Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шукри неъмат неъматат афзун кунад?

donБлогнависони зиёде дар саросари ҷаҳон пас аз гузориши Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ аз эҳтимоли нооромиҳо дар Тоҷикистон ва суқути давлат ҳушдор медиҳанд, аммо дар худи кишвар гуфта мешавад, бӯҳрон ба авзоъ таъсири чандоне надорад.

Continue reading

Advertisements

31.03.2009 Posted by | Тоҷикистон | | 25 Comments

8. Хотима. Сукуте, ки хиёнат мекунад…

port_obamaҲамсарии Онянго, бобои Барак ва Акуму, бибии ҳақиқии ӯ, аз силсилаи ошӯб ва гургоштиҳо иборат буд. Бо вуҷуди сарватмандии Онянго ва тӯҳфаҳои гаронбаҳои ӯ, Акуму чаҳор дафъа аз хона фирор кард ва танҳо фишори падару модараш ӯро водошт, ҳамроҳи Онянго ба хона баргардад.

Continue reading

29.03.2009 Posted by | Инсон, Сарнавишт | | 8 Comments

7. Ёдбудҳои рангини модарбузург

grannyЭҳтимол ҳар кас фикр мекунад, ки аз дигарон фарқи зиёд дорад ва як шахси ғайриодист. Ҳамзамон ҳар кас талош мекунад, монанди дигарон ва ё на камтар аз дигарон бошад. Аммо афроди ғайриодӣ хеле каманд ва назари дигарон барояшон маъние надорад. Онҳо қолибҳоро мешикананд, пуршӯр мезиянд ва барои муддатҳо дар хотири дигарон боқӣ мемонанд.

Continue reading

28.03.2009 Posted by | Инсон, Сарнавишт | | 2 Comments

6. Достони дувоздаҳ пушти Барак Обама

6obamaМисли ин буд, ки Барак заррабине дар даст аз кӯчаҳои пурхок нақши пойи падарро меҷуст. Аз танаи дарахтон ламси дастони ӯро, аз дару девор акси садояшро ва аз чашму абрӯи хоҳару бародаронаш нишонаҳои ирсии вайро. Вақте бо шодию фараҳи беинтиҳо фарзандони падарро оғӯш мегирифт, бӯйи падарро мешамид ва нигоҳи гарми ӯро аз гӯшае ҳис мекард.

Continue reading

26.03.2009 Posted by | Сарнавишт | , | 31 Comments

5. Вилояти умр ва мероси падар

simo-obamaҶомадони Барак дар фурудгоҳи Найробӣ гум шуд. Касе ӯро пешвоз нагирифт. Ҳаяҷони дидори ватан дар рагҳояш хушкид. Худро гум кард, аммо ончӣ пас аз лаҳзае ёфт, ба ҳамаи ранҷи роҳи дураш меарзид. Корманди фурудгоҳ вақте аризаи Баракро гирифт, пурсид: “Бубахшед, Шумо тасодуфан хеши Доктор Обама нестед?” Барак посух дод: “Бале, вай падари ман буд.”

Continue reading

24.03.2009 Posted by | Инсон, Сиёсат | , | 20 Comments

4. Дар роҳ ба сарзамини назр, ниёз ва паймон

1obama4Хондани китоби пур аз дард, гумон ва яъси Барак Обамаро идома медиҳам, ки ногоҳ садои худи ӯ ба гӯшам мерасад. Сар боло мекунам ва чеҳраи ӯро дар телевизион мебинам, ки Наврӯзро ба мардуми Эрон шодбош мегӯяд ва ҳатто ба забони мо ин ҷумларо талаффуз менамояд: “Иди шумо муборак!”

Continue reading

23.03.2009 Posted by | Сарнавишт, Сиёсат | , | 5 Comments

3. Тоҷик аз китоби Обама чӣ меҷӯяд?

port1Вақте ки як тоҷик ёддоштҳои Барак Обамаро мехонад, мехоҳад, нуқоти пайванде миёни хештан ва муаллифро пайдо кунад. Ва бештарини ин пайвандгоҳҳо ҳангоми сафари Барак ба ватани падараш рӯ мезанад. Масалан, номҳои ошно — Зайтуна ва Соро (аммаҳои Барак), Умар, Юсуф ва Саид (амакҳои ӯ), Руқия (дӯсти падараш). Аммо пайванди аслӣ ҷои дигар аст.

Continue reading

20.03.2009 Posted by | Сарнавишт, Сиёсат, Ҳолнома | | 13 Comments

2. Гаштори хашм (Transformation of Anger)

barak-001Ду нафари дигар низ дар тарбияи Барак Обама саҳми бузург гирифтаанд. Яке падарандари мусулмонаш Лоло дар солҳои зиндагӣ дар Индунезӣ ва дигаре дӯсти бобояш, шоири солхӯрдаи сиёҳпӯст Френк дар Ҳаваӣ. Яке бо намунаҳои амал ва дигаре бо сухани коро.

Continue reading

18.03.2009 Posted by | Сарнавишт, Ҳолнома | , | 3 Comments

1. Ман Барак Обамаро аз наздик шинохтам

obama-1Барои ин дар таҳи дарвозаи Кохи Сафед шому саҳар интизор нишастан зарур нест ва ба ҳар ҷаласаи ӯ давидан ҳам. Ва ошноӣ бо наздикони ӯ низ. Шумо ҳам метавонед, бо ӯ мисли як дӯсти наздики худ ошно шавед. Барои ин фақат як кор кофист…

Continue reading

15.03.2009 Posted by | Сиёсат, Ҳолнома | | 8 Comments

Без границ. Юлдуз и Далер спели дуэтом

yuldusВечером 8-го марта зрители одного яркого представления, покидая крупнейший концертный комплекс “Борбад” в центре Душанбе прощались друг с другом на двух языках — таджикском и узбекском. Все были полны радости и вдохновения.

Continue reading

09.03.2009 Posted by | Ҳунар | , | 12 Comments

Гуфтугӯҳо бо Фариштаи шеър

ffarzonaПас аз ду буқи дароз Фарзона гӯширо бардошт ва ҳамзамон бо садои нафиси ӯ ғавғои дигарро шунидам. Гуфт, вай дар ин лаҳзаҳо дар бозори гулфурӯшон аст ва маълум ки чандин гулфурӯш ҳар кадом ҳамзамон гули худро ситоиш мекунад, то Фарзона гули онҳоро бихарад. Ҷумъаи 27-уми феврал. Поёни зимистон ва давраи гулҳои баҳорӣ. Чаро Фарзона, ки худ як гулест, мехоҳад гул бихарад?..

Continue reading

06.03.2009 Posted by | Тоҷикистон | , | 10 Comments

Зиндагии бедевори Имомназари Холназар

imomnazar“Аз бемористон баъзан барои набераҳо мева мефиристодам. Дар хона Само аз момааш афлесун пурсид. Момааш гуфт, ки нест, тамом шуд. Само сӯи банда рӯ оварда, илтиҷоомез гуфт:
— Бобоҷон, Шумо равен, боз дар касалхона хоб кунен, ино афлесун бихаранд…”

Continue reading

04.03.2009 Posted by | Адабиёт, Душанбе, Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон | , , | 5 Comments