Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Маскав Тоҷикистонро ночору ноилоҷ мешуморад?

1rahmonГуфтугузоре бо як коршиноси маскавӣ чанд рӯз аст, аз сарам дур намешавад. Дар посух ба пурсиши ман, ки оё Маскав ҳарос надорад, Тоҷикистон аз дасташ меравад, ришханди телефонӣ мезад ва мегуфт: “Куҷо меравад ин кишвар бо он кӯҳҳои хушк, бӯҳрони беохир, ҳукумати дастнигар ва мардуми муҳоҷираш? Ба кӣ даркор аст он?”

Ин коршинос, ки бо ҳукумати Русия ва махсусан сарони Вазорати умури берунаи ин кишвар робитаҳои наздик дорад, мегӯяд, Маскав хуб медонад, ки Тоҷикистон ба касе даркор нест, ба ҳеч куҷо “рафта наметавонад” ва бо ҳазорон ресмони аёну ноаён бастаи Русия аст. Вай сӯҳбатҳоро аз эҳтимоли бознигарии шароити ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва гузашта аз ин тахминҳои кӯчидани пойгоҳи ҳарбии Амрико аз Қирғизистон ба Тоҷикистонро “фанду фиреби сиёсӣ” меномад, ки мақсад аз онҳо “шантаж” кардани Маскав аст.

Агар Тоҷикистон ба Русия даркор намебуд, Маскав дар оғози солҳои 1990 дар Тоҷикистон ҷангро оташ намезад, то дар ин кишвар пойгоҳи ҳарбии худро устувор кунад. Агар ин ҷанг намебуд, Русия он вақт маҷбур мешуд, умуман Осиёи Марказиро тарк кунад. Бо гузашти айём нақши Русия дар низоъҳои Тоҷикистон, Соҳили Днестри Молдова, Абхазия ва Осетияи Ҷанубии Гурҷистон ва ҷангу ошӯбҳои дигари давраи фурӯпошии салтанаташ комилан ифшо шудааст.

“Кӯҳҳои хушк”-и Тоҷикистон чандон хушк ҳам нестанд. Аз пиряхҳои ин кӯҳистон обе сарозер мешавад, ки ҳамчун гаронбаҳотарин маводи садаи 21, ҳатто гаронтар аз нафт, бисёриҳоро нигарон кардааст. Албатта, нигаронии Узбакистон на танҳо аз коҳиши маҷрои об аст, балки аз тақвияти Тоҷикистон ҳамчун мироби ин захираҳо. Ба ғайр аз об, тавре худи заминшиносон рус мегӯянд, дар ин “кӯҳҳои хушк” тамоми маъданҳои маълуми башар қабат-қабат хуфтаанд. Танҳо ураниум кофист, ки таваҷҷӯҳи бисёр кишварҳо ба Тоҷикистон равона шавад.

Сӯҳбат чун аз “шантаж” меравад, магар Русия нест, ки муҳоҷирони тоҷикро дастхуши гарму сардҳои хеш кардааст. Пажӯҳишгарони ин масъала дар як гузориш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтаанд, мақомоти Русия ба зердастони худ дастури шифоҳие додаанд, ки фишори бештаре рӯйи муҳоҷирони тоҷик гузоранд ва онҳоро ба тарки Русия маҷбур кунанд. Бо коҳиши тоҷикон дар Русия пойбандии Тоҷикистон ба Маскав низ камтар мешавад.

Пас чӣ чиз аст мояи эътимоди комили Маскав ба садоқати бебозгашти Тоҷикистон?

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва узви порлумони кишвар мегӯяд, Маскав ҳанӯз ба сарони Тоҷикистон ҳамчун намояндагони Ҷабҳаи Халқӣ менигарад. Пас метавон дар ин замина гуфт, ки Маскав ҳанӯз ҳам сарони Тоҷикистонро барои расонидани онҳо ба қудрат бидеҳкори хеш мешуморад? Дар он сурат роҳи сиёсатмадорони Кремл дарвоқеъ ба нокуҷост.

Бар ҳар тартиб Маскав бовар дорад, ки Душанбе дар ҷустуҷӯйи коршарикони нави дарозмуддат ба абарқудратҳои дигар майл нахоҳад кард. Дастикам то замоне ки нерӯҳои 201-и Русия дар Тоҷикистонанд. Пас ин пойгоҳ, ки зомини сулҳу амният дар мулки тоҷикон номида мешуд, акнун ба омили фишор табдил шудааст? Ва ё Душанбе бояд дар ҳолати таҳдид аз ягон ҳамсояи норозияш бояд ба ин нерӯҳо низ умед бандад?

Аз рӯйи он ки гуфта мешавад, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин соатҳои бозгашташ аз сафари Русия бо сарони ниҳодҳои қудратӣ ҷаласа кард ва гӯё бо дастури ӯ фармондеҳони начандон “эътимодбахш” аз артиш ва нерӯҳои амниятӣ барканор шудаанд, метавон тахмин зад, Маскав қартаи ҳарбияшро ба бозӣ овардааст. Ва дар ин пасманзар ҳамсадоии Медведев бо президенти Узбакистон Ислом Каримов дар моҳи январи соли равон дар мухолифат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки дар асл аз сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистон фарқе надорад, аммо Маскав ба он сармоя мегузораду Роғунро рад мекунад, маъниҳои дигаре мегирад.

01.03.2009 - Posted by | Душанбе, Русия, Тоҷикистон | ,

8 Comments »

  1. Огои Аюбзод ! Албатта гуфтаи ун коршиноси рус ба изати нафси Шумо расида, вагарна ин навишта набуди..
    Дуруст ёдовар мешавед ки Точикистони мову Шумо боигарихои зиёде дорад. Вале аз ин боигарихо истифода бурда наметонад.Сабаби асоси – камогохи ва нодонии онхое ки сари кудратанд. Рахмону командааш сахт вобастаги аз Руссия доранд. Танхо армияи гастарбайтерон кифоя ки вазъият дар Точикистон тагйир дода шавад.Дар Руссия хеле зиёданд специалистоне ки мардумро ба рохи мехостаашон равона кунанд.
    Барои хамин ин рычаги асосии Руссия аст. ва ман сад дар сад бовар дорам ки Точикистон яъне Рахмон аз хати кашидаи Руссия берун нахохад рафт…

    Comment by самак | 01.03.2009 | Reply

  2. Салим Аюбзоди азиз. Мо хушем, ки берун аз Радиои Озоди хам мавкеъи Шуморо мефахмам ва навишгтахои хуби Шуморо мехонем. Ин матлабро Шумо аз ин дидгох навиштаед, ки парвардаи хоки Точикистонед ва харфхои коршиноси рус бароятон сахт расидааст.

    Аммо дакикан ин коршинос дуруст мегуяд. Вагарна, чаро чаноби Рахмон то ба охир дар мавкеъи худ, ки дар ин як мохи ахир дар киболи Маскав гирифта буд, собит намонд? Ин магар дастнигарии рахбари точикро нишон намедихад?

    Ва холо коршиносони точик мегуянд, ки бояд муносибати минбаъдаи Точикуистону Русия хуб бошад, ба ин далел ки худудан як милюн точик дар ин кившар мухочири мекунад. Магар ин тобеъият ва ё вобастагии моро нишон намедихад?

    Куххо ба чи кор меоянд, дар холе ки ганчи нухуфтаи онхо ошкор ва коркард нашавад ва ба дарди мардуми ташнаву гуруснаи точик дармон нашавад? Барои хамин, то замоне ки дасти Русия дар минтака дароз аст, Точикистон аз канораш берун нахохад рафт. Ин хакикати хол аст. Барои хамин гам нахуред ва мунтазир бошед, ки мо боз барои Русия курбонихои бештаре дихем. Дигар хич, вассалом.

    Comment by Як гурух донишчуёни точик | 02.03.2009 | Reply

  3. Салом Акои Салим!
    Чанд нукотро мехостам ин чо матрах кунам…
    Rusia мисоли хар кишвари дигаре нерухо ва гуруххои гуногун дорад ва Точикистон метавонад дар Русия хам дустони вокеии худро пайдо кунад – онхоеро ки барои демукроси ва озодии хам Русия ва дигар мамолики Шурави талош доранд. Бояд ба ин нерухои рушанфикр алока баст, дар озод шудан аз бори сангини истеъмори кухан ва навин ба онхо такя кард. Чун шираи торихи 70 сола хануз хам дар рагхои хунгарди халкхоямон чорист, ин дарахти вожгуншуда хануз хам ба решахояш пайванд аст ва наметавон хамаи чавонакхои онро ки хамоно ранг мегиранд ба як бору ду бор решакан кард… зиеда бар он наздикии мо тавассути забони руси бо фарханги бузург ва илми тавонои Русия, ки на танхо бо Достоевский ва Булгаков, Толстой ва Пастернак, Чехов ва Станиславский, Ломоносов ва Вернадский, балки бо хазор хазорони дигар машхур аст, имконоти рушди фарханги моро ба чанд меафзояд …
    Амрико иштибохи бузурге кард, ки дар вакташ кумаки худро барои демукротикунонии мамолики Шурави аз Русия шуруъ накард… Фикр кард, ки дар ихотаи демукросихои кучак Русия худ ба худ демукроси мешавад … Ва вакте имруз хукумати КГБ-ии Русия неруи кофи гирифт, у бозихои поринаи мустамликавии Шуравиро пеша кардааст, чун КГБ як ташкилоти бузург, вале шахшуда аст, ва он хам наметавонад аз бори гарони торихи худ ори бошад… Агар имруз Русия демукроси мебуд, дусти бехтарини мо буда метавонист… Рахбари чунбиши мухочирини точик дар Русия К. Шарипов дар мусохибаи тозааш иброз доштааст, ки ин зимистон тахмин 800 000 мухочири чавони точик ба Ватан баргаштаанд … Умед ба онхост, ки шояд тавонанд неруи худро барои бозсозии ватанамон сарф кунанд…

    Сарбаланд бошем!

    Comment by muborak | 02.03.2009 | Reply

  4. Salom .
    Az in matlab istifoda kardem
    mamnun meshavem agar nazari khudro dar in robita arzoni dored.
    http://www.iransharghi.com/index.php
    http://www.iransharghi.com/index.php?newsid=1838

    Comment by Хучаста | 06.03.2009 | Reply

  5. Точикистон бозичаи дасти Россия буд ва мемонад.

    Comment by Таджик | 10.03.2009 | Reply

  6. Сарбаланд бошем бародарон, аз фишори рус харгиз натарсем! Русия точиконро аз назари барномаи “наша раша” кадрдони мекунад. Халки точик тули таърих бар бисёр фишори бегонахо тоб оварда сарбаланд шудааст, аз фишори 100 солаи рус хам сарбаланд хохем баромад.

    Comment by Firdavs | 13.03.2009 | Reply

  7. Bale, mutaasifona Tojikistoni aziz to hol dastnigari Russiya ast.Sabab chi? Vaz’i vaznini iktisodi.Vaz’ro chi tavr behtar kardan mumkin.Agar manfiati shahsii rohbaroni mo duvvumy manfiati kulli Tojikistonien baroi onho avvalin gardad.Vale, badbahtona baroi aglabi onho baroi puly moli dune tayerand mardumi heshro bugi kunand.Kismi ziedi javonone, ki savody imkoniyat dorand Tojikistonro tark gufta istodaand.Shoyad in ba hukumati mo behtar boshad, rohbari bar boloi mardumi “ommi” osontar ast, nisbati mardume ki bosavod hasty hukukhoi heshro medonad?

    Comment by Mehmon | 15.03.2009 | Reply

  8. салом бародари гироми, салим!
    рости номаатро хонда хеле хам шод шудам,зинда ва обод бошию худованд мухофизат бошад.
    ва аммо окои рахмон, руссия ва точикистон…
    суоле, ки чаро маскав наметарсад аз он ки душанбе аз зери назораташ берун мешавад ба гумонам ин аст, ки маскав медонад ки хар лахзае дар миени точикон боз рахмонеро мешавад пайдо намуд, ки миллатро ба ду тин пул мефурушад. агар эмомали маъкул нашуд, сайдали, махмадали ва али алихои зиеде хастанд ки офицерхои дивизияи 201 метавонанд онхоро раисчумхур созанд,то боз чанд соли дигар кишварро ба боди фано расонад. ин аст тарси рахмон ва нотарсии маскав. саломат монед бародарони гироми!!!!!!

    Comment by гамхор | 19.03.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: