Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

8. Хотима. Сукуте, ки хиёнат мекунад…

port_obamaҲамсарии Онянго, бобои Барак ва Акуму, бибии ҳақиқии ӯ, аз силсилаи ошӯб ва гургоштиҳо иборат буд. Бо вуҷуди сарватмандии Онянго ва тӯҳфаҳои гаронбаҳои ӯ, Акуму чаҳор дафъа аз хона фирор кард ва танҳо фишори падару модараш ӯро водошт, ҳамроҳи Онянго ба хона баргардад.

Дафъаи панҷум вай дар шабонгоҳи торик бо духтараш Соро ва писараш Барак (падари ояндаи Барак Обама) гурехт ва ин бор Онянго танҳо бо фарзандонаш ба манзил баргашт, зеро Акуму нопадид гашта буд. Онянго хеле дер ба ҳақиқате тан дод, ки Акуму ҳаргиз номзади аввали худро фаромӯш накардааст ва ҳеч гоҳ аз дарди ишқи аввали хеш шифо наёфтааст.

Ба эҳтимоли зиёд, вазъ дар оила дар парвариши Соро ва Барак бетаъсир намонд. Соро то ҳанӯз барои мероси падараш бо ворисони дигари ӯ аз занони баъдияш меҷангад. Вай мегӯяд, танҳо ӯ хоҳари ҳамтани Барак Онянгост. Дар ҳоле ки ин мерос ба ҷуз аз чанд китобу дафтар беш нест, Барак Обама муборизаи Сороро танҳо падидаи алам ва нохушнудӣ мешуморад.

Ҳам Соро ва ҳам Барак беҳтарин шогирдони беҳтарин мактаби Найробӣ буданд. Соро то ҳоло дареғ мегӯяд, ки таҳсилро идома надод. Вай ба ёд меорад, ки пешгомӣ дар таҳсил барояш ба сахтӣ даст медод, аммо барои Барак омӯзиш мисли бозие буд. Дар фосилаи байни кӯчагардӣ ва бозиҳои беҳуда Барак ҳамагӣ чанд лаҳзаро бо китобу дафтар ба сар мебурд, аммо дар мактаб нишон медод, ки донишу зеҳни ӯ ҳатто аз омӯзгоронаш ҳам қавитар аст.

Онянго маҷбур мешуд, ҳар сари чанд вақт омӯзгорони Баракро иваз кунад ва ё ӯро ба синфи дигаре гузаронад. Кӯдак босуръат пеш мерафт ва муаллимонашро аз худ фарсангҳо ақиб мегузошт.

Дар кадом марҳилае хуши Барак аз ин талошҳо гирифт ва Онянго низ хеле дер донист, ки писараш ба бачаи кӯча табдил ёфтааст. Фикр кард, шояд моҷарои модараш Акуму, ки Барак ӯро сахт дӯст медошт, сабаб гашт. Соро мегӯяд, Барак дар назди падар худро қобилу дӯстрӯ нишон медод ва ҳамин ки ӯро дур медид, ба ҳамаи бадиҳо даст мезад.

Оқибат Бараки 18-сола ошиқи Кейзия мешавад ва ҳамзамон ба созмони истиқлолиятхоҳони Кения мепайвандад. Ин ҳам дар ҳоле ки падараш гӯши ӯро кашида буд, то ҳаргиз ба ҳеч гуна бозиҳои сиёсӣ ҳамроҳ нашавад. Вақте Барак нахустин бор аз маҳбас ба падараш паём мефиристад, ки ба озодии ӯ талош кунад, Онянго хомӯш мемонад ва аз баҳри писар мегузарад. Ба вай мегӯяд: “Ту ҳеҷӣ ва ба чизе кор намеоӣ!”

Ҷумбиши истиқлолиятхоҳии Кения пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, замоне авҷ мегирад, ки даҳҳо ҳазор аз кениягиҳо аз тарафи мустамликадорони бритониёӣ ба ҷанги зидди Олмон ва Ҷопон сафарбар мешаванд ва дар ҳайрат мемонанд, ки сафедпӯстон ба сафедпӯстони худ низ раҳме намекардаанд ва онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ мекуштаанд.

Барак Онянго хеле дер ба худ меояд. Замоне ҳушёр мешавад, ки мебинад, меваҳои ширини истиқлолиятро онҳое нӯш мекунанд, ки барои ин истиқлолият ҳатто як мижа назадаанд, дар ҳоле ки дигарон ҷони худро фидо карданд. Ӯ монда буду падари бемору норозиву қаҳрӣ, бекорӣ ва бепулӣ. Шарикдарсони пешинашро медид ва мегуфт: “Ту набудӣ, ки арифметикаро ман ба ту ёд медодам ва ҳоло кистӣ — вазири саноати Кения?!”

Вай дубора за пайи таҳсил шуд ва тавонист, ба зудӣ комёб гаштаву ба донишгоҳи Ҳаваӣ дар Амрико роҳхат бигирад. То он вақт аллакай бо Кейзия издивоҷ карда буд ва аз онҳо духтаре бо номи Оума ва писаре бо номи Абонго ба дунё омаданд. Абонгои наврас худро ба шеваи инглисӣ Рой ном карда буд. Рой Онянго Обама.

Давоми қисса ба касе, ки ҳамаи фаслҳои ин навиштаро хондааст, маълум аст. Пас аз ду соли таҳсил аз Амрико номае омад, ки Барак Онянго бо Анн Дунҳам издивоҷ карданист. Ин паём буд, ки Ҳусейн Онянго ба писараш Барак ва падари Анн — Стенлӣ Дурҳам нома навишт ва худро дар муқобили ин издивоҷ гузошт. Он ҳам дар ҳоле ки танҳо акнун бархӯрди ӯ бо писари, аз диди худаш, гумкардароҳаш, нарм гаштаву бо илтиҷои хешу наздикон харҷи сафар ва таҳсили ӯ дар Амрикоро мепардохт.

Хешони Барак Обама дар Кения ба ӯ мегуфтанд, хуб шуд, ки издивоҷ ба вуқӯъ пайваст, вагарна Барак метавонист, аслан ба дунё наояд. Онҳо аз шунидани хабари дигаре низ шод гашта буданд, ки ба зудӣ Барак Онянго Обама ҳамроҳи ҳамсараш Анн ва писараш Барак ба ватан хоҳад баргашт. Вале ӯ бидуни онҳо баргашт. Аз он замон барои ҳамеша авлодӣ ташнаи дидани Бараки ҷавон буд.

Баъд шикасти дубораи падараш ба миён афтод, ки ӯро ба қаъри зиндагӣ ҳаво дод. “Ту ҳеҷӣ ва ба чизе кор намеоӣ!” Барак шикасти худро аз падараш Онянго пинҳон медошт, мисли гузашта дар мошини гаронбаҳо ба деҳа меомад ва тӯҳфаҳои нодиру қимат меовард, то падараш надонад, ки чӣ балое ба сари ӯ омадааст.

Аммаи Зайтуна ёд мекунад, ки онҳо зери дарахтон рӯи ҳавлӣ менишастанд, бо ҳам хӯрок мехӯрданд, вале ин авохир ҳарфе байни ҳам радду бадал намекарданд. Пас аз чанде пирмард Онянго даргузашт ва ӯро дар зери ҳамин дарахтон ба хок супурданд. Чанде баъдаш, писари ӯ — Баракро дар паҳлуяш гӯронданд. Вақте тобути Баракро мебоварданд, касе фиғон кашид, ки “пирмард, бархез, писаратро меоранд!”

Пас аз ин нақлҳо Барак Обама аз назди модарбузургаш бархост ва берун баромаду назди он қабрҳо рафт, ки аз рӯзи омаданаш соатҳо сари онҳо менишаст. Хешонаш аз дарун диданд, ки вай қабри падарашро оғӯш мекашид ва мегирист…

Шаш сол баъд, дар китобаш “Орзуҳои падари ман” Барак менависад: Obama 2008“Ман қабрро канор гирифтам ва нола кардам. Оҳ, падар! Шарме нест дар он ошуфтагии ту. Ҳамон гуна ки шарме набуд дар ошуфтагии падари ту. Шарме нест ва набуд дар тарсҳои ту ва тарсҳои падари ту. Шарм фақат дар сукуте буд, ки тарс тавлид мекунад. Ин сукут аст, ки ба мо хиёнат мекунад. Агар он сукут намебуд, бобои ту шояд ба падари ту мегуфт, ки вай ҳаргиз нахоҳад тавонист, аз хештан фирор бикунад. Ва ё ба танҳоӣ худро аз нав бисозад. Ва падари ту низ ба ту ҳамин сабақро медод. Ва ту ба падари худ дарс медодӣ, ки ин дунёро намешавад, ба шеваи қадимӣ зист. Навгониҳо нерӯи хатарнокеро овардаанд, ки нигоҳи дигареро ба дунё талаб мекунанд. Ин нерӯро метавон танҳо бо боваре ҳазм кард, ки аз машаққат зода шудааст. Боваре, ки нав нест. Боваре ки аз сафедҳо ё сиёҳҳо нест, насронӣ ва мусулмон нест, балки дар дили аввалин рустои Африқо набз ёфтааст ва дар нахустин ҳавелии Канзас — бовар ба инсонҳои дигар. Ва сукут буд, ки бовари туро мекушт…”

Вай ҳамин гуна соатҳои зиёде нишаст ва гӯё бо падару бобояш гуфтугӯ мекард ва замоне ки оби дидааш хушк шуд, ҳис кард, ки ором гирифтааст. Эҳсоси инро кард, ки доира баста шуд. “Ман дарк кардам, ки ман кистам. Ва ғами ман дигар чизе фақат иборат аз шиору вожа нест. Дарде ки ман ҳис мекунам, дарди падарам аст. Суолҳои ман суолҳои бародари ман. Муборизаи онҳо ҳаққи таваллуд ва зиндагии ман…”

Аз осмон қатраҳои борон омад. Аммо Барак сар боло намекард, ки ба осмон бингарад.

Аз даруни хона бародари хуртаринаш Бернард, писари Кейзия, баромада, ба Барак наздик шуд ва гуфт:

— Онҳо мехоҳанд, бидонанд, ки ту хуб ҳастӣ?

Барак лабханд зад: “Оре, хубам…”

Аммаш Зайтуна, амакҳояш Саид ва Юсуф низ наздаш омаданд. Онҳо тасмим гирифтанд, дар кӯчаҳои деҳа сайр кунанд, ҳарчанд борон акнун бештару бештар мешуд…

Чанд рӯз баъд ҳамаи авлодӣ ба Найробӣ рафтанд, барои гусели Барак ба Амрико. Манзили Оума тангӣ мекард, вале касе ба ин эътибор намедод.

Охирин касеро, ки Барак Обама дар Найробӣ мулоқот кард, омӯзгори таърих Доктор Руқия Одеро, яке аз дӯстони собиқи падараш буд, ки ҳамзамон бо ёдбудҳо аз дӯсташ, мегуфт: “Гоҳо фикр мекунам, бадтарин чизе, ки мустамликадорӣ бо мо кард, ин буд, ки гузаштаи моро аз чашми мо нопадид сохт, гузаштаи моро аз мо ҷудо кард. Бе сафедпӯстон мо шояд аз таърихи гузаштаи худ истифодаи дигаре мекардем.”

Баъд аз бозгашт ба Амрико, Барак шабу рӯзашро дар китобхонаи ғановатманди Донишгоҳи Ҳарвард ба сар мебурд ва комилан тағйир ёфта буд. Вай дар пеши роҳаш ӯҳдадории бузургеро медид ва дар пасаш пушту паноҳи ҳамин гуна бузургро. Вай ба ин меандешид, ки бо чӣ роҳе мешавад, қудратро ба адолат табдил дод.

Бо Оума телефонӣ сӯҳбат мекард ва гоҳе шомро бо Рой медид, ки ба Амрико ҳиҷрат карда, номи аслияш — Абонгоро эҳё намуд ва ба ислом гаравидаву панҷ вақт намозаш қазо намегашт.

Ду сол баъдаш Барак Обама боз ба ватани падараш сафар кард. Вай ҳамроҳи худ духтареро бо номи Мишел оварда буд, то ба хешу ақрабояш нишон диҳад ва ризояти онҳоро ба издивоҷ бигирад. Аз Кения ба Ҳаваӣ парвоз кард, ки Мишелро ба бобояш Стенлӣ ва модаркалонаш Маделин Дунҳам нишон диҳад ва дуои онҳоро низ бигирад. Модараш Анн Мишелро кайҳо дида ва пазируфта буд.

arusi

29.03.2009 - Posted by | Инсон, Сарнавишт |

8 Comments »

  1. Инак, расидем ба поёни ин достон. Афсӯс.

    Гӯё дар шаҳри сабзу зебое бо мардуми наҷибе чанд рӯз ҳамсафар будам ва акнун ин сафар ба поён расид. Табъан ҳар масир аз ҷое сар мешавад ва дар ҷое ба охир мерасад. Аммо на ҳар сафаре дилнишин аст.

    Гӯё чанд рӯзе бо Барак аз макон ба маконе мерафтам ва ба дарди дили ӯ меандешидам, ҳолашро мепурсидам. Ӯ ҳам аз ҳоли ман ва аз ватани хурдакаки ман мепурсид ва лаҳзаҳое мо дар шигифт мемондем, ки мардумонамон ин қадар сарнавишти шабеҳи ҳам доштаанду доранд.

    Аммо бояд сипосгузорӣ кунам аз ҳамаи онҳое, ки маро ташвиқ карданд, ин сафарро идома диҳам. Агар шавқу хоҳишҳои Суруш, интизориҳои Патриот, амиқандешиҳои Мӯъмин, лаззат бурданҳои Баҳодур, пурсишҳои Додварз, дилбардориҳои Усмон ва Баҳман,сипосгузориҳои Маҳмадраҳим, муболиғаҳову ваъдаҳои Фарид ва тозаталабиҳои Тозаталаб намебуд, дар гумон аст, ин достон то ба ин ҷо мерасид.

    Албатта, даҳҳо азизони дигаре низ буданд, ки ин ҳамаро хонданд, ба андеша рафтанд ва ҳарчанд чизе нанавиштанд, ман зарбони дили онҳоро ҳис кардам, гардиши анрдешаро дар зеҳни онҳо тасаввур намудам. Сипос аз ҳамаи шумо.

    Ҳар вақт ки саргарми кори дигаре будам, “идома, идома, идома…”– гуфтанҳои Фолловер дар гӯшам садо медод ва маҷбурам мекард, аз нав китоби Обамаро ба даст бигирам.

    Ва бештар аз ҳама нобовариҳои Самак маро меангехт, ки пеш раваму пеш равам. Вай мегуфт, аз ин достон суде ба тоҷикону Тоҷикистон нест. Ман ба ин суханаш розӣ шуда наметавонистам.

    Саргузашти Обама саргузашти ҳар яки мост. Шояд ман дар бораи Обама, балки ба ин восита дар бораи ҳар яки мо менавиштам. Шабҳои боронӣ, зери мусиқии борон менавиштам ва мешунидам, ки борон мегуфт, Обамаи тоҷикон дар роҳ аст.

    Шояд ҳамин шаби боронӣ дар як ҳуҷраи танги Маскав ба дунё омад. Ё дар кадом шаҳри Сибир. Ё дар Аврупо. Ҳатто дар худи Амрико. Ё шояд вай ҳам дар кадом шаҳре аз тиреза берун менигарист, боронро медид, ба ёди ватани падараш — Тоҷикистони азиз меафтод?

    Шояд имшаб вай дар хонаи беобу барқу гази тоҷике зода шуд? Охир сахтиҳо одамро тавоно ва қавӣ мекардаанд.

    Бубинед, садсолаҳо ин мардумро аз қудрат дур нигаҳ доштанд, зери фишору нописандӣ, аммо боз ҳам рӯ зад, рӯид, қад кашид ва пирӯз гашт. Пас мо набояд ноумед бошем. Пас рӯзи пирӯзии мо ҳам хоҳад расид. Оре, хоҳад расид. Мерасад марде, ки занҷирҳоро хоҳад шикаст…

    Бояд аз Барак омӯхт, ки хашмро метавон самти дигар дод ва онро ба нерӯ мубаддал сохт. Аз ӯ бояд омӯхт, ки гузаштаро дар рагҳои ҷони худ гирифт, ба по хест ва нагузошт, ки сукут умедҳоро бикушад. Аз ӯ бояд омӯхт ростиро, ки ҳаргиз ба кас хиёнат нахоҳад кард, балки касро покиза хоҳад сохт ва роҳро рӯшан.

    Аз ин ҳамсафарӣ бо ӯ ва бо ҳамаи шумо ман боз бештару бештар омӯхтаму андӯхтам ва талош кардам, ин омӯхтаҳову андӯхтаҳоро рӯи дастархоне бигузорам, ки дигарон низ ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд.

    Боз ҳам сипос аз якояки шумо ва сипос аз Бараки азиз!

    Сарафроз бошем!

    Comment by aioubzod | 30.03.2009 | Reply

  2. Эй хирадманди окилу доно,
    Киссаи “Обама”-и Аюбиро бархоно.

    Комёб бошед!

    Comment by Мухлис | 31.03.2009 | Reply

  3. Инак, расидем ба поёни ин достон. Афсӯс
    —————-

    Вокеан хам, афсус. Хар кисми ин навиштаро чоп карда, ба додаронам мебурдам, ки мисли филми хазрати Юсуф интизории ин навиштахоро мекашиданд.

    Намехохед, ба маъмурияти Обама дар бораи ин навиштахоятон расонед?

    Comment by Follower | 31.03.2009 | Reply

  4. Зинда бошед. Пас дар симои Шумо ман на як, балки ду хонанда доштаам.

    На. Ба маьмурияти Обама чизе намерасонам. Он гох ин кори ман рухияи холисонаашро гум мекунад.

    Comment by aioubzod | 31.03.2009 | Reply

    • Се хонанда, ман ду додар дорам, шукронаи Худо

      Comment by Follower | 31.03.2009 | Reply

      • Шукри Шумо ва бародаронатон. Худои умри хамаи шуморо дароз бикунад.

        Агар як нафар намояндаи 3 хонанда бошад, умедворам, хамкавмони зиёде ин матолибро хондаанд.

        Хуб буд, агар дустон линки ин торнигорро ба дустони худ мефиристоданд. Дустони дустони ман дустони мананд.

        Comment by aioubzod | 31.03.2009

  5. Устоди азиз ва бародар Фолловер! Ба андешаи банда ин навиштахо бояд хадди акал дар яке аз хафтаномахои Точикистон чоп шаванд. Чун на хама дастраси ба интернет доранд ва агар хам доранд аз ин торнома бехабаранд. Ин достон тахаввулоте дар андешаи банда барпо кард. Ва бовар дорам танхо нестам. Ман хам ин достонро чоп мекардам ва охири хафта ба деха ба бародару хохарам мебурдам. Рузхои чумъа хамин ки аз масчид хорич шудам, хохарам занг мезад ва мегуфт “Обамаро фаромуш накуни!” Акнун ними деха онро хондааст. Инак хеч навиштае ба гумони банда наметавонад мардуми точикро тахрик ба бознигари ба андешахои худ ва худшиноси намояд.

    Comment by Farid | 01.04.2009 | Reply

  6. Бубахшед, мехостам бигуям: Инак хеч навиштае ба гумони банда наметавонад ЧУН ИН ДОСТОН мардуми точикро тахрик ба бознигари ба андешахои худ ва худшиноси намояд.

    Comment by Farid | 01.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: