Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Зиндагии бедевори Имомназари Холназар

imomnazar“Аз бемористон баъзан барои набераҳо мева мефиристодам. Дар хона Само аз момааш афлесун пурсид. Момааш гуфт, ки нест, тамом шуд. Само сӯи банда рӯ оварда, илтиҷоомез гуфт:
— Бобоҷон, Шумо равен, боз дар касалхона хоб кунен, ино афлесун бихаранд…”

ШУМХАБАРИ НАВРӮЗӢ

Яке аз шумо навиштааст, ки чанд рӯзи ахир бо дӯстонаш машғули таҷлил аз Наврӯз буд. Ва имсол (2007) аҷаб соле буд, ки Наврӯзаш хеле зебову дурахшон таҷлил шуд. Шояд барои он ки баҳор ваъдахилофӣ накард ва ба сарвақти худ омад ба кишваре ки мардумонаш аз сардию торикӣ машаққат мекашиданд. Рӯзи нав дару панҷараҳоро боз кард, то одамон ба берун, ба озодӣ бароянд ва нафаси тоза кашанд. Ин буд, сарманшаъи хурсандӣ.

Аммо тасаввур кунед, шумо дар ҷашнгоҳе дар авҷи рақсу хурсандиед ва бароятон хабари нохуш меоранд. Хабаре ки шуморо аз ҳаракат бозмедорад, дар ҳайрат мегузорад, такон медиҳад ва ғамгин мекунад. Мусиқӣ қатъ мешавад, садоҳо батадриҷ паст мешаванд ва ба умқи хок мераванд. Шодӣ бо ғам дармеомезад ва ҳарду аз самимият меафтанд.

Мисли хабари марги Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷашни истиқлоли миллии Тоҷикистон…

БОЗ ЯК ҚУРБОНИИ ҶАНГ

Дар авҷи шодию хурсандии иди Наврӯз, ин бор, хабар оварданд, ки яке аз нахустин демократҳои тоҷик, бунёдгузор ва сардабири ҳафтаномаи машҳури “Адолат”, танзнависи саршинос, шахси озода ва нек Имомназари Холназар 21-уми март, дар ҳоле ин ҷаҳонро падруд гуфт, ки Наврӯз меомад.

“Ту омадӣ, ман меравам.” Касе рафт, ки дар сахттарин лаҳзаҳояш ба ҳоли ин замона механдид ва мегуфтанд, марг ҷуръат нахоҳад кард, пой ба дари ӯ бигзорад.

Ровиёни аснод номи ӯро ба рӯйхати қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дохил нахоҳанд кард. Хоҳанд гуфт, на аз силоҳи оташфишон кушта шудааст ва на дар рӯзҳои ҷанг.

Вале ӯ монанди нависанда Бурҳон Ғанӣ, шоирон Сармад ва Амонбеки Шоҳзода, журналистон Ҳомиди Малик ва Аюбхони Неъмат аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки пас аз чандин соли ғарибӣ бо бемории сангин ба ватан баргашт ва дар синни 54-солагӣ даргузашт.

“Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ камондорон дар деҳае як гурӯҳ сокинонро саф ороста, пурсуҷӯ мекунанд. Сардори даста аз зане мепурсад, ки “Номат чист?”
Зан посух медиҳад:
— Шарофат.
Командир ба зердастонаш фармон медиҳад:
— Ин каса ҷавоб диҳед, ҳамноми модари ман будааст.
Ва аз марди ҳампаҳлуи зан мепурсад:
— Номи ту чист?
Мард мегӯяд:
— Номи ман аслан Рустам аст, лекин дар қишлоқ ҳама Шарофатум меган…”
(Аз китоби танзи Имомназари Холназар)

“ШАЛВОРИ НАПОЛЕОН”

Дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта Имомназари Холназар шореҳи варзиш буд, шореҳи дӯстдоштаи ҷавонон, зеро дар бораи футбол касе мисли ӯ навишта наметавонист. Бархе аз бозигарони дастаи миллии “Помир” баъд аз бозӣ шарҳи ӯро меҷустанд, то бозии худро дар ин оина бубинанд.

Ҳамзамон танзҳои кӯтоҳи Имомназар дар матбуот пайдо мешуд, ки дар ибтидо ғолибан ба варзиш ва футбол пайванд доштанд. Монанди достони “Шалвори Наполеон” дар бораи он ки довари бозӣ розӣ мешавад, бозиро ба нафъи дастаи мизбон ҳал кунад, агар аз осорхонаи миллӣ барояш шалвори Наполеонро ришва диҳанд.

Рағбати Имомназар ба ҷанбаъҳои фаннии матбуот сабаб гашт, ки ба зудӣ ӯро котиби масъул таъин кунанд, яъне шахсе ки тарроҳӣ ва нашри рӯзнома амалан дар дӯши ӯ буд.

Аммо ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 сабаб шуданд, ки ҳалқаҳои густардатари хонандагон номи ду журналистро вирди забон кунанд. Яке — Имомназари Холназар ва дигаре Шамсиддини Насриддин.

БАҲМАНМОҲИ ХУНИН

Хабаре ки Имомназари Холназар ва Шамсиддини Насриддин
навиштанд ва дар рӯзномаи асосии кишвар “Тоҷикистони советӣ” нашр шуд, Тоҷикистонро такон дод. Ин хабари истеъфои ҳукумат буд, ки ягон журналисти дигар ба он даст наёфта буд.

Ҳодисаро ҳамроҳ бо Шамсиддини Насриддин ёд мекунем: “Вақте воқеъаҳои февралӣ шурӯъ шуд, ба фикрам, ёздаҳ ё дувоздаҳуми феврал буд. Ман бо Имомназар соати панҷи бегоҳ хона мерафтем. Дар кӯчаи Ленин аллакай дар ҳама ҷо постҳо гузошта буданд. Дар байни мардум гап-гап буд, ки ҳукумат ба истеъфо меравад. Мо аз чанд кордон гузашта гуфтем, ки рафта ҳаминро аниқ кунем. Гуфтанд, ки ҳукумат ва ҷониби мухолифин бо ҳам гуфтушунид доранд, дар масъалаи истеъфои ҳукумат.

Вақте ки мо расидем, аллакай баромаданд ва гуфтанд, ки ҳукумат истеъфо дод. Мо ҳамчун хабарнигор гуфтем, ки ҳамин хабари “обнорасида”-ро ба газета расонем. Омадем ва ба муҳаррир гуфтем, ки ҳамин гуна гапу кор. Гуфт, ҳатман хабар нависед, чоп мекунем. Аз кумитаи марказӣ фаҳмиданд, ки ҳамин хел хабар чоп мешавад, дастур доданд, ки чоп накунед. Локин муҳаррири мо чоп кард. Пагоҳаш хабари ману Имомназар баромад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба истеъфо рафт.

Пас аз он ки ҳукумат аз суханаш даст кашида, ба истеъфо нарафту аз сари нав дар қудрат монд, ҷаласаи кумитаи марказӣ шуд ва дар он ҷо мардуме ки мухолифи ҳукумат баромада буданд, ҳар гуна ҷазо гирифтанд. Аз ҷумла дар он ҷо муҳаррири “Тоҷикистони советӣ” ҳам ба ҳар ҳол аз вазифа нарафт, ба он хотир ки дар нисбати маводе ки мо чоп карда будем, гуфт, ки гӯё бо фишори мо ин хабарро чоп карда бошад. Ва ба хотири боз ҳам худро “сафедтар” кардан ман ва Имомназари Холназарро аз кор ронд. Ин буд асли воқеъа.”

Аз Шамсиддин пурсидaм, оё ҳардуи Шумо он вақт ба ин андешидед, ки сабаби истеъфои шумоён чӣ буд? Гуфт: “Дар ин борa чандин бор ману Имомназар гуфтугӯ кардем, ки сабаб чӣ буд, нафаҳмидем. Мо пеш аз ҳама вазифаи журналистии худро ба ҷо овардем, ки ҳамон чизе ки дар ҳамон лаҳзаҳо ба вуқӯъ пайваст, ҳамон ҳодисаро мо ҳамчун хабар ба сардори идора овардем.

Дигараш салоҳияти мо набуд, ки чоп мешавад ё намешвад, инаш ба салоҳдиди сармуҳаррир бастагӣ дошт. Сармуҳаррир чоп кард. Баъдаш то чи андоза фишор буд ё набуд, инашро ман ба виждони худи вай ҳавола мекунам, локин мо, ман имрӯз ҳам мӯътақидам, ки ман мувофиқи тақозои вазифа кор кардам. На аз ягон хотири дигар. Аъзои ягон ҳизб нестам. Набудам ва ҳозир ҳам нестам. Вале аз рӯи тақозои вазифа ҳамин корро кардем. Имомназар ҳам дар ҳамин андеша буд.”

Ҳамин гуна барои иҷрои вазифаи худ, хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” Шамсиддини Насриддин ва котиби масъули ин рӯзнома Имомназари Холназар аз кор ронда шуданд. Вале эҳтироме ки онҳо пас аз ин воқеъа дар байни ҳамкасбон ва мардум дарёфтанд, лаҳзаи шӯҳрати онҳо шуд.

АДЛИ “АДОЛАТ”

Дар тобистони соли 1990 Имомназари Холназар, пас аз тарки “Тоҷикистони советӣ” ва чанд моҳи бекорӣ гурӯҳе аз журналистони қавиро ҷамъ овард ва дар пайи таъсиси як нашрияи озодандешон шуд. Додоҷони Атовулло, Зулфиқори Исмоилиён, Сабзалии Мурод, Сайидқосими Қиёмпур, Абдурофеъи Рабеъ ва дигарон ин даъвати ӯро пазируфтанд.

Дар моҳи сентябри соли 1990 Имомназар аввалин шумораи ҳафтаномаи “Адолат”-ро дар ҳоле ба нашр расонд, ки мақомоти давлат ҳанӯз мегуфтанд, аризаи сабтиноми ин нашрияро баррасӣ доранд. Раиси кумисюни Шӯрои Олии Тоҷикистон Даврон Ашӯров талош кард, ба сабтиноми “Адолат” мусоидат намояд, вале раҳбарони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мухолифат карданд.

Нашрия дар Маскав, дар Кумитаи матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ сабтином шуд ва бо ҳамкории Искандари Хатлонӣ дар Вилнюс, пойтахти Литвониё чоп шуда, пинҳонӣ ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Баъдан он дар Самарқанду Бишкек чоп шуд ва ниҳоят дар худи Душанбе имкони нашри он ба даст омад. “Адолат” тадриҷан ба яке аз пурфурӯштарин нашрияҳои кишвар табдил ёфт. То 25 000 адад ба чоп мерасид, асосан худкифо ва худгардон буд.

Ҳамчун сардабири “Адолат” Имомназар ноиби раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузида шуд. Матолибе дар бораи фасоду ришвати ҳукуматдорон ва ё ифшои дурӯғҳои сиёсатмадорон сабаб мегашт, ки ба Имомназар телефонӣ таҳдиди қатл кунанд. Вай ба ин таҳдидҳо бо хандаи баланд ва шумораи наву ҷолибтар посух медод.

Идораи “Адолат”, ки дар манзили зисти Имомназар воқеъ буд, ҷавононро ба худ мекашид. Яке аз онҳо Шафқати Раҷабиён (Дорюш) имрӯз журналисти саршинос, корманди радиои “Замона” аст. Вай мегӯяд: “Даврае буд, ки ман аз донишгоҳ тард шуда будам ва талош мекардам, ба донишгоҳ баргардам. Яке аз дӯстонам машварат дод, ки биравам пеши оқои Холназар. Рафтам ба дафтари эшон, ки хеле ба хонаи мо наздик буд, дар маҳаллаи 102, ки дарвоқеъ манзили худаш буд ва он ҷо ҳам кор мекард ва гуфтам, ки мушкили ман инҷост ва ман мехоҳам ба рӯзноманигорӣ баргардам. Эшон гуфт, агар мехоҳӣ, ман метавонам, биравам ва бо масъулони донишгоҳ сӯҳбат бикунам ва туро барқарор бикунам, ба истилоҳ. Вале оё ту мехоҳӣ, рӯзноманигори воқеӣ бишавӣ ё қолабӣ.

Ман гуфтам, мусалламан мехоҳам, рӯзноманигори ростин бишавам. Ба ман гуфтанд, дар он сурат ту метавонӣ, ҳамин ҷо бимонӣ ва бо мо кор бикунӣ, журналистиро дар ҳамин ҷо ёд бигирӣ. Билофосила ман ҳам хеле хушҳол шудам, пазируфтам ва як мақолае навиштам, ки дар ҳамон ҳафта мунташир шуд ва ҳафтаи баъдӣ исми ман вориди ҳайъати таҳририяи рӯзномаи “Адолат” шуд. Ва ҳамин тур кори компютерро ба ман ҳавола кард.

Дарвоқеъ кор бо ройонаро ба ман Имомназари Холназар ёд дод ва сафҳабандии рӯзномаҳоро низ ва ҳамеша ки мақола менавиштам, назарашро медод, бо ҳам сӯҳбат мекардем ва лаҳазоте буд, ки ман бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дидгоҳҳомон, дидгоҳҳои сиёсимон бо падари шодравони худам хеле тафовут дошт, аз хона фирор мекардам ва дар мавориде ҳатто барои як моҳ дар ҳамон хона, хонаи Имомназари Холназар мемондам, ҳамон ҷо ҳам зиндагӣ ва ҳам кор мекардам. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки ман қаблан се писар доштам ва ҳоло чаҳор писар дорам ва ҳамеша маро ҷузве аз хонаводаи худаш медонист ва то охирин дам ҳам он тавре ки хонумаш Зебуннисо бароям гуфт, мегуфт, ман се бача дораму як шербача ва шербачаи ман Шафқат аст ё Дорюш…

Аммо ин хабари нохушро дар чи ҳоле гирифтед? Гутф: “Дарёфти ин хабар воқеъан ҳам хеле ногаҳонӣ буд, барои он ки ду рӯз қабл аз он, рӯзи 19-уми март ман ба аёдати устод рафта будам ва сӯҳбати эшон хеле ҷолиб буд, ҳарчанд пайкари хеле такидатар аз гузашта ва рухсори лоғартар аз ду соли пеш доштанд, ман ду сол пеш дида будам эшонро, вале дар ҳар сурат хеле хуб сӯҳбат мекарданд ва ҳатто дар поёни сӯҳбат баланд шуданд, моро то дами дар гусел карданд ва ман хушҳол шудаму гуфтам, устод Шумо бидуни асо роҳ мегардед, дар ҳоле ки ду сол пеш ин тавр набуд, ба асо ниёз доштед. Хандиданду гуфтанд, пойҳоям варамидааст ва нирӯманд шудааст.

Баъдаш дар ҳоли таҷлил аз ҷашни Наврӯз будам, шаби 21-и март, як дӯстам занг зад ва хабар дод, ки ин иттифоқ афтода. Дер вақти шаб буд ва билофосила дар нишасте ки ман будам, эълон кардам, ки ҳамин тавр шуда ва ҳамагон, афроде ки он ҷо нишаста буданд, сӯҳбат аз Имомназар мекарданд ва ман ҳам беихтиёр бо ҳолате ки мешавад, тасаввурашро кард, доштам таъриф мекардам аз гузаштае ки доштем, барои ин ки Имомназари Холназар барои ман фақат устод набуд, балки меҳри падарворе дошт ва дар тӯли зиндагиям инро ҳамеша эҳсос мекардам, аз ҳабдаҳсолагӣ то ҳоло ва даргузашти Имомназар барои ман воқеъан ҳам маҳрумияти дубора аз падар буд.”

Солҳои охири зиндагии шодравон чи солҳое буданд, аз нигоҳи Шумо? Дориюш: “Солҳои ноумедӣ ва ба эҳтимоли хеле зиёд солҳои машаққату беморӣ, давраи замингир будан. Вале як чизе ки воқеъан ҳам мутафовит мекард ва мутамоийз Имомназари Холназарро аз соири афроди бемор ин буд, ки ҳамеша механдиданд, ба ноумедияшон механдиданд, ба марги эҳтимолӣ ва зудрасашон механдиданд ва ҳеч мавриде набуд, ки аз он як базлае, як зарофате, як шӯхие дарнаёранд.

Дар охирин сӯҳбат ҳам, ки бо ҳам сӯҳбат мекардем, мегуфтанд, масалан, Маҳмадраҷаб аз дӯстонам, ки хона омада буд, хонумам ба шӯхӣ аз ӯ пурсид, ки “Боз ҳам дасти холӣ омадӣ?” Маҳмадраҷаб мегӯяд, ки ин шавҳари ту, эҳтимолан то охири умраш бистарӣ хоҳад монд, қабл аз он ки вай аз беморӣ бимирад, ман аз боркашӣ хоҳам мурд. Яъне тамоми чизҳоро ба чашми шӯхӣ медид ва саъй мекард, ки ба ҳама чиз бихандад.

Вале дар ҳар сурат эҳсос мешуд, ки хандаҳои Имомназар дигар он танини собиқро надорад ва лабҳош ба мавқеъи табассум ба фарохнои табассумҳои қаблиш боз намешавад. Вале бо вуҷуди ин Имомназар ҳамон Имомназаре буд, ки саъй кард, ҳамеша зиндадил бимонад, бо бемории пайкараш пайкор бикунад ва равонашро зинда нигаҳ дорад. То охирин нафасаш талош кард, ки поймардона ақоиди сиёсию иҷтимоиву фарҳангии худашро ҳифз бикунад ва ҳамон Имомназаре буд, ки ман аз ибтидо мешинохтам.”

ЗИНДАГИИ БЕДЕВОР

Баъзе аз мардум дӯст доранд, дар паси деворҳои баланд умр ба сар баранд. Манзили Имомназар деворе надошт, онгуна ки дили ӯ. Ҳавлие ки тобистони гузашта дар он ӯро мулоқот кардем, мисли кафи дастест, кафи бозе, ки бе пеш ҳамоил аст ва аз он сӯи рӯдхона ҳамаи зиндагии ӯро дида мешуд. Вале на танҳо солҳои охири умраш, балки тамоми зиндагияш ингуна буд ва барои садҳо нафар омӯзандаву ибратбахш.

Журналисти тоҷик Қироншоҳи Шарифзода: “Муносибаташ, рафтораш, гуфтораш чунон беғашу самимона буд, ки мо, донишҷӯёни коромӯз, ҳарчанд дар шӯъбаҳои дигар будем, кӯшиш мекардем, аз сӯҳбатҳои ӯ бебаҳра намонем. Як сабақи якумрии мо ин буд, ки журналист бояд барои ҳар суханаш масъул ва ҷавобгар бошад. Имомназар, пеш аз чоп ҳар нуктаро чандин бор месанҷид.

Хосияти дигари ӯ меҳрубонияш буд. Вай ба ҳама меҳрубон буд, фарқе миёни инсонҳо намегузошт. Ҳоло маҳфилсозию гурӯҳбозиҳои имрӯзаи рӯзноманигоронро ҳатто дар дохили як идора, як нашрия ҳам бо он солҳои ҳаштод, бо он солҳое ки мо дар назди Имомназар ва дигар ҳамкорони ӯ кор омӯхтем, қиёс кардан хеле мушкил аст.

Ман фикр мекунам, он муҳите ки рӯзноманигорони солҳои ҳаштод ва ибтидои навад доштанд, барои мо мактаби тарбияи ватандорӣ буд. Яъне гуфтан мехоҳам, Имомназар дар баробари онки як ҷавони шӯхтабиат, латифгуфтор ва чарбзабон буд, дар мавриди аз кадом маҳал ё минтақа будани ҳамкорон ё корафтодагон умуман ба ин чизҳо эътибор намедод.

Ба Имомназар ва ёрони ӯ тоҷик будан ё тоҷикистонӣ будан муҳимтар буд то он ки кас аз кадом минтақа ё ноҳияи Тоҷикистон бошад. Ҳатто аввали солҳои навад, ки рӯйдодҳои тезутунди сиёсӣ кишварро фаро гирифта буд, Имомназар нисбат ба баъзе ҳамкорон ё ҳамсафони худ пешгомтару болотар буд. Яъне ӯ ба воқеъаҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ аз равзанаи маҳал наменигарист. Барои ӯ инсон, ҳунари инсон ва диди инсон бештар аҳамият дошт то оне ки ӯ зода ё парвардаи куҷост.”

Қироншоҳи Шарифзода, аз он журналистони тоҷик аст, ки аввалин коромӯзиҳои худро дар назди Имомназари Холназар гузарондааст. Нависандаи тоҷик Нур Табаров сарвари коргоҳе буд, ки Имомназар муддати тӯлонӣ он ҷо кор кард, вале равобити ин ду тан бештар аз муносибатҳои ду корманд буд. Муносибати ду дӯст ва ҳамқалам.

Акаи Нурмуҳаммад мегӯяд: “Шодравон Имомназари Холназар як инсони бисёр аҷиб буд воқеъан. Вай дар умри на он қадар тӯлонии худ аз қӯраи бисёр ҳам сӯзони рӯзгор гузашт. Ва имрӯз ки ҳоло паҳлуи акси ӯ китобчааш мондааст, “Аз хандая мемурӣ…” Ҳарчанд имрӯз рӯзи сӯгворист, одамон варақ мезананд ва табассуме ногаҳон дар лабонашон пайдо мешавад аз лутфи ӯ ва аз меҳри ӯ. Дар рӯзи Наврӯз рафтани ин хел як ҷавонмарде ки ҳоло бояд мезист, аламовар аст. Хеле аламовар аст. Гуле сӯхт дар рӯзи Наврӯз…”

Имомназари Холназар ва Мирзонабии Холиқзод

Имомназари Холназар ва Мирзонабии Холиқзод

Танзи Имомназари Холназар оё ҷавшани рӯҳи ӯ дар “ҷомеаи деворҳо” буд ва ё силоҳи ӯ дар набардҳои беҳбуди ин ҷомеа? Бархе аз латифаҳои ӯ, ки қаҳрамонони воқеъӣ доранд, танзҳои Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ҳаҷви одатҳову вазъи замона осори Убайди Зоконӣ ва Абдураҳмони Мушфиқиро ба хотир меоранд…

ЁДИ ВАТАН

Пас аз ишғоли Душанбе аз тарафи Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон Имомназари Холназар дар зимистони соли 1992 ватанро тарк кард. Ӯро дӯстонаш пинҳонӣ ба фурудгоҳи Душанбе, ки он рӯзҳо дар муҳосира буд, расонданд ва дар як бахши махфии ҳавопаймое пинҳон карданд, то ба Маскав расид.

Муддате дар ин ҷо ба сар бурд ва сипас ба Теҳрон муҳоҷир шуд. Ним сол дар Теҳрон зист ва сипас дубора ба Маскав баргашта, аз он ҷо ба Алмаато кӯчид. Саргардон буд. Намегунҷид. Алмаато дар ёди бисёре аз фирориёни ҷанг ба ҳайси шаҳре боқӣ хоҳад монд, ки Имомназар он ҷо зистааст. Мегӯянд, гоҳе шудааст, дар хонаи ӯ то 30 нафар шабро рӯз кардаанд. Дар олам намегунҷид, аммо ҳамаи олам ва ҳамаи инсонҳо метавонистанд, дар дили ӯ бигунҷанд.

Аз тарки Эрон шод буд, зеро мегуфт, намояндагони Вазорати умури хориҷии Эрон ӯро безор карда буданд, чун ҳар рӯз мепурсиданд, кай ба ватанаш бармегардад. Барои ҳар яке аз маҳфилҳои гурезаҳои сиёсии тоҷик Имомназар сарвати бебаҳо буд. Ба ду сабаб. Яке барои он ки дар сахттарин лаҳза ҳам хандаву шӯхӣ ӯро тарк намекард ва дигар барои он ки ғами ҳамагонро мехӯрд. Фалонӣ ташна мондааст, беҳмадонӣ гушна, раиси ҳизб аз ӯҳдаи танзими рӯзгор дар ғурбат намебарояд, ман бояд ба ӯ кӯмак кунам ва ғайра.

Дар сари тобути Имомназари Холназар, масъули демократҳои тоҷик Раҳматулло Валиев чунин гуфт: ” Бародари азиз Имомназари Холназар дар ҳақиқат некном зистанд. Ман фикр мекунам, ки бисёр нафарон дар зиндагӣ қадр намебинанд ва таърих гувоҳ аст ва таърих баҳо медиҳад, ки бародари азизи мо, Имомназар, яке аз бунёдгузорони истиқлолияти имрӯзаи Тоҷикистон буданд, яке аз муассисон, ташкилкунандагони Ҳизби демократи Тоҷикистон буданд. Бунёдгузори рӯзномаи “Адолат” буданд.

Имомназар чунин шахсе буд, ки барвақт аз маҳал ҷудо шуда буд ва як фарди тоҷик буд, ки ин намуна барои ҳар яки имрӯзаи мост. Ва то охир бо мо буд, дар як фикр буд, дар фикри ободии ватан буд. Гоҳо мегирист. Талх мегирист. Касе ки агар як ба як бо Имомназар нишаста бошад, медонад. Ва яке аз сабабҳои касалии ӯ ҳам ҳамин буд, ки ӯ фақат мегирист, ки барои чӣ ватани ман дар баробари дигар ватанҳо ободу зебо нест. ”

ХАНДАИ ҶОНБАХШ

Китобҳои танзи Имомназари Холназар ва рӯйдодҳои хандаоваре, ки ба ӯву дӯстонаш иттифоқ меафтоданд ва сипас аз маҳфил ба маҳфил қисса мешуданд, шояд ақидаеро ангехта бошад, ки ӯ ба ҳама чиз аз даричаи ҳаҷв менигарист. Вале ин ақида ҳам ҷой дорад, ки ҳаҷву танз аз як сӯ ҷавшани ӯ буданд дар як ҷомеаи золим ва аз сӯи дигар силоҳи ӯ бар зидди беадолатиҳо.

Худаш мегуфт дар бораи ҳаҷв: “Ҳаҷв худаш танқид мешавад. Ҳаҷве, ки танқидӣ нашуд, вай мадҳия мешавад. Ба худатон маълум ки то ин дам имкони чопи чунин китобҳо дар Тоҷикистон фароҳам набуд. Аз сари мардуми мо ва аз сари худи ман воқеъаҳои зиёде гузаштанд. Ва ин понздаҳ солро аз бурд дида бохташ зиёдтар буд, шикасту рехташ зиёдтар буд.”

Дар бораи дӯст: ” Дӯст кист? Посух ба ин суол ба андозаи посух ба пурсиши “ишқ чист?” душвор аст. Дар ин бора як мақоли халқӣ ҳаст: “Дӯст хуб аст ё бародар?” Посухи он ин аст: “Бародаре, ки дӯст бошад”. Ҳоло ки банда каноранишин ҳастам ва камтар одамонро мебинам, аз дӯстон танҳо чанд тан мондаанд, ки ба суроғи кас меоянд. Мегӯянд, ки “дӯстро дар рӯзи бад мешиносӣ ё дар сафар”. Дар рӯзи нек ҳама дӯст мешаванд. Барои ҳамин, ба ин пурсиш намешавад як посухи мушаххас дод”.

Дар бораи демократия: “Агар хато накунам, Черчилл гуфта буд, ки демократия камбудиҳои зиёде дорад, лекин башарият сохторе беҳтар аз он наофаридааст. Барои ҳамин, ҳама дар мавориди мухталиф аз ин тавсифи мафҳуми “демократия” истифода мекунанд. Замоне ки Шӯравӣ Афғонистонро ғасб кард ва тайи даҳ соли ҷанг худи Шӯравӣ ҳамин ҷумҳуриро “демократӣ” номид: Ҷумҳурии Демократии Афғонистон. Дар Тоҷикистон ҳам чунин шуд. Ба назари ман, давлату давлатдориро на худи соҳибдавлатон, балки ниҳодҳое чун Созмони Милали Муттаҳид бояд номгузорӣ кунанд, ки оё ин давлат демократӣ ҳаст ё на.”

Дар бораи мардум: “Дар Тоҷикистон мардум ҳам демократияро чандон қабул надорад. Чунки онро дар ин ҷо дар оғоз хеле сиёҳ карданд. Ҳатто агар касе худашро “демократ” муъаррифӣ мекард, одамҳо аз ӯ ҳазар мекарданд. Баъдан ин мафҳум то андозае тағйир ёфт. Ба назари ман, “демократ”, яъне хушахлоқ, одами маданӣ ва таълимдида аст. Ҳарчанд ин сифатҳо аз мафҳуми аслии вожаи “демократ” дур аст, вале ҳамин сифотро “демократ” касб кардааст.”

Суханони Имомназари Холназар буданд аз бойгонии барномаҳои “Ҳамнафас” ва “Фарҳангу андеша”-и радиои Озодӣ. Шукр мегузорем, ки ҳамнафаси ошкорсухани мо буд ва дареғ мегӯем, ки хеле кам.

БЕМОРӢ

Дар як барномаи гузашта, ҳамнафасони мо бо намунаҳои рӯшан исбот карданд, ки захми сухан кушандатар аз захми табар аст. Ва як намуна ин буд, ки вақте паҳлавони тоҷик, ҳунарпешаи синамо Мӯсо Исо дар оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон, вақте тазоҳуроти сиёсӣ ба хунрезӣ табдил ёфт, ба зодгоҳаш сафар кард, касоне дар кӯча ӯро таъна заданд, ки фирор кардааст, то ҷуссаи азими худро пинҳон кунад.

Вай ба рағми ин таънаҳо ба Душанбе баргашт ва монанди Аслиддини Соҳибназар дар кӯчаҳо зоҳир мешуд, то мардум ӯро бубинанд. Ба зудӣ аз тарафи шибҳинизомиёни Ҷабҳаи халқӣ боздошт шуда, ноҷавонмардона ба қатл расид.

Аммо тири аввалро ба ҷисми рустамонаи ӯ на қотилон, балки касе зада буд, ки дар деҳа ӯро зери таъну маломат гузошт. Имомназари Холназар ҳам боре гуфта буд, дар зодгоҳаш аз одамон ҳарфҳое шунидааст, ки мисли тири калашников ҷисмашро шилҳа-шилҳа кардаанд.

Чунин таънаҳо баҳона, аммо гардиши айём сабаб гардид, бисёре аз оғозгарони равандҳои демократии Тоҷикистон солҳо баъд тағйири ақида карданд, то рӯзгори беҳтаре пайдо кунанд. Вале Имомназар на.

Аз дӯсти наздики ӯ, шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф мепурсам, шояд мо намедонем, шояд буданд, лаҳзаҳое ки Имомназар таҳти фишори сахтиҳои зиндагияш ақидаашро дигар кард? Мегӯяд: “Рости гап, ман ягон бор эҳсос накардаам, ки дӯсти азизам, Имомназари Холназар, ақидаи худро дигар карда бошад. Ӯ аз аввал то ба охир, аз рӯзе ки мешиносам, 37 сол инҷониб, аз давраҳои донишомӯзии ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Вале агар бигирем, аз солҳои 1990 то ба охирин лаҳзаҳои умраш ӯ ҳамеша дар ақидааш устувор буд.

Ақидаи ӯ чӣ буд? Ақидаи ӯ аслан озодии сухан, хушбахтиву пирӯзии мардуми Тоҷикистон, ҳақиқатгӯиву ҳақиқатҷӯӣ буд ва бисёр мехост, ки ҳар як инсон хуб зиндагӣ кунад, фаъолияти ҳар кас озод бошад…”

Аммо, бубинед, ин бисёр сахт аст ҳамаи инро дар китфони лоғари худ бардоштанаш. Як одами аз лиҳози ҷисмонӣ чандон ҳам таҳамтан набуд шодравон. Аз як тараф, масалан, шикасти нирӯҳои демократӣ, ҷанге ки ин қадар хунро рехт, ғурбату муҳоҷират ва ғайраву ҳоказо… ва худаш ҳам як бор гуфта буд, ки вақте ба зодгоҳаш баргашт, аз ину он суханоне шунид, ки бисёр ҳам ба ҷигараш неш заданд. Аммо аз куҷо нирӯ мегирифт, нирӯяш аз куҷо меомад? — мепурсам аз Назрулло.

Мегӯяд: “Ҳарчанд ӯ дар солҳои охири умраш хеле лоғар гашта буд, аслан ва дар ибтидо варзишгар буд. Ман ӯро дар қадамҳои нахусти дӯстии мо ҳамчун варзишгар медонистам. Ӯ теннисбози хуб, футболбози хуб, даванди хуб ва шатранҷбози хуб буд. Ҳарчанд писари ӯ – Толеъ 340 – 345 кило вазн мебардорад, вазни сангинтарин дар дунё ва қаҳрамони ҷаҳон аст, вале Имомназари Холназар бо ҳамон ҷуссаи хурд бори бисёр гарони зиндагиро бар дӯш дошт ва бузургии ӯ дар он буд, ки ҳамеша бо ҳазлу шӯхӣ он чизеро ки дар дил ҷамъ мешуд, мебаровард. Ва ӯ ҳеч гоҳ ноумед намегашт ва ба оянда бо чашми умед менигарист. Имрӯз не, мегуфт, фардо мардум ҳама чизро дарк мекунанд ва бояд ки зиндагӣ хуб шавад.”

Имомназар инсоне буд, ки иштибоҳи атрофиёнро бахшида метавонист, аммо атрофиён ӯро набахшидаанд. Он гуноҳро, ки таври дигар фикр мекард ва ақидаи дигар дошт. Ба додараш Ислом, ки дар ҳукумат кор мекард, мегуфт, “то замоне ки ман зиндаам, туро сабзидан намемонанд. Онҳо қасди маро аз ту меситонанд.”

Хаёл мекунам, рӯзе мешуда бошад, ки ба Имомназари Холназар ҷоизаи “Барои ақоид ва шеваи зисти демократӣ” медода бошанд? Бошад он рӯз, ки барои ӯ ва дигарон пайкараи навандешон ва қурбониёнро бигузоранд? Матбуоти Тоҷикистон одат кардааст, аз онҳое қаҳрамон офарад, ки мақомоти расмӣ барояшон мухолиф набошанд. Онҳо қиссапардози қаҳрамонони расмӣ хоҳанд буд. Вале Имомназари Холназар қаҳрамони оддӣ ва мардумии Тоҷикистон аст. Касест, ки бо ёронаш ба кори бузурге оғоз ниҳод ва идомаи онро ба ҷавонони Тоҷикистон вогузошт.

Касест, ки дар ақидаи худ устувор монд ва ба пасовандон устуворӣ омӯзонд. Касест, ки аз маҳдудаҳои ирқу маҳалу ҳирфа берун омад ва пайравонашро ишқи ватану шеваи ватандорӣ ёд дод.

Умраш нозиставу нотамом монд, вале кораш на. Зеро бунёди кори ӯ умед буд, ки ҳаргиз намемирад.

(Ин мавод нахуст дар шаклҳои пароканда дар радиои “Озодӣ” пахш ва дар сомонаи интернетии он нашр шудааст.)

04.03.2009 - Posted by | Адабиёт, Душанбе, Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон | , ,

5 Comments »

  1. Сад афсус ки касе ин чо шархе нанавишт . Аммо хама дар бораи Обама ба “шавк” мехонанду менависанд. Ман сад Обамаро ба як Имомназари Холикназар баробар ннамекунам….

    Comment by самак | 26.03.2009 | Reply

  2. Зинда бошед. Имомназари Холаназар як шахсияти начибе буд ва камбуди чунин инсонхо дар кишвар мо имруз ба андозаи хеле дарднок эхсос мешавад.

    Ёд кардан аз у бо фиристодани дуо ба рухаш баробар аст.

    Шукри Шумо.

    Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  3. Афсӯс хӯрдани Самаки азиз ҳар дам ба ёдам мерасад ва оромам намегузорад.

    Ба думболи он аз ҳамаи онҳое, ки имрӯз ё фардо ва ё ҳар вақти дигаре ба ин торнигор ворид мешаванд ва ин матлабро мехонанд муроҷиат мекунам:

    Лутф кунеду чанд лаҳзаро дар ёди афроде монанди Имомназари Холназар ва Муҳаммадзамони Солеҳ сарф кунед ва хотираҳои хешро ба ин навиштаҳо зам намоед.

    Барои худ ва барои пасовандон…

    Comment by aioubzod | 27.03.2009 | Reply

  4. Вокеан акаи Имомназар инсони хоксору куллан фарҳанги буданд.
    Зиндаю човид мон ҳар, ки наку ном зист,
    в-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро.

    Ёди ин абармарди зиндаёд ҳамеша дар дилу дидаҳои дустонаш абади хоҳад монд.
    Дуо мекунем,ки тарикаи раҳмат бошаду хонаи охираташ обод!

    Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо,
    Зода меҳнатзода, меҳнатзода мемирем мо.

    Зиндагӣ ҳарчанд гирдоби мураккаб метанад,
    Сода-сода зиста, ҳам сода мемирем мо.

    Маҷмаи айбу гунаҳ будем агар дар зиндагӣ,
    Бо ҳама айбу гунаҳ озода мемирем мо.

    Мастии мо ҳастии мо буд, на пастии мо,
    Соғаре бинем агар бебода, мемирем мо.

    Дигарон ҷон дода мемиранд аз дасти аҷал,
    То маҷоли вопасин дил дода мемирем мо.

    Мисли марди қуллапаймое, ки маргаш қулла аст,
    Аз баландии сухан афтода мемирем мо.

    Comment by Шахло | 01.04.2009 | Reply

  5. Огои Аюбзод!
    Бисёр хуб мешуд агар филме мустанад дар бораи охирин лахзахоу умри онхое ки бо мо нестанд гирифта мешуд.Онхое ки хастиашонро барои рушди фархангу чомеаи мо Точикистониен додаанд.Мисли Олимпур.Имомназари Холикназар,Мухаммадзамони Солех, Сайф Рахим, Сармад, Бурхон Гани, Кароматуллои Курбон , Отахон Латифи ва дигарон ..(Шумо бехтар медонед)Чаро охирин лахзахо? Чаро ки ки мегуянд одам маргашро эхсос карда ,
    хар гуна ишора мекунад …

    Comment by самак | 05.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: