Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

1. Ман Барак Обамаро аз наздик шинохтам

obama-1Барои ин дар таҳи дарвозаи Кохи Сафед шому саҳар интизор нишастан зарур нест ва ба ҳар ҷаласаи ӯ давидан ҳам. Ва ошноӣ бо наздикони ӯ низ. Шумо ҳам метавонед, бо ӯ мисли як дӯсти наздики худ ошно шавед. Барои ин фақат як кор кофист…

Кофист, ки китоби Обама, “Орзуҳои падари ман”-ро бихонед. Вай онро дар соли 1995 нашр кард. Он замон ҳамагӣ 34 сол дошт ва ҳанӯз намедонист, ки раисиҷумҳури Амрико мешавад. Мунаққид Ҷозеф Клейн, ин китобро “беҳтарин ёддоштҳои як сиёсатмадори амрикоӣ дар тӯли таърих” номид. Ман изофа мекунам, ростгӯтарин китоби як сиёсатмадор.

Ёддоштҳои сиёсатмадоронро кас одатан бо эҳтиёт ба даст мегирад. Агар китоб дар оғози роҳи эшон навишта шуда бошад, бештар барои он аст, ки чеҳраи нав ба беҳтарин шакл матраҳ шавад. Сиёсатмадорони бознишаста дар тирамоҳи умр барои он менависанд, ки доғҳоро аз симои худ пок кунанд. Дар бораи онҳое, ки дигарон ба ҷояшон китоб менависанд, ҳеч ҳарфе зарур нест.

Чаро Барак китоб навишт? Тибқи сарсухани китоб баъд аз он ки Обама нахустин президенти сиёҳпӯсти “Баррасии ҳуқуқии Ҳарвард” интихоб шуд, ношире аз ӯ хост, дар бораи вазъи ҳамзистии нажодҳо дар Амрико китобе нависад. Ин замоне буд, Обама аллакай ҳамчун як ҳомии ҳуқуқи сиёҳпӯстон машҳур гашта буд. Худи муаллиф дар аввалин ҷумлааш иқрор мекунад, ки “қарор буд, китоби дигаргунае навишта шавад”, вале дил суханро ба ҷои дигар кашид.

Ба ҷои таҳқиқу пажӯҳиш Барак достони зиндагии худро навишт. Ранҷу озор ва ковишҳои ботинии шахсеро, ки аз падари африқоӣ ва модари сафедпӯст ба дунё омадааст ва мехоҳад, худро бишиносад.

Вай дар байни ду олами аз ҳам ҷудову дур ва гоҳе дар тазод машаққат мекашад. Дар хона бо модар, бибӣ ва бобои сафедпӯст ба сар мебарад, дар кӯча сафедпӯстон аёну ноаён ба ранги пӯсти ӯ ишора мекунанд. Вай ҷудоии нажодҳо ва танаффури байни онҳоро дар ҳар қадамаш мебинад ва заҷр мекашад. Дар мактаб ҳамсинфе мехоҳад, ба мӯйи шахшӯли ӯ даст расонад, то фарқи онро аз мӯйи зард бифаҳмад, дигаре мепурсад, оё дуруст аст, ки сиёҳпӯстон дар Африқо гӯшти одам мехӯранд, савумӣ коғазро аз дасташ зада мегирад, ки “ту бо он дастон коғазро сиёҳ мекунӣ.”

Дар он синф ба ғайр аз ӯ боз духтарчаи сиёҳпӯсте ҳаст, ки кӯшиш мекунад, худро аз Барак дур нигаҳ дорад. Наздики онҳо гӯё таъкиди худашон ба ранги пӯсташон хоҳад буд.

Ба дари хонаи Барак гадои сиёҳпӯст меояд ва бибияш онро навохтаву барояш хӯроку пул медиҳад. Аммо ҳамин бибӣ муддате баъд аз шавҳараш дархост мекунад, ӯро бо мошин ба кор барад, зеро аз чанд раҳзане дар сари кӯча ҳарос дорад. Ин авбошон одамонро аз роҳ медоранд ва бо таҳдид аз онҳо пул меситонанд. Онҳо сиёҳпӯстанд, — бо садои паст мегӯяд, бибӣ, аммо Бараки хурдсол аз паси дар ин гуфтугӯро мешунавад.

Аз фишори шубҳа ва худкамбиниҳо ба суханони модараш паноҳ мебарад. “Инсонҳо ҳама аз як таборанд ва аммо ҳар инсон сарнавишти худро худаш месозад ва худаш ба ин сарнавишт масъул аст.”

Барак ҳанӯз таърихи миллати тирапӯстро намедонад ва ҳанӯз китобҳои зиёде дар ин бораро нахондааст, як кӯдак аст, аммо дидаҳо ва шунидаҳояш ӯро ба андешаҳое маҷбур мекунанд, ки хоси як кӯдак нестанд. Дӯшбори гаронест ва китфҳои кӯчак. Аввалин китобе, ки дар ин бора мехонад, ӯро маъюс мекунад. Дертар ба дафтараш менависад: “Сиёҳпӯст будан вориси мероси бузург ва сарнавишти махсус будан аст. Аммо сангиние дорад, ки фақат сиёҳпӯст метавонад, онро дар дӯши худ барад.”

Ҳамзамон симои падар афкору андешаи ӯро ташаккул медиҳанд. Ҳарчанд падар ҳанӯз дар чаҳорсолагии Барак хонаводаро тарк кардааст, модар ва бобову бибияш ҳамеша аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд.

Дар он достонҳои аҷиб падараш як шахси ҷасур, ҷавонмард, закӣ ва қатъӣ падид меояд. Вай аз Кения омада буд, дар Донишгоҳи Ҳаваӣ мехонд ва ба Анн, духтари сафедпӯст ошиқ шуда, бо вуҷуди мухолифати падараш, яъне бобои Барак — Ҳусейн бо ӯ издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷ Барак ба дунё меояд ва дар ин байн падараш ҳамчун беҳтарин донишҷӯ ба Донишгоҳи Ҳарвард роҳхат мегирад. Вай наметавонист, оилаашро бо худ барад. Ин сабаб мегардад, ки падар Бараку модарашро дар Ҳаваӣ гузорад ва ба Ҳарвард равад. Пас чизе мешаваду вай аз он ҷо ба Кения бармегардад ва ҳамсарашро талоқ медиҳад.

Пас аз чанде Анн бо Лоло, марди мусулмоне аз Индунезӣ издивоҷ мекунад ва ба Ҷакарта кӯчида, Баракро низ ҳамроҳи худ мебарад. Барак дар ин ҷо бо мардумони дигар ошно мешавад ва муддате дар мактаби исломӣ, сипас буддоӣ таҳсил мекунад. Ниҳоят, модараш тасмим мегирад, барои идомаи таҳсил ӯро дубора ба Амрико бозгардонад.

Ва як давраи дарозеро Барак ҳамроҳи бобо ва бибии модарияш дар Ҳаваӣ ба сар мебарад. Зиндагӣ дар Индунезӣ барояш як нуктаи дигаре ҳадия медиҳад: “Ҳувияти ман аз нажоди ман оғоз меёбад, вале бо он ба итмом намерасад…”

obama-2

Танҳо дар даҳсолагии Барак падараш як бор ба дидани ӯ меояд ва як моҳ ҳамроҳи ӯ мемонад.

Дар оғоз равобити онҳо мушкил аст, аммо ба зудӣ меҳри фарзанд ба падар пирӯз мегардад. Махсусан баъд аз он ки падари Баракро ба мактаби ӯ даъват мекунанд, то дар бораи Кения ба шогирдон ҳикоят кунад.

Рафтор ва гуфтори падар дар ин толор абадан дар хотираи ӯ нақш мебандад. Суханоне аз он ки омадани сафедпӯстон бо Африқо чӣ кард, чаро танҳо ба хотири ранги пӯст ҳабашҳо ба ғуломи сафедҳо табдил ёфтанд, чӣ гуна мардуми Кения ризқи худро аз хок меёбад, наврасон барои исботи мардии худ бо шеру паланг меҷанганд, хурдҳо калонҳоро эҳтиром мекунанд. Пас аз мулоқот он ҳамсинфоне, ки як муддат пеш ба Барак ба чашми таҳқир менигаристанд, наздаш меоянд ва аз ӯ бахшиш мепурсанд…

Дар хона Барак бо падар камсухан аст, як озурдагие аз тарк кардану рафтанаш боқӣ мондааст, аммо дар умқи дилаш ин қадар ишқе ба падар дорад, ки баён карда наметавонад. Як моҳ ҳамин гуна сипарӣ мешавад ва дар охирин рӯз падар ба Барак рақси африқоӣ ёд медиҳад. Зери оҳанги ангезандаи африқоӣ падар дастонашро боло мебардорад, алвонҷ медиҳад ва дар ҳоле ки чашмонашро пӯшидааст, дастҳояшро пеш мебарад, гӯё дар умқи мусиқӣ бо ин дастҳо чизеро меҷӯяд, гӯё ба думболи орзуҳояш меравад.

Падар ба Барак пешниҳод мекунад, ки бо ӯ ба Кения раванд. Посух манфӣ меояд. Падар механдад ва мегӯяд, як рӯз хоҳӣ омад…

(Думбола дорад)

15.03.2009 - Posted by | Сиёсат, Ҳолнома |

8 Comments »

  1. Устод Аюбзод! Худи Борак китобашро ингуна мутаассир таълиф кардааст ё истеъдоди нависандагии Шумост, ки чунин чилвае дар навиштахои президенти ояндаи Амрико даровардаед? Мунтазири думболаи ин мавзуъ хастем

    Comment by Farid | 17.03.2009 | Reply

  2. Фариди азиз. На, дарвокеъ Обама нависандаи боистеъдод аст ва ончи навиштам, пурра аз руи навиштахои худи уст. Афсус, нахостам, матн бисёр дароз шавад, вагарна тасвири сахнахое дар китоби у вокеан дилхарош аст. Пахлуи дигар ин аст, ки Обама дар китобаш ошкоро ва пустканда харф мезанад, ба хеч вачх хакикатро обуранг намедихад ва ё пинхон намекунад.

    Идомаи китоб хеле ва хеле чолибтар аз бахши ифтитохии он аст. Ман орзу дорам, ки ин китоб ба точикй нашр шавад ва сиёсатмадорони мо аз он битавонанд, баракате бигиранд.

    Худи Обама мегуяд, номаш аз вожаи “барака” аст. Ё насиб, ба зудй идомаашро хохам навишт.

    Comment by Cалими Аюбзод | 17.03.2009 | Reply

  3. Ayni zamon kitobro dar dast doram va har ruz chand sahifae az on mekhonam, kitob bisyor bo zaboni sodda va ravon navista shudaast va chi tavre Ustod Ayubzob guftand “ba hakikat khele nazdik ast”.

    Intizori davomi matni Shumo hastam, harchand kitobro dar dast doram, ammo ba Tojiki khondan kayfiyati digare dorad.

    Shomi nek

    Samak

    Comment by Samak | 17.03.2009 | Reply

  4. Сипос аз лутфи Самаки азиз.

    Ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

    Comment by aioubzod | 18.03.2009 | Reply

  5. duruud bar shumo!

    man in safharo tasodufan paido kardam…
    vale inqadar az in matlabi jolib (hamchunin digar mavode ki dar in site joy dorad) khusham omad, ki namedonam chi guna bayon kunam…
    Solhost ki chunin maqolahoi bo arzishro nakhondam, chunki kampaido va benazirand.
    bo sipos parniyon!

    Comment by парниён | 18.03.2009 | Reply

  6. Хуш омадй, Парниёни азиз ба ин кошона.

    Орзумандам, хамаи тасодуфхои зиндагй бароят хушй оваранд.

    Аз суханони некат сарафроз ва сипосгузорам ва талош хохам кард, ки арзандаи онон бошам.

    Comment by aioubzod | 18.03.2009 | Reply

  7. Салом Устод Аюбзод! Сараввал мехохам тахсини як нафар хонандаи чавонатонро баъди мутолиаи ин маводхо ва китоби “Каме латра” бипазиред Ман баъди мутолиаи “Гунги хобдида” ба навиштахои Шумо мехре пайдо карда будам шумо бо сабку услуюи хоси худ менависед.ман Шуморо устоди худ дар сохаи эчод медонам Илтимос ба ман нависед

    Comment by Bahmanjor | 30.03.2009 | Reply

  8. Баҳманёри азиз. Сипосгузорам аз лутфат. Ҳатман бароят нома хоҳам навишт ва ҳар чизе ки аз дастам ояд бароят кӯмак хоҳам кард. Саломат ва пирӯз бошӣ.

    Comment by aioubzod | 30.03.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: