Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

2. Гаштори хашм (Transformation of Anger)

barak-001Ду нафари дигар низ дар тарбияи Барак Обама саҳми бузург гирифтаанд. Яке падарандари мусулмонаш Лоло дар солҳои зиндагӣ дар Индунезӣ ва дигаре дӯсти бобояш, шоири солхӯрдаи сиёҳпӯст Френк дар Ҳаваӣ. Яке бо намунаҳои амал ва дигаре бо сухани коро.

Чунончӣ, бо вуҷуди мухолифати ҳамсараш, Лоло Бараки хурдсолро ба рӯи ҳавлӣ мехонад, то забҳи хурӯсеро аз тарафи як қассоб шоҳид бошад. Бурида шудани сари мурғ ва дар хун тапидани он нимбисмил ба гунае дар ҳофизаи Бараки хурдсол нақш мебандад, ки пас аз 25 сол вай ин саҳнаро бо тамоми рангҳо ва эҳсосоти онлаҳзаинаи хеш ба қалам медиҳад. Дар ҳамин китоби “Орзуҳои падари ман” (1995).

Ҳодисаи дигар. Дар футболбозӣ бо бачаҳои индунезӣ Барак пояшро захмӣ мекунад ва бо писараке даргир мешавад. Лоло Баракро ҳушдор медиҳад, ки бояд аз худ дифоъ карданро омӯзад. Сипас барояш дастпӯшакҳои муштзанӣ мехарад ва ба ӯ дарси бокс медиҳад. Лоло намегӯяд, вале нишон медиҳад, ки дунё хеле бераҳм аст ва танҳо онҳое, метавонанд, дар ин дунё пирӯз гарданд, ки ба монанди ин дунё бераҳм бошанд. “Модарат дили нарме дорад, вале ту мард ҳастӣ ва набояд дили нарм дошта бошӣ!”

Шоири пири сиёҳпӯст ва то андозае майзада, Френк низ дунёро бераҳм меномад, вале ба Бараки наврас мегӯяд, ин дунё шояд ба ҳама нарм аст, вале аз қазо ба сиёҳпӯстон ҳамеша бераҳмиро раво дидааст ва мебинад.

Френк ва чанд нафари дигар, аз ҷумла бобои Барак, шомгоҳон дар як тарабистони кӯчаку пурдуд гирд меоянд, май менӯшанд ва вақт хуш мекунанд. Дар зимн, бобои Барак ягона сафедпӯстест дар ин тарабистони сиёҳпӯстон. Нимашабҳо Бараки наврас бобояш ва Френкро ба манзилҳояшон мерасонад ва гоҳе дар хонаи Френк мемонаду сӯҳбатҳои ӯро мешунавад.

Френк аз ҳаводорони муборизи ҳуқуқи сиёҳпӯстон Мартин Лютер Кинг ва ба низоми ҷомеаи амрикоӣ, аз ҷумла коллеҷу донишгоҳҳои он ба чашми дигар менигарад. Вай онҳоро таҳсил барои “номзадии илми мусолиҳа” меномад.

Як шом Френк, баъд аз он ки бо мадади Барак, бо “чеҳраи сахт ва ҷисми суст” ба хонаи кӯҳнааш мерасад, дар курсии роҳати худ менишинад, сарашро боло мебардорад, чашмонашро мепӯшад ва ба Барак мегӯяд: “Як чизро бифаҳм, ҷавонак, ту на барои он ба донишгоҳ хоҳӣ рафт, ки илм биомӯзӣ, балки барои он меравӣ, ки туро машқ бидиҳанд. Онҳо туро машқ хоҳанд дод, то чизҳоеро бихоҳӣ, ки бароят нодаркоранд. Туро машқ хоҳанд дод, то он гуна бо вожаҳо ҳуққабозӣ бикунӣ, ки онҳо дигар маъние надошта бошанд. Туро машқ хоҳанд дод, то чизеро ки аллакай медонӣ, фаромӯш бикунӣ. Сипас туро дар дафтаре хоҳанд шинонд ва барои дигарон ҳамчун намунаи комёбии сиёҳпӯстон муаррифӣ хоҳанд кард.”

Он гоҳ ту қавми худро канор хоҳӣ гузошт ва фаромӯш хоҳӣ кард, оҳ мекашад шоири пир, ки барои Барак посухдиҳандаи печидатарин пурсишҳои ӯ шуда буд. Вай достони ҳаросидани модаркалонашро аз сиёҳпӯстони сари истгоҳи автобус бодиққат шунид ва гуфт, ки пиразан ҳақ дорад, биҳаросад. Зеро вай медонад, сиёҳпӯстон барои нафрату ситези худ ангезаҳо доранд. “Воқеъият ҳамин аст. Ба ҳаққи ҷони худат, ман аз худо мехостам, ин гуна набошад. Вале, афсӯс, ҳамин гуна ҳаст. Илоҷе ба ҷуз аз ин надорӣ ва ту ҳам бояд ба ин вазъ одат кунӣ.”

Қисман ҳамин сӯҳбатҳо сабаб мешаванд, ки Барак ба дунёи сафедпӯстон бо шубҳа нигарад ва пас аз хатми мактаби миёна бо раъйи модараш, ки мехоҳад, Барак таҳсилро идома диҳад, мухолиф барояд.

Вай дар ин синнусоли ҳассос бо бачаҳои нохубе дӯст шуда буд. Яке майзада, дигаре нашъаманд, савумӣ ба зарби гулӯла кушта шуд, чаҳорумӣ ба маҳбас афтод. Вай роҳи эътироз кардан аз ин ҷомеаро меҷӯяд. Аммо дар марҳилае дарк мекунад, ки бе донистани амиқи иллату ангезаҳо ҳама гуна воқеъиятро мешавад фақат нодуруст дарк кард. Бобову бибӣ ва модараш аз сари раҳм бо ӯ ошкор ҳарф намезананд ва Френк шояд як шоири нокому аламзада аст, китобҳои зиёд ба кӯмакаш мерасанд.

Болдуин, Эллисон, Ҳуфс, Райт, Дюбоис… Даҳҳо ҷилд. Аммо беш аз ҳама ёддоштҳои Малколм Иксро дӯст медорад, ки соли 1925 дар аёлати Небраска ба дунё омада, дар наврасияш ба яке аз машҳуртарин чеҳраҳои олами ҷиноии Амрико табдил меёбад ва соли 1945 ба даҳ сол зиндон маҳкум мегардад.

baraki-javon

Дар маҳбас Малколм исломро қабул мекунад ва ба Ал-Ҳаҷҷ Малик Ал-Шабоз табдил меёбад. Соли 1952 афв мегардад ва ба созмони “Уммати ислом” мепайвандад, ки Валлас Фарид Муҳаммад таъсис дода, дертар бо раҳбарии Луис Фаррахан маъруф гашта буд.

Малколм хеле зуд яке аз сарварон ва сухангӯёни “Уммати ислом” мешавад, аммо ихтилофаш бо ҷоҳталаби дигар — Алӣ Муҳаммад сабаб мегардад, ки аз созмон хориҷ шуда, мазҳаби шиъаро рад кунад, мазҳаби сунниро бипазирад ва ба тавофи Макка равад. Вай дар Африқо ва Ховари Миёна сафарҳои зиёде анҷом медиҳад ва сипас дар Амрико созмонҳои “Масҷиди ислом” ва Иттиҳоди Африқоиёни Амрикоро ташкил мекунад. Ҳангоми яке аз суханрониҳои оташинаш дар соли 1965 дар Ню Йорк аз тарафи се узви “Уммати ислом” кушта мешавад.

Барак менависад, Малколм дар поёни умр аз аксари андешаҳои худ, махсусан аз тамаркузаш ба ислом даст кашида буд, аммо иродаи сангини ӯ ва тавони худсозиҳои батакрораш Баракро мафтун карданд. Ва ваъдаи низоми наву покиза, ки Малколм ба пайравонаш медод.

Бояд иродаи қавӣ дошт ва бояд худро сохт. Он гуна ки модараш мегуфт, ҳар инсон худ сарнавишти хешро месозад. Ҳар инсон интихоб мекунад, ки аз чӣ роҳе равад. Вай аз модараш узр мехоҳад ва иштибоҳҳои худро ба гардан мегирад.

Бо андӯхтаҳои нав, насиҳатҳо ва пойфишории модараш Барак шомили Донишгоҳи Оксидентали Лос Анҷелес мешавад. Тамоми вақти холии ӯ ду бахш хоҳад буд. Ниме аз он дар китобхона мегузашт ва ними дигар дар майдони баскетболбозӣ.

Аз ҳамхонааш дар хобгоҳ — Ҳасан ҳамеша ба некӣ ёд мекунад ва яке аз ҳамбозони ӯ дар баскетбол Малик аст ва ӯ аз ин ду дӯсти мусулмонаш чизҳои зиёде меомӯзад. Бо дӯсти дигараш Рей ба шабнишинии сиёҳпӯстон меравад ва ҳар ду ҳамеша аз духтарони сафедпӯстро интиқод мекунанд, ки ишқи онҳо заминаҳои нажодӣ дорад.

Боре онҳо ду шарикдарси сафеди худро ба яке аз чунин шабнишиниҳо мебаранд ва мебинанд, ки ин ду худро дар ҷамъияте саросар иборат аз сиёҳпӯстон нороҳат ҳис мекунанд ва хостори ҳарчӣ зудтар тарк кардани маҳфил мешаванд.

Дар толори китобхона, дар ҳоле ки бо шарикдарсаш Маркос китобҳоеро дар бораи иқтисодиёти ғуломдорӣ мехонанд, як донишҷӯи эронӣ ба сӯҳбати онҳо ҳамроҳ мешавад ва мепурсад, чӣ гуна иттифоқ афтод, ки ғуломдорӣ мумкин гашт ва ин қадар сол идома кард. Маркос посух медиҳад, ки сафедҳо моро инсон намешумурданд ва то ҳол низ аксари онҳо бар ҳамин аст. “Аммо чаро сиёҳҳо мубориза накардаанд?” — Мепурсад донишҷӯи эронӣ.

— Онҳо мубориза кардаанд. Нат Тёрнер, Денмарк Вескӣ… — посух медиҳад Маркос.

Аммо донишҷӯи эронӣ боз гуфт, ин кам буд ва афзуд, агар ман мебудаму медидам, ки онҳо бо мардуми ман, мо зану бачаи ман чӣ мекунанд, ман бармехестам ва маргро авлотар медонистам.

Ин сӯҳбат Баракро нороҳат мекунад ва дар ҳоле ки Маркос сокит мемонад, ӯ посух медиҳад, ки оё марди эронӣ “номи ҳазорон нафареро медонад, ки ҳанӯз то ба соҳили Амрико нарасидани киштиҳои ғуломкашон худро ба обҳои уқёнус меафканданд ва хӯроки наҳангҳо мешуданд? Аммо вақте ки ба соҳил расидӣ ва донистӣ, ки шӯриши ту танҳо сабаби ранҷу озори боз ҳам бештари занону кӯдакон мешавад, чӣ мекардӣ? Оё ҳамкории бархе аз ғуломон бо ғуломдорон аз сукути бархе эрониҳо дар баробари зулми давраи шоҳ фарқе дорад, вақет онҳо медиданд, ки навкарони Савак мухолифони шоҳро ба шиканҷа гирифтор мекарданд?”

Барак таъсири ин сӯҳбатҳоро ба рӯҳияи Маркос бармало мебинад. Вай, ки дар оғоз худро як шахси ноқис ва аз пеш гунаҳкор ҳис мекард, акнун аз ирқу нажоди худ фахр мекунад. Аз ин таҷрибаҳо Барак ба чунин натиҷае мерасад, ки кас бояд битавонад, хашму нафрати хешро ба нерӯи созанда табдил диҳад.

Ба ақидаи ӯ, набояд низомеро пазируфт, ки шумо дар он эҳсоси бегонагӣ, дурӣ, ҷудоӣ, танҳоӣ ва ҳошиянишинӣ мекунед. Шояд дигарон аз шумо маҳз ҳаминро хоҳанд, ки ин дунё моли онҳост ва шумо дар он як бегонае беш нестед. Ин ҷудоӣ ва пастзанӣ шуморо боз ҳам бештар асабонӣ ва хашмгин хоҳад кард. Хашму нафрат мақоми инзивоии ва дастидуи шуморо боз ҳам амиқтар хоҳад кард. Ин як доираи сарбаста аст ва андӯҳи чашмони онҳое, ки худро бекасу бепаноҳ ҳисоб мекунанд, аз ин доираи лоилоҷӣ оғоз мегирад.

Ҳарчанд Барак дар ин бора бо назардошти вазъи сиёҳпӯстон сухан мегӯяд, агар нек бингарем, чунин ҳолат метавонад, дар ҳама ҷо ба вуҷуд ояд. Ҳатто дар як коллективи хурд бо машваратҳои пасипардагӣ як нафар метавонад, ба умқи андӯҳ ва дарди танҳоиву бекасӣ афканда шавад ва ҳамарӯза худро як бегонае дар миёни худиҳо ҳис кунад. Ҳатман дили ӯро хашм пур хоҳад кард. Хашми ӯ пеш аз ҳама барои худаш кушанда хоҳад шуд, агар ӯ натавонад, самт ва мазмуни онро тағйир бидиҳад.

Оё ошӯбҳои ҷудоихоҳӣ аз ҳамин хашми ҳошиянишинӣ сарчашма намегиранд? Агар косовоиҳо ва пештар аз онҳо мусулмонҳову хорватҳо худро дар Югославии собиқ бегона ба ин кишвар, давлат ва мамлакат ҳис намекарданд, хатҳои ҷудоӣ баъд аз ҷангҳои хунин ба марзҳои давлатӣ табдил меёфт?

Оё мардуми Кӯлобу Хуҷанд худро дар равандҳои оғози истиқлолияти Тоҷикистон ҷудомонда ва ҳошиянишин ҳис накарданд ва он сабаби ошӯбу эътирозу суистифодаи хориҷиён нагашт?

Агар фаластиниҳо бо давлати Исроил эҳсоси бегонагӣ ва хусумат надошта бошанд, сулҳи Ховари Миёна зудтару осонтар ба даст намеояд?

Чаро қонуни нонавиштае шудааст, ки дар Афғонистон фақат паштун метавонад, раҳбари ин кишвар бошад ва оё ин кандани вартаи бегонагӣ барои ақвоми дигари ин мамлакат нест? Рангин Додфари Спанто, вазири корҳои берунаи Афғонистон дар паёми табрикияш ба муносибати расми савганди Барак Обама дар мақоми президенти Амрико навишта буд, “оё мумкин хоҳад буд, дар Афғонистон як шаҳрванди тоҷик, ҳазора, узбак ё нуристонӣ ба ҳайси раисиҷумҳури кишвари мо баргузида шавад? Оё мактабрафтагони кишвари мо ҳозир хоҳанд шуд, ба нухбагони он дигарон раъй бидиҳанд?”

Шигифтовар аст, ки Обама ҳамин гуна ҷудоӣ ва бегонагардониро дар ватани падараш Кения низ мебинад. Яке аз ҳафт калонтарин қабилаҳои Кения (инҳо — Кикую, Луҳя, Луо, Каленйин, Камба, Кисиӣ ва Меру) ҳокимиятро ба даст мегирад ва дигаронро дур аз идораи кишвар мегузорад, ба бегонагони ватани худ табдил медиҳад. Падари Барак низ яке қурбониҳои бозии қабилагароён мешавад. Аммо инро Барак замоне мефаҳмад, ки ба Кения сафар мекунад.

18.03.2009 - Posted by | Сарнавишт, Ҳолнома | ,

3 Comments »

  1. Salom Oqoi Salim! Bisyor kitobi ajoib budaast. Dawomashro besabrona intizorem az shumo wa gued ki, in kitobro wa kitobi duwumi Janobi Baraki Obamaro chi tawr paydo kunam? Mekhoham ki, har chi zudtar dawomashro bikhonam. KHUSHBAKHT BOSHED!

    Comment by Patriot | 19.03.2009 | Reply

    • Дусти азизам. Ду китоби Обама дар китобфуршихои Аврупо ёфт мешаванд. Аз мамолики дигар метавон онон ва дигар китобхои бахшида ба Обамаро метавон аз бузургтарин фурушгохи интернетии олам Амазон.ком пайдо кард.

      Он чизхое ки ман бо бардошти худ аз китоб навиштам, шояд аз 100 факат 1 хисса аст. Бисёр чизхоест, ки бовар дорам, Шумо бо лаззати тамом хохед хонд, аммо навиштани хамаи онхо ба ман муяссар намешавад, зеро фурсат, андеша ва истеъдоди зиёд талаб мекунад. Аммо бовар кунед, тамоми талошро хохам кард, ки хамзабонон ва хамватанон шахси Обамаро аз наздик бишиносанд.

      Сарафроз бошед.

      Comment by aioubzod | 19.03.2009 | Reply

  2. Tashkur Oqoi Salim! Benihoyat shodam az shumo wa duogui onam ki, hamesha sabulandu komyob boshed!

    Comment by Patriot | 20.03.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: