Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шукри неъмат неъматат афзун кунад?

donБлогнависони зиёде дар саросари ҷаҳон пас аз гузориши Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ аз эҳтимоли нооромиҳо дар Тоҷикистон ва суқути давлат ҳушдор медиҳанд, аммо дар худи кишвар гуфта мешавад, бӯҳрон ба авзоъ таъсири чандоне надорад.

Онҳое, ки дар “Майдони баҳс”-и радиои “Озодӣ” дар ин бора изҳори назар кардаанд, низ зоҳиран осудахотиранд. Яке навиштааст, зиндагияш бетағйир аст ва ӯ парвои бӯҳронро надорад, зеро ҳариси мол нест ва дастмуздаш ба худаш кофист. Аммо инро ҳам изофа кардааст, ки зиндагии тоҷик аз азал бӯҳронӣ буд ва ҳамин гуна мондааст.

Ин ҷо ҳатто аз бӯҳрон ситоиш низ шудааст, ки гӯё асосан ба пулдорон зарба зада, чашми инсонҳоро ба арзишҳои ҷовидона, монанди некӣ, хайру қаноат ва ҳатто марг боз мекунад. Бӯҳрон, аз ин нигоҳ, гӯё худобехабаронро ҳушёр кардаву ба сӯи Худо баргардондааст.

Вале ба ҳикмати ҳазрати Алӣ — “фақр бадтарин посбони иффат аст.” Пас оё метавон гуфт, мардум бо фақр хӯ гирифтанд? Он гоҳ иффатро чӣ хоҳад шуд? Ин ҷо “иффат” фақат покдоманӣ ва парҳез аз шаҳват аст ё ҳамчунон нангу номус, ғурур, ифтихор, сарбаландӣ…

“Шерро ҳам мекунад рӯбаҳмизоҷ
Эҳтиёҷу эҳтиёҷу эҳтиёҷ.”

Шумо ин сатрҳоро хоҳед хонд ва лабханд хоҳед зад: “Эҳ, ҷаноби Аюбзод! Бузургони мо садсолаҳо ин қадар гуфтаанду навиштаанд, ки ба ҳар нуктае метавон байту мисраъ ё масалу андарзе овард. Масалан, “Гурусна ба шер задааст.” Ва гумон аст, ин гурусна рӯбоҳмизоҷ бошад. Вагарна ба шер ки намезад.”

Қабул. Лекин муҳоҷирату мардикории тоҷикон аз соли 1993 ба ин сӯ оё иффати миллиро таҳким додааст ё коҳиш? Дареғо, пажӯҳише дар ин бора дар даст надорем. Вале бовар намекунам, ки зери тарсу ҳароси сартарошидаҳо, фиреби кордиҳандагон, зӯроварии милиса ва ҳатто нигоҳҳои бегонаситезонаи раҳгузарони одӣ бо ёди ширини зану фарзанд зистану даст дар кори сангин ва камэътибор доштан, дар таҳхонаву заминканҳо хобидан ва дар таҳи барфу борон кор кардан ба ифтихори кас биафзояд.

Ҳарчӣ буд ё набуд, муҳоҷирони тоҷик қаҳрамонони даврони мо буданд, ки як миллатро аз гуруснагӣ ва нобудӣ наҷот доданд. Акнун ба тозатарин таҳлили Бонки Рушди Осиё, ки рӯзи 31-уми март нашр шуд, интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон дар соли 2009 метавонад 30% ва аз ҳам бештар коҳиш ёбад. Бонки Ҷаҳонӣ ин коҳишро 40-50 % мешуморад. “Азия-Плюс” менависад, аллакай дар моҳи январ ин маблағҳо 22% камтар шудаанд.

Ин як зарбаи сахт хоҳад буд, зеро ба иллати заъфи тавлидоти дохилӣ ва экспорт ё содироти ночиз кишвар ба пули муҳоҷирон мӯътод гашта буд. Ба гуфтаи иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мавҷи аввал ва дувуми муҳоҷирони тоҷикро пешрафтатарин мутахассисон ташкил додаанд, ки дар ватан мондани онҳо шояд метавонист, ба рушди иқтисод кӯмак кунад. Ҳиҷрати ин нерӯ, ки гоҳе сеяки нерӯи умумии кишвар дониста мешавад, ба мамлакат пулу нон овард, вале иқтисодиёти кишварро аз гузашта ҳам фалаҷтар кард.

Акнун аксари онҳо бармегарданд. Ҳукумати Русия худро тасалло медиҳад, ки бӯҳрон барояш тӯлонӣ нахоҳад буд — фақат то поёни имсол ва коҳиши иқтисодӣ 2,2 дарсадро ташкил хоҳад дод. Аммо 30-юми март Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки коҳиши иқтисодиёти Русия имсол 4,5 % хоҳад буд ва бӯҳрон низ ба дарозо хоҳад кашид. Шояд ба ду соли оянда.

Аз Русия ба Тоҷикистон на танҳо муҳоҷирони навкору мавсимӣ, балки онҳое баргашта истодаанд, ки зиёда аз 10 сол дар ин кишвар зистаанд. Агар шахсоне, ки ин қадар сол дар Русия кор кардаву ҷоеро ба истилоҳ “гарм” карда буданд ва оилаҳои худро низ ба паҳноҳои рус кӯчонда буданд, ҳоло ба ватан бармегарданд, маълум, ки вазъ дар воқеъ сангин аст. Акнун гуфта мешавад, сангинтар мешавад.

Аммо дар ватан онҳоро чӣ чиз интизор аст. Ярмаркаҳои шуғл ба онҳо кору даромади дилхоҳ пешниҳод намекунанд. Корхонаҳои каме, ки Тоҷикистон дорад, бар асари бӯҳрон тавлидро кам мекунанд ва маълум, ки ба нерӯи зиёди кор мӯҳтоҷ нестанд. Дар бархе аз ноҳияҳо ба онҳо замин пешниҳод мешавад. Лекин касоне ки дар Русия гаштаанд, дигар шояд ба кишоварзӣ бегона шудаанд. Шояд ин аст, ки шимоли Тоҷикистон, ба навиштаи “Азия-Плюс”, замоне Русияро аз сабзавот сер мекард, ҳоло пиёзро ҳам аз Русия мехарад.

Аслан Тоҷикистон метавонист, аз муҳоҷирони бозгашта беҳтарин истифодаро бикунад, агар дар бораи ихтисос ва таҷрибаи ҳар яки онҳо як хазинаи иттилоотӣ медошт. Метавонист, онҳоро ба кишварҳои дигар бифиристад ва ё беҳтарини онҳоро бо музди камубеш қонеъкунанда дар иқтисодиёти худ корбаст кунад.

Як бахши аъзами муҳоҷирон дар бинокорӣ озмоиш дидаанд ва бахши дигаре дар соҳибкорӣ ва тиҷорат. Мумкин аст, ба онҳо имкониятҳои васеъи соҳибкорӣ дод. Вале маҷаллаи “Форбс” ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро яке аз бадтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ номид. Кишвар дар байни 127 кишвар ҷои 123-юмро гирифт ва аз мавқеъи порсолааш (ҷои 118) панҷ зина поинтар афтод.

Лекин ин ҳам аз рӯи натиҷаҳои як сол пеш. Агар вазъи феълӣ ба назар гирифта мешуд, мумкин аст, Тоҷикистон дар охирин қатор пас аз ҳамаи кишварҳои африқоӣ ҷойгир мегашт. Зеро низоми нави гирифтани иҷозаи соҳбкорӣ бизнесро дар Тоҷикистон, ба гуфтаи коршиносони Иттиҳодияи Байнулмилалии Молӣ, ниҳоди вобаста ба Бонки Ҷаҳонӣ, ба маротиб мушкилтар хоҳад кард. Ҳамин ҳоло низ барои дарёфти иҷозаи соҳибкорӣ бояд то 400 санад гирдоварӣ кард ва 2 моҳ интизори посух шуд. Ҳатман дарёфти аксари ин санадҳо бе ришват як кори мушкил ва ё ҳатто номумкин аст. Аз рӯи қонун чунин муҷаввиз бепул мебошад, вале соҳибкорон мегӯянд, мақомоти дахлдор аз онҳо то 500 доллар пул меситонанд.

Чаро вақте ки бахши давлатии иқтисодиёт наметавонад мардумро бо шуғл ва даромад таъмин кунад, дар рушди бахши хусусӣ ин қадар монеъа ба миён гузошта мешавад. Оё ҳадафи чунин мансабдорон ва қонунгузорон ба вуҷуд овардани нооромиҳои иҷтимоӣ нест?

Дар мушкилтарин давраи баъдиҷангии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кори таърихие карда буд, ки бо номи “заминҳои президетӣ” маъруф аст. Тақсими ҳазорон ҳектор замин он вақт мардумро аз гуруснагӣ ва бекорӣ наҷот дод. Эҳтимол ҳоло фурсати қадами дигари таърихии ӯст, ки соҳибкориро то ҳадди охир осон гардонад ва ба мардум имкон бидиҳад, нони худро худ пайдо кунад.

Вале дар ҳоли ҳозир, бӯҳронро на танҳо фасоду ришвати густарда, балки қонун қоидаҳои ба замона номувофиқ бӯҳронитар мекунанд. Дар натиҷа, ҳазорон муҳоҷире, ки шояд бо таҷрибаву дониш ва андешаву ақидаи ҷолиб мехоҳад дар ватанаш ободие бикунад, дилсард ва ба ҷомеа нодаркор, маҳрум аз даромад мешавад. Ҳатто тиҷорати сарикӯчагӣ низ имрӯз як кори мушкил аст, бозорҳо пайиҳам ё баста мешаванд, ё дар сӯхтор нобуд мегарданд ва ё кирояи фурӯшгоҳ дар онҳо ба осмон меҷаҳад.

Дар муқобили ин қочоқи маводи мухаддир ҳеҷ гуна муҷаввиз, интизорӣ ва ҳатто сармояи аввалияе намехоҳад. Дар ҳар кунҷе ба кас пешниҳод мешавад, бореро ба Русия бирасонад ва ҳам ҳаққи худро бигираду ҳам ҳаққи дигаронро бидиҳад. Пули каме ҳам нахоҳад буд.

Дар ҳоле ки забони тоҷикӣ ба дувумин забони муоширати маҳбасҳои Русия табдил ёфтааст, дирӯз қочоқбари навкоре дар Санкт-Петербург кӯшиш кард, 300 грамм ҳероинро ба як милиса бифурӯшад. Оқибаташ маълум — намояндагони ин забон дар маҳбасҳои Русия як нафар бештар шуданд. Афзоиш то куҷо хоҳад рафт?

31.03.2009 - Posted by | Тоҷикистон |

25 Comments »

  1. Тичорати банда мустакиман ба рафту омади мухочирони кориву туччор бастаги дорад. Хар руз даххо нафари онхоро мебинаму хамсухбат мешавам. Хануз огози бухрон буд, ки он маро ба хок, на ки ба каъри хок кашид. Аз он пас ман хар руз мекушам мушохида намоям, то чи эхсосе ин мардум аз бухрон дорад. Имруз хар нафаре дар шумули занону кудакон медонанд, ки бухрон доман густурдааст ва мушкилоте сахт моро мунтазиранд. Аммо, ачабо! Ман дар чехра ва гуфтори ин мардум (хатто вакте аз бухрон сухан мегуянд) асаре аз нигарони намебинам. Хатто дар туччор! Ба худ меандешам оё ин аз беиттилоии иктисодии онхост ё аз таваккули сарехе, ки ба Худо доранд? Ва оё асари бухрон ва хавф аз он дар гуфтору чехрахои онхо замоне буруз хохад кард, ки чун ман варшикаста шаванд? Ва ё таваккулашон онхоро начот хохад дод? Ман хам ки мутаваккилам, аммо ин мардум хатто дар хаёли доштани бутта хам нест! Вакте бо нафаре аз хамкоронам, ки иктисодчи аст, накшаи солро мекашидем, ба накшаи пешниходии у гуфтам моро ки соли вазнине интизор аст, мардум шояд барои нон пул наёбад, посухам дод: Ман ятаваккал ъалаллохи ва хува хасбух. …ва ярзукуху мин хайсу лам яхтасиб. Ман хам ба ин бовар дорам, аммо ку буттае?! Ё шояд бо ин таваккул, ки ин мардум дорад буттае хам лозим нест?

    Comment by Farid | 01.04.2009 | Reply

    • Фариди азиз.

      Мардуми мо исбот кардааст, ки худ масъули нону об ва зиндагии худ буда метавонад.

      Соли 1998 бо дархости Эрик Угланд барои мачаллаи амрикоии “Silk Road” маколае навишта будам, ки дар шумораи февралии ин мачалла хамон сол ба чоп расид ва “Tajikistan: A New Vigor Is Born of Tajik Despair” (Неруи нав аз ноумедии точикон ба дунё омад) ном дошт.

      Андешаи мехварии матлаб ин буд, ки “машгули хам будан”-и хукумат ва мухолифон (чанги дохилй) ба мардум паём дод, ки агар худ дар гами хеш нашаванд, касе ба доди онхо нахохад расид. Идроки ин нукта сабаби рушди беназир ва худчуши тичорату кишоварзии мустакилона гардид. Тасаввур кунед, дар соли 1997 бахши хусусии иктисодиёти Точикистон 22% рушд кард.

      Таксими замини президентй ва кишти хазорон хектор заминхои бекорхобида мояи даромади мардум шуд ва халкро аз гуруснагй начот дод.

      Давраи давраи бухронй буд ва бюрократия хануз ба по нахеста, фасоду ришват ба одати хамаруза табдил наёфта буд. Холо он давраро метавон хамчун давраи хуб ба ёд овард. Аммо зарур аст, ки давлат бори дигар хамин гуна сабукихо дихад, то ин давраи бухронй хам ба некй пушти сар шавад.

      Вале ба назар мерасад, табиати давлат дигар шудааст. Пайдо шудани як кишри хубрагон, ки бухрон ба зиндагии онхо таъсир намекунад, ба озодихои васеътари иктисодй рох намедихад. Аз суи дигар мухочират рух ва иродаи мардумро шикастааст, ки худ низ барои хеш талош намекунад.

      Ба хам омадани ин ду омил, ба фикри ман, барои Точикистон пайомадхои хубе нахохад дошт.

      Comment by aioubzod | 01.04.2009 | Reply

  2. Намунаи ахир, ки мухочират дар шароите ки хукумати мо аз мухочирон химояти зарурй намекунад, боиси тахкиру тавхин ва шикасти равонии миллат мешавад.

    СТОЛБИКИ ИЗ ДВОРНИКОВ
    Автор: Игорь Аллилуев
    Источник: Московская правда, N66, 01.04.2009, с. 1

    Жители московского дома, рассерженные местными дворниками, устроили над ними самосуд
    Как рассказали “МП” в УВД “Восточное Лукьяново” инцидент произошел рано утром во вторник. Жильцы дома 14-а на улице Космонавта Галушко были разбужены странными звуками, доносившимися из их двора. Как оказалось, местные дворники решили провести кампанию по очистке двора от деревьев и планомерно с помощью пилы превращали вековые тополя в метровые пеньки. Для дезинфекции дворники, согласно правилам, смазывали верхушки пеньков зеленой краской.

    Жители дома были крайне возмущены действиями разнорабочих и попросили их прекратить произвол. Дворники отнекивались, ссылаясь на тотальное незнание русского языка, и продолжали пилить деревья. Тогда жители, взбешенные тем, что их двор лишают спасительной зелени, решили не ждать, когда официальные власти и экологическая милиция выяснят, кто виноват в этом беспределе, и пошли на самосуд.

    “Они набросились на дворников, связали их, заткнули рты кляпом, вкопали по колено в землю и измазали зеленой краской, – рассказал “МП” старший оперуполномоченный УВД “Восточное Лукьяново” Иван Кологородько. – Всего жителям удалось таким образом вкопать семерых дворников”.

    Прибывшие на место ЧП милиционеры откопали дворников и проверили у них регистрацию. Оказалось, что все они приехали в столицу из Таджикистана и находятся здесь нелегально. Сейчас все семеро дворников госпитализированы в больницу. Обстоятельства происшедшего выясняются.

    Comment by Салими Аюбзод | 01.04.2009 | Reply

  3. Ба назари банда, бад хам нест, агар мардум ба каноат ва дину диёнат ру оранд ва таъсири бухронро ба худ наздик рох надиханд. Бухрон ягон вакт ба охир мерасад, аммо вичдон мемонад.

    Comment by Samandar | 01.04.2009 | Reply

    • Самандари арчманд.

      Ду рох аст: Ё як зиндагии бошарафонаи инсонй бо мевахои арзишманди умр. Ё як хастии хашараворе барои бори гунохи хаёт ва чахон. Худованди бузург ин гузинишро дар ихтиёри инсон мегузорад ва интихоби некро дуст медорад.

      Бардощти ман хамин аст, аммо агар дустон мухолифи ин андешаанд, лутф кунанду далели дигаре дар миён бигузоранд.

      Ва хамеша гуфтааму мегуям: Сарафроз бошем.

      Comment by aioubzod | 02.04.2009 | Reply

  4. 1. Холо дар Точикистон 85% – неъматхоро 15%-и ахоли истеъмол мекунад, бокимонда 15%-ашро 85% фоизи ахолии факир.

    Ин холатро ба таври одди чунин шарх додан мумкин аст – Мисол: дар як оила 7 бародар зиндаги мекунад, фарз мекунем, ки хамаашон кор мекунанд ва бар ивази кори худ хамаруза 7 нон мегиранд. Аммо 1 бародар 6 нон мехураду, 1 нони бокимондаро 6 каси дигар таксим мекунанд. Пас ин аз руи адолат аст, пас мо каноат кунем ва шукрона гуем?

    2. Як мурги тухмдиханда (хонаги) бояд дар як сол 250-280 дона тухм дихад, аммо дар мо 100-150 дона. Ё ин, ки дар Исроил як модагов то 70 литр шир медихад. Дар Аврупо хам кариб хамин хел. Дар мо бошад базур то 10 литра (хазор гови зоти биёранд хам, баъди камтар ба меёри Точикистон меояд). Сабаб – хурока ва нигохубин…

    Агар хайвон хамин хел махсул дихад, пас одамон бо ин ахвол дар оянда чи хел инсони хаматарафа комил меоранд? Насли ояндаи мо чи хел мешавад?

    Ин хама суханони сангин аст, лек вокеият чунин аст. Олимон тасдик кардаанд, ки аллакай одамон ба навъхо (сорт) таксим шудаанд ва фаркияти инкишофи халкхо аз 100 сол зиёд шудаанд. Агар хамин хел рафтан гиранд халкхои окибмонда дар оянда кариб, ки дар катори приматхо (маймунон) чой мегиранд ва акидаи онхоро “халкхои оли” хеч вакт ба назар намегиранд..

    Comment by Forsage | 01.04.2009 | Reply

    • Forsage-и фарзона.

      Ададу аркому чолибе овардаед, дастатон дардро набинад. Онки 85%-и сарвати кишвар дар дасти 15%-и ахолии он гирд омадааст, аз тарафи Пажухишгохи рушди иктисодии Точикистон эълон шуда буд ва дар натичаи тадкикоти амик дарёфт шудааст.

      Тафсилоти дигари ин тадкикот чунин аст, ки 78%-и ин 15 дарсад бадавронрасидагон афроди барои бизнес тасодуфй ва камсаводанд. Биноан аксари онхо тадричан ё сарвати худро аз даст медиханд ва ё мачбур ба он мешаванд, ки танхо бо истифода аз шевахои номашруъ худро аз гарк шудан начот бидиханд. Ин холат яке аз сабабхои асосии конуншиканихо ва фасод дар Точикистон шудаанд.

      Муаллифони тадкикот мегуянд, давлат натавонистааст, равандхои иктисодии кишварро ба самти дуруст равона бикунад. Аксари нокомихои 20 соли охир ва печидагихои имрузаи чомеаи мо шояд аз хамин чо сарчашма мегиранд.

      Мархум Отахон Латифй бар ин акида буд, ки талошхои таксими моликияти давлатй ва чамъиятй-мардумй дар огози солхои 1990 сабаби аслй ва нонамоёни чанги Точикистон будааст.

      Сипосгузорам аз Шумо, ки бо номахои худ ин нукоти фаромушшударо бароям ёдрас намудед.

      Comment by aioubzod | 02.04.2009 | Reply

  5. Боз як чизи дигар илова карданиям. Точикистон бо дорои (потенсиали)худ метавонад то 150 – 180 миллион ахолиро хуронаду пушонад (Бовар накунед ба масохат ва шумораи ахоли ва сарватхои давлатхои кучак назар андозед). Пас барои чи мо наметавонем 7 миллион ахолиро хуронда?

    Comment by Forsage | 01.04.2009 | Reply

    • Хамин нуктаро сарони кишвар дар огоз борхо гуфтаанд. Аммо сабаб чист, ки кишвар наметавонад, аҳолии худро сер бикунад?

      Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply

  6. Ин субх нашри тозаи хафтаномахои чопи Душанберо варак задам ва он чо дидам, ки чи гуна бархе аз сарватмандони мо аз таъсири бухрон ба тичораташон сухбат кардаанд. Аз чумла, Хочи Акбар Турачонзода гуфтааст, ки ин бухрон ба тичорати онхо, ки аз пахта иборат аст, безарар набудааст.

    Раиси ширкати Вавилон Мобайл хам гуфтааст, ки бухрон ба кисаи у ва ба бучаи ширкаташ аз холо асари худро гузоштааст. Ба гуфтаи вай, дар ин чанд мохе, ки бухрони моли хукмрон аст, муштариёни онхо низ харчи гуфтугуйи телефонии худро кохиш додаанд. Ин танхо хукуматдорон хастанд, ки ба пайомадхои ин бухрон хушбинанд. Ё мехоханд ба ин васила изтироби сокинонро фуру нишонанд ва ё дарвокеъ бовар доранд, ки кисаи онхо аз ин бухрон осеб нахохад дид. Вагарна, акнун сохибкорони чудогона ва рахбарони ширкатхои хусус аз асари ин бухрон ба дод омадаанд ва ба охистаги рози дили худро ифшо мекунанд.

    Comment by Каюмарс | 02.04.2009 | Reply

    • Аммо ин субҳ, яъне ҷумъаи 4 апрел, хабареро хондам, ки раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоҳиров гуфтааст, агар мақомоти шаҳрдорй ба ӯ ва соҳибкорони бозори басташудаи “Зарнисор” иҷозаи гирдиҳамой надиҳанд, ба гуруснашинии сиёсӣ даст хоҳад зад.

      Хабари дигар дар расонаҳои ғарбй гардон аст, ки бинокорони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 1” бо эътироз аз нагирифтани музди кор даст ба коршиканй задаанд. Ройтерз инро аввалин нишонаи эътироз бар асари бӯҳрон номидааст.

      Хабарҳои дигаре дидаед?

      Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply

  7. Устоди мехрбон! Ба гуфтахоятон мувофикам. Таъсири ъамики бухрон хануз ба Точикистон нарасидааст, магар ба точирони бузург. Гумони банда ин аст, агар таъсири он тобистону тирамохи оянда, ки пешбини мешавад, неву зимистони гузашта меомад ин бахор хеле аз заминхо кишт мешуданду мардум роххои дигареро хам чустучу мекард.

    Банда чанд сол дар Русия тичорат кардаам ва баъзе чизхое дар он чор аз мардуми точик мушохида кардаам. Точироне, ки аз минтакаи шимол ба Русия мерафтанд, асосан хушкмева мебурданд. Кам касоне ёфт мешуданд, ки чуръат созанд пулхои худро дар тичорати дигаре бигзоранд.

    Дар авоил 20-30 нафар, баъдтар 10-15 нафар 1 вагонро якчоя пур мекарданд. Кам кам нафароне пайдо шуданд, ки тани танхо 1, хатто 2-3 вагон мева мебурданд ва фарки нархи хушкмева дар Точикистону Русия хеле кам шуд. Айнан дар хамин давр 2 сол аксари мевахоро ки хушк карда мешуданд хунук зад. Бозор барои онхое, ки пули зиёд надоштанд танг шуд. Онхо ки химматашон ба мардикори сар намефаровард худро ба тичоратхои дигар заданд ва хеле аз онхо муваффак шуданд. То хадде ки нафароне байнашон хаст, ки 4-5 магоза ё тарабхона доранд.

    Як дусти банда ки дар хамон давра варшикаста шуда буд худро ба сохтмон кашид. Чанд руз пеш бо у хамсухбат шуда будам, гуфт хам инак чор супориш барои сохтмони хонахои бузурге гирифтааст ва ният дорад мохи май биравад ва огоз кунад. Гуфтам: чаро шитоб намекуни, нашавад ба нафари дигаре диханд? Посухам дод: аввал бояд хамон нафареро ёбанд, ки мисли дусти ту тавонад хона созад.
    Максадам аз ин гуфтахо ин аст, ки хеле аз точикон дар сохахои зиёде мутахассис шудаанд ва куввае мебояд то онхоро сарчамъ созад ва ба самти дуруст ва зарурие хидоят созад ва аз онхо барои пешрафти ин Ватан истифода кунад.

    Гумoн мекунам ин бухрон хам мардуми зиёдеро пухта хохад кард. Ва шояд нафарони зиёде рохи даромадро дар худи Точикистон ёбанд ва таконе ба иктисоди кишвар шавад. Хукумат хам ки танг омад, харчи фасодзада хам бошад, мачбур хохад шуд рохро барои мардум боз кунад.

    Comment by Farid | 02.04.2009 | Reply

    • Ман ҳам монанди Фариди азиз ба нерӯ ва иродаи ҳамдиёрон бовар дорам. Бубинед, ки тоҷикони мо аз сахттарин имтиҳонҳои таърих, чи дар гузаштаи дур ва чи солҳои охир гузаштанд. Дар таърих қавмҳое будаанд, ки ба сахтиҳо тоб наёварда, шикаст хӯрдаанд ва ҳатто маҳв шудаанд.

      Таърихшиноси маъруфи рус Хаников навиштааст, агар ба ин миллат каме фурсату имконият дода шавад, ба зудӣ кӣ будани худро ба исбот мерасонад.

      Вале дареғо, шароити имрӯз аз шароите, ки дар охири садаи 19 буд, ба куллй фарқ мекунад. Дӯстон ин ҷо навиштаанд, ки фосилаи миёни милали пешрафта ва ақибуфтода то рафт бузургтару амиқтар мешавад. Ин вартаро бояд бо иттиҳоду сарҷамъй ва талошҳои ҳадафманду дақиқ рушти сар кард.

      Роҳи дигаре нест. Аммо ба назари шумо ин роҳ аз чй зинаҳое иборат мебошад?

      Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply

  8. Салом ба хама!

    Номи хубе ..”Шукри неъмат неъматат афзун кунад?” ва аломати суоли муааллиф хеле бачост. Чаро ки шукри неъмат неъмати касеро афзун накардааст ва нахохад кард….Ин маколхоест ки мардум барои худсафедкуни бофтаанд ё ки мисли ..нимта нон рохати чон якта нон балои чон…ва г…Ин як мавзуи хубест барои филологхои точик..то бикобанд назари мардумро дар ин бора дар зарбулмасалу макол., панду андарз, дин, афсонаву устурахои точики….

    Меоем сари иктисоду бухрон ..ман назари худамро дар инбора навишта будам метавонам дубора инчо биёрам..”Ба маколи точики : “Кас нахорад пушти ту чуз нохуни ангушти ту”..

    Ба фикр ман ягон рохи баромадан аз бухрон иродаи сиёсии (политическая воля) Рахмон аст…Пеш аз хама чи бояд кард?

    1. Истеъфои хамаи онхое ки дар вазорати иктисоду молия кор мекунанд ..манзури ман ключевые посты…аз чонишини вазир сар карда то вазироя…ва инчунин раиси бонки милли…

    2. Эълони конкурс байналмиллали ба ин вазифахо (курсихо)..Интихоби бехтарин рохбарони зиддибухрони(антикризисные управляющие).Иштироки точикистониён дар ин конкурс мамнуъ эълон бояд шавад..Мо хама медонем ки тамоми бадбахтихои мо аз хамин нодони ва махалбозиямон аст. Хар ки ба вазифае сохиб шавад (харад курсия)тамоми хешу табораша ёру дусташа новобаста аз донистани кор чамъ меорад дар атрофаш..

    3. Фармоиш аз тарафи Президент ба ин навкурсиени хоричи то ки дар муддати кутох прогроми баромад аз бухрон ва рушди харчи тезтарро пешниход кунанд..

    4. Бехтарин маош барои ин навкурсиёни хоричи ( бигзор миллион доллар бошад).онхо барои хар як доллари гирифтаашон чавоб хоханд гуфт..

    Агар Рахмон хохад аз худ номи нек монад ва барои миллаташ хидмате карда бошад ин бехтарин рох аст….

    P.S. Дар дигар вазоратхо низ ин тачрибаро метавон ба рох монд

    Дар бораи шериву рубахи …
    Мавлави дуруст мегуяд ..
    Ончи шеронро кунад рубахмизоч .
    Эхтиёч аст ,эхтиёч аст ,эхтиёч..

    Ва огои Аюбзод шубхаи Шумо дар ин маврид хатост..Гурусна хатман ба шер дармезанад..Мо хануз гурусна намондаем..Ва ин руссияравии халки мо бадбахтии бузург аст.ба фикри ман ..на аз он сабабхое ки Шумо овардед.Танхо ба як сабаб ..Рушди ватани моро ба дурихои дур меандозад..Мо дар Руссия гуломи мекунем ва аз чанд рубли гирифтаамон хурсанди мекунем..пул ба нону чой мерасад дига чи хам даркор?Нимта нон рохати чон…?Ва гуломии мо ичбори нест гуломии мо хохиши аст. .Мо худамон ба Руссияву дигар кишвархо меравем.худамон рози мешавем ба хар гуна кор..

    Боре хам фикр кардаед ки то як нафар тифл то коршоям шуданаш чанд масраф дорад? Аз руи хисоби ман кариб 30 хазор долл .”тавллуд хурду хурок либос мактаб саломати .”..

    Ин чо хисоби миёна аст (дар Точикистони кашшоки ману Шумо)..(бубинед Руссия тайёр аст ки барои бачаи дуввуму баъди 10 хазордоллари бидихад ва кам касе рози аст то таваллуду тарбия кунад.то коршоями масрафи Руссия аз 100 хазор доллар хам зиёд мешавад….)Акнун як миллион Гастарбайтерхои точикистонии моро ба 30 хазор доллар зарб бизанед.Чанд мешавад? Яъне ин баробари 30 миллиард долл.Мо ки хама медонем капитали асосии хар як давлат ин шахрвандони уст…

    Пас мо ин хамаро ройгон бо ду дасти адаб кучо мефиристем?????Ба замми ин хар руз калтак мехурем нафрин мекунанд моро ва г.х. ..ба хамагон маълум.. Мо ба як инкубатори гуломон бадал гаштаем..Аз гулом кам умед аст ки фарзанди солиму доно ба дунё биёяд….Масъалаи раками як барои Рахмонхо бояд ана хамин бошад..Бе табааи солиму доно наметавон кишвари ободу пешрафта сохт…
    Пас рохи начот кучост?..Фардо фикрама дар ин бора менависам..

    Узр аз хама ба точики нагз нависта наметавонам…
    Ба умеди ободи Хамагон ,
    Бахтиёр .

    Comment by Бахтиёр | 02.04.2009 | Reply

    • Бахтиёри азиз.

      Бисёр фикрҳои ҷолиб, пешниҳодҳои муҳим ва далелҳои ҷиддй дар миён гузоштед. Умедворам ва бовар дорам, ки афроди масъул дар кишвари мо ин суханони Шуморо хондаанд ва ба андеша рафтаанд.

      Беҳтарин нукта, ки ба ман писанд омад ин аст, ки бузургтарин сармояи ҳар кишвар мардуми он аст. Ҳама чизи дигар бо сабаби ҳамин мардум арзи вуҷуд мекунад. Бе мардум на ин ҳукумат ба касе даркор аст, на ҷои кори он, на пулу сармоя ва на барномаҳои баландпарвоз.

      Хушбахтона, сарони давлати мо, ба камияш дар забон гаштаю баргашта такрор мекунанд, ки ҳалқ барояшон дар ҷои аввал қарор дорад ва ҳама корро барои ҳамин мардум ва фарзандони он мекунанд.

      Ҳоло даврае расидааст, ки ин шоирҳо исботи амалии худро пайдо кунанд. Ҳамзамон ин беҳтарин имкониятест, ки ҳукумати мо бо чораҳои мушаххасу дақиқ ва рӯшану самарабахш зиндагиро дар кишвар тағйир диҳад ва бо ҳамин тамоми ғалату иштибоҳҳои гузаштаи худро ҷуброн кунад.

      Бо вуҷуди бӯҳрони ғамангез, ин беҳтарин шанс аст, барои тамоми мансабдорони мо, ки агар онро ба беҳтарин шакл истифода кунанд, халқ ҳамаи корҳои гузаштаи ононро хоҳад бахшид.

      Барномаи рӯшан, ислоҳоти ҳамаҷониба ва тунд, роҳ кушодани ба демократияи ҳақиқй таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ҳам ба Тоҷикистон хоҳад кашид ва имдод аз берун ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

      Бадбахтона, то ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон як барномаи ошкору муайяни зидди пайомадҳои бӯҳронро таҳия ва нашр накардааст. Ба ҷои ин сарони давлат бо сафарҳои хориҷӣ ва имзо кардани қонунҳои тазодомезу обрӯбаранда машғуланд.

      Шоҳиди тағйире хоҳем шуд?

      Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply

  9. Салими Аюбзоди гироми, ман ба Шумо як савол доштам: Оё ташрифкунандагони торнигори Шумо метавонанд матлабхои худро дар сахфаи Шумо пешкаши хонандагон кунад? Фикр мекунам ин хеле оличаноб мешуд..
    Ташаккур.

    Comment by Forsage | 02.04.2009 | Reply

    • Дӯстон метавонанд, фикру андешаи худро дар ин ҷо ба таври озод, аммо бо риояи одоб баён доранд, ҳеҷ гуна монеае ба ин пеш нахоҳад омад. Аммо нашри матолиби мустакилона, ба фикрам, метавонад, симои хоси торнигорро зери суол қарор диҳад.

      Аммо мешавад, сари ин фикр кард. Зинда бошед.

      Comment by aioubzod | 03.04.2009 | Reply

      • Фикр мекунам, бехтар аст руйи сафха мо матолиби чолиберо аз Салими Аюбзод хонем. Матолиби худамон – хонандахои ин сафхаро метавонем дар сахифахои дигар низ гузорем. Шояд дар сахифаи “Андеша”, ки торномаи хамаи мост. Саломат бошед!

        Comment by Ka Yoo Mars | 03.04.2009

  10. ” Менеджер достигает своей цели путем мобилизации чужих усилий..”

    Иктисоди Точикистонро ё дуруссттара карда гуем роххое ки бо он иктисоди Точикистон кор мекунад наметавон бо иктисоди Руссия Чин ё дигар мамлакатхо киёс кард.Ончи барои Русияву Чин хуб аст барои мо марг мебошад. мо дар сатхи тамоман дигар карор дорем. аз хамин сабаб бо назари дигар ба иктисоди мо бояд нигарист..Тамоми ахолии Точикистон як кучаи Чин мешавад…Мо бояд бештар тачрибаи кишвархое ки монанди Точикистонанд биёмузем…манзури ман ахолии кам иклим чойгиршавии чугрофи и т.д.
    Холо меоем сари ин 1 миллион неруи кори? Чи тавр мешавад онро дуруст истифода кард?
    Он чи Ки дар зер меорам шояд яке аз роххои рахои аз бухрон шавад…

    1.Ташкили вазорати кори берунмарзи ё корпорацияи давлатии кадри ки вазифааш таъмини кори шахрвандон дар хоричи кишвар бошад.
    2.Филиал ё ячейкахои ин вазорат ё корпорацияи давлати дар тамоми
    вилояту нохияхои Точикистон .
    3.Номнависи хамаи онхое ки мехоханд барои кор ба хорича бираванд дар ин нуктахо..пур кардани анкета барои хар як коргар..(сол. ихтисос.саломати )
    4.Шартномаи давлати бо тамоми давлатхое ки ба кувваи кори ниёз доранд.
    5.Таъмини кор ..карзи давлатии бефоиз ба онхое ки рохкиро надоранд.(чун давлат бо кор таъмин мекунад риске надорад)
    6.Кушодани филиали бонки милли дар чойхое ки шумори бисёр точикистониён кор мекунанд то онхо тавонанд танхо аз хидмати бонки точики истифода кунанд.агар хатто 50% онхо аз ин хидмат истифода кунанд ин кариб 50 миллион дол. мешавад.
    7.Курсхои кутохмуддати касбомузи дар вилояту навохи бо чалби пули корфармоён..
    ( танхо хамин вазорат ё госкорпорацияи навташкил дар точикистон метавонад зиёда аз 50 хазор нафарро бо кор таъмин кунад) бисёр касбхое хаст ки метавон дар зарфи се-чор мох омухт.
    8.Маблаг барои ташкили ин кор ..(карзи хоричи ,ё кумакхои ройгон)…
    Есть такая японская поговорка:
    «Дай человеку рыбу он будет сыт один день, научи ловить ее будет сыт всю жизнь….»

    Обод бошем!

    Comment by Бахтиёр | 03.04.2009 | Reply

  11. ” Менеджер достигает своей цели путем мобилизации чужих усилий..”

    Иктисоди Точикистонро ё дуруссттара карда гуем роххое ки бо он иктисоди Точикистон кор мекунад наметавон бо иктисоди Руссия Чин ё дигар мамлакатхо киёс кард.Ончи барои Русияву Чин хуб аст барои мо марг мебошад. мо дар сатхи тамоман дигар карор дорем. аз хамин сабаб бо назари дигар ба иктисоди мо бояд нигарист..Тамоми ахолии Точикистон як кучаи Чин мешавад…Мо бояд бештар тачрибаи кишвархое ки монанди Точикистонанд биёмузем…манзури ман ахолии кам иклим чойгиршавии чугрофи и т.д.
    Холо меоем сари ин 1 миллион неруи кори? Чи тавр мешавад онро дуруст истифода кард?
    Он чи Ки дар зер меорам шояд яке аз роххои рахои аз бухрон шавад…

    1.Ташкили вазорати кори берунмарзи ё корпорацияи давлатии кадри ки вазифааш таъмини кори шахрвандон дар хоричи кишвар бошад.
    2.Филиал ё ячейкахои ин вазорат ё корпорацияи давлати дар тамоми
    вилояту нохияхои Точикистон .
    3.Номнависи хамаи онхое ки мехоханд барои кор ба хорича бираванд дар ин нуктахо..пур кардани анкета барои хар як коргар..(сол. ихтисос.саломати )
    4.Шартномаи давлати бо тамоми давлатхое ки ба кувваи кори ниёз доранд.
    5.Таъмини кор ..карзи давлатии бефоиз ба онхое ки рохкиро надоранд.(чун давлат бо кор таъмин мекунад риске надорад)
    6.Кушодани филиали бонки милли дар чойхое ки шумори бисёр точикистониён кор мекунанд то онхо тавонанд танхо аз хидмати бонки точики истифода кунанд.агар хатто 50% онхо аз ин хидмат истифода кунанд ин кариб 50 миллион дол. мешавад.
    7.Курсхои кутохмуддати касбомузи дар вилояту навохи бо чалби пули корфармоён..
    ( танхо хамин вазорат ё госкорпорацияи навташкил дар точикистон метавонад зиёда аз 50 хазор нафарро бо кор таъмин кунад) бисёр касбхое хаст ки метавон дар зарфи се-чор мох омухт.
    8.Маблаг барои ташкили ин кор ..(карзи хоричи ,ё кумакхои ройгон)…
    Есть такая японская поговорка:
    «Дай человеку рыбу он будет сыт один день, научи ловить ее будет сыт всю жизнь….»

    Обод бошем!

    Бахтиёр

    Comment by Бахтиёр | 03.04.2009 | Reply

    • Наконец-то нашел антикризисную программу Таджикистана. Смеялся от души. Оказалась первоапрельской шуткой “Азия-Плюс”.

      Но остроумно! Спасибо авторам. Ни кризис, ни правители еще не смогли уничтожит у нас чувство юмора. Значит, жить будем!

      Comment by aioubzod | 04.04.2009 | Reply

  12. Акои Салим хеч умеди бехбудие дар Точикистон нест. Эмомали Рахмон Самиевро, ки барои масъулият надоштанаш аз кор ронда буд дубора ба кор гирифт. Бо ин Самиевхо интизори пешрафт шудан дур аз мантик аст.

    Comment by Али | 06.04.2009 | Reply

    • Алии чон.

      Самиев ин тафовутро дорад, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров нест ва ҳамчунин аз шаркидарсону дӯстони ҷаноби олист. Аммо иллати бунёдй ин аст, ки қонун ва назм дар Тоҷикистон на барои ҳама аст, дақиқтараш қонуну қоида барои ҳар бахши ҷомеа гуногун аст ва интихоб ба дасти як шахс.

      Comment by aioubzod | 17.04.2009 | Reply

  13. Салимчон, салом.
    Он чи ин чо тарсим шудааст, дардхои муштарак аст.Дардхое, ки хар точики дур аз Ватан дорад. Чи басо хобхои ободии Точикистон ва озодии ТОЧИКро мебинаду ба орзуи бароварда шуданашон хаст. Хондани ин сатрхо бар шиддати ин дарду аламхо меафзояд, аммо бояд гуфта шаванд, то билохира чорасозу чорагаре арзи хастй кунад…
    Муваффак ва муайад бошед!

    Comment by Aъзам Хучаста | 07.04.2009 | Reply

    • Аъзами фарзона, дуруд бар Шумо!

      Орзуи ҳамаи мо зебову ободу шукуфон дидани ватани азизи мост. Табодули ақидаву маълумот ва интишори андешаҳои гуногун ҳамин ҳадафро дорад, ки ҷомеаи худогоҳе дошта бошем, то роҳро худаш пайдо кунад. Ман мӯътақид бар маҷрои озоди иттилоям. Дар ҳолии ҳозир ин аст барги сабзи дарвеш.

      Comment by aioubzod | 17.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: