Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

6. Достони дувоздаҳ пушти Барак Обама

6obamaМисли ин буд, ки Барак заррабине дар даст аз кӯчаҳои пурхок нақши пойи падарро меҷуст. Аз танаи дарахтон ламси дастони ӯро, аз дару девор акси садояшро ва аз чашму абрӯи хоҳару бародаронаш нишонаҳои ирсии вайро. Вақте бо шодию фараҳи беинтиҳо фарзандони падарро оғӯш мегирифт, бӯйи падарро мешамид ва нигоҳи гарми ӯро аз гӯшае ҳис мекард.

Хоҳараш Оума мегуфт, бо вуҷуди солҳои зиёди зиндагии зери як бом падар барояш ҳамоно ношинохта боқӣ мондааст. “Фикр мекунам, ҳеч кас ӯро нашинохтааст ва касе нест, бигӯяд, ки чӣ касе будани ӯро медонад.”

Оума ӯро “пирамард” ё “мӯйсафеди мо” меномад. Ҳар бор ки ба акси ӯ менигарад, аввал чашмонаш тар мешаванд ва сипас ларза ба андомаш меафтад. Ҳарчанд “духтар — синаи раҳм” ва дилсӯзи ҳамешагии падар аст, муҳаббати Барак нишон медиҳад, ки писар ҳам метавонад, синаи раҳм, ишқ ва садоқат бошад.

Оума фикр мекунад, Барак солҳо ташнаи дидору навозиши падар будааст ва бо қиссаҳои аҷибу ғарибу тақрибан устураие дар бораи падар бузург шудааст. Падари ормонӣ. Шояд дарвоқеъ падар барои Барак мафҳуме бузургтар аз падар мебошад. Падар барои вай на танҳо падар, балки сарнавишт ва на танҳо сарнавишти ӯ, балки сарнавишти Африқост.

Африқои нофаҳмо ва мармуз. Худи Барак мегӯяд, падараш мисли шамол, оташ, хоку об ё ҳавое барои нафас кашидан содаву фаҳмост, аммо ба ҳамин андоза нофаҳмо.

Хешонаш Баракро ба як маҳалли зебоманзаре меоранд ва заминҳои бобояшро ба ӯ нишон медиҳанд. “Падарат дар ин боғу киштзорон хеле заҳмат кашидааст ва арақи ҷабин рехтааст.” Вай ба дарахтону буттаҳои сабз менигарад. Бод буттаҳоеро меҷунбонад. Барак фикр мекунад, ҳамин лаҳза падараш аз паси буттаҳо хандон берун хоҳад омад.

Муҳаббати Барак ба падараш то андозае як ишқи орифонаи сӯфиёнро ба хотир меорад. Роҳи ӯ ба сӯи падар аз Ҳаваӣ ба Ню Йорк, аз Чикаго ба Порис, Аз Мадрид ба Найробӣ шабеҳи зинаҳои маърифату тариқати сӯфиёна аст. Вай мехоҳад, ба падари хеш бирасад, дар ӯ фано ёбад ва дубора зода шавад…

Вақте кас ба мулки дигаре меравад, барояш фурсате даркор аст, ки ба созу навои он ҳамоҳанг шавӣ. Лекин Барак ҳатто надонист, он лаҳзаи вуруд ба ритми ҷои нав кадом буд. Вай ҳис мекард, дар ҳамин диёр ба дунё омадаву тамоми умр дар ҳамин ҷо зистааст.

Мошини “Ролл-ройс”-аш дар паркинги Чикаго монда буд, аммо дигар ба ёдаш намеомад, зеро лаззате баробар ба харсавории пайроҳаҳои Кенияро надошт.

savorixar

Меҳмонию зиёфатҳо аз деҳа ба деҳа, аз манзиле ба манзили дигар, бо мошину қатори роҳи оҳан идома мекунанд. Аз ҷой ба ҷое даҳҳо ақрабои нав ба қофилаи Барак Обама ҳамроҳ мешаванд. Роҳ ба сӯи рустои модаркалон ва сари мадфани падар аст.

“Зани хомфарбеҳ ва хандорӯ маро ба оғӯш кашид ва бӯсид. Дар пушти сари ӯ ягон 15 нафари хурду калон мисли издиҳоме дар канори реҷаи ҳарбӣ ба сӯи ман табассум ва дастафшонӣ мекарданд.” — Менависад Барак дар бораи аммаш Ҷейн ва фарзандону наберагони ӯ, ки ҳамагӣ Баракро ғойибона мешинохтанд ва дар борааш зиёд шунида буданд. Онҳо бо навбат ӯро ба канор мекашиданд ва аз гунаҳояш мебӯсиданд.

Наслҳои ин авлодӣ хосияти шигифтангезе доштанд, ки ҳарчанд ба падару модар эҳтироми бузург қойил буданду ҳастанд, дар кору кирдори худ озод ва мустақиланд. Онҳо хеле зуд ба воя мерасанд. Дар оила аз хурдсолӣ кори зиёде мекунанд ва дар синни 16-17-солагӣ шояд ба натиҷае мерасанд, ки хидмати худро дар баробари хонавода бо муваффақият анҷом додаанд, воме пеши онҳо намондааст ва акнун бояд зиндагии хешро оғоз кунанд. Бо роҳи худ бираванд.

Оила низ ингуна аст, ки ҳаққи ҳеч яке аз атфолро фаромӯш намекунад ва ҳатто ба камтарин нописандӣ дар баробари хурдтарин кӯдак роҳ намедиҳад. Ҳар кӯдак аз хурдӣ барои ҳама ҷойгоҳи баланди эътирофшудаи худро дорад ва ҳар кӯдак инсон аст.

Кейзиа, ҳамсари падараш ва модари Оумаву Рой Обама, бо оби дида Баракро ба оғӯш мекашад ва мегӯяд, “писарам омад, писарам омад…”

Фарзандон, қатъи назар, ки аз модарони гуногун ба дунё омадаанд ва ё солҳо дур аз ҳамдигар зистаанд, ба якдигар меҳри беандоза доранд ва ҳамеша, дар ҳама ҳолат ба якдигар мадад мерасонанд. Ҳеч чиз наметавонад, беэътиноӣ ва ё камбинӣ дар нисбати ҳамдигарро далел гардад.

Ин хулосаҳо аз тасвирҳое бармеоянд, ки Барак ба шакли хотираҳои сафари Кения дар китобаш ҷой додааст. Барои мани хонанда пурсише халқ мешавад, ки чӣ гуна мумкин аст, озоду мустақил буд ва ҳамзамон қонунҳои нонавиштаи авлодииро риоят кард? Марзи ин таносуб оё дар куҷост?

Тазоди дигар ин аст, аксари фарзандон дар ин хонавода афроди ғайримуқаррарӣ ва ҳатто метавон гуфт, инқилобиянд. Модаркалонаш, ки ҳар лаҳзаи муносибу номуносиб аз пешонаи Барак мебӯсид ва ҳамеша мехост, Барак дар паҳлуяш нишаст бошад, саргузашти авлодро барои набераи раҳдураш ҳикоят мекунад.

“Якум Мивиру буд. Пешгузашти ӯ маълум нест. Аз Мивиру Сигома шуд, аз Сигома Овинӣ, аз Овинӣ Кисодҳӣ, аз Кисодҳӣ Огело, аз Огело Отондӣ ба дунё омад, аз Отондӣ Обонго, аз Обонго Окотс ва аз Окотс Опайо зода шуд. Номи заноне, ки онҳоро таваллуд кардаанд, дар ёдҳо нест, зеро одати мардуми мо ҳамин аст.”

Ба нақли модарбузург, Окотс аз манотиқе наздик ба Угондо ба ин минтақа кӯчида буд. Вай қабилаи худ, луоро ба ин ҷо овард ва чунин тасмим гирифтанд, ки ҷои хубе барои киштукор аст. Баҳр ҳам наздик аст ва метавон бо моҳигирӣ рӯз бурд.

Луо қабилаи ҷангҷӯ набуд, аммо вақте биёбонро ба гулистон табдил дод, қабилаҳои дигар яке паси дигар ба қаламрави он ҳамла мекарданд. Дар ин ҳолат ҷангҷӯ набошӣ ҳам, бояд битавонӣ, ки аз худ, номуси зану фарзанди худ, аз молу маноли хеш дифоъ карда тавонӣ. Овинӣ на танҳо кишоварз ва чорводори моҳир, балки ҷанговари далер низ буд ва борҳо ғоратгаронро шикаст дода, мардуми худро ҳимоят кардааст.

Опайо писари Окотс, шояд нахустин касе буд, ки қабиларо тарк кард ва дар соҳил барои афроди дигар ба кор пардохт. Вақте сармоя ҷамъ кард, замин харид ва хонаву дар кард. Аммо дар айни ҷавонӣ даргузашт ва ду зану чандин фарзандро танҳо гузошт. Писари калонии ӯ — Обама, ҳарчанд ҳанӯз кӯдак буд, сарвари хонавода шуд ва баъд аз бозгашт ба қабилаву чанд муддат зиндагӣ, мисли падараш онро тарк гуфту коргари кирояи як заминдор шуд.

Обама ҳунару заковат ва заҳматкашии бузурге дар кишоварзӣ нишон дод ва заминдор тасмим гирифт, ӯро ба хонадомодӣ бипазирад. Пас аз чанде ҳамсари Обама — духтари калонии заминдори сарватманд фавтид ва заминдор духтари хурдияш — Няокеро ба Обама дод. Тадриҷан Обама замоне ҳатто чаҳор зан дошт, ки аз онҳо фарзанди зиёде ба дунё омад.

Обама заминҳои бекорхобидаеро тоза кард ва боғу киштзорони паҳноваре бунёд намуд. Вай рама ва подаҳои зиёдеро соҳиб шуд. Бар замми сармояаш, вай шахси доное буд, ки қабила барои машварат ҳамеша ба ӯ руҷӯъ мекард.

Бобои Барак — Онянго писари панҷуми Обама ва Няоке будааст. Як шахси комилан ғайримуқаррарӣ, ки хислатҳояш баъдан дар падари Барак, ки низ Барак ном дошт ва худи Барак такрор мешаванд.

Ҳусейн Онянго Обама, марди мусулмон, ки дар соли 1895 ба дунё омада, дар соли 1979 фавтидааст, сарнавишти наҷибу нодир ва пурмоҷарое дорад. Ва ба ҳамон асроре, ки Соро — аммаи Барак гуфта, яке аз сабабҳо ва ё шояд баҳонаҳои итобу ҷудоии Соро аз авлодӣ шудааст, ба ин мард пайванд мегирад.

26.03.2009 - Posted by | Сарнавишт | ,

31 Comments »

  1. Subh ba khayr ustodi giromi! Rosti chi qadare ki, in dostoni purasrorro mekhonam, boz ham shawq ziyod meshawad ki, har chi zudtar khudro to okhiri in qissa birasonam. Chand soli okhir ast chunin kitobi jolibro nakhondaam! SALOMAT BOSHED USTOD!

    Comment by Patriot | 26.03.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз Шумо. Ба зудй ба поёни кисса хохем расид.

      Агар битавонед, худи китобро бихонед, зеро ончй ман навиштаму менависам, шояд аз 4 танхо 1 хиссаи чизест, чаноби Барак Обама навиштааст.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  2. Дуруд ва субх ба хайр!
    Ташаккур, ки достони пурарзишро идома медихед.
    Кисмати 6-умро мутолиа кардаму тасвири Барак болои хар хеле хуш омад. Оди, зебо, табии. “Калон”-хои мо бошанд, баробари “калон” шуданашон холномаашонро бутун дигар мекунанд. Ягон тасвири даври чавониашонро дигар дар ягон чо вонамехури. Гумон мекуни пеш вучуд надоштанд…?

    Comment by Sooroosh | 26.03.2009 | Reply

    • Комилан дуруст. Шояд аслан мо одатхои нодурусте дорем, ки хакикати гохо шояд шармоварро пинхон медорем ва наслхои баъдй бо дуруг ба воя мерасанд.

      Барак бар ин аст, ки кас бояд худ нукси хешро бигуяд ва аз пайи ислохи он шавад, то инки дигарон уро гунахкор кунанд.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  3. Ман фикр намекунам ки ин навиштахои Шумо дар бораи Обама барои имруз ба Точикистон фоидае биёранд.Албатта маводи хондани ва чолиб! Вале имрузхо Шумо хамчун журналист бояд бештар ба масъалахои дог ру биёред.Ман шархи чандин нафарро дар бораи киссахо аз Обама хонда ба хулосае омадам ки барои мардуми точик танхо чунин маводхое ки одамро ба фикр кардан водор намекунад маъкул аст… Имруз маколахое даркор ки сатхи дониши хукуки иктисоди ва чомеашиносии мардумро баланд кунанд. Чаро ман ин гапхоро менависам? Танхо ба хотири он ки танхо Шумо барин журналистон метавонед дар ин мавзуъхо маводи хубу чолиб бинависед..Ман эхтироми зиёда дорам ба Шумо ва Шуморо яке аз бехтарин журналистони точик мешуморам…Ин зиндагиномахо хубанд…умедворам ки маро дуруст фахмида бошед.
    Пируз бошед!

    Comment by самак | 26.03.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз суханхои рости Шумо. Ин буд, ки дар хошияи бахши пешина навиштам, оё дуруст аст, ин достонро идома дихам. Аксарият гуфтанд, оре.

      Хатман ба масъалахои рузи Точикистон низ руй хохем овард. Хеле ба зудй.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  4. Президент Таджикистана посетит Монголию с официальным визитом

    25.03.2009 09:28 msk

    Фергана.Ру

    27 марта президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетит Монголию с однодневным официальным визитом, сообщает Азия-плюс.

    Рахмон отбывает в Улан-Батор в четверг вечером. Согласно программе визита, 27 марта президент Таджикистана встретится с монгольским коллегой Намбарыном Энхбаяром, после чего состоятся переговоры делегаций в расширенном составе.

    По итогам переговоров будет подписан пакет двусторонних документов, среди которых – соглашение о взаимной поддержке и защите инвестиций, о сотрудничестве в области карантина и защиты растений, торговли и экономики, ветеринарии, протокол о сотрудничестве министерств иностранных дел двух стран. На стадии разработки находится соглашение об избежании двойного налогообложения.

    В рамках визита глава Таджикистана также встретится с заместителем председателя Великого государственного хурала (парламента Монголии) и первым заместителем премьер-министра страны.

    По итогам 2008 года объем торгового оборота между Таджикистаном и Монголией составил около $29 тысяч, монгольская экономика получила $30 тысяч таджикских инвестиции.

    Ну ребята теперь посчитайте с Рахмоном минимум поехали 20 человек в Монголию …Их расход превысит 50 тыс. долл.А как узнали выше годовой товарооборот между нашими странами не более 30 тыс дол..Возникает такой вопрос ..на хера эта поездка? Особенно теперь когда кризис и каждая копейка на счету….

    Comment by самак | 26.03.2009 | Reply

    • Действительно, странно, вместо того, чтобы найти пути выхода из кризиса и предотвращения возможных катаклизмов в стране президент решил посетить Монголию.

      Когда писалось о многих, не то, что бесполезных, а вредных для бюджета страны иностранних поездках многочисленной таджикской делегации, противники говорили, что он едет именно ради экономики, найти новых инвесторов, выбывать помощь. Но что может предложить бедная Монголия?

      Но с другой стороны, это, возможно запланированная поездка, хотя ввиду кризиса можно было и отменить бесполезные поездки.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  5. Как Вы понимаете очень много вопросов. Эти вопросы должны Вы журналисты задавать. Как так получается что господин Президент позволяет себе такое?

    Comment by самак | 26.03.2009 | Reply

    • Но я думаю, у что политической оппозиции больше прав поставить эти вопросы. Конечно и журналисты тоже.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  6. Я знаю скажете он много другое и себе позволяет да..понимаю…но когда такими доводами аргументированно Вы у президента начинаете выяснять его позиции по разным вопросам народу будет понятно и интересно.

    Comment by самак | 26.03.2009 | Reply

    • Наш президент никому не подотчетен. Беда в том, что в стране еще не созданы ветви власти для контроля и противовеса.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  7. Ман маколахио шуморо хондам Устод! Ба ман бисёр маъкул шуд. Дербоз ин гуна мавод мутолиа накарда будам Ташаккур Баъдан аз ахволи Шумо пурсон шавам
    Беватна нест гарибе, ки кунад ёди Ватан
    Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватна аст.
    Шумо дар хакикат ватандори асил хастеду хамеша дар фикри рушду нумуи Ватан

    Comment by Usman va Bahman | 26.03.2009 | Reply

    • Саломат бошед, азизам.

      Дарего ки ба чуз сухан аз мо коре барои ватан сохта нест. Шояд имруз на гап, балки амал заруртар аст.

      Бе ёди ватан мо хеч астем.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  8. Устоди гироми ман аз Шумо хисси ватандориро омухтан мехостам ,зеро махз маколахои дилчаспи Шумо барои банда писанд омад, ман аз маколи Шумо доир ба Обама гуё аз хоби гарон бедори сохт ва ман таассуроти ин маколаи мазкурро мисоли кувваи нерубахши маьнави барои кулли хаммаслакону хамватанон фоидабахш мешуморам

    Comment by Usman va Bahman | 26.03.2009 | Reply

    • Зинда бошед. Ватандории хакикй он аст, ки кас барои ватанаш чон бидихад. Ман ки хечам.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  9. Маводи хеле ачоиб.Дастатон дардро набинад Устод.

    Comment by Махмадрахим | 26.03.2009 | Reply

    • Сипосгузорам. Орзу дорам, хамеша сарбаланд бошед.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  10. Устод! Хар чи ин навиштахоятон тул мекашад, як чиз бароям равшан мешавад: ин хунари Шумост, ки Баракро нависанда кардааст. Вагарна бо чунин хунари нависандаги, Барак Обама хадди акал 10сол пеш ба классики зинда табдил меёфт. Албатта зиндагиномаи Барак лоики омузиш аст, аммо инчо хисси дигаре маро бештар фаро гирифта: хисси фахр аз як хаммилатам, ки Раисчумхури бузургтарин кишвари дунёро назди порсигуён ба нависандаи тавоное табдил кардааст. Браво, Устод!
    Аммо, идома дихед. Хеле хонданист.

    Comment by Farid | 26.03.2009 | Reply

    • Фариди фарзона!

      Бояд рӯшод бароятон бигӯям, ки воқеъият ба гунаи дигар аст. Маро агар аз як сӯ ростгӯии Барак Обама мафтун карда бошад, аз сӯи дигар ҳунари нависандагии ӯ буд, ки ба навиштани ин порчаҳо водор кард.

      Дареғо, ки то ҳоло бештар ба мӯҳтавои китоб дида дӯхтаам ва зиёдтар мехоҳам, ботини ин шахсро барои хеш рӯшан кунам ва умедворам, фурсате даст диҳад, ки саҳнаҳои нодири китоб ва забони шоиронаи ӯро низ дар миён бигузорам.

      Бовар кунед, китоб намоиши ҳунари баланди нависандагии Барак Обама аст. Дирӯз дар ҷое хондам, ки “Обама пеш аз он ки президент шавад, нависанда буд…”

      Инаш ҳам ҷолиб аст, ки вай метавонад, ақидаи худро хеле одиву содаву рӯшану дақиқ баён кунад. Ин падидаро дар суханрониҳои имрӯзааш низ дидан мумкин аст.

      Матбуоти инсонбадбини Русия навишт, ки вай аз рӯйи матнҳое сухан мекунад, ки дар оинаҳои барои ом нонамоён пайдо мешаванд ва ё ҳатто суханҳоро бо гӯшии хеле хурд ба гӯшаш мегӯянд. Ин дасисаҳо ягон асос надоранд. Вай бе ҳеч суфлёр сухани худро гуфта метавонад, зеро медонад, чӣ мегӯяд.

      Аз лутфи Шумо сипосгузорам, аммо боз ҳам иқрор мекунам, ки саҳме ба чуз бозгӯйии китоб надорам, албатта, ба истиснои бархе бардоштҳои шахсии худ.

      Сарфароз бошед.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  11. Устод! Хам инак ду китобатонро аз Маъсуми Мухаммадрачаб гирифтам. Дасти Шумо дард накунад!

    Comment by Farid | 26.03.2009 | Reply

    • Нӯши ҷонатон бод ва дуруд бар дӯсту бародари азизам Маъсумҷон, Худованд ҳамаи мову Шуморо дар паноҳаш нигоҳ дорад.

      Comment by aioubzod | 26.03.2009 | Reply

  12. Омин. Устоди азиз! Ман забони инглисиро намедонам, аммо гуфтахои Шумо маро тахрик ба омузиши ин забон мекунад. Танхо мучиби нигарони ин аст, ки вакти зиёде хохад гузашт бар он ки бидонам кадоме аз мо хак аст.

    Comment by Farid | 27.03.2009 | Reply

  13. Ин як шухи буд, Устод. Агар макбули табъатон нашуд, пузиш мехохам. Аммо тасмим гирифтам забони инглисиро биёмузам.

    Comment by Farid | 27.03.2009 | Reply

    • Фариди ҷон,

      Шӯхии Шумо хеле зебо ва хушоянд буд, вале, афсӯс, на хамсанг бо воқеъият. Вале хуб буд, ин мавзӯъро матраҳ кардед, зеро шояд дигарон ҳам чунин андешае дошта бошанд.

      На, пӯзиш нахоҳед, зеро аз ҳаққи сухани хеш истифода кардед.

      Тасмими омӯзиши инглисй шоистаи таҳсин аст. Барори кор мехоҳам.

      Comment by aioubzod | 27.03.2009 | Reply

  14. Устоди бузургвор дуруд бар шумо! Ин чо мехохам иртиботи Баракро ба ислом фахмам. У ба ислом чи гуна муносибат дошт ва дар ин китобаш дар ин маврид чи гуфтааст. У чаро аз дин дар ин китобаш камтар сухбат мекунад?
    Худо нигахдори Шумо!

    Comment by Муъмин | 27.03.2009 | Reply

    • Муъмини азиз, Фарид ва хамаи дустони мехрубон. Биёед, ба як маслихат оем, ки дигар аз вожаи “устод” пархез кунем.

      Мо хама баробарем ва хеч кас ин устоду хеч касе шогирд нест. Сидкан аз хама инро дархост мекунам, зеро хама гуна илтифот байни хамаи мо девор мегузорад. Ман мухолифи чунин деворхоям ва мехохам, ки муошират дар ин торнигор самимона, дустона, ошкоро ва ростгуёнаву ростбинона сурат бигирад.

      Танхо дар он сурат мо метавонем, андешаву акидаи мухим ва судмандро ба миён оварем.

      Узр мехохам, аммо хохиш мекунам, аз хамин рох равем.

      Пируз бошем!

      Comment by aioubzod | 27.03.2009 | Reply

  15. Дуруд!

    Эмомали Рахмон кариб хар руз ба хар кишвар сафархои расми дорад ва хадафи тамоми ин сафархоро масъулини дастгохи раисчумхур барои бехбуд бахшидан ба хаёти мардуми точик, муносибатхои дучониба ва чандчониба арзёби мекунанд, вале пас аз сафараш хеч бехбудие дар рузгори мардуми Точикистон намебинем…

    Comment by Tozatalab | 27.03.2009 | Reply

    • Тозаталаби азиз,

      Пайомадхои бархе аз сафару гуфтушунидхо зуд падидор намешаванд. Хама гуна пайвандхову риштахо рузе не, рузе чизе барои мардуми мо хоханд овард. Албатта, миёни сафархо ба хорич фарк бояд койил буд. Ва махсусан дар давраи бухрони иктисодй мебояд аз харчхои камнатича бояд худдорй кард. Афсус дар кишвари мо то хануз хамаи чиддияти ин бухрон дарк ва пазируфта нашудааст.

      Сабаб дар он аст, ки аз огоз батакрор эълон шуд, ки ин бухрон ба Точикистон таъсири эхсосшавандае нахохад гузошт. Вале акнун, зохиран, фахмидаанд, ки бухрон ба Точикистон таъсири чиддй дорад.

      Comment by aioubzod | 27.03.2009 | Reply

  16. salom oqoi salim dustat doram

    Comment by muhamad | 27.04.2009 | Reply

    • Зинда бошй, Муҳаммади азиз. Ҳастй, ки ҳастам.

      Comment by aioubzod | 28.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: