Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

7. Ёдбудҳои рангини модарбузург

grannyЭҳтимол ҳар кас фикр мекунад, ки аз дигарон фарқи зиёд дорад ва як шахси ғайриодист. Ҳамзамон ҳар кас талош мекунад, монанди дигарон ва ё на камтар аз дигарон бошад. Аммо афроди ғайриодӣ хеле каманд ва назари дигарон барояшон маъние надорад. Онҳо қолибҳоро мешикананд, пуршӯр мезиянд ва барои муддатҳо дар хотири дигарон боқӣ мемонанд.

Ба гуфтаи модаркалони Барак Обама, шавҳари ӯ, яъне бобои Барак — Ҳусейн Онянго Обама — ҳамин гуна як шахси ғайриодӣ будааст. Нишонаҳои шигифтовари вай ҳанӯз аз замони кӯдакияш падид омадаанд. Хеле ноором ва кунҷков буда, ҳайвоноти ваҳширо дӯст медошт ва кӯдаки ҳашт-нӯҳсола гоҳе чандин рӯз дар ҷангалҳо гум ва баъд ногаҳон пайдо мешуд ва намегуфт, куҷо буд ва чӣ мекард.

Дар ҷое беҳаракат нишастан барои вай як кори тоқатшикан буд ва ҳамдеҳагон мегуфтаанд, дар ақиби вай мӯрчае ҳаст, ки ҳамеша ӯро мегазад ва ором нишастанаш намемонад. Вай ҳамеша хеле ҷиддӣ буд, ҳаргиз намехандид, бо бачаҳои дигар бозӣ намекард ва ҳеч гоҳ латифа намегуфт. Вай доим ба кори дигарон роғиб буд ва ба ҳар пешае таваҷҷӯҳ мекард, мехост, донандаи пинҳонтарин асрори он бошад. Аммо зиёдтар аз ҳама ба кори табибони гиёҳшинос рағбат дошт, ки аз рустаниҳои гуногун дору ва даво омода мекарданд.

Ҷавонии Онянго ба давраи омадани сафедпӯстон мусодиф афтод. Қаблан танҳо тоҷирони араб ба ин тарафҳо ба савдогарӣ меомаданд. Меомаданду мерафтанд. Акнун афроде омад, ки рафтан намехост, балки мехост, соҳиби ин обу замин бошад.

Вақте Барак аз забони модарбузургаш шунид, ки Онянго ба хидмати сафедпӯстон медарояд ва аввалин касе мешавад, ки ба ҷои пӯсти бузи гирди миён, шиму куртa мепӯшад, падараш Обамаи мӯйсафед ӯро аз хонавода меронад. “Ҳама гирди Онянго ҷамъ шуда буданд ва ҳайрон буданд, ки чаро Онянго ин пӯстҳои ғайриодиро ба бар кардааст. Пирамард ба фарзандонаш амр дод, дигар ба ин бародари худ наздик нашаванд. Вай покиза нест…”

Барак бисёр мехост, аз модарбузургаш бишнавад, ки бобоёнаш барои дифоъ аз ватани хеш бар зидди сафедпӯстон қиём кардаанд, аммо ҷойи ин мешунид, ки бобои падараш ба даргоҳи сафедҳо рафтааст, то бардагӣ кунад.

modarbuzurg

Онки гузашта муҳиму сарнавиштсоз аст, баҳсе нест. Аммо гузаштаи ростин муҳим аст ё таърихи дурӯғине барои ангезиши ифтихори пуч?

Барак ба ёд меовард, ки дар Амрико ба ҳар коре ки даст мезад, аввал аз ҳақиқат оғоз мекард, асли рӯйдод ё падидаро меомӯхт ва он гоҳ роҳи ҳалли он худ рӯшан мегашт. Лек шунидани ҳақиқат дар бораи дигарон ва дар бораи падару бобои худ аз ҳам тaфовут доранд. Ҳоло ҳам маҳкум ба ин аст, ки доруи талхи ҳақиқатро бо дарду андӯҳ фурӯ бибарад.

Ҳабби талх ҳама ҷо буд. Дар ҳама чиз. Дар гадоҳои бешумори сари роҳ бо дастони дароз — занон, мӯйсафедон, кӯдакони риштавор лоғару жандапӯш, маъюбон. Дар чашмони ғамгини чеҳраҳои хандон. Дар муносибату муомилаи байни сиёҳпӯстон.

Вақте дар Кения сайёҳони сафедпӯстро медид, аз ваҷоҳати бегуноҳонаи онҳо асабонӣ мешуд. Аз худбоварӣ ва озодии бениҳояти онҳо дар мулке, ки шояд омада буданд, бори дигар таърихро барои хеш эҳё кунанд, вақте сиёҳпӯстон ба онҳо хидмат мекунанд ва ин ҳеч гуна нажодпарастие нахоҳад буд.

Аммо занандатар аз ин рафтори ҳамдиёрони худи Обама аст, ки ӯву хоҳараш Оумаро дар сари мизи миёнаҷои ресторан бо вуҷуди садозаниҳо ва дастафшониҳои зиёд гӯё намебинанд, лек дунафарӣ ба мизи кунҷакие, ки ду сайёҳи сафедпӯст нишастааст, медаванд ва аз ин гӯш то он гӯш хандидаву таъзим мекунанд.

Интизориҳои дурудароз натиҷа намедиҳад, ҳама дар хидмати як ҷуфти сайёҳони сафедпӯстанд. Оума ба Барак пешниҳод мекунад, ки бархезанду раванд, аммо аз дами дар Оума бармегардад ва ба сардори пешхидматҳо мехитобад, “ҳайфи ту!” ва чанд пулеро ба рӯйи ӯ ҳаво медиҳад. Талхии ҳодиса то чанд рӯз дар коми Барак мечархад.

Ин фақат як тасодуф нест. Оума қиссаҳои зиёд дорад, ки нишон медиҳанд, рӯҳияи бардагӣ сахтҷон аст. Таъзиму пойбусӣ аз рӯи масали “гадо душмани гадо” ҳамқавмонро дар муқобили ҳам қарор медиҳад. На танҳо дар муносибат ба бегонагон, балки дар рӯзгори одӣ низ. “Луоҳо доно, аммо танбаланд. Кикуюҳо ҳарис, лек санъатиянд. Каленйинҳо, хубанд, вале худатон мебинед, ки кишвар аз замони ба қудрат расидани онҳо ба чӣ ҳол афтод…”

Дар тафовут аз мардуми мо боз ҳам бад нест, ки ҳамдиёрони Барак неку бадро бо ҳам мегӯянд. Мо дар ҳаққи мардуми маҳалҳои гуногуни хеш фақат бад мегӯем ва хашм намегузорад, некиеро ҳам бубинем.

Эътироф кардан оё хосияти бардагон аст? Ҳамроҳ бо ифтихори пуч аз гузаштаи бофта ва душманиҳои байнихудӣ?

Онянго дар манзили як сафедпӯсти сарватманд дарбон, боғбон, ошпаз ва косашӯ шуд, аммо аз пуле ки ҷамъ овард, дар наздикии рустои падараш, ҳарчанд дар фосилаи муҳиме аз он, замин харид. Вале монанди ҳамқабилаҳои худ коза ё каппа насохт, балки дар хаймаи тентӣ ба сар мебурд. То хеле вақт издивоҷ накард, зеро зане набуд, ки ба хостаҳои ӯ посухгӯ бошад.

Вай хаймаашро тозаву озода нигоҳ медошт, ҳар рӯз тани худ ва либосашро мешуст, сари миз ва бо чумчаву чангол хӯрок мехӯрд ва ҳамаи ин ӯро ба девонае дар қабилаи луо монанд мекард. Арӯсоне, ки табақчаро мешикастанд ва ё пойи ношуста дохили хайма мерафтанд, аз нахустин мулоқот ронда мешуданд.

Онянго аввалин луо буд, ки хондану навиштан, забони инглисӣ, ҳисобдорӣ ва низоми кори сафедҳоро омӯхт. Вай дар қатори роҳи оҳан сафар мекард, дар ҳоле ки ҳамқабилаҳояш бо шунидани садои паровоз фарсахҳо мегурехтанд ва дар ҷангалҳо пинҳон мешуданд.

Шоири тоҷик Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ дар ёддоштҳояш дар бораи падари Комил Ёрматов менависад, ки аввалин касе буд, дар Конибодом либоси аврупоӣ пӯшид, смокинг ва шоҳпараке зери манаҳ, асоча дар даст вақте ба кӯча мебаромад, мардум ҷамъ мешуданд, то ӯро тамошо кунанд. Писари ин шахс нахустин коргардони синемои минтақа гашт ва “Узбакфилм”-и Тошканд номи Комил Ёрматовро дорад.

Рафтори Ҳусейн Онянго то ҷое ҷадидҳои Бухороро низ ба ёд меорад, аммо вай пас аз аввалин бархӯрд бо сиёсат аз он барои тамоми умр канорагир мешавад.

Барак дар ҳоле ки нақлҳои модаркалон — ҳамсари савум ва ҷавонтарини Ҳусейн Онянгоро мешунавад, меандешад, ки чаро дар симои падарбузургаш муборизи истиқлолиятро медид. Шояд зимни номаи ӯ ба падари Анн, модари Барак ва бо таъкиди ин ки вай зинҳор намехоҳад, писараш бо зани сафедпӯст издивоҷ кунад? Шояд барои он ки Онянго мусулмон буд ва дини ӯ дар зеҳни Барак бо Созмони Уммати Исломи Амрико пайванд пайдо мекард? Барак менависад, оре, ҳамин тавр буд.

Ҳоло мешунавад, бобояш сахтгир буд ва мегуфт, “африқоӣ бе кӯтак коре намекунад.” Аммо ҳамзамон ба ин бовар буд, ки сафедпӯстон бо бартарие бар сиёҳпӯстон ба дунё намеоянд. Инро шахсе мегуфт, ки беш аз дигарон бо сафедҳо зери як бом зистааст ва онҳоро беҳтар мешиносад. Онянго ҳарчанд аз кӯтак ҳарф мезад, худ ҳаргиз ба сафедпӯсте иҷоза надодааст, ки ӯро бизанад. Ба ин сабаб буд, ки борҳо шуғлашро аз даст медод ва ба ҷустуҷӯи кор ба дари сафедпӯсти дигар мерафт.

Сафедҳо ба Африқо пулро муаррифӣ карда буданд ва акнун барои зистан пул даркор буд. Барои ёфтани пул — кор ва ин ҳарду — пулу корро — онҳо буданд, ки ба сиёҳпӯстон ё ато мекарданд ё рад. Ҳукумат дар Африқо акнун на дар дасти ришсафедону пешвоёни қабилаҳо, балки дар дасти пул ва шароб буд. Ҷавонон дигар калонсолонро эҳтиром намекарданд, зеро онҳо ҳокимияте надоштанд.

Худи Онянго ҳарчанд солиёни зиёд дар даргоҳи сафедҳо мезисту кор мекард, се чизро арҷ мегузошт — нерӯ, интизом ва суннатҳои деринаи миллӣ. Вай барои муддати кӯтоҳе ба насроният гароид, аммо зуд дилхунук шуд ва рӯ ба ислом оварду мегуфт, ин аст дине, ки беш аз ҳама ниёзҳои маро бароварда месозад.

Ниҳоят Ҳалима ном бонуеро пайдо ва ба занӣ хост, аммо солҳо аз ӯ фарзанде ба дунё наомад. Зери таъну маломати мардум дар ҷустуҷӯи ҳамсари дигар шуд ва Акуму, яке аз зеботарин духтарони деҳаро хостгор шуд. Аммо волидайни Акуму аллакай дар ивази шаш гӯсфанд духтарро ба ҷавоне ном зада буданд. Онянго 15 гӯсфанд дода, онҳоро розӣ кард ва шоме духтарро дар роҳи миёни ҷангал рабуд…

28.03.2009 - Posted by | Инсон, Сарнавишт |

2 Comments »

  1. Барои онхое, ки хунари нависандагии чаноби Обамаро зери суол карор дода буданд, хабари нав ин аст, ки китоби “Орзухои падари ман” ба чоизаи адабии Бритониё – “Бехтарин холнома” пешбарй гардид.

    Comment by aioubzod | 04.04.2009 | Reply

  2. Устод Аюбзод!

    Ман максади Шуморо фахмидам, ки чаро якчанд асар дар бораи Барак Обама навиштед. Махсусан имрузхо, ки ба суханони Обама ва барномахои у гуш медихам, ошкоро мебинам, ки як шахси аз реша нав ба арсаи сиёсати чахонй омадааст.

    Вай барои олам чй чизхое хохад овард, масъалаи дигар аст, вале мухим аст, мо аз зиндагй ва корхои у чиро меомузем.

    Шумо барои он муфассал дар бораи такдири инсонии Обама навиштед, ки зехни чавонони моро бедор кунед, то бубинанд, инсон агар мехохад, ба чи кодир буда метавонад. Ба воситаи шахсият ва рафторхои Обама Шумо мехохед исбот кунед, ки замони наве сар шудааст, замонаи гуфтани хакикатхо, бозии росту пок дар сиёсат ва ба манфиати ахли башару инсонхо равона кардани сиёсат. Ман бисёр орзу дорам, ки чавонони мо ин мазмунхоро дар навиштахои Шумо дарк кунанд ва пайрави онхо гарданд.

    Халки мо холо дар сукут аст. Чавонони мо дар сукутанд ва бо ин сокит будан ба худ ва миллати худ хиёнати нобахшиданй мекунанд. Инро Обама гуфтааст, ки дидану сокит истодан хиёнат аст ва хамин мазмун дар осори гуазштагони мо хам гуфта шудааст.

    Бори дигар ташаккур аз Шумо барои ин навиштахо.

    Comment by Rustam | 05.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: