Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Вопасин рӯзҳои бозори “Зарнисор”?

talbakovБотурхон Талбаков, бунёдгузори бозори “Зарнисор”-и шаҳри Душанбе, ки 1000 нафарро бо кор таъмин мекард, мегӯяд, вай гуноҳе надорад. Аз суханони Э. Раҳмон хуни тоҷикияш ҷӯшиду хост, ба ватанаш мадад кунад. Аммо намефаҳмад кӣ ва чаро ӯро “шикастан” мехоҳад.

Каюмарси Ато менависад, тоҷирони бозори “Зарнисор” шадидан нигаронанд, ки коргоҳи онҳо ба харобазор табдил дода хоҳад шуд. Аммо мақомоти давлат гуфтаанд, ин бино бояд бо пули худи бунёдгузоронаш ба хок яксон гардад.

Як набарде идома дорад, ки ҳарду тарафи он худро ҳақ мешуморанд. Аммо агар мақомоти давлат ба адолату ҳақиқати мавзеъгирии худ бовар медоштанд, мебоист ба нишасти хабарӣ меомаданд ва аз тасмими худ дифоъ мекарданд. Ва ё ба хабарнигорони зиёде, ки мехоҳанд, назари онҳоро низ бигиранд, посух медоданд.

Мебоист шаффоф амал мекарданд. Агар аснод иштибоҳан дода шудааст, афроди давлатие, ки чунин иштибоҳро кардаанд, низ бояд посух диҳанд. Сабаби татбиқ нашудани қонуни афви моликиятро ба ин бино шарҳ медоданд.

Яке аз далелҳои тарафи давлат ин аст, ки бозори “Зарнисор” хилофи нақшаи умумии бозсозии шаҳр аст. Аммо як масъули бозор гуфт, “агар ин бино ғайриқонунӣ мебуд, ба нақшаи умумии бозсозии шаҳр шомил намегашт.” Пас, билоахира, он дар нақша ҳаст ё на?

Ба ин пурсиш танҳо мақомоти давлат посух дода метавонанд, аммо онҳо мисли моҳӣ сокитанд.

Пас, ба эҳтимоли зиёд, ҳамаи ин парванда нуқсҳое дорад. Мансабдорон хомӯшанд, вале тоҷирон мегӯянд: “Мо аз ягон чиз наметарсем. Се рӯзи дигари мӯҳлатро мунтазирем. Агар ба додамон расиданд, хуб. Агар не, гирдиҳамоӣ ва гуруснанишинӣ мекунем. Фақат як илтимос, ки халқ кист ё чист, ба ин суол посух диҳанд”.

Мӯҳлат то 10-уми апрел муқаррар шудааст. “Халқ кист ё чист?” барои мақомоти давлат пурсиши мушкил аст. Чизе ки ба ҳисоб гирифта намешавад, ба чашм намудор намегардад ва бо вуҷуди чунин ангезаи қавӣ, ҳаросеро ба дил ворид намкунад, на кист ва на чист.

Ботурхон Талбаков мегӯяд, бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ватан баргашт ва ҳамаи дору надорашро сарфи ин бозор кард. Вай мегӯяд, соли 1994 Раҳмон дар дидор бо соҳибкорони тоҷики муқими Русия аз онҳо даъват карда буд, ба ватани худ сармоягузорӣ кунанд.

Ин сабаб гаштааст, ки вай соли 1995 ширкату манзили худро дар Русия бифурӯшад ва ба Душанбе баргашта, бозори “Зарнисор”-ро бунёд кунад. Дар сохтмон ва беҳбуди он, Талбаков 16 миллион сомонӣ ва 5 миллион доллар сарф кардааст.

Дар муддати 13 сол мақомоти давлат боре ҳам ба мавҷудияти ин бозор эроде нагирифтаанд, танҳо моҳи сентябри соли гузашта, бинои бозор ва асноди он ғайриқонунӣ шумурда шудаанд. Дар зимн бастани бозор бидуни ҳеҷ санади қонунӣ сурат гирифта, танҳо пас аз як моҳ ҳукми додгоҳ дар ин бора содир гаштааст.

Бархе аз нозирони авзоъ мегӯянд, бозор замоне ба доираи назари бархе аз афрод афтод, ки нархи замин дар қисмати ғарбии Душанбе боло рафт. Қимати замин дар минтақаи атрофи Сафорати Амрико аз тамоми минтақаҳои Душанбе ба маротиб баландтар аст. Бисёриҳо мегӯянд, гап дар асноди бозор нест, замини зери ин бино ба касе писанд афтодааст. Ба касе, ки додгоҳу додситонӣ ба дастури ӯ гӯш медиҳанд.

Сармоягузорони ин бозор ба Додгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Аз рӯи қонун ин додгоҳ аризаро дар давоми як моҳ баррасӣ хоҳад кард ва ҳукм хоҳад баровард. Оё мақомоти давлат ба ҳукми олитарин додгоҳи кишвар интизор хоҳанд шуд? Агар фикр мекунанд, ҳақ ба ҷониби онҳост ва Додгоҳи қонуни асосӣ аз ҳукми додгоҳи иқтисодӣ ҳимоят хоҳад кард, интизор хоҳанд шуд. Агар ба хештан бовар надоранд, бозорро тахриб хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳоле ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва аз рӯи “қонуни телефон” амал мекунанд. Оё мансабдорон ба додгоҳҳои худ эътимод доранд?

(Акс аз сомонаи радиои “Озодӣ”)

06.04.2009 - Posted by | Иқтисодиёт |

8 Comments »

  1. Имрӯз хабаре нашр шуд, ки масъулони бозори “Зарнисор” дар дифоъ аз ҳаққи худ ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев муроҷиат кардаанд.

    Ба назари ман, ин иштибоҳи бузургест. Беҳтар буд ба халқи худ муроҷиат мекарданд ё ба худои худ ва ё дар ниҳояти амр ба СММ, аммо ҳаргиз на ба раҳбари як кишвари бегона. Чаро агар президент Раҳмон ба доди мо нарасид, мо бояд ба президент Медведев рӯ оварем?

    Беҳтар буд, имрӯзҳо, ки ҳайати бузурги Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе сафар карда, мо мақомоти тоҷик мулоқот дорад, сарони бозор ва соҳибкорон ба онҳо муроҷиат мекарданд.

    Ё ҳатто ба ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии кишвар, аммо на ба раҳбари кишваре, ки бе ин ҳам солҳои дароз моро миллати мустақил намеҳисобад ва бо ҳар роҳ ба номустақилии мо ишораи тавҳиномез мекунад.

    Бо ин изҳорот, моликон ва тоҷирони зери фишор пуштибонӣ ва ҳимояти бахши бузурге аз мардуми худро аз даст медиҳанд.

    Comment by aioubzod | 07.04.2009 | Reply

  2. Медонед, онхое, ки ба Медведев нома навишта ва додхохи кардаанд, бархе аз сахмгузорони бозоранд, ки шахрвандии Русияро хам доранд ва мегуянд, ба ин васила раисичумхурашон бояд аз хакки онхо дифоъ кунад. Яъне, Русия хамоно Киблаи уммеди онхост ва фикр мекунанд, ки чуз Кремл ба доди онхо каси дигаре расида наметавонад. Ва ин хама тобеъияти мо ба Русияро боз хам бештар нишон медихад ва макомоти Маскав бо назардошти ин хама “чойи нозуки мо” бо мо хар чи хоханд мекунанд ва хар “килик”-еро раво мебинанд. Саломат бошед!

    Comment by Каюмарс | 07.04.2009 | Reply

    • Каюмарси азиз.

      Охир худи Кремл дар чунин парвандахо аз хакки шахрвандони хеш ҳимоят намекунад, магар парвое дорад, ки дар Тоҷикистон чй хабар аст?

      Comment by aioubzod | 08.04.2009 | Reply

  3. Ин мурочиате ки, масъулони бозори “Зарнисор” ба Чаноби Медведев кардаанд, агар иштибохам набошад, вале бефоида аст. Агар ягон манфиате барои давлати Руссия мебуд, хатман дахолат мекарданд. Фикр намекунам ки, Чаноби Медведев ягон чораи бинад. Бехтар мебуд, агар ба хизбхои сиёсии кишвар ва ба халк мурочиат мекарданд ва ягона рохи хали ин масъала, гирдихамоист, албата бо ичозати шахрдори аз руи конун. Фикр мекунам ки, баъзе аз рахбарони кишвар дар он назаранд ки, халки имрузаи мо хамон халки солхои давраи чанг астанд, ки аз тарси чон касе дар фикри хукуки хеш набуд. Ба хамин хотир, халкро то хол намешиносанд ва фикр хам намекунанд, ки хукуки хама баробар аст. Хукуки мардуми бечораро поймол намуда, хар коре ки, дилашон бихохад хамон корро анчом медиханд ба хотири чайбхои хеш! Комёб бошед!

    Comment by Patriot | 08.04.2009 | Reply

    • Иштибох аз он лихоз аст, ки бо чунин арз тоҷирон тасдиқ мекунанд, ки Тоҷикистон вассали Русия аст. Аммо андешаи Шумо дуруст аст, ки ҳамин чиз дараҷаи ниҳоии ноумедии мардум ва “беспредел”-и мақомотро нишон медиҳад.

      Comment by aioubzod | 08.04.2009 | Reply

  4. Ин вокеъа як чизро рушан нишон медихад, ки дар Точикистон додгох ё суд, додгустар ё судяхои хакикй гуфтагй чиз аслан вучуд надоранд. Онхое, ки ман судя гуфта маош мегиранд ва аз ин маоши харом фарзандони худро мехуронанд, бояд икрор кунанд, ки харгиз на тарафдори адолат будаанд ва на тарафдори хакикат. Ба онхо аз боло чй фармоне шавад, хамон адолат ва хакикат аст. Онхо ягон зарра виждон дошта бошанд? Азоби виждон мекашида бошанд?

    Comment by Samandar | 08.04.2009 | Reply

    • Дар ҳақиқат ин парванда як имтиҳони ҷиддии дигаре ҳам барои мақомоти давлат аст, ки оё метавонанд, ақли солими сиёсӣ нишон диҳанд, ҳам барои аҳзоби сиёсӣ, ки оё метавонанд, роҳи ҳалле барои мушкили мардум пайдо кунанд ва ҳам барои додгоҳ, ки оё ба шохаи мустақили ҳокимият табдил ёфтааст ё на?

      Comment by aioubzod | 08.04.2009 | Reply

  5. Дар огози бахс оиди бозори Зарнисор кисми зиёди иштироккунандагони бахс аз сохибкорон дифоъ мекарданд. Холо бошад садохо зидди сохибкорон ва хизбхои сиёси зиёд шуд. Ба фикр ман ин маънои онро дорад, ки бо гузашти вакт хукуматдорон аз бахс дар сомонаи радиои Озоди огахи ёфтанд ва десанти идеалогии худро ба кор андохтанд. Ин хама барои равон кардани таваччухи мардум ба мачрои дигар аст. Бовар накунед ба телевизион ва радиои Точикистон (хукумати) назар афканед хамааш маълум мешавад. Элита ба хамаи мо ба мардум, бо нафрат менигаранд, мо барои онхо заррае кадр надорем. Нодонии моро истифода мебаранд, медонанд, ки мо зудбовар хастем. Ин чо сару садохо пайдо шуданд, ки савдогарон дар вакти Рамазон махсулотро киммат мефурухтанд ва гайра. Соддагии моро бинед: вакте мегуянд, ки “шакар киммат шуд”- мо бовар мекунем, ки бозорнишинон онро киммат кардаанд. Бовар кунед хакикат ин хел нест. Хама киммативу арзони дар дасти як гурух одамоне (олигаполистон), ки аз хорич вагон-вагон махсулот мебиёранд ва бозори яклухти Точикистонро байни худ таксим кардаанд мебошад. Агар ягон корчаллони нав хохад, ки ба ин бозор, яъне бозори яклухт бо як-ду вагон гандум ё шакар, бензин ва ё дигар махсулоти ниёзи мардум ворид шаванд – хамин хел «мешикананд», ки у аз ба Дунё омадааш пушаймон мешавад. Чаканафурушон бошад аз яклухтфуруш онро мехаранду (дар савдо худи олгиполистон иштирок намекунанд, балки хамаи корро «шогирдчахои» онхо ба анчом мерасонад) болои он чанд дирам мемонанду мефурушанд. Ё Шумо дидаед, ки сохиби як дукони майда каср сохта бошад ё мошини киммати хоричи савор шавад. Мардум бояд руяки ва содда фикр накунад, ин система хеле мураккаб аст. Онхое, ки миллионхо доллар кор мекунанд мисли як дехкони оддие, ки 2-3 гектар замин дорад андоз намесупоранд- ОНХО УМАМАН АНДОЗ НАМЕСУПОРАНД. Онхо факат ба «хочагони» худ ришвахои гарон, “Лексус” ё “Камри” тухфа мекунанд ё зану фарзандони онхоро ба хорич барои истирохат мефиристад. Ман шахсан ба акидахое, ки зидди сохибкорон ва хизбхо мебошанд умуман бовари надорам. Хизбхои мухолиф низ одамони нодор хастанд (ба истиснои 2-3 нафар), агар доро мебуданд хаппакак мешиштанд, то ки аз дороиашон чудо нашаванд. Онхо хам мисли мо хеч чизи киммат надоранд. Хизбхо бо тарафдоронашон, ки хазорхо нафаранд ва мардуми камбагал мо ХАМА ХАЛК ХАСТЕМ. Олигополистон ва мансабдорони калон ЭЛИТА аст. Хангоме, ки мардуми одди моххо гуштро намибинад, «элита» гушти дурузиная хатто ба саги худ намедихад. Вакте, ки мардуми камбагал солхо пайпоки нав намехарад – «Элита» рузи дуюм онро ба партов мепартояд. Баъзехо мегуянд, Ки тавонистааст – ошаш шавад! Аммо фикр намекунад, ки он хама «ошаш» хаки мардум аст. Онхо (Элита) халк нестанд, вагарна мо дар ин гуломи зиндаги намекардем. АЗ ХАМА ГУЛОМИ БЕХТАРИН ОН ГУЛОМЕ, КИ ГУЛОМИША НАМЕФАХМАД ВА БО ЗАНЧИРХОИ ХУД ФАХР МЕКУНАД.

    Comment by Forsage | 11.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: