Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

3. Тоҷик аз китоби Обама чӣ меҷӯяд?

port1Вақте ки як тоҷик ёддоштҳои Барак Обамаро мехонад, мехоҳад, нуқоти пайванде миёни хештан ва муаллифро пайдо кунад. Ва бештарини ин пайвандгоҳҳо ҳангоми сафари Барак ба ватани падараш рӯ мезанад. Масалан, номҳои ошно — Зайтуна ва Соро (аммаҳои Барак), Умар, Юсуф ва Саид (амакҳои ӯ), Руқия (дӯсти падараш). Аммо пайванди аслӣ ҷои дигар аст.

Ҳамон гуна ки имрӯз як тоҷик дар ҷустуҷӯи ҳувияти худ ғарқи андеша мешавад ва дар таърихи гузаштаву рафтори атрофиёни имрӯзияш такиягоҳ меҷӯяд, сафари Барак ба зодгоҳи падараш ҳамин гуна як талоши ёфтани решаҳои хеш аст.

Шоири тоҷик Бозор Собир, вақте дар соли 1998 ман барои дидори ӯ ба Сиеттли Амрико парвоз кардам ва дар хонаи кирояаш меҳмон шудам, мегуфт, ҳама чиз дорад, аммо ҳамчун як муҳоҷир пояш дар замин нест. Миёни замину осмон аст.

Достони мири Масчо, Баҳодурхоҷа (Давлатхоҷа) низ ба ёдам мерасад, ки ҳар дафъа ба арки амири Бухоро мерафт, ҳамроҳи худ халтачаи хурдеро мебурд ва дар рӯбарӯи тахти амир ба фарш ниҳода, рӯи он мебаромад ва метавонист, бо амири Бухоро дар сатҳи баробар ҳарф занад. Боре бо дастури амир халтачаро аз зери пои ӯ гирифтанд ва диданд, ки Баҳодурхоҷа дар они воҳид аз шери жаён ба рӯбоҳи тарсу табдил ёфт. Халтаро боз карданд, ки ба ҷуз аз хок чизе дар он набуд. Пурсиданд, ин чӣ хокест, ки ба ту ин қадар нерӯ медод. Гуфт, хоки ватанам ва вақте поям рӯи он аст, аз касе бок надорам…

Барак ҳам дар ҳаво муаллақ буд. На танҳо миёни осмону замин, балки дар байни ду дунёи сафедҳо ва сиёҳҳо, дар мовари суди шахсӣ ва сарнавишти қавм. Вай халтачаи хоке мехост, ки мисли Баҳодрухоҷа зери пояш бигзорад ва ҳис кунад, ки реша дар ин хок дорад. Решаи амиқ…

Эҳсоси он ки пояш дар замин нест, ӯро аз Лос Анҷелес ба Ню Йорк овард. “Вақте шунидам, ки Донишгоҳи Оксидентал бо Донишгоҳи Коламбияи Ню Йорк як барномаи табодули донишҷӯёнро таъсис додааст, зуд аз пайи интиқол додани худ ба Ню Йорк шудам. Маро ҷомеаи сершумор ва нисбатан сарҷамъи сиёҳпӯстони Ню Йорк мисли оҳанрабо ба худ мекашид.” Дар ин шаҳр буд, ки “шаҳд”-и бехонагиро ҳам чашид ва монанди садҳо сиёҳпӯстони дигар дар хараки боғе шабро ба сар бурд. Ин ҷо буд, ки гуруснаву ташна ҳам монд ва ба ошхонаи бенавоён рафт, то косаи оби раббано бипурсад.

Дар Ҳарлем, Бронкс, Бруклин ва Куинс бо ҳазорон нафар аз ҳамқавмони худ вохӯрд, дарди онҳо ва нерӯи хуфтаи онҳоро омӯхт. Иттифоқан, дар сарсониҳо ва бехонагиҳои давраи аввали зиндагияш дар Ню Йорк ҳамсоли мусулмонаш — Содиқи покистонӣ ӯро сарпаноҳ дод ва ҳангоме ки худи Содиқ низ аз манзил маҳрум шуд, ҳамроҳ ҷӯгивор дар шаҳр гаштанд ва кунҷи дигареро иҷора гирифтанд ва модарашу хоҳараш Майя (аз Лоло), ки пас аз чанде ба диданаш омада буданд, дар манзили Содиқ зистанд. Майя он вақт рустӣ ба модараш гуфт, “ин қадар лоғар шудааст, акоям…”

Дар Ню Йорк буд, ки ба зани сафедпӯсте ошиқ шуд ва шомҳои охири ҳафтаро ё дар манзили ӯ ё бо ӯ дар манзили худ саҳар мекард. Ҳарду ҳамдигарро то ба сатҳи ҷунун дӯст медоштанд. Вай дар андешаи издивоҷ бо ин ҷавонзан буд. Аммо аввалин шубҳа замоне ба миён афтод, ки маҳбубааш ӯро барои як охири ҳафта ба хонаи падараш даъват кард.

Ӯро бо тамоми эҳтиром пешвоз гирифтанд. Ин як кохи қадимие буд дар миёни ҷангалзори анбӯҳ, аммо бо роҳу гулгаштҳои ороста ва дар ҳумаи обрӯманди шаҳри Ню Йорк. Озини қасре, ки толори бузург ва даҳҳо ҳуҷраву долон дошт, Баракро ба ҳайрат овард.

Дар девори китобхонаи бузурги ин кох аксҳои падарбузургони хонавода овезон буданд. Афроди барҷастаи таърих. Ҳамнишинони президентҳои Амрико ва худ низ аз вазирону сарварон. Дар миёни аксу гулдону пайкараҳову китобҳои нодири қадима ва қолинҳои антиқӣ нахустин бор Бараки навҷавон ба он андешид, ки худ кист ва аҳли ин хонавода кистанд. Партгоҳи фарохеро дар миёни хештан ва ин оилаи ашрофзодагон ламс кард. Фикр кард, ки вай ҳамчун домод ба ин оила кӣ хоҳад шуд?

Дар ин лаҳзаҳо буд, ки ёри нозанинаш ба китобхона даромад ва ишқи бузург нахустин шаккро мисли бӯйи мағори китобҳои зардшуда бухор кард. Ишқ бар ақл пирӯз омад, вале на барои дарозмуддат.

Шоми дигаре, пас аз як муддат, Барак ва бонуяш ҳамроҳ ба театри Ҳарлем рафтанд ва бозиеро диданд, ки ҳамаи бозигаронаш, коргардонаш, навозандагонаш ва бинандагонаш сиёҳпӯстон буданд.

Вай нороҳатии амиқеро дар умқи вуҷуди зан, ки паҳлуяш менишаст, ҳис кард. Зан ӯро дӯст медошт, аммо шояд на ҳамаи ҷомеъаи ӯро. Вақте намоиш ба поён расиду онҳо ба кӯча баромаданд, баҳсе байнашон даргирифт ва дурудароз, то рафтану дар торикиҳо нопадид шудани охирин кормандони театри сиёҳпӯстон идома кард. Зан бозии ҳунарпешагон, маънии намоиш, ороиши саҳна, рафтори бинандагон — хуллас ҳама чиро бо лаҳни сахте танқид мекард ва пуч мешумурд. Аз гуфтори асабонии маҳбубааш сози нописандие нисбат ба сиёҳпӯстон эҳсос мегашт, ки барои Барак кушанда буд.

— На, ман ҳаргиз сиёҳпӯст шуда наметавонам, — мегуфт ҷавонзан ва мегирист.

Барак барои ӯ токсие нигоҳ дошт ва ҳарду хайрухушро насия гузоштанд. Он шаб то субҳ Барак дар кӯчаҳое мегашт, ки ду тараф кулбаҳои сиёҳпӯстон ба хоби шаб ғунуда буданд. Акнун дидор — ба қиёмат.

Аз кори худ дар як ширкати бузурги молиявӣ низ Барак розӣ набуд. Дар дафтаре менишаст, бо пули сарватмандон сари кор дошт, набзи бозори саҳмияҳоро меозмуд ва пули хуб ҳам мегирифт. Аммо норозӣ буд. Раҳбари ширкат аз ягона корманди сиёҳпӯст ва муваффақи худ мефахрид ва ҳамеша ӯро ба меҳмонон ҳамчун намуна нишон медод. Ба ғайр аз Барак танҳо дарбони ширкат аз сиёҳпӯстон буд. Ин дарбон, ки ғамгусори Бараки ҷавон низ буд, ба ӯ мегуфт, сари худро хам доштаву кор кунад, зеро ба ҳамин минвол буд, ки дар андак муддат ба мақоми аршаде расид, боз ками дигар ва аз раҳбарони ширкат хоҳад шуд.

Тафовути занандаи ин дарбони ҳушёру осудаҳол бо шоири саргардону майзада Френк ба ёди Барак суханони дар хотираҳои навхаттӣ мондаи Френкро меовард ва дар шигифт меафтод, ки Френки солхӯрда бо он чашмони хирабинаш то куҷо борику дақиқ ояндаи Баракро дида буд.

“Мехоҳам миёни мардуми худ бошам ва бо корҳои ташкилу сафарбар кардани ин мардум машғул гардам.” Бо ин мазмун Барак ба даҳҳо созмони ғайридавлатие, ки бо умури қишрҳои бебизоати Амрико машғул буданд, муроҷиат кард. Ба идораи бархе аз онҳо рафт, бо сарваронашон сӯҳбат кард, аммо дилсард гашт, зеро аксари онҳо зери парчами дифоъ аз ҳуқуқи бенавоён ба таъмини зиндагӣ ва роҳати хеш машғул буданд. Ниҳоят як созмони ҳақиқиеро дар Чикаго пайдо кард, ки яҳудии куҳансоле ба роҳ монда буд ва дар чандин барнома ба натиҷаҳои ростин нойил гашта.

Аризаи истеъфои Барак ҳайрати сарвари ширкати молиявӣ, танаффури ҳамкорон ва ваҳшати дарбони сиёҳпӯстро ба бор оварданд. Аммо худи ӯ бо дили шод ва кӯлбори сабуки китфаш ба Чикаго кӯч баст.

Дар ин ҷо вай тавонист, аз сиёҳпӯстони пароканда, ноумед, бекасу бепаноҳ, боваргумкарда ва бепарво ҷомеъаҳои қавие бисозад, ки битавонанд, аз ҳаққи худ дифоъ кунанд ва ба зиндагии беҳтаре даст ёбанд.

Обама ҳар яке аз ин талошҳои асосан бобарор ва гоҳе нокоми худро онгуна муфассал ба қалам додааст, ки барои ҳар созмони ғайридавлатие метавонад, дастури кор бошад. Чӣ гуна бояд масъаларо омӯхт? Масъалаҳоро ба чӣ шева бояд раддабандӣ кард? Корро аз кадом гӯшааш бояд гирифт? Ангеза — яъне чӣ? Мардумро чӣ гуна муттаҳид кард ва бапо хезонд? Ба чӣ шакл метавон ҳокимияти танбалро ба ҷумбиш овард? Раҳбарони фориғболро ба чӣ наҳв метавон “ҷазо” дод?

bo-mardum

Барои бунёди ҷомеъаҳои қавӣ ва ҳақталош вай аз нерӯи калисо, нақши мактаб, саҳми соҳибкорону пулдорон, таваҷҷӯҳи падару модарон, бонги изтироби расонаҳои ҳамагонӣ истифода мекунад. Рӯзе мерасад, ки шаҳрдори Чикаго маҷбур мешавад, ин ҷомеъаҳоро бишиносад ва ба доди онҳо бирасад.

Барои тағйири вазъи мактабҳои оммавӣ вай бо мудири яке аз онҳо Асанте Моран ошно мешавад, ки ҳарчанд дар оғоз ба пешниҳодҳои сафарбаркунандаи Обама бо шубҳа менигарист, дертар ба дарди амиқи дили Барак пай мебарад ва мегӯяд: “Омӯзиши ҳақиқии кӯдакон чист? Ибтидо бояд ба онҳо худшиносиро дод. Шинохти хештан дар ҷаҳони худ, фарҳанги худ, ҷомеъаи худ. Ин оғозгоҳи ҳама гуна таълиму тарбия аст. Ин аст, ки кӯдакро ташнаи донишу омӯзиш мекунад — ваъдаи будани бахше аз чизе ва сохтани муҳити хеш. Аммо барои бачаҳои сиёҳпӯст ҳама чиз баракс аст. Аз рӯзи аввал онҳо чиро мехонанд? Таърихи касони дигар ва фарҳанги касони дигарро. На фақат ин. Фарҳанге, ки ин кӯдак бояд омӯзад, ҳамон фарҳангест, ки муназзам ӯро рад мекунад, инсонияти ӯро рад мекунад.”

Асанте инро сабаби асосии дарсгурезии мактаббачагони сиёҳпӯст мешуморад. Ва бесоҳиб мондани онҳо. Ва бекории тақрибан сартосарӣ. Ва дуздию раҳзанӣ. Ва нашъамандию майзадагӣ. Ва духтарони навраси соҳиби кӯдаконе аз падарони номаълум…

Вақте ин порчаҳоро мехондам, устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ пеши назарам падид меомад. Ва мактаби миёнаи рақами 3, ба номи Ленин — ҷое ки ман бо баҳои хубу аъло таҳсил кардаам. Китоби “Таърихи СССР” ва вазъи имрӯзаи мактабҳои Тоҷикистон. Ва китоби устод Шакурӣ “Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ”-ро, ки бо соядасташон шахсан ба ман тақдим кардаанд, аз раф мегирам. Сафҳаи 64: “Фаромӯш накунем, ки китобҳои дарсии мактаби тоҷикӣ… ҳама аз русӣ тарҷума шуда буданд. Ҳатто китоби “Таърихи халқи тоҷик”…”

Ҳангоми хайрухуш Асанте аз Барак маънии номашро мепурсад ва вақте мефаҳмад, ки гузаштагони Барак аз Кенияанд, мегӯяд, 15 сол пеш ба ин кишвар сафар карда буд ва ин сафаре буд, ки тамоми умри ӯро тағйир дод. Сипас мепурсад, ки кай охирин бор Барак ба Кения рафта буд.

Барак лаҳзае дармемонад ва мегӯяд, “росташ, ман ҳаргиз дар он ҷо набудаам.”

Асанте даступо мехӯрад, вале зуд ба худ омада мегӯяд:

— Хуб… Ман мутмаинам, ки шумо ба он ҷо сафар хоҳед кард ва зиндагии шумо низ батамом иваз хоҳад шуд…

Дар берун, шарики Барак аз ӯ мепурсад, дарвоқеъ, чаро то ҳол боре ҳам ба Кения сафар накардааст. Обама посух медиҳад:

— Намедонам, шояд аз ончӣ он ҷо хоҳам ёфт, метарсам…

Барак худ низ медонад, ки ҳамеша дар орзуи сафар ба ватани падар аст. Дар ин байн хоҳараш аз модари дигар — Оума, ки дар Олмон таҳсил мекард, ба дидани ӯ меояд ва онҳо соатҳои дароз аз сарнавишту саргузашти падарашон сӯҳбат мекунанд, механданд, мегирянд, сукут меварзанд.

Бими сафар аз он ҷо буд, ки Барак ҳис мекунад, симои ормоние, ки аз падар дар зеҳни хеш офарида буд, аз нақлҳои Оума фурӯ пошидааст, аммо Барак омода нест, ин такиягоҳи худро аз даст диҳад.

Пас аз чанде вай аз ҷавонони сиёҳпӯсти парвардааш якеро ба ҷои худ менишонад ва роҳи Кенияро дар пеш мегирад. Роҳеро ба сӯи оғозгоҳи хеш…

20.03.2009 - Posted by | Сарнавишт, Сиёсат, Ҳолнома |

13 Comments »

  1. Zinda boshed, akoye Salim! maqolayi khele khub! man ham hamesha bar onam, ke bozsoziye Tojikiston az reformaye haqiqiye maktab boyad shuriu’ shavad!
    “Омӯзиши ҳақиқии кӯдакон чист? Ибтидо бояд ба онҳо худшиносиро дод. Шинохти хештан дар ҷаҳони худ, фарҳанги худ, ҷомеъаи худ. Ин оғозгоҳи ҳама гуна таълиму тарбия аст. Ин аст, ки кӯдакро ташнаи донишу омӯзиш мекунад — ваъдаи будани бахше аз чизе ва сохтани муҳити хеш. Аммо барои бачаҳои сиёҳпӯст ҳама чиз баракс аст. Аз рӯзи аввал онҳо чиро мехонанд? Таърихи касони дигар ва фарҳанги касони дигарро. На фақат ин. Фарҳанге, ки ин кӯдак бояд омӯзад, ҳамон фарҳангест, ки муназзам ӯро рад мекунад, инсонияти ӯро рад мекунад.”
    Har tojiki javon inro boyad bikhonad!

    Navruzaton muborak boshad!
    m

    Comment by muborak | 20.03.2009 | Reply

    • Сипоси бекарон. Дарвокеъ, имруз аз даст рафтааст ва бояд 40-50 соли ояндаро фикр кард ва барои ин ба мактабхо рафт, кудаконро омузиш дод, аз масъулони маориф ислохоти ростинро талаб намуд.

      Бояд бехтарин нерухоро ба навиштани китобхои дарсй сафарбар намуд. Набояд наслхои ояндаи миллатро аз даст дод. Он гох хеч чиз вазъро иваз нахохад кард. Афсус, ин як вокеъияти сахт аст.

      Comment by aioubzod | 20.03.2009 | Reply

  2. Бехтарин мавод!
    Браво устод Аюбзод!
    Ба Шумо муваффакиятхои нав ба нави эчоди!
    Наврузатон муборак!
    Хохиш мекунем, хаддалимкон ин силсила давом ёбад!
    Зеро барои тарбияи насли нави чавонони точик рахнамои мешавад!
    Бо эхтиром Озарахш!

    Comment by Озарахш | 20.03.2009 | Reply

    • Мерсй, Озарахши азиз.

      Сарафрозам, ки агар сарнавишт набуд ба хонаи ман мехмон шавед, ин кошона пешкаши кадам!

      Наврузро барои шумо ва он азиз шодбошу фархунда мегуям.

      Comment by aioubzod | 20.03.2009 | Reply

  3. Durud bar USTODI BUZURGI SUKHAN OQOI SALIMI AYOUBZOD! Az khondani in mawod dili shikasta az naw zinda meshawad wa ba ruhi ruhaftodagon quwwat mebakhshad. Inro boyad har yak fardi Tojik bikhonad bowari doram ki, ruhi khonandaro quwwat mebakhshad. Khub meshud ki dar Tojikiston in kitobro ba zaboni Tojiki chop mekardand wa hamai Tojikistonion az in kitob bahra meburdand. In kitob, kitobi darsi ibrat ast baroi har yak khonanda, khususan baroi miliunho Tojikone ki dar Russia kor wa zindagi dorand khudro begona ehsos mekunand wa sari FISHORI dawlati Russia wa Rushoi millatgaro qaror giriftaand, ba hamin khotir shumo USTODI BUZURGI SUKHAN hadi imkon az in kitob binawised, ki in nawishtahoi shumo dili shikastagonro neru mebakhshad wa az fursat istifoda burda shumoro bo idi NAWRUZI AJAM bo IDI BAHOR tabrik wa tahniyat gufta ba shumo UMRI DAROZ, SALOMATI, BAKHTU SAODAT WA DAR KORHOI ILMIWU FARHANGIYATON MUWAFAQIATHOI NAW BA NAW ORZUMANDAM!

    Comment by Patriot | 20.03.2009 | Reply

    • Патриоти азиз, на-на-на, хеле вохима кардед. Банда хануз андар хами як куча хам нестам ва кучактарин шогирди устодони суханам.

      Хохиш мекунам, маро дар хичолат нагузоред.

      Ростй, ман омодаам, матни комили ин китобро бо ишку самимият баргардон бикунам, аммо дусти ношире надорам, ки чопи онро бар душ бигирад ва эй кош, тавоне медоштам, ки онро бепул ба хар яке аз хонаводахои хамкавмон таксим мекардам.

      Орзумандам, касоне пайдо шаванду ин корхоро бикунанд.

      Наврузатон пируз бод!

      Comment by aioubzod | 20.03.2009 | Reply

  4. Bowar kuned, dar bisyor mahfilu ma`rakaho waqte ki, sukhan dar borai shumo merawad, dustdoroni shumo, shumoro “USTODI BUZURGI SUKHAN” meguyand na tanho man. Fikr mekunam ki, in wohima nest haqiqat ast. Shumo az hamon sole ki korro dar radioi Ozodi shuru` karded, dustdoronu hawodoroni shumo bo in unwon, shumoro hamesha yodowar meshawand. SALOMAT BOSHED!

    Comment by Patriot | 20.03.2009 | Reply

  5. Навруз муборак, Салими азиз!

    Хурсандам, ки торнома симои хоси худро пайдо карда истодааст. Бо орзуи комёбихои бештари Шумо Адаш Истад.

    Comment by Адаш Истад | 21.03.2009 | Reply

  6. Бехтарин мавод, ки дар як соли охир мутолиа кардам. Офарин бар шумо устоди арчманд!
    Наврузи ниёконро бароятон шодбош мегуям!Худо нигахдор!

    Comment by Муъмин | 21.03.2009 | Reply

  7. Ustodi arjmand,

    farorasii Navruzro baroyaton tabrik mekhonam, va dar in ruzu in sol hama khushihoe zindagiro ba Shumo tmanno menamoyam.

    Navruz muborak.

    Samak

    Comment by Samak | 21.03.2009 | Reply

  8. Салому дуруди бепоён ба устоди гиромикадр САЛИМИ АЙЮБЗОД. Рости аз ин пойгох нав хабардор шудам. Навиштахоятон хело хело пурмазмун такондихандаи фикри инсон. Сипосгузорам ва аз даргохи Парвардигор бароятон хушихои зиндаги ва бурдборихо орзумандам. Навиштахои огои Баракат (Обама) хело маъкулам афтод ва агар муболига нашавад дар чашмонам ашк пайдо шуд. Бисёр мехохам ки ин китоб бо забони Модарии мо тарчума шавад ва дар мактабхои тахсилоти хамагони дастраси талабагон гардад шояд нангу номуси МИЛИИ мо бедор шавад ва мо хам бахри пешрафти хаматарафаи Ватанамон камари химмат бандем. Аз кавли огои Точвар сарбаланд бошем.

    Comment by Дурандеш | 03.04.2009 | Reply

  9. Сипосгузорам аз меҳрубонии Шумо, Дурандеши азиз.

    Ва хеле хушам, ки ин навишта бароятон писанд афтодааст. Умедворам меҳри Шумо ба ин торнигор ҳаргиз коста нагардад.

    Сарафроз бошем!

    Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply

  10. Салом огои Аюбзод! Вокеан маводест,ки инсонро гизои маънави мебахшад. Адабиёти точик бояд ифтихор бикунад аз нависандае чу Шумо! Браво!!!

    Comment by Bahmanjor | 09.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: