Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар ҳошияи навори Мунаввари Мунавварзод

1zarnisor1Дар ин видео барои чанд сония тифлеро мебинед, ки дар рӯи мизи қабулгоҳи Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ғунудааст. Ва агар мақомоти давлат ба арзи модари ӯву садҳо ҷабрдидаи дигар гӯши хирад во накунанд, мумкин аст, ин кӯдак дар хиёбон ба воя расад.

Баъдан дар шигифт мемонед, ки кӯдакони хиёбонӣ дар Тоҷикистон аз куҷо пайдо мешаванд.

Ҳафт моҳ аст, ки мақомоти давлат ин хонавода ва чандин оилаи дигарро аз ягона манбаъи даромадашон — бозори “Зарнисор” маҳрум кардаанд.

Заноне, ки барои додхоҳӣ ба Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, мегӯянд, онҳо субҳи 4 сентябри соли 2008 бору коло харида, ба бозор омаданд ва диданд, ки милиса бо зарбулат фурӯшандаҳоро берун мекунад, то ба дари бозор мӯҳр бизанад.

Шиори дарбандон, гуфта мешавад, ҳамон яке буд: “Ҳокимияти қонун!” Бозор дар ин ҷо ғайриқонунӣ сохта шудааст, асноди он ҷавобгӯи қонун нест ва гузашта аз ин фурӯшгоҳ шомили “Генплан” — нақшаи умумии бозсозии Душанбе набудааст. Ба ин сабаб бо қарори додгоҳ бозори “Зарнисор” баста ва баъдан ба хок яксон мешавад.

Аммо онки тақрибан то 1000 шаҳрванди Тоҷикистон аз як бурида нони худ маҳрум мегардад, ба ёди касе нарасид. Онҳо чӣ мекунанд? Куҷо мераванд? Зарарҳои модӣ ва маънавии онҳоро кӣ мепӯшонад? Додгоҳ дар Тоҷикистон одатан ба ин гуна пурсишҳо посух намедиҳад. Махсусан агар ҷабрдидагон одамони одӣ буда, хешу ақрабое дар зинаҳои олии давлат надошта бошанд.

Як намунаи барҷастааш ин аст, ки дар фурӯшгоҳи мансуб ба яке аз духтарони соҳибкори яке аз раҳбарон, фоҳишахонаи махфӣ ёфта буданд, аммо на ин фурӯшгоҳ баста шуд ва на “Мамма Роза”-и ҷавон зиндонӣ гашт. “Ҳокимияти қонун!”

Бунёдгузори бозори “Зарнисор”, Ботурхон Талбаков, мегӯяд, ҳамаи асноди зарурӣ дар чаҳорчӯби қонун гирифта шудааст ва қарору иҷозаи таъсиси ин фурӯшгоҳро дар соли 1995 шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, имзо кардааст.

Пас чӣ гуна мумкин аст, ки як муассиса дар давоми 13 соли охир қонунӣ будаву як рӯз ногаҳон ғайриқонунӣ мешавад? Зимнан ҳукми додгоҳ ба баста шудани “Зарнисор”, тавре ки “Азия-Плюс” дарёфтааст, дар моҳи октябр, яъне як моҳ пас аз амалан баста шудани бозор содир гашт. Пас онҳое ки 4-уми сентябр бозорро бастанд, аз рӯи кадом қонун ё дастур амал мекарданд?

Аз ҳақ набояд гузашт, дар бозорҳои Тоҷикистон, ки ҷои таҷаммӯъи маблағҳои зиёданд, хилофкориҳо ҳам кам намебошад. Онҳо ба масал миёнарави молиявие байни мардум ва мақомоти давлатиянд. Як шиноси ман, раиси бозор буд ва мегуфт, ҳар моҳ ба 9 мақоми давлатӣ пора медод, то кори ӯ ва ҳастии бозор идома кунанд. Вай хеле сарфакор буд ва ба “Мерседес”-и соли 1991-и хеш муҳаррики трактор насб кардаву аз бензин сарфа мекард.

Соле пеш шунидам, аз сактаи дил даргузаштааст. Ҳадс задам ё бо ин 9 мансабдор мушкиле пайдо кардааст ва ё шояд теъдоди “саҳҳомон”-и ғайрирасмӣ зиёд ва барояш ғайри қобили таҳаммул шудааст. Ба ҳар ҳол ин раисон зери фишори шадиданд, ҷои баҳс нест.

Ду сол пеш, дар авҷи болоравии нархунаво, бо дастури шаҳрдор Убайдуллоев раисони се бозори асосии Душанбе — “Шоҳмансур”, “Баракат” ва “Саховат” аз кор ронда шуданд. Дар саросари кишвар борҳост, бозорҳо аз даст ба даст мегузаранд, ҳамчун муассисаҳои ғайриқонунӣ тахриб мешаванд ва беш аз ҳама месӯзанд. Даргумон аст, ки ҳамаи ин сӯхторҳо тасодуф ва фишорҳо қонунӣ бошанд.

Вале агар ин бозори Талбаков як моликияти ғайриқонунӣ буд, чаро натавонистаанд, зимни Қонуни афви моликият, аз костагиҳои асноди он чашм бипӯшанд ва ба ҳамин ҳам шукр кунанд, ки Талбаков барои зиёда аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҷои кор сохт. Ва мушкили ҳазорон нафар аз сокинони шаҳрро дар хариди маводи зарурияшон осон гардонд.

zarnisor

Мегӯянд, замоне ин бозор як ҳоли залил, нопок ва риққатовар дошт. Аммо он вақт шояд “қонунӣ” буд, ки диққати касеро ба худ намекашид. Мансабдороне, ки дар ҳамин гуна фазову шароит ба воя расида, худо медонад, бо чӣ роҳе ба курсии давлат нишастаанд, онро як падидаи одӣ ва аз ин лиҳоз “қонунӣ” мешумурданд. Акнун, вақте як бинои зебо ва барҳаво қомат кашид, якбора онҳоро ба ҳайрат овард ва ба хори чашмашон табдил ёфт.

Ривоят мекунанд, яке аз чунин мансабдорон бо ёварону муҳофизонаш дар ҷипе аз як маҳаллаи шаҳр убур мекард ва бинои зебову бошукӯҳеро дида, пурсид, ин чӣ муассиса аст. Ёваронаш номи муассисаро гуфтанд, вай пушти сар хориду дастур дод:

— Офисда ки расидем, брен бфаҳмен, чӣ хел мешавад, онро аз они худ кнем.

Ёваронаш мегӯянд:

— О вай аз они худамон аст, магар аз ёдатон баромад?..

Навори видеоро, ки Мунаввари Мунавварзод бардошта буд, медидам ва ҳамин андешаҳо ба сарам меомад. Дар он тифли хобида рӯи миз рамзи ояндаи кишвар аст, баста шудани дар — маъмултарин посухи мақомоти давлат ба шаҳрвандонашон, гиряи зан — буғси 20-солаи дар гулӯ дармондаи тоҷикон…

Ин ҳам ба ёдам омад, ки бозори “Зарнисор” дар як макони таърихии шаҳри Душанбе дар ҷодаи Ҳисор ҷойгир шудааст.

9-уми ноябри соли 1992 чандин ҳазор нафар аз занони тоҷик, бахше аз фирориёни водии Вахш ва бахше аз Душанбе, пас аз як тазоҳурот дар наздик Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо талаби қатъи хушунат ва хунрезӣ ба ин ҷо рехтанд, то пеши роҳи нерӯҳои Ҷабҳаи халқиро бигиранд.

Паҳнои ин ҷода он рӯз пур аз занон буд, ки асосан сиёҳу сурмаӣ пӯшида буданд. Он рӯз онҳо тавониста буданд, аз ҳамла ба Душанбе пешгирӣ кунанд.

Ҳангоми таҳдиди дигарбораи чунин ҳамла, рӯзи 14-уми ноябр даҳҳо ҳазор бонуи тоҷик дубора дар ин ҷо ҷамъ омаданд ва тарафҳоро ба тафоҳуму оштӣ даъват карданд. Аммо ин бор ҳамлаварон ба сӯи онҳо тир кушоданд. Чанд нафар захмӣ гашт, чанде беҳуш афтод, вале хушбахтона касе кушта нашуд.

Чеҳраи занон дар навори бардоштаи Мунавварзод, садои онҳо, суханони онҳо, ашки чашми онҳо ҳамон рӯзи пурабри 14-уми ноябрро ба ёди ман овард. Мани хабарнигор рафта будам, то аз талоши занон ба сулҳ, некӣ ва хушбахтӣ гузориш диҳам…

(Аксҳо ва видео аз сомонаи Радиои Озодӣ)

04.04.2009 - Posted by | Душанбе, Иқтисодиёт |

6 Comments »

  1. Имруз ба як корхона рафта будам ки, дар он чо Точикони зиёд кор мекунанд ва ин вокеаро ки дар сомонаи Радиои Озоди, маводи видеоиашро тамошо карда будам, накл карда гуфтам ки занони зиёде баъзеяшон бо тифлакони ширхор ба Кохи раёсати ЧТ рафтанд то ин ки, овози онхо ба гуши раисчумхур бирасад. Аз шунидани ин хабар бачахо бисёр зик шуданд ва дар байни онхо 4 марди калонсол буд ки, яке бо дигарон гуфт: (бисёр гамгинона бо зики) Занхо кори хуб накарданд бояд намерафтанд. Ман хайрон шуда пурсидам барои чи кори хуб накарданд, охир онхо хаки худашонро талаб мекунанд ва хаки занхо аз мардхо дар чаъмият болост. Гуфт гамгинона, е бачам соли 1992 хамин занхои бечора як бори дигар чаъм шида хостанд ки, сари рохи ин ноадолатира бигиран, лекин боевикои Чабхаи Халки хамашона автоматшап кардан ин дафа хам автоматшапшон мекунанд, хукумати мо не кадри занора медунаву не кадри тифлакора. Ба хами хотир дар Россия бимирем ё бикушанму хам аламовар нест, чун ки инхо бегонаанд, дар ватани мо одам кадр надора дар ватани бегона аз мардуми бегона чи гила кунем! Хукумати Точикистон сафи гастарбайтероша дар Россия 1500-2000 зиёд карданист, ба фикрам чемпиони чахон шуданист. Агар хамин тавр бозорхора оташ бизананду охиста-охиста махкамшон кунанд, “титул”-и чахонира навсегда мегирем!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! Харчанде ки, он рузхои соли 1992 гузашт ва иншоллох ки, дигар он хатогихои гузашта такрор намешавад, лекин як зарбулмасали халки ба ёдам меояд “Моргазида аз банди ало метарсад”. Он рузхои гузашта дар дили мардуми бечора сахт накш бастааст ки, аз хукумати имрузаи Точикистон хама гуна корхои фасодиву гайриконуниро бовари доранд!

    Comment by Точик | 04.04.2009 | Reply

    • Тибки охирин хабар, 10-уми апрел бозори “Зарнисор” бояд тахриб гардад. Имруз, сохибкорони он бори дигар аз макомоти давлат илтичо карданд, ки ба чунин амали ба гуфтаи онхо, бехирадона, рох дода нашавад.

      Comment by aioubzod | 06.04.2009 | Reply

  2. Бубинед хукумат бо халк чи мекунад. Ба чунин ахвол расиданамон худи мо айбдор хастем. Мо такдири худро интихоб кардем, чунки хар яки мо интихобкунандагон мебошем. Мо ба интихобот нарафтем – ба чои мо дигарон овоз доданд. Муаллимони мактаб айбдор хастанд, чун хамаи участкахои интихоботи дар мактабхо чойгир аст, онхо вичдони худро фурухтанд, ба сохтакори НЕ! нагуфтанд. Ман дар навиштаи гузашта чи хеле, ки гуфтам боз мегуям: Бехтарин гулом он гулом аст, ки гуломиша намефахмад ва бо занчирхои худ фахр мекунад. Одамон ба ду кило канд, 1 литр равган, гузаронидани оби нушоки ва ё ваъдахои холй овози худро фурухтанд. Мо то кай ба нафси худ гуломем. То кай соддаем…

    Comment by Forsage | 05.04.2009 | Reply

    • Ба ин хулоса комилан розӣ шудан мушкил аст. Охирин марҷаъ дар чунин ҳолат додгоҳ аст ва бадбахтӣ дар ин аст, ки додгоҳи Тоҷикистон мустақил нест.

      Худ бубинед, мақомоти давлат гуфтанд “Зарнисор” бояд вайрон шавад, додгоҳ низ гуфт, “Зарнисор” бояд вайрон шавад. Баъдаш мақомоти давлат гуфтанд, бозор баста шавад, аммо бино ҳифз гардад, додгоҳ низ гуфт, бозор баста шавад, аммо бино ҳифз гардад. Дигар боз чӣ мехоҳед?

      Агар додгоҳ мустақил мебуд:

      1. Ба бунёди бозор дар ҷои нодуруст роҳ дода намешуд.

      2. Касе ки ба бунёди бозор дар мавзеъи номуносиб иҷоза додааст, ҷазо медид.

      3. Худ парвандаро ҳал мекард ва ба даҳани мансабдорони давлат наменигарист.

      4. Ҳукми чунин додгоҳ эътирозе ба амал намеовард.

      Comment by aioubzod | 13.04.2009 | Reply

  3. Дар Россия Точикони зиёде хаст ки, бо 10-хо ё ин ки 100-хо хазор доллар тичорат мекунанд, вакто ки бо онхо сухбат мекуни ва пурсон мешави ки, чаро дар Точикистон ин кору тичоратро намекуни? Кариб аз хамаашон як чавобро мешунави, мегуянд ки дар Точикистон хама гуна кору тичорат кардан ХАТАРНОК аст. Мегуянд ки, дар Точикистон ягон чойро бихариву обод куни ва бо пули калон корро шуруъ куни, у чои ободкардаи туро хар охир аз дастат бо хар бахона зада мегиранд ва агар гардангавси куни бо хар гуна тухмату бало низ гирифтор мешави… Вато ки, ин ходисахоро мебини, дилат аз хар гуна кору тичорат дар Точикисон, боз хам сардтар мегардад. Дар Россия бисёр Точиконеро мешиносам ки, чанд сол пеш вакто ки, бори аввал ба Россия сафар мекарданд, баъзеяшон хатто рохкиро надоштанд ки, то ба ягон шахри Россия биоянд, имрузхо шукри Худо бо садхо хазор доллар кору бор доранд. Хамаи инро бо акли расо ва бо мехнати халол сохиб шудаанд, садхо одамонро сохиби чои кор кардаанд. Ин гуна ашхос барои Точикистон чун обу хаво заруранд, лекин рахбарони кишвари мо ба чое ки, точирону инвесторонро ба кишвар чалб кунанд, бараъкс онхоро аз кишвар дуртар мегурезонанд! Точикистони азиз кай ободу озод мешуда бошад?

    Comment by Patriot | 06.04.2009 | Reply

    • Бадтарин таъсири ин парванда он аст, ки сармоягузорони хориҷӣ аз нақшаи кор дар Тоҷикистон даст мекашанд.

      Ношаффофии парванда ба эътибори мақомоти давлат зарба мезанад ва мояи эътирозу нооромиҳо дар давраи бӯҳоронӣ мешавад.

      Comment by aioubzod | 13.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: