дар натиҷа интизороти бахши бузургсоли ҷомеа аз расонаҳои ҳамагонӣ дар сатҳи маҳдудиятҳои барои ин ҷомеа қобили фаҳм қарор гирифта, сатҳи мавҷуда ба навбати худ аз насли ҷавон хонандаеро месозад, ки ниёзу умедворияш аз матбуот сахтгирона нест. Шароите ки шояд ҳамаи тарафҳоро қаноат медиҳад, вале ба манфиати рушди ҳеҷ кадоме аз онҳо нест.

Созмони Freedom House Тоҷикистонро кишварро ноозод меномад ва Transparency International шохиси баланди фасодзадагиро ба он нисбат медиҳад. Бонки Ҷаҳонӣ шуғли соҳибкории мустақилонаро дар Точикистон хеле мушкил мешуморад ва маҷаллаи “Foreign Policy” якҷо бо Бунёди байнулмилалии сулҳ аз осебпазирии давлати Точикистон ҳушдор медиҳанд.
Танҳо Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз дар гузориши охиринаш дар моҳи майи соли 2008 гуфт, Тоҷикистон дар озодии сухан рушд кардааст. Ин натиҷагирӣ бештар бар он асос ёфтааст, ки парвандаҳои пурмоҷарои зидди журналистон ва ҳодисаҳои ҳамла ба онҳо коҳиш ёфтанд. Аз ҳақ нагузарем, як озодии нисбӣ низ ба вуҷуд омадааст, ки бештар аз дастурҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти давлат маншаъ мегирад. Дар иваз ин ҳама 10-15 соли охир дар матбуот силсилаи мавзўъ ва шахсиятҳои мамнўъ боқӣ мемонанд.

Ва дар ҳоле ки бо афзоиши дастрасии ҷавонон ба шабакаи интернет ва рӯбарӯ омадан бо маълумоти дигар ниёзи онҳо ба иттилоъи дақиқ ва беғаразона бештар мешавад, ин доираи мамнўъияти нонавишта маҳдудтар мегардад. Ҷавонон мехоҳанд, бидонанд, чаро иқтисодиёти мамлакаташон пешрафт надорад ва зиндагӣ дар кишвар рӯз ба рӯз мушкилтар мешавад, аз чӣ ҳазорон нафар маҷбуранд, ба Русия ва кишварҳои дигар ҳиҷрат кунанд ва чаро бояд ҳазорон кӯдаку наврас бе падар ва гоҳе бе ҳарду волид ба воя расанд, чаро дар мактабҳо омўзгор намерасад, ин ҳама мушкилот аз куҷо меояд ва барои рафъи он чй бояд кард?

Барои ҷавонон, ки одатан як максимализми чапгароёна доранд, тафовути фавқулода бузурги иҷтимоӣ дар ҷомеъа низ суолбарангез аст. Бархе аз ҳамсолони онҳо мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ва сарулибоси гаронбаҳо доранд ва намедонанд, пули худро ба куҷо пош диҳанд ва бархи дигар пуле надоранд, ки аз нақлиёт истифода кунанд.

Матбуот аз харҷу дахли давлат наменависад, сабабҳои вазъи сангини иҷтимоиро таҳқиқ намекунад, сатре бо интиқод аз раҳбари давлат ба нашр намерасонад. Истеъфо ва таъйини афрод ба мансабҳои давлатӣ монанди замони шӯравӣ бе эълони сабабҳои ин ҳаводис ба амал меояд. Касеро, ки ногаҳон аз мақомаш барканор мешавад ва касеро, ки дар риштаи мазкур на таҳсил ва таҷруба дорад, аммо ба ин мақом таъйин мегардад, ҷомеъа зери шубҳаи фасоду ришват, хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ ва гурӯҳбозиҳо мегирад. Тозатарин намуна, истеъфои вазири умури дохилӣ, Маҳмадназар Солеҳов аст, ки солҳои дароз дар вазифаҳои баланд кор кард, аммо бе шаҳру тафсире аз мақоми далатияш барканор шуд. Ин истеъфо овозаҳои мухталиферо ба миён овард.

Ҳодисаи дигаре низ дар ёд мондааст. Тобистони соли 2007 таъхир дар оғози консерти овозхони эронӣ Ораш сабаб гашт, ки ҳазорон ҷавони бахашмомада варзишгоҳ, автомобилҳо, ғурфаҳоро дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе тахриб кунанд ва ба оташ кашанд. Ин рӯйдод низ ба ҷуз аз баъзе расонаҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи ҳеҷ яке аз расонаҳои дохилиро ба худ накашид.

Бардошти умумӣ ин аст, ки расонаҳои ҳамагонии Тоҷикистон кайҳост бо давлат созишномаи нонавиштаеро имзо кардаанд. Аммо на он созишеро, ки Наврӯз Некбахтшоев дилсофона пешниҳод карда буд.

26.02.2009 - Posted by | Озодии сухан, Тоҷикистон | ,

4 Comments »

  1. “Расонаҳои ҳамагонии Тоҷикистон кайҳост бо давлат созишномаи нонавиштаеро имзо кардаанд”. Сад боракалло. Холо ягон сохибрузномаеро пайдо наметавон кард, ки бо хукумат дар як мавкеъ набошад. Хатто онхое, ки замоне аз озодии баён чор мезаданд ва синаи худро бо номи демукроси сипар мекарданд, акнун аз давлате пуштибони мекунанд, ки чонибдори рушди матбуот озод нест ва хама зулмустаро ба атбоъи худ раво медонад.

    Comment by Мулло | 28.02.2009 | Reply

  2. Бале, як одати дигаре пайдо шудааст, ки матбуоти кишварро ба самти шикасту нокомй мебарад. Бархе аз қаламкашони мо сафҳи матбуотро ҷойнамози хушомадгӯиву лаганбардории мақомот кардаанд ва умедворанд, чй қадар ки амиқтар таъзими ботинй кунанд, ҳамон гуна мансаби болотаре дар ҳукумат ба даст меоранд.

    Ба назарам, ҳукуматдорони кишвар, бо вуҷуди он ки таърифу тавсиф гӯшнавоз аст, аз чунин афрод каноругирй кунанд ва умед ба садоқати онҳо набанданд. Касоне ки ирода ва усул надоранд, дар ҳеч куҷо некй ва комёбй оварда наметавонанд.

    Comment by aioubzod | 03.03.2009 | Reply

  3. Barodari aziz tashakkur baroi in haqiqatjuiyat. Man har waqte fikr kunam charo watani azizamon in qadar aqibmondaast hamesha dar zihnam yak jawob naqsh meshawad. On ham: nabudani ozodi. Ozodi yak ne’mati Xudowandast ki har qawme ba on chang zanad, komyobu muwaffaqast. Va matbuot roli muhimmero dar in mawzu’ bozi mekunad.
    Mutaassifona, aksari mushkiloti Tojikiston boz megardad ba janobi Rahmon. Ma’lumast ki dar muddati 15 sol baroi in kishwar ghair az xarobagivu vaironagi chize naowardast. Lokin ham matbuot va ham muxolifini siyosi harfe az in “janobi oli” namekushoyand misle ki wai ma’sumast. Sababash ham ma’lumast, on ham oqibati in kirdori “noshoyam’.

    Comment by Zinda-dil | 03.03.2009 | Reply

  4. Холо дар Точикистон ягон рузномаи озод вучуд надорад. Хамааш дархакикат “нимарост, нимадуруг” менависанд. Факат “Нигох” камтар “дозааш” баландтар. “СССР” пайдо шуд, фикр кардем мумкин вазъ камтар дигар шавад. Лекин бо гузашти замон фахмидем, ки ин рузнома хам “продажни” будааст. Факат манфиати хукумати дуруза ва хукуматдоронро химоя мекунад. Бо матлабхои худ фикри мардумро аз проблемаи асоси дур мебарад, то ин, ки манфиатхои “спонсорош” кохиш наёбад. Боз хайрон мешави чи хел мардуми кутохандеш ба онхо хамду сано мефиристад.

    Comment by Forsage | 08.03.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: