Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

5. Вилояти умр ва мероси падар

simo-obamaҶомадони Барак дар фурудгоҳи Найробӣ гум шуд. Касе ӯро пешвоз нагирифт. Ҳаяҷони дидори ватан дар рагҳояш хушкид. Худро гум кард, аммо ончӣ пас аз лаҳзае ёфт, ба ҳамаи ранҷи роҳи дураш меарзид. Корманди фурудгоҳ вақте аризаи Баракро гирифт, пурсид: “Бубахшед, Шумо тасодуфан хеши Доктор Обама нестед?” Барак посух дод: “Бале, вай падари ман буд.”

Инро гуфт ва ҳамзамон дарк кард, ки ба ватанаш баргаштааст. Донист, ки ном фақат вожа нест. Ҳамагӣ чанд дақиқа пеш, вақте тани танҳо дар саҳни паҳновари фурудгоҳ меистод, ба худ механдид, ки интизораш аз дидори ватани падар дигар буд. Фикр мекард, бо нахустин қадами ӯ дар хоки ватан абрҳо ба чаҳор сӯ пароканда мешаванд, девҳо рӯ ба гурез мениҳанд, замину замон ба ларза меояд, зеро ниёкон аз қаъри хок қомат мекашанд ва бозгашти ӯро ид мекунанд.

Гум шудани ҷомадон, муроҷиат ба кормандони фурудгоҳ мӯъҷизаро ба дур ронд ва ҳодисаро ба замин нишонд. Аммо сеҳри муғона зуд ба ҷои хеш баргашт. Ӯро шинохтанд. Аввалин бор ҳамсӯҳбатонаш дар гуфтани ном ва номи хонаводагии ӯ мушкил надоштанд ва забонашон дар ком дарнамемонд.

Корманди фурудгоҳ лабханд зад ва гуфт, Доктор Обама аз дӯстони падари ӯ ва шахси маъруф буд. “Вақте ки ман кӯдак будам, он кас ба хонаи мо зиёд меомаданд.” Нахустин бор буд, ки Баракро аз рӯи номаш шинохта буданд.

“Чунин ҳолат дар ҳеҷ куҷо бо ман иттифоқ наафтода буд. На дар Ҳаваӣ, на дар Индунезӣ, на дар Лос Анҷелес, на дар Ню Йорк ё Чикаго. Нахустин бор дар умри худ ман аз ҳувияте, ки номи ман мумкин аст, бароям таъмин кунад, эҳсоси роҳатӣ ва қатъият кардам.”

Барак донист, ки ном метавонад, бори зиёде дар дӯш дошта бошад ва бо талаффуз шуданаш ҳазорон хотираҳо, равобит ва шабакаҳоеро ба вуҷуд орад.

Дар ин андешаҳо буд, ки касе ӯро садо кард: “Барак!Барак!” — аз паси кормандони амниятии фурудгоҳ Оума болову поин меҷаҳид ва номи ӯро ба забон меовард.

Маълум шуд, мошини кӯҳнаи Оума дар роҳ вайрон шудааст ва ӯву аммаи Барак — Зайтуна натавонистаанд, ба сари вақт дар фурудгоҳ ҳозир шаванд. Пас гум шудани ҷомадон, дақиқтараш ба Йоҳаннесбург интиқол ёфтани он чандон ҳодисаи бад ҳам набудааст. Танҳо аз он лиҳоз бад буд, ки Барак се рӯзи дигар дар Найробӣ интизор монд, зеро наметавонист, дасти холӣ, бе тӯҳфаҳо ба дидори хешонаш биравад.

Дар ҳоле ки барояш гуфтанд, бо парвози баъдӣ ҷомадонро ба Барак хоҳанд расонд, агар вай ва Оума ба як хешованди худ дар вазорати ҳавонавардӣ ва сайёҳӣ муроҷиат намекарданд, интизорӣ метавонист аз се рӯз ҳам бештар ва ё ҳатто беохир шавад.

Ин се рӯзро Барак ва Оума ба тамошои Найробӣ сарф карданд. Кӯчаву хиёбонҳо, бозору масҷиду калисо, биноҳои баланди оинабандӣ ва талотуми кулбаҳои боло-боли ҳами бенавоён — ҳама чиз нигоҳи Баракро банди худ мекард. Ба вижа, симо, чашмҳо ва ҷуссаи одамон. “Ҳама ҷо чеҳраҳои сиёҳпӯст аз пеши назарам мегузашт. Ҳоло мефаҳмам, чаро онҳое, ки монанди Асанте, ба Африқо сафар мекунанд, мегӯянд, ҳаёташон иваз шуд. Зеро дар ин ҷо кас аввалин бор накҳати озодиро мечашад, озодии инро, ки на дигарон ба ту, балки ту ба дигарон менигарӣ.”

Вай ин озодиро ба озодии рӯидани мӯйи сар ва алвонҷ хӯрдани табиии бадани инсон ба ҳангоми роҳгардӣ монанд медонад. “Ин ҷо ҷаҳони сиёпӯстон аст ва ту ҳамоне ҳастӣ, ки ҳастӣ. Ту ҳамаи инро ба шеваи беназире кашф мекунӣ, бидуни ҳамзистии иҷборӣ бо дурӯғ ва содир кардани хиёнат.”

Самимияти хешонаш низ дили Баракро об мекунад. Ҳамаи онҳо бо ӯ тавре муносибат мекунанд, ки гӯё вай тамоми умр бо онҳо зиставу акнун, пас аз набудани чандмоҳа дигарбора вохӯрдааст. Ҳама ҳангоми дидор ба ӯ оғӯш боз мекунанд ва за ду бари рӯяш мебӯсанд.

Вай ба чеҳраи онҳо менигарист ва фикр мекард, ҳамин гуна падараш ба ин чеҳраҳо хира шудааст, садои онҳоро мешунид ва гӯё аз гӯшҳои ӯ падараш низ шунавандаи ин садоҳо буд.

xeshon

Хешу табори зиёд ва ҳатто бешуморе, ки ҳама номи ҳамдигарро медонистанд ва агар дар манзиле ба шарафи Барак меҳмон мешуданд, он ҷо дар ҳар ҳуҷрае даҳу понздаҳнафарӣ паҳлуи ҳам мехобиданд ва шабро саҳар мекарданд.

Барак менависад, вай дар шумориши хешонаш сардаргум рафта буд ва танҳо бо ёрдами Оума метавонст, аммаву холаҳо, амаку тағо, ҷияну хоҳарзода, писархолаву писараммаҳои бешуморашро бишиносад.

Мефаҳмад, ки бобояш се зани африқоӣ ва як зани сафедпӯст дошт (ана аз куҷо меояд ишқи падараш ба Анн, ки Баракро ба дунё овард!) ва аз онҳо фарзанди зиёде низ. Худи падараш — Доктор Обама, пеш аз он ки бо Анн издивоҷ кунад, Кейзӣ ном ҳамсари африқоӣ дошт, вале аз ӯ ҷудо шуд ва барои таҳсил ба Амрико рафт.

Аз Ҳарвард Доктор Обама бо ҳамсари дигари сафедпӯст — Руф ба Кения баргашт, аммо пас аз чанде бо ҳамсари собиқаш — Кейзӣ низ рафтуомад оғоз кард.

Бо вуҷуди модарони гуногун ҳамаи фарзандон барои бобо ва падари Барак мавриди муҳаббат ва таҳти сарпарастии ҳамсон буданд. Ҳатто дар ҳоле ки мегуфтанд, писари охирини Кейзӣ аз каси дигар аст, вай ӯро писари худ мехонд.

Аз мардҳои авлодӣ, ки дар ин ҷо нӯҳ пушти онҳоро ном ба ном медонистанд, акнун як артише ба дунё омада буд, ки ҳар нафараш хатту холе аз Ҳусейн Оянго ва Доктор Обама дошт. Вале ҳар кас аз пайи зиндагии худ буд, ҳарчанд тору решаҳои қавие онҳоро васл мекард.

Бархе аз хонаводаҳо камбизоат буданд, аммо рӯзи меҳмонӣ тамоми дороии худро ба рӯи миз мегузоштанд ва занону духтарон чанднафарӣ дар ошпазхона дасту остин барзадаву беҳтарину лазизтарин ғизоҳоро омода мекарданд.

Оума ба Барак гуфта буд, ба манзиле даъват шудану нарафтан бузургтарин гуноҳ хоҳад буд ва аз ҳамаи таъомҳо начашиданд, чӣ қадар ки сер ҳам бошӣ, низ айби нобахшиданӣ. Ва вақте соати тановул ҳам муҳим набуд, фарқ намекард, субҳи зуд аст (мисли оши наҳори мо) ё пас аз ними шаб.

Барак барои ҳар яке хешовандон, ҳатто дуртаринҳо, ҳадияе оварда буд. Ҳама ба таври шигифтангез аз ин тӯҳфаҳо шод мешуданд, вале намедонистанд, ки рӯихатти дароз яке аз асрори дигари миёни Барак ва Оума буд. Бигзор ночизтарин тӯҳфа, аммо аз дасти ту ширин хоҳад буд, навишта буд Оума ба бародараш. Вақте ин дастовезҳоро ба соҳибонашон медод, ба ёдаш меомад, ки падараш низ ба ӯ, бобову бибӣ ва ҳамсари собиқаш тӯҳфаҳо бурда буд.

Аммо на ҳама хешовандонаш бо ҳам тифоқ буданд. Аммаш Соро ба ҳеҷ яке аз меҳмониҳои умумии авлодии обамаҳо намеояд ва паём медиҳад, ки Баракро ба хонаи ӯ биёранд. Маълум мешавад, пас аз марги падари Барак, байни онҳо барои тақсими мероси ночиз хархаша бархоста, сабаби қаҳр ва ҷудоӣ дар авлодӣ шудааст.

Дар ҳамаи тӯли ин навишта руҷӯъе ба андешаву эҳсоси худ накардам, зеро барои хонандаи зирак мисли рӯз равшан аст, ки урфу одати мардуми Кения ва дертар хоҳем дид, ҳатто сиёсату давлатдории онҳо то куҷо шабеҳи Тоҷикистони мост.

Фақр бузургтарин мушкил буд ва сабаби он мегашт, ки яке дигареро нохуш бигӯяд ва яке ба дигаре хусумат варзад. Ва на танҳо дар дохили як авлодӣ, балки дар сартосари мамлакат ва беш аз ҳама дар байни қабилаҳои гуногуни Кения.

Дар давраҳои гуногун ҳукумат аз дасти як қабила ба дасти қабилаи дигар мегузашт. Қабилае, ки ба қудрат мерасид, намояндагони қабилаҳои дигарро аз мансабҳо дур мекард ва ба пасттарин мақоми давлат низ ҳамқабилаи худро менишонд.

Авлодии Обама аз қабилаи Луост ва пас аз як давраи кӯтоҳи ҳокимият, аҳли он аз мансабҳо дур карда шуданд, аз ҷумла падари ӯ, ки пеш аз нишастан ба курсии вазорат дар як ширкати амрикоии нафт кор мекард.

Бархе аз хешовандон бо накӯҳиш хоҳанд гуфт, Доктор Обама, дастпарвари Донишгоҳи машҳури Ҳарварди Иёлоти Муттаҳида, беҳуда аз ширкати “Шэлл” рафт ва ба ҳукумати Кения пайваст. Лекин бархи дигар мегӯянд, вай шахси бисёр донишманд ва боистеъдод буд ва мехост, бо истифода аз мақоми давлатӣ ба ватанаш хидмат кунад.

Доктор Обама аз он кормандони камшумори давлатие буд, ки чӣ будани ришва, дурӯғ ва дурӯягиро намедонистанд. Чунин афрод ба давлате, ки ҳарчанд соҳиби истиқлолият гашта буд, аммо асосан аз хориҷ идора мешуд, бори зиёдатӣ буданд.

Дар солҳои 1966 ва 1967 ҷудоӣ дар миёни қабилаҳо ҷиддитар шуд. Раисиҷумҳур Кенятта намояндаи қабилаи калонтарини Кения — Кикюус буд. Намояндагони қабилаи Луо, дувумин калонтарин қабилаи кишвар эътироз карданд, ки Кенятта ҳамаи мансабҳоро ба ҳамқабилаҳои худ додааст.

Дар ин замина чанд сӯиқасду куштор ба вуқӯъ пайваст. Бархе аз луоиҳо зиндонӣ шуданд. Дӯстони Обама сукутро ихтиёр карданд ва аз ӯ низ хостанд, сокит бошад. Аммо хислати ӯ дигар буд. Вай ошкоро аз фасодзадагии ҳукумат сухан мегуфт ва боре вазири худро таъна зад, ки чӣ гуна ӯ метавонад, раҳбараш бошад, вақте дар назди Обама камтар аз талабаи мактаб аст. Вай ба “феҳристи сиёҳ” шомил гашт. Ба бегона ва беҳуқуқе дар ватани худ. Аз вазорат ронда шуд ва хеле вақт бекор монд.

Ҳукумат ба тамоми ширкатҳои хориҷӣ дастур дод, ки Доктор Обамаро ба кор нагиранд. Ширкате, ки ӯро ба кор гирад, аз Кения ронда хоҳад шуд. Обама хост, Кенияро тарк кунад. Гузарномаи ӯро барои тамдид гирифтанд, вале барнагардонданд, яъне дастур ин буд, ки вай ба хориҷа низ рҳое надорад.

Дертар дар як идораи марбут ба об вазифаи хурдеро гирифт, аммо акнун рӯ ба майзадагӣ оварда буд.

Ба ӯ гуфтанд, агар маъзарат хоҳад ва дигар садо баланд накунад, метавонад, корашро идома диҳад, дар акси ҳол аз ҳамин ними нон ҳам маҳрум хоҳад гашт. Аммо ӯ тан надод. Пас аз чанде дар садамаи роҳ маҷрӯҳ шуд, дар ҳоле ки ҳамсафараш ба ҳалокат расида буд ва моҳҳои зиёда бистарӣ гашт.

Барак бахши асосии саргузаштҳои падарашро аз Оума шунида буд, аммо акнун аз забони хешу ақрабо ва бо ҷузъиёти бештар достонро гӯш мекард ва шабҳо зиндагии падарашро сол ба сол, рӯз ба рӯз, лаҳза ба лаҳза аз нав мезист.

24.03.2009 - Posted by | Инсон, Сиёсат | ,

20 Comments »

  1. Азизони дилам. Ростӣ, вақте матлаби аввалро дар бораи Обама навиштам, гумон надоштам, ки онро то ин ҷо идома хоҳам дод. Намедонистам, ки гуфтаниҳо ин қадар зиёданд.

    Ҳоло, ба гуфтаи яке аз дӯстони арҷманд, китобе навишта шуд дар бораи китобе.

    Ба фикрам, бояд дар як бахши ниҳоӣ ҳамаи андеша ва бардоштҳоро ҷамъбаст кард, зеро мавзӯъҳои дигаре маро интизоранд, аммо намехоҳам, ин корро нотамом бигузорам.

    Лутф бикунеду бинависед, оё ин силсила бо як бахши дигар поён ёбад ва ё идома бикунад. Сухани шумо муҳим аст.

    Комёб бошед.

    Comment by aioubzod | 24.03.2009 | Reply

  2. Устоди арчманд!
    Хар субх хамин ки ба кор омадам, аввал сахифаи шуморо мекушоям ва бо шавк маводи тозаи шуморо мехонам. Хохиш мекунам навиштани ин достони пурарзишро хатман идома дихед.
    Дуогуятон,
    Суруш

    Comment by Sooroosh | 25.03.2009 | Reply

    • Суруши азиз, сипосгузорам аз навидат.

      Талош мекунам, бо нашри маводи нав хар руз субхро бароят шодбош гуям.

      Аз Худованд неру ва аз чунин хонандагони бовафо илхом мехохам.

      Comment by aioubzod | 25.03.2009 | Reply

  3. Идома, идома ва идома. Он кадар монандихои чолибе бо Точикистон доштааст ин мардак, ки аз хар мавзуъи дигаре хам мухимтар киссаи Обама хаст холо. Зеро андаруни ин кисса тамоми дарду мушкилот ва ширинихову чаззобияти точики низ хаст.

    Comment by Follower | 25.03.2009 | Reply

    • Дуруд бар Фолловери азиз.

      Пас аз ин дархости ширини Шумо намешавад, корро идома надод. Ростй, шубха доштам, ки ин кисса то кучо ба афроде монанди Шумо чолиби диккат бошад.

      Comment by aioubzod | 25.03.2009 | Reply

  4. Ustodi giromi! In website shumoro dar komputeram hamchun sahifai asosi istifoda mebaram wa az sahar to begoh kushoda ast, dar dawomi kor har soat 1 `2 marotiba boz menigaram ki, shoyad az in kitobi purasror yagon chize nawista boshi. Hatto shab pesh az khob in sahifaro kushoda mebinam. Khohish mekunam ki, in dostoni purasrorro idoma dihed! KOMYOB BOSHED!

    Comment by Patriot | 25.03.2009 | Reply

    • Патриоти гиромй.

      Дарего, ки мисли 10 сол пеш нестам, то хамаруза навиштаи тозае ин чо нашр бикунам. Аммо суханони неки Шумо марои чавонтар ва тавонотар мекунад.

      Сипосгузорам аз мухаббати Шумо.

      Comment by aioubzod | 25.03.2009 | Reply

  5. исаи чолиб аст. Ман низ дар баробари дигарон идомаи онро интизори мекашам. Хеле хуб аст. Фикр мекунам дар доираи шархи ин китоб хама чизро, ки ба хаёти сиёсиву иктисодии Точикистон баста аст метавон шарх дод.
    Дар интихо метавон барои чопи китобе аз ин навиштахо истифода бурд.

    Comment by Муъмин | 25.03.2009 | Reply

    • Муъмини фарзона, хеле хуб дарёфтед, ки ин достон шабохатхои зиёде ба ватани азизи мо дорад. Махз хамин чиз маро ба навиштан водор кард.

      Аз суи дигар шахсияти худи Барак Обама ва росткавлии у дар хама маврид маро мафтун кард. Максади ман аз ин навиштахо ошно кардани Обама ба мардуми мост, ки аксаран зери таъсири расонахои таблиггари Русия мондаанд.

      Сарафроз бошед.

      Comment by aioubzod | 25.03.2009 | Reply

  6. ustad granqadr salim ayobzad drood ba shuma ! ba site zebai shuma sarzadam . lezat ferawan az nawshtahai shuma burdam . edama bedehed wa man har rooz ba site shuma sar khaham zad wa nwashtahai shuma ra ba khwanish khaham gereft wa az an mostafeed khaham shud .
    shad wa kamgar bashid

    Comment by k . bahador | 25.03.2009 | Reply

    • Азизам Баходур,

      Сипоси бекарон аз таваччухи Шумо ба ин торнигор ва аз суханони гарму илхобахши Шумо. Орзу мекунам, на Шумо ва на хеч яке аз хонандагони мухтарамро харгиз дилсард накунам ва монанди муаллифи китоби “Орзуохои падари ман” содику самимй бошам.

      Бо ихлос.

      Comment by aioubzod | 25.03.2009 | Reply

  7. Хело киссаи чолиб аст. Аммо мехостам устод ин нуктаро рушан кунед, харчанд он кадар чидди нест.
    “Барак менависад, вай дар шумориши хешонаш сардаргум рафта буд ва танҳо бо ёрдами Оума метавонст, аммаву холаҳо, амаку тағо, ҷияну хоҳарзода, писархолаву писараммаҳои бешуморашро бишиносад”.
    У ки модари аврупои дошт, чи гуна дар Кения тагову хола дошта метавонад?
    Бо камоли эхтиром Додварз.

    Comment by Dodvarz | 26.03.2009 | Reply

  8. Як андеша. Амрико ку Точикистон нест, ки як умр прехидент боши. Хуб мебуд, ки баъди 8 сол Баракро президенти Кения интихоб мекарданд, то у Кенияро обод созад. Ва у на танхо президенти аввалини сиёхпусти Амрико хохад буд, балки аввалин нафаре, ки ду кишварро сарвари кардааст. Хохиш мекунам, ки ин назаррро нафароне ки имкон доранд охиста-охиста ба матбуоти Гарб бароранд.

    Comment by Dodvarz | 26.03.2009 | Reply

  9. Салом Додварз! Дар мавриди саволи шумо “У ки модари аврупои дошт, чи гуна дар Кения тагову хола дошта метавонад?” мехостам андешахои худамро пешниход кунам, то шояд масъала бароятон рушан гардад. Маълум, ки падари Барак баъди бозгашт аз Амрико боз бо Кейзиа, зани аввали худ издивоч мекунад. Яъне, Кейзиа модарандари Барак аст. Ин аст сирри тагову холахо доштани Барак дар Кения. Чи гуфтед, дустам?

    Comment by Sooroosh | 26.03.2009 | Reply

  10. Ба Суруш!
    Хар киро ки ба шуи хола монанд дидем, язна нагуем-да…

    Comment by Dodvarz | 26.03.2009 | Reply

  11. Ба Дотварз.
    Аввал хостам чизе нагуям вале оханги навиштаат дагал тофт. Додварз, аввал ба саломи камина бояд алейк мегуфти. Ин аст одоби одами. Дигар, гуфтахоят маколи машхури “дарро задам девор кафид”-ро ба хотир меорад. Ман дар бораи чи гуфтаму ту думболи “шуи холаву язна” рафти.
    Бародар гумон кардам зирак хастию хочат ба фахмонданат нест, вале афсус…
    Айб бародар, айб…

    Comment by Sooroosh | 27.03.2009 | Reply

  12. салом Бародар Cуруш,
    хафа нашав,
    хакикат талх аст охир.

    Comment by Dodvarz | 31.03.2009 | Reply

    • Талхтарин хакикатро хам мешавад бо ширинтарин лахн баён кард. Он гох пазирищи он осонтар низ мешавад.

      Хондаам, ки хакикатро бехтар аст бо садои паст гуфт. На танхо ба гуш, балки ба дил хам хохад расид.

      Комёб ва дустдори хамдигар бошед.

      Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply

  13. Дуруди бепоён ба муаллиф. Бароятон аз даргохи Аллох Таъоло дар чодаи нигариш ва кандуков комёбихо орзумандам. ман хам хохишманди давом додани кисса ва дар шакли алохида нашр шуданаш хастам. Сарбаланду комёб бошем.

    Comment by Дурандеш | 03.04.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз Дурандеши азиз.

      Чанд матлаби дигар имруз ба дастам расид ва нийят кардам, ин достонро дар замони мумкин идома бидихам. Зинда бошед, суханони Шумо ва дустони дигар ба ман неру ва илхом мебахшанд.

      Худо нигахдори хамаи мо.

      Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: