Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Лабханди ҳамешсабзи фарзанди навбаҳор

olimpur-2Одамоне ҳастанд, ки ба хотири мо ҳамеша дар ҳоли лабханд задан падид меоянд. Бо лабханд дар ёди мо нақш бастаанд. Оё лаҳзаҳое буда, ки Олимпур хашмгин шуда бошад? Ё малулу афсурда?

Ҳаргиз. Ман боре ҳам ӯро дар чунин ҳол надидаам. Вай аз зумраи касоне буд, ки умед ба накӯӣ ҳаргиз таркашон намекард. Дар бадтарин лаҳзаҳо байтҳои Саъдӣ ва Ҳофизро ба ёд меовард. Дар бораи он ки мушкиле нест, осон нашавад ва даври гардон доиман яксон намонад.

Касе буд, ки аз камтарин хубӣ ба осмонҳо парвоз мекард ва бо дидани камтарин зебоӣ ба важд меомад, одати кӯдаконаи тааҷҷубу таҳайюрро набохта буд. Талош мекард, бештар дар миёни дӯстонаш ё дар байни одамони зебо бошад ва аз кинатузону бадчеҳрагон канора меҷуст.

Муҳиддини Олимпур то қарни “Фотошоп” назист, аммо аксҳояш на он вақт, на имрӯз ва на фардо ба тағйиру такмили электронӣ ниёз надоштаанду нахоҳанд дошт. Фарзанди навбаҳор, шаби 2-вуми марти соли 1946 ба дунё омада, тамоми умр, то дами қатлаш — шаби 12-уми декабри соли 1995, ошиқи ҷовидонаи баҳор ва зебоӣ буд.

Зебоии одамон, шаҳру деҳ ва кӯҳу дамани кишвар аз чашми зебошиноси ӯ пинҳон намемонд. Гоҳо дар интизори дамидани субҳ шабҳоро дар кӯҳу дашт саҳар мекард ва ё соатҳо лаҳзаи парвози кабке ё нигоҳи ғизолеро мепоид. Садҳо бор тугмаи дастгоҳашро пахш мекард, ҳазорон акс мегирифт ва аз онҳо якеро барои бинандаҳояш бармедошт.

Шоҳид будам, ки аз ин саҳнаи рақс ду навор акс гирифт, вале танҳо инро баргузид. Лаҳзаеро, ки дар нигоҳи бонуи арғуштӣ ишқ оташак зад.

raqs

Ин хушбахтӣ насибам буд, ки бо Муҳиддин солҳо дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳамкор будам ва коргоҳи нигорини ӯ беҳтарин маҳфили шеъру достон ва рақсу мусиқӣ буд. Нодиртарин китобҳои чопи Эрону Афғонистон ва Амрикоро аз коргоҳи ӯ мегирифтем, нахустин клипҳои Гугушу Дориюш ё Сатторро дар коргоҳи ӯ тамошо мекардем, дар камтарин ҳолат моро ҳамеша пиёлае чой ё қаҳва ин ҷо бароямон муҳайё буд.

Чӣ афроди бузурге меҳмони коргоҳи ӯ мешуданд! Чӣ афроди зебову нотакроре. Аз дуру наздик, аз дохилу хориҷ. Баъд хабари марги муфоҷояш ҳазорон нафарро дар Аврупову Амрико такон дод, садҳо мисраъ шеър барояш марсия шуд. Рӯзномаи “Кайҳон”-и чопи Лондон навишт, Олимпур ва Осимиро оҷирони Узбакистон куштанд, зеро инҳо афроде буданд, ки барои таҳкими фарҳанги Тоҷикистон ва густариши равобити тоҷикон бо форсизабонони ҷаҳон бузургтарин хидматро мекарданд.

Овозхони машҳур Гугуш, ки дар зиндагӣ сахтиҳои зиёде дидааст, гуфт, рӯзи марги Олимпур бадтарин рӯзи зиндагияш будааст. Саттор ҳар сол дар иди Наврӯз аз Олимпур зикри хайр мекунад ва ба ёд меорад, ки бо талошҳои Муҳиддин аввалин овозхони эронӣ шуд, ки дарҳои Тоҷикистонро боз кард. Боқири Муин ёдномаеро ба форсию инглисӣ зери унвони “Бинишвари тоҷик” ба нашр расонд.

Моҳи октябри соли 2008 Додгоҳи Олии Тоҷикистон панҷ наврасро дар куштори Олимпур айбдор донист ва бархе аз онҳоро то ба 15 соли ҳабс маҳкум кард. Мегӯянд, қотилон ба амали худ иқрор кардаанд, аммо фармоишгар ё фармоишгарони ин қатл ифшо нашуданд. Ин панҷ нафар аз гурӯҳи Нозим дар ноҳияи Ваҳдат ва мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик будаанд. Маълум нашуд, барои онҳо чӣ зарур буд, шахсеро, ки аз сиёсат фарсахҳо канора меҷуст, ваҳшиёна ба қатл расонанд.

Бо вуҷуди ҳукми додгоҳ парванда ҳамоно нобоварбахш боқӣ мемонад. Ҷиноятпажӯҳон ва корогоҳон куштори Олимпур ва хабарнигори шабакаи русии ОРТ, Виктор Никулинро ба ҳам васл карданд ва онҳоро рӯйдодҳои ҳамсон номиданд, вале дар ҳоле ки Никулин бо гузоришҳои якҷонибаву шадидуллаҳнаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон метавонист, касе аз тарафдорони оппозисюни тоҷик ё қочоқбарони маводи мухаддирро ба хашм оварад, Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва куллан низ ӯ мавзӯъҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард.

Аз сӯи дигар ривояти инки чунин шахси боэҳтиёт чи гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун раваду ба мошини онҳо савор гардад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад.

Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, мегӯяд, дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар таҳқиқи ҷиноӣ ба ин ҷузъиёт диққат дода нашуд.

Муҳиддин Олимпур аз пешоҳангони журнализми тоҷик буд ва дар давраи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар аз соли 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистон зиёда аз 70 журналист кушта шудаанд.

Шаби 12 декабри соли 1995 шояд он лаҳзае буд, ки Муҳиддини Олимпур ҳам ба хашм омад ва ҳам афсурдаву андӯҳгин шуд. Вай дар он лаҳзаҳо бепаноҳии комили инсони бузургро дар баробари мили силоҳи ҷоҳилон ҳис кард. Ғам хӯрд, ки дигар чеҳраи зебои фарзандонашро нахоҳад дид ва дурахши нигоҳаш дар оинаи дурбини аккосияш хомӯш гашт. Дигар зебоиҳои мардумашу мулкашро рӯи навор нахоҳад овард.

Дастони хунолуди шайтонӣ симои ӯро бо он лабханди зебояш аз манзараи умумие буриданду берун кашиданд, ки дар он фақат ҷасадҳо буданду ашку ғаму хуни баноҳақ. Акси ӯ ба ин манзара намегуфт. Акси ӯ ҷойи бениҳоят зиёдеро мегирифт…

olimpur

02.03.2009 - Posted by | Душанбе, Озодии сухан, Тоҷикистон | , ,

8 Comments »

  1. Ташаккур Акои Салим барои ин едномаи дилхарош, вале зебо… Ба назарам хунари волои Олимпур ва он махбубияте ки у дар чашми мардуми точик дошт, чанде аз олимакомонро дилгир карда буд…

    Ба назарам хануз ки вакт бокист, бояд мо, зиндамондахо бикушем, то хамаи рушанфикроне, ки дар чанг кушта шудаанд якояк ба ед орем, то зиндагинома ва корномаи онхо аз хотираи мардум зудуда нашаванд …

    Бо камоли эхтиром, м

    Comment by muborak | 02.03.2009 | Reply

  2. Ташаккур аз Шумо, бонуи азиз.

    2 март зодрузи Муҳиддини Олимпур буд. Вай зиндагиро дуст медошт ва зистан мехост ва метавонист имруз низ ба мардуми худ хидмат кунад.

    Бисер мехостам, агар касе метавонист, намоишхои телевизионии уро, аз ҷумла силсилаи “Ситораҳои мусиқии Шарқ”-ро ба Ютюб мегузошт.

    Оре, сарнавишти фарзандони нокоми миллатро бояд навишт, то дарсе барои имрузиён бошад.

    Comment by aioubzod | 03.03.2009 | Reply

  3. سلیم جان ایوب زاد عزیز
    چه کار خوبی کردید که به رونق بازار وبلاگهای تاجیکی افزودید. خوب است برای اینکه مرتب از نوشته های شما با خبر باشیم امکان فیدخوان یا همان آر اس اس را هم به وبلاگ اضافه کنید.

    دوستار شما
    مهدی

    Comment by مهدی جامی | 04.03.2009 | Reply

  4. Tashakur Oqoi Salimi Ayuobzod, baroi in nawishtahoi dilkharoshat! Lekin man bowarie nadoram ,ki marhum Muhidini Olimpur az dasti nafaroni Opozitsia ba qatl rasida boshad, agar chi hukumati hozirai Tojikiston yagon dalel ham doshta boshad, fikr mekunam ki, in dalelho sokhta wa bofta meboshand. Oqoi Muhidini Olimpurro hamai Tojikoni Tojikiston wa berun az on dust medoshtand. Az nawishtahoi ruznomai ” Kayhon”-i London bowarii komil doram ki, haqiqatro nawishtaand wa bowari doram ki, na tanho Olimpur wa Osimi balki bisyore az buzurgworoni mo az dasti in qotilon ba qatl rasidaand. Dar okhir man az shumo Oqoi Salimi Ayuobzod EHTIROMONA khohish mekunam ki, dar borai sarguzashti Otakhoni Latifi binawised! Agar in kori khayrro anjom medoded az shumo bisyor shod meshudem! KOMYOB BOSHED, KHUDO YORU MADADGORAT BOSHAD!!!!!!!!

    Comment by Patriot | 10.03.2009 | Reply

    • Cипосгузорам аз суханони неки Шумо.

      Солхост, хотирахои худро дар бораи устод Латифй менависам, аммо хар дафъа вакте онхоро дар баробари ин шахси нотакрор менихам, мебинам, ин кадар кучаку ночизанд, ки аз худ шармам меояд ва ин навиштахоро ба оташ месупорам.

      Отахон Латифй як шахсияте буд, ки навиштан дар бораи у осон нест. Аммо аз Худо мехохам, ба ман неру бидихад ва рузе битавонам, асаре баробар бо комати баланди у бисозам. Гуфтанихоям кам нестанд…

      Comment by aioubzod | 20.03.2009 | Reply

  5. Salom akoi aziz!! khelo shodam az boxabar budani chuni sahifae ki dar on tamomi on makolahoe hastand ki baroi shaxs yak digargunie mebaxshad.

    suxan bisyor guftan mumkin lekin bo tavri kutoh miatdorii xudro bayon kardam\
    Behruz Yodgor.

    Comment by Az Behruz | 18.05.2009 | Reply

    • Бехрузи нозанин, хуш омадй ба ин кошона, аз номаат хеле шод шудам. Орзу дорам, хамеша саре ба ин чо бизанй ва фикру андешахои худро низ бинависй.

      Пушаймонам, ки натавонистам дар Скотланд ба дидорат расам. Чанд руз пеш аз сафари ман ба Инглистон рафта будй.

      Саломхои гарми ман ба хама наздикон.

      Comment by aioubzod | 18.05.2009 | Reply

  6. Хурд будем ва дар дехай мо базми Саири гули лола шуд ва мо мактабчагонро( дар хотирам нест ки синфи чан мехондем мехондем) ба пешвози мехмонон аз душанбе бо кабзай гул бароварданд,шояд он руз ба ман омад кард ки кабзай гулро ман ба ин шахс додам ва дасти манро фишурд…Ва дар телвизиор хар гохе ки баронамаи Садои шаркро нишон медоданд ман якад якад мепаридаму мегуфтам ин чурай манаст ман уро мешиношам..Ва дар хакатан ин расми устодро мебнаму ёде ба кудаки меравам ва табасуме дар лаби ман хуваидо мешавад..Худо чояш чанат шавад..омин

    Comment by Абдурахим | 03.03.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: