Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Муносибати Барак Обама ба олами ислом

25obamaЯке аз хонандагони ин торнигор пурсишеро ба миён гузошта буд, ки муносибати раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ба ислом дақиқан чӣ гунa аст? Ин пурсиш мояи кандуков буд, вале имрӯз худи Обама ба саволи дӯсти мо ҷавоб дод.

Қаблан Обама гуфта буд, ки паёмашро ба олами ислом дар давоми 100 рӯзи аввали президентии худ эълон хоҳад кард. Вақте дар барномаи нахустин сафари ӯ ба Аврупо номи Туркияро дидам, аз дил гузарондам, ки ин кишвар беҳуда баргузида нашудааст. Ва ин паёмро имрӯз интизор будам.

Ҳарчанд дар Туркия Обама чандин паёме ба ҷаҳони ислом дод, наметавон гуфт, ин ҳамон паёмест, ки мехост, бирасонад. Ба назарам, ҳанӯз бояд интизор монд.

Ба ҳар ҳол, интихоби Туркия худ паёмест. Кишваре, ки дунявист, аммо ба он ҳизби исломгаро ҳукумат мекунад. Обама ин ҷо ишорае кард, ки Туркия демократияи худро худаш, аз ботин ва дохили хеш сохт ва касе демократияро барои он аз берун “ҳадия” наовард. Дунявият ва дин дар ин ҷо, бо вуҷуди ихтилофот, ҳамзистии осоишта доранд.

Сӯҳбатҳои Обама дар бораи равобити Амрико бо ислом ва ё орзуи сулҳу рушди Ироқ, Эрон, Туркия, Сурия ва бовари ӯ ба сулҳ дар Ховари Миёна байни исроилиҳо ва фаластиниҳо шояд сатрҳое аз паёми таърихии ӯ бошанд, аммо бояд боз ҳам интизор монд. Зеро ин сӯҳбатҳо аксаран бадоҳатан ва дар пайванд ба чизе ба миён омадаанд ва ба тарҳи сиёсати рӯшану мушаххасу дақиқ ё барномаи фарогири амалӣ камтар шабоҳат доранд.

Барои намуна, вай гӯё дар омади гап гуфт, аз он ҷо ки на аз хонаводаи сарватманд баромадаасту на аз оилаи афроди машҳур, балки як намояндаи ақаллияти нажодист, президенти Амрико интихоб шуданаш эътимоди мардуми Амрикоро ба имконпазирии тағйири авзоъ қавитар кард ва ҳам имкониятҳои наве барои беҳбуди симои Амрико дар ҷаҳон фароҳам овард.

Ин ҷо ишораи ҷолибе кард. Гуфт, азбаски таҷрибаи зиндагӣ дар хориҷ аз Амрикоро дорад (Индунезӣ) ва бархе аз аъзои хонаводааш мусулмонанд (бародараш Абонго, амакҳояш Юсуф, Сайид ва дигарон) мардум умедворанд, ки вай битавонад, миёни бахшҳои гуногуни ҷаҳон пулҳои робита бино кунад. Ман фикр мекунам, Обама хоксорӣ кард, ки нагуфт, ӯ худаш як пули азиме дар байни ҷаҳонҳои мухталиф аст. Дар байни нажодҳо, динҳо ва низомҳои давлатдории гуногун.

Як дӯсти чехам имрӯз тафсилоти гуфтугӯи Обамаро бо президенти пешини Ҷумҳурии Чех, Ватслав Ҳавел, бароям нақл кард. Дар зимн худи Обама пеш аз сафар ба Аврупо хоста буд, ки бо Ҳавел мулоқот кунад ва дидори ӯ бо Ҳавел, аз мулоқоташ бо президенти феълии чех, Ватслав Клаус дида ба маротиб гармтару самимонатар буд.

Шояд ин гуна буд, ки Обама мефаҳмид, ба Ҷумҳурии Чех сафар кардану Ҳавелро надидан монанди ин аст, ки ба Африқои Ҷанубӣ сафар кардану Нелсон Манделларо надидан. Шояд мехост, панди пири доноро бигирад.

Аммо, аз рӯи гапи дӯстам, Ҳавел бо вуҷуди таҷрибаи ғановатманди сиёсӣ ва нақши бузургаш дар таърихи Аврупои Шарқӣ, ба Барак машварати начандон, ба фикри ман, рӯҳбаландкунанда додааст. Вай гуфтааст, ки Обама бояд бисёр боэҳтиёт қадам бигузорад, зеро интизориҳои ҷаҳон аз ӯ хеле зиёд аст ва агар ӯ натавонад, дигаргуниҳоеро ба дараҷаи ин интизориҳо ба вуҷуд оварад, муҳаббати бузурги мардуми ҷаҳон дар нисбати ӯ ба нафрати бузург табдил хоҳад ёфт.

Шояд ҳақ ба ҷониби Ҳавел аст ва мумкин барои ҳамин Обама дертар дар Туркия худро пуле байни ҷаҳонҳои мухталиф наномид, балки гуфт, мардум аз ӯ ташвиқ шудаанд, ки хоҳад тавонист, чунин пулҳоеро бино кунад. Ҳатто афзуд, баъзеҳо ӯро идеалист мешуморанд ва барномаашро ғайри қобили иҷро.

Вале, афсӯс, чаро касе дар вақташ ба Ҷорҷ Буш машварат надод, ки бисёр боэҳтиёт қадам бигузорад ва вазифаи ояндаи Обамаро ба ин андоза сангин накунад?

Пас посухи дӯсти мо чӣ буд? Ин ки Обама ба ислом, монанди ҳамаи динҳои дигар эҳтиром дорад, дар тафовут аз дигарон чӣ будани исломро медонаду мефаҳмад ва ба мусулмонони ҷаҳон ба думболи аввалин мусоҳибааш бо телевизиони Ал-Арабия ва табрики Наврӯз паёми дигар дод, ки барояшон сулҳу осоиш ва рушду шукуфоӣ мехоҳад? Чӣ чизҳое аз ин беш буда метавонад?

07.04.2009 - Posted by | Ислом | ,

6 Comments »

  1. Ба назари банда, харчанд Барак Обама мегуяд, ки дар оилааш мусулмонхо хам хастанд ва окои Аюбзод менависад, ки Обама аз ислом огохии нек дорад, президенти Амрико ба танхой сиёсати ин кишварро муайян намекунад.

    Сиёсати Амрико аз чанд маркази кудрат ба хам меояд, ки Обама мачбур аст, дидгохи хар кадоми онхоро дар назар дошта бошад ва аз хатти умумй берун наравад. Масалан, шумо бовар доред, ки дар масъалаи Исроилу Фаластин президенти Амрико метавонад, ки шахсан тасмимгирй кунад? Ба назари банда — на. Аз ин ру интизор будан, ки Обама метавонад, вазъиятро дигаргун кунад, заминаи устувор надорад.

    Ин, албатта, назари шахсии банда аст. Мумкин аст, дигарон андешаи дигаре дошта бошанд.

    Comment by Samandar | 13.04.2009 | Reply

    • Бародари арҷманд, Самандари азиз.

      То ҳадди зиёде ҳақ бо Шумост, ки зимни тақсими шохаҳои қудрат ва мавҷудияти вазну повазн дар ҳокимияти Амрико, як шахс, ҳатто президент, қодир ба фаъолияти якҷониба ва худсарона нест.

      Аммо Обама аз лаёқати камназири исботи ақидаи хеш бархӯрдор аст ва метавонад, одамонро мӯътақиду сафарбар кунад. Дар муқобили далелҳои бешумори ӯ ва мантиқи мустаҳками андешааш бисёре аз рақибону норозиён дар ниҳояти амр таслим шудаанд.

      Умедвор мешавем, ки талошҳои ӯ барои адл ва ҳақиқат пуштибонии густарда пайдо мекунанд ва ӯ дар ҳамаи барномаҳояш муваффақ мегардад.

      Comment by aioubzod | 13.04.2009 | Reply

  2. Ба номи Худо Салом
    Назари ман дар бораи Обама ин аст, ки Обамо бояд ба Ислом эҳтиром бигузорад чаро ки пайравони Дини Мубини Ислом дар чаҳон зиёданд, аммо ин эҳтироми Обама ба Дини Ислом як садои беш нест ва у Исломро хечгоҳ намехоҳад, агар у воқеан ба Ислом эҳтиром мегузошт хеч гоҳ ичоза намедод, ки Исроил ба Лубно ва Фаластин тачовуз кунад.

    Comment by Карим | 22.04.2009 | Reply

    • Карими азиз, дуруд бар Шумо.

      Ба фикрам, Обама дар давраи ҳаводисе, ки зикр мекунед, дар сари қудрат набуд, магар на?

      Comment by aioubzod | 22.04.2009 | Reply

  3. оре дурусте
    манзурам ин аст, ки ин бо Буш хеч фарқе надорад, муносибати Обама бо Буш нисбат ба мусулмонон ба фикрам як хел аст. хол ин назари ман аст.

    Comment by Карим | 25.04.2009 | Reply

  4. Ба номи Худо,
    Ҳароси ман ин аст, ки таъсиргузорон дар тавчеҳи сиёсатҳои хоричии Амрико монеи Обама аз ичрои ислоҳот дар сиёсатҳои Амрико дар баробари кишварҳои исломи шаванд. Ахиран Обама аз сўи муассиртарин созмони яҳуди-амрикоии “Айпек” таҳти фишор қарор гирифтааст.
    Ба ҳар сурат, умедворем рўзе орзуҳояш чомаи амал пўшад.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшанӣ | 24.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: