Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

4. Дар роҳ ба сарзамини назр, ниёз ва паймон

1obama4Хондани китоби пур аз дард, гумон ва яъси Барак Обамаро идома медиҳам, ки ногоҳ садои худи ӯ ба гӯшам мерасад. Сар боло мекунам ва чеҳраи ӯро дар телевизион мебинам, ки Наврӯзро ба мардуми Эрон шодбош мегӯяд ва ҳатто ба забони мо ин ҷумларо талаффуз менамояд: “Иди шумо муборак!”

Хаёлан, бо хатту мавҷу пайвандҳои ноаён ва бо забони зарбони дил посухаш медиҳам: “Ба ту ҳам муборак, Бараки азиз, кош паёмовари рӯзи дарвоқеъ нав, соли нав, қарни нав ва ҳазораи нави аҳли башар бошӣ.”

Ба акси ӯ дар рӯйи ҷилди китоб менигарам ва ба тасвири ӯ дар оинаи ҷаҳоннамо ва фикр мекунам, оё ин ду як нафаранд? Барак Обамаи президент аз Барак Обамаи донишҷӯ ё Барак Обамаи нависанда то куҷо тафовут хоҳад дошт. Аз пули сироти озмуни қудрат чӣ гуна хоҳад гузашт? Сиёсат, дақиқтараш, Вошингтон ӯро то куҷо тағйир хоҳад дод? Оё ҳамон Бараке хоҳад монд, ки мо аз китоби “Орзуҳои падари ман” мисли як бародари ҳамтан шинохтем ва ё каси тамоман дигаре хоҳад шуд?

Дар ин китоб вай ин қадар ростгӯ, ошкорбаён, ҳақиқатдӯст ва қатъист, ки ҳеҷ ҳарферо пинҳон намекунад ва ҳеҷ ҳарферо барои суду манфиате намегӯяд, балки ин қадар боз аст мисли як дӯсте, ки ба гуфтаи Нича метавонад, дар баробари дӯсти худ бараҳна шавад.

Дар ин китоб рӯҳи бараҳнаи Баракро бармало мебинем, хашму дард ва нигарониҳои ӯро мисли хашму дарду нигаронии худ ҳис мекунему ба сар мебарем. Оё ҳамин гуна бо рӯҳи бозу бараҳна боқӣ хоҳад монд ё ниқобеву ҷавшане нигаҳногузар ба сурат ва танаш хоҳад кашид? Охир сиёсат чӣ касонеро аз сидқу самимият фарсангҳо дур бурдааст!

Ва оё ҳамон гуна, ки аз сафари Африқо пурбор баргашта буд, саршору шодоб боқӣ хоҳад монд? Ва замине, ки ба гуфтаи Хайём “мардумаки чашми нигоре будааст”-у вай дар Африқо зери пояш ламс кард, боз солҳои сол зери пояш хоҳад буд? Монанди халтачаи хоки Масчо дар зери пои Баҳодурхоҷа? Хоки бебокӣ?

Ҳанӯз дар роҳ ба ватани падар, бо худ мегуфт: “Ман маҳкум ба ин будам, ки ба даруни хеш бингарам ва он ҷо ба ҷуз аз халоъи бузург чизе набинам. Оё ин сафари ман ба Кения дар ниҳояти амр он холигоҳро пур хоҳад кард?”

Вай барои он чунин мегуфт, ки мисли як зоир ба тавофи макони муқаддаси хеш мерафт ва Африқо барояш на як сарзамин, балки “як ғояе шуда буд, мисли замини назру паймоншуда, пур аз суннатҳои қадима, бинишҳои бунёдӣ, муборизаҳои наҷиб ва таблҳои гӯё.”

Вай бо ларз пой ба ин сарзамин мениҳод, зеро метарсид, ки мабод ҳақиқат ба гунае бошад, ки ӯро дилсард бикунад ва корномаву марги падараш орӣ аз мазмуну маънӣ бошад ва пайванди ӯ бо падар ва Африқо чизе на бештар аз ном, навъи хун ё нописандии мардуми сафедпӯст бошад.

Аз ҳамин бим буд, ки фикр мекард, бо ҳар васила талош дорад, сафари ӯ ақиб афтад. Ин идомаи ҳамон ҳолати овехтагии миёни замину осмон буд. Ҳолати бевазнии кайҳонӣ. Кас намедонад, решаҳояш куҷоянд, гузаштагонаш кистанд ва кас дуои падару падарбузурги хешро нагирифтааст.

Ба тазоде фикр мекунам. Барои як бахше аз мардум беаслӣ озодист. Муҳоҷиронеро дидаам, ки чун ба мулки рус мерасиданд, занҷирҳо аз дасту пояшон меафтод ва гӯё пару бол мебароварданд. Дар мулки бегона касе онҳоро намешиносад ва барои ҳамин чизе ки хоҳанд мекунанд. Дар деҳаи худ наметавон даст ба чунин аъмол зад, зеро он ҷо ҳама туро мешиносанд ва кори бади ту гӯри ҳафт пушти гузаштаатро ба оташ кашидаву тавқи лаънат ба гардаани ҳафт пушти ояндаат хоҳад зад.

Аммо барои бахши дигари мардум бегузаштагӣ ба маънии беояндагист. Касе ки гузашта надорад, оянда ҳам нахоҳад дошт.

Русҳо дар ибораи “Иване, ки пайвандонашро ёд надорад” нафрати бузурге ба беаслонро гунҷондаанд. Боре чунин афродро дида будам.

Соли 1986 дар авҷи ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон дар фурудгоҳи Кобул баталйоне аз ҳавопаймо берун шуд. На дар либоси низомӣ. Ҳама пироҳан ва шиму пиҷаку пойафзоли ҳамсон доштанд. Вале на сарутан, балки ифодаи яксони чашмони онҳо шигифтовар ва тарсбарангез буд.

Онҳо таҳамтан набуданд, вале фармондеҳе ба ман гуфт, ин беҳтарин гурӯҳи ҷангист ва дар ҷанги Афғонистон пирӯзӣ хоҳад овард. Онҳо гӯё ҳамагӣ аз як инкубатор берун шуда бошанд, чун бародарони дугоник шабеҳи ҳам буданд. Ва чашмҳо нусхаи ҳам. Мурдачашмӣ.

Дертар, замоне ки дар Гардез будам, мешунидам ки ин баталйони махсус бузургтарин бераҳмиҳоро анҷом медод. Онҳо падару модари худро намедонистанд ва “фарзандони давлат” буданд…

Воқеъан вақте аввалин бор номи Баракро шунидам, Афғонистон ба ёдам омада буд, аммо, албатта, на ин баталйони каллабурон, балки рустои харобае дар шоҳроҳи байни Кобулу Гардез бо номи Баракӣ-Барак. Ҷопониҳо шаҳракеро ба шарафи Барак “Обама” номгузорӣ карданд ва ё дар ёдам нест, чунин шаҳраке аз пеш доштанду он ҷо ҷашн оростанд, аммо Обама исми хонаводагист ва Баракӣ-Бараки Афғонистон номи худи Барак аст, ҳатто на, “Баракаи Барак” аст ва аз Барак бояд баракае бирасад. Баъд тушбераеро ёд кардам, ки дар Ғусар хӯрда будаму мардуми маҳаллӣ онро “барак” мегуфтанд. Шояд аз “бурак” ё “баргак”.

Ба онҳое, ки дар Амрико ва дар Аврупо аз шунидани номи Барак сар бардоштаву ба ӯ хира мешуданд, вай мегуфт, номаш аслан “Барака” аст ва аз арабист. Дар Аврупо, ба ҳар баҳона Барак ба ин ҷову он ҷо мерафт ва боз ҳам метавон шубҳа кард, ки бо ин роҳ расидан ба Кенияро ба таъвиқ мегузошт.

2obama4

Дар Испониё вай тасодуфан муддате бо як муҳоҷири сенеголӣ ҳамсафар гашт. Марде буд, ки ҳамсарашро пушти сар дар ватан гузоштаву кӯлбори дарвешие дар китф думболи кор ва даромад мегашт. Вай акси зардгаштаву харошхӯрдаеро аз ҷайб мегирифт ва духтараки кулчарӯю хандонро ба Барак нишон медод — “занам”, орзуҳо мекард, аз дидаву шунидаҳояш мегуфт ва боре бо ҳиммати баланд барои Барак чошт харид

Як субҳи зуд ҳарду аз автобус поин шуданд, субҳи кабуд, соф ва ором ва муҳоҷир Баракро ба зери нахле хонд. Аз кӯлбораш обгинаеро гирифт ва ба дастони Барак об рехт ва ҳарду шустушӯ карданд ва бо ҳам ним нони он муҳоҷирро хӯрданд, сипас ҳамдигарро оғӯш гирифта, хайрухуш карданд ва муҳоҷири сенеголӣ ба роҳи худ рафт.

Барак дурудароз, то ғоиб шуданаш, аз думболи ӯ нигарист ва ба вай ҳасад бурд, ки куҷо рафтанашро медонад ва медонад, чаро. Ва аз дунёест, ки дар он мегӯянд, ба мусофири сари роҳат лабханд бизан, зеро кӣ медонад, боз ӯро хоҳӣ дид ё на.

Солҳо баъд, Барак дар китобаш менависад: “Номи ӯ чӣ буд? Дар ёдам нест. Наметавонам, ба хотир орам. Хуб, боз як марди гурусна дур аз манзили хеш, як фарзанди мустамликаҳои пешин — Алҷазоир, Ҳиндустон, Покистон — ки ҳоло сангарҳои соҳибони собиқи худро мешикананд ва ҳамлаи ишғолгаронаи ҷавобии худро пеш мебаранд.”

Онҳо медонанд, ки чӣ мехоҳанд ва барои ин бояд ба куҷо раванд, аммо Барак дар нимароҳ мондааст, намедонад, чӣ мехоҳад ва ба думболи чӣ мегардад.

Барак то ин давра ба натиҷаи қатъӣ расида буд, ки вай сафедпӯст нест, ҳарчанд аз модари сафедпӯст ба дунё омадааст ва тарбияи бибиву бобои сафедпӯсташро гирифтааст. Мехост, иқрор кунад, ки аз дунёи сафедҳо андӯхтаҳои зиёде дорад ва шояд дарсади зиёди олами ботинияш марбут ба сафедпӯстон ва таъриху фарҳанги онон аст. Пас чаро вақте ба даруни худ менигарист, онро холӣ медид мисли як биёбони нопайдоканор? Оё “холӣ” дар сухани Барак ба маънии “пуч” низ ҳаст?

Дунёи сафедҳо, бо вуҷуди модар ва бобову бибӣ ва ҳазорон нафари неки дигар, бо вуҷуди назму қонун ва имкониятҳои одилона дар як маврид — дар додани такиягоҳи қавии маънавӣ ба Барак ва он ҳам ба иллати ранги фарқкунандаи пӯсти ӯ кам оварда буд. Ҷаҳон аз ваҳдат мегӯяд, аммо ба якуму дувуму савум ҷудо мешавад ва Барак аз ҷаҳони савум аст.

Аз сӯе ҳам чеҳраи падар ҳамеша пеши назараш меомад ва нигоҳи мармузи рӯҳи саргардони падар ӯро ба худ мекашид.

Вай ба ҷустуҷӯи падар баромада буд, аммо шояд бо ин баҳона ба ҷустуҷӯи хеш. Ба ҷустуҷӯи ҳувияти хеш. Ҳолаташ осон набуд. “Ғарбие дар Ғарб гӯё на дар хонаи худ ва африқоие дар роҳ ба сарзамине пур аз ношиносон.”

Дертар, вақте хоҳараш Оумаро дар Кения мулоқот мекунад, мепурсад, чаро бо вуҷуди кору даромади хуб Олмонро тарк кард. Оума мегӯяд, “якумр хориҷӣ будан ба дилаш задааст.”

Дар як интихоботи Тоҷикистон аз мубаллиғони оташини як номзад будам. Наздиктарин дӯстам ба таблиғоти ман тан намедод ва мегуфт, ба ин номзад раъй нахоҳад дод. Мепурсидам, ки чаро? Мегуфт, номзади ту касест, ки намедонад, падараш кист, чӣ гуна ман ба ӯ раъй бидиҳам. Ин ҳарфро пуч ва бепоя мехондам. Ҳоло фикр мекунам, агар Барак Обама падари худро намедонист, оё амрикоиён ба ӯ раъй медоданд, ки раисиҷумҳур пешрафтатарин кишвари олам шавад?

Биму нигаронии Барак аз шинохти дақиқи падар ва гузаштагонаш инчунин аз суханони хоҳараш Оума дар ҷараёни сафари чанд соли пеши Оума ба Ню Йорк низ сарчашма мегирифт. Он сӯҳбатҳои дардолуде, ки симои ормонии падарро дар пиндори Барак ба ҳам зада буд, барои як лаҳза ҳам аз ёдаш намерафт ва ин ҳолати беморгунае буд, ки давои он шояд танҳо дар Африқо вуҷуд дошт.

Қаҳрамони афсонаҳои бачагии Барак дар воқеъ давраҳои шикаст ва бебандуборие низ дошт. Аз мансабу мақомҳо ронда шудаву рӯ ба шишаи май оварда буд. Ба хотири шароб ҳама сарвати худро ба бод дода буд. Овораи кӯчаҳо дар ба дари хешовандон мегашт ва бисёриҳо аз пазироии ӯ сар мепечиданд, ба ӯ нафрат доштанд. Духтару писаронаш аз ҷабру ситами ӯ аз вай фирор мекарданд. Падари раҳгумзада номаҳои даҳ сол пешро боз мекард ва ба Оумаи тарсхӯрдаву гуруснаву бенаво мехонд, то бигӯяд, ӯ бекасу уфтода нест…

Аммо ҳеҷ достоне наметавонист, дили Баракро бишканад. Метавонист, сафари ӯро ба ватани падар душвор ва пурмашаққат гардонад, аммо дилро нашиканад.

Ниҳоят пой ба ин сарзамини ниёзҳояш ниҳод. Касе ки ба ҷустуҷӯи бузургтарин мафҳумҳо омада буд, дар аввалин қадамаш дар фурудгоҳи байнулмилалии Найробӣ, пойтахти Кения, ҷомадонашро гум кард. Оума ҳам бо вуҷуди ваъдаҳо дар миёни пешвозгирандагон намудор нашуд. Ҳамаи мусофирон дар канори пайвандону дӯстон, бо гулдастаҳову нидоҳои осмонкаф ва хандаҳои зангӯладор бадар шуданд, Барак якка ва дасти холӣ дар саҳни бузурги фурудгоҳ танҳо монд. Бо дасти холӣ ва диле пур аз биму нигаронӣ. Ва тани танҳо…

(Идома дорад)

23.03.2009 - Posted by | Сарнавишт, Сиёсат | ,

5 Comments »

  1. It seams to be an another book. Why dont u to publish it in a newspaper in Dushanbe too in order more ppl could be aware of this?

    Comment by follower | 23.03.2009 | Reply

    • Thank you for your comment. I hope the people interested in the topic will find the blog if not today, maybe tomorrow.

      My best wishes.

      Comment by Cалими Аюбзод | 23.03.2009 | Reply

  2. Ustodi giromi shumo dar bolo durust qayd namuded ki, “Baroi yak bakhshe az mardum beasli ozodist” bale! Mutaasifona in guna ashkhos dar bayni muhojironi kori dar Russia ziyodand ki, dast ba korhoi noshoista mezanand, na fikri guzashta mekunandu na fikri oyanda. Az dasti in guna ashkhosi “beasl”-u befarhang, sadho hazor (million) muhojironi kori dar azoband. Fikr mekunam ki, az hamin sabab muhojiron zeri fishori milligaroyoni Rus qaror giriftaand. Dar Russia muhojironi ziyodero didaam ki, raftoru kirdori ajoibe dorand ki noguftanist, waqto ki ba watan bar meggardand raftoru kirdorashon 180 gradus dawr mekhurad, toqi (kuloh) dar sar kunji masjidro megirand. KOMYOB BOSHED!

    Comment by Patriot | 23.03.2009 | Reply

    • Дарвокеъ сухани Шумо 100% дуруст аст, ба хотири хамдиёрй мо хамеша аз мухочиронамон химоят мекунем, аммо кам андар кам мешавад, ки ба нукси онон низ бипардозем.

      Бархе аз онон ба хамдиёрони худ рахме намекунанд.

      Шунидаам, бархе фатво додаанд, ки фиреб додани кофирон ва дуздии моли онхо ва он хам дар кишвари кофирон аз корхои савоб будааст…

      Вале аз суи дигар оё ин мухочират аз миёни онхо Обамахоеро барои миллати мо ба вучуд меоварда бошад?

      Comment by Cалими Аюбзод | 23.03.2009 | Reply

  3. Az donishmandoni Islom (az “mullo”-ho ne)in guna fatwoho hej waqt shunida nameshawad. Wizhai “mullo”-ro imruzho ba`ze ashkhos hamchun biznes istifoda mebarand. “Yak hadisi Payombar (S) ast ki, meguyad; 3 duoe ast ki, ba dargohi Khudo beshak qabul meshawand, 1 duoi Padar dar haqi farzand. 2 duoi musofir. 3 duoi mazlum dar haqi zolim, HARCHANDE KI MAZLUM GHAYRI MUSALMONHAM BOSHAD” in baroi askhosi bo “asl” darsi zindagist. Az ashkhosi be “asl”-u be zot har kor bowari hast. Fikr mekunm ki, dar oyandahoi nazdik az muhojironi imruzai mo yagon Obamahoe baroi millati mo ba wujud nakhohad omad, lekin dar oyandai dur bowarii komil doram ki, ba wujud khohad omad, az naslhoi khurdtarakone ki, imruz dar maktabhoi miyonai Russia tahsil dorand! Bowar kuned in muhojirat mardumi azizi moro az farhang farsangho dur karda istodaast! Oqubati mo chi meshuda boshad?

    Comment by Patriot | 24.03.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: