Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Паёме ба ёрони ошнову ноошно

kuchaМавҷи об мисли балои ногаҳонӣ омад ва коху кушкро вайрон кард ва ҳамаро — мошину дарахтону одамонро бо худ ба коми уқёнус кашид. Манзара бузургтар шуд ва дидам, ки қасру қалъаро кӯдакон дар реги соҳил сохтаанд…

Онҳо ба харобазор менигаранд ва ғамгин мешаванд.

Ин як огаҳии телевизионӣ буд. Манзараи дувум — коху кушку қасру қалъаи зеботаре, ки кӯдакон сохтаву ба он менигаранд ва лабханд мезананд. Мавҷи сабзу сафед то ба шаҳраки онҳо намерасад, зеро дар сари роҳи он мавҷшикани устувору сангин сохтаанд.

“Мо гузаштаро бозгардонида наметавонем, вале метавонем аз он сабақ бигирем ва ояндаро ҳифз кунем.”

Суханони тилоӣ. Аммо, дареғ, “ҳар кӣ агар аз гузашти рӯзгор”-и худ чизе наомӯхт, куҷо аз омӯзгори дигаре битавонад, биёмӯзад (Рӯдакӣ) ва чӣ монад ба таблиғияи телевизиониву он ҳам ба лисони бегона.

Сенариои огаҳии дигар. Ҳайкали баланди зарандуде дар миёнаи майдон қомат кашидааст. Писараке дар пешорӯи пайкара истодаасту падараш бо “Полароид” аз ӯ акс мегирад. Вақте дар рӯи коғаз рангҳо зоҳир мегарданд, дида мешавад, ки ҳайкал дар пасманзари писарак намудор нест ва гӯё акс дар як биёбон гирифта шудааст.

Мард аксро ба қуттии партов меафканад ва он ҷо ҳазорон қитъа акси писарак аст, ки ҳайкале дар пасаш нест.

“Ифтихори мо аз гузашта замоне воқеъист, ки агар он гузашта имрӯз ҳам бо мо бошад.”

Пешниҳод ин аст, ки агар гузаштаи дур паси абрҳои афсонавӣ мондааст, биёед, аз гузашти рӯзгори худ чизе биомӯзем. Аз дирӯз, панҷ сол пеш, даҳсолае пеш…

Фикр намекунед, ҷашнҳову солгардҳо барои аксари миллатҳои ҷаҳон бо ҳамин мақсад таҷлил мешаванд? Шастсолагии НАТО ҳамаи гузаштаи ин созмон, дастоварду иштибоҳҳои онро таҳлил кард ва ояндаи наздику дури онро дар маърази андеша қарор дод.

Барои як миллати бедор шояд солгардҳову солрӯзҳо аслан чунин аҳамият ҳам надошта бошанд, онҳо ҳамарӯза аз дирӯзаи худ сабақ мегиранд. Ва ҳатто аз дирӯзаи дигарон. Моем, ки ҳар рӯзи худо асои худро гум мекунем.

Ва солу солгардҳои моро тавре эълон мекунанд, ки ба худашон ва мақсадҳои ошкору пинҳони худашон мувофиқ бошад, на ба рушди афкори сиёсӣ ва иҷтимоии мардум.

Барои намуна, 24-уми феврали имсол 20-солагии аввалин гирдиҳамоии мардумӣ дар шаҳри Душанбе буд. Митинге, ки устодони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Барот Мақсудов ва Ҷумъа Исоев созмон дода буданд, то ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.

Тазоҳурот ҳазорон нафарро ба пояи ҳайкали Ленин кашид, бо шиору навиштаҳои бузург дар ҳимоят аз забоне, ки мову шумо имрӯз такаллум мекунем.

Як садои нимкорае ҳам ба ин муносибат ба гӯш нарасид. Солрӯзҳои зиёде табрик шуданд ва зодрӯзҳои зиёде бо аксҳои мутафаккирона, аммо ин ҳодиса, ки ба масал шикасти сукути 70-солаи замони шӯравӣ буд, фаромӯш гаштааст.

Ҳоло паём ин аст, ки касе он рӯзро дар хотир дорад? Созмондиҳандагони он тазоҳуротро зиндагӣ ба куҷо бурд? Касе аз он навҷавонон, ки дар дифоъ аз забони модарии мо ба майдон баромада буданд, метавонад, имрӯз ҳикояти он рӯзҳоро бикунад? Аксари онҳо на танҳо он рӯз, балки якшанбеи баъдияш — 30-юми феврали соли 1989 низ ба майдон омада буданд. Онҳо сӯҳбат бо раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, Ғоибназар Паллаевро ҳам дар ёд доранд, ки наздашон баромада буд?

Пешниҳод ин аст, ки бигзор на танҳо дар бораи он рӯз, балки дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои дигари 20 соли ахири кишвар ин ҷо бинависем, саргузашт ва таассуроти шахсии худро, муҳимтарин хотираҳоро, ки аз ҷамъи онҳо таърихи ҳақиқии мо навишта бишавад.

Бошад, ки агар хубиҳои гузаштаро, монанди он огаҳии телевизионӣ, бозгардонида натавонем ҳам, мавҷшикане барои ҳифзи оянда аз такрори иштибоҳҳо бисозем. Ҳама бо ҳам, дасти ба даст, дили ба дил…

09.04.2009 - Posted by | Таърих, Тоҷикистон |

5 Comments »

  1. Як замима:

    Шодам, ки сафи шумо, дӯстони азизам, рӯз ба рӯз бештар мешавад. Бештари хонандагон дар Тоҷикистони азизанд, шумори зиёде дар Русия (аз Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск, Мирний ва ғайра) ва ҳамчунин шумори дӯстоне аз Амрико (Ню Йорк, Филаделфия, Сан-Франтсиско, Лос-Анҷелес, Сиеттл…) ёроне аз Эрон, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳолланд, Олмон, Бритониё, Норвей, Суид, Лубнон, Донморк, Эстония ва ҳатто яке аз Бразилияи Пеле ин торнигорро мунтазам боз мекунанд.

    Аммо як хоҳиш дорам, то ҳадде ки мумкин аст, линк ё пайванди ин торнигорро ба дӯстону шиносҳои худ дар ҳар ҷои олам ки бошанд, бифиристанд ва шумораи бештари афрод дар баҳсҳои мо, махсусан дар нақли саргузашти худ ё шоҳидии хеш ба рӯйдодҳои муҳими ватан ё марбут ба Тоҷикистон баён доранд.

    Умедворам, ин некии хешро аз банда дареғ намедоред ва аз меҳрубонии якояки шумо сипосгузорам.

    Ба умеди ояндаи нек!

    Comment by aioubzod | 09.04.2009 | Reply

  2. http://www.1tv.ru/news/world/141587

    Comment by Dodvarz | 10.04.2009 | Reply

  3. http://www.millat.tj/?menu=siyosat&page=705

    Comment by Follower | 11.04.2009 | Reply

  4. Мухимтарин хотирахои таи 20 солаи ахир бароям, тирамохи соли 1992 мебошад ки, хеч аз ёдам намеравад, чунон дар хотирам накш бастааст ки, агар он рузхоро ба ёд биорам ашк аз чашмонам чори мешавад! Тирамохи соли 1992 барои садхо хазор гурезахои мардуми Точик ки, аз чанд нохияи водии Вахш дар назди симхорхои срхади Точикистону Афгонистон ки, дар як кунчи нохия Кабодиён чойгир шудааст, чаъм шуда буданд гуё ки, киёмат сар шуда буд. Мардуми бечораи Точик Дар як дашти хушку беоб чаъм шуда буданд ки, касе не хурока дошту не пушока. Рузи аввал вакто ки, мардум хонахояшонро тарк карда ба сархад мерафтанд, мардуми бечора хама дар он фикр буданд ки, 3 руз пас хама ба хонахояшон бар мегарданд, (яъне ки, сулх мешавад) аз хамин сабаб касе на хурокаи зиёд гирифта буду на пушока. Лекин ин се руз кариб ду мох дар беруни сархад ва дар дохили сархад давом кард, ки барои мардуми Точик дахшатноктарин рузхо ба шумор мерафт. Мардуми бечора дар ин ду мох хар руз талаф меёфтанд, хама гуна шиканчахоро тоб меоварданд, лекин гуш ба кимор буданд ки, рахбарони давлат гами мардумро мехуранду хамаро ба хонахояшон бар мегардонанд. Афсус ки ин тур нашуд ва касе ба доди мардуми Точик нарасид. Точик хору зор шуд! Мардум дар майдони якуним ду км. зич чаъм шуда буданд. Аз як тараф симхорхои сархад буданд ки, Руссхо сархадбони мекарданд, аз се тарафи дигар мардум дар мухосираи душманон карор гирифта буданд ки, ягон илочи дигаре надоштанд. Такрибан 500 ё 600 метр аз мардум дуртар, котилони мардум сангар гирифта буданд. Дар хар як масофаи 300 метр, як Камаз пур аз чангиён ва як УАЗ-и харби истода буданд, чаъм ягон 10 Камазу Уаз-ро ташкил медоданд, ки мардумро доирашакл аз як тарафи симхор то ба тарафи дигари симхор дар мухосира гирифта буданд. Бисёр одамон аз гуруснаги ба хотир пайдо намудани нон ба дехахои наздики сархад мерафтанд,вале афсус ки пас бар намегаштанд, бе ному нишон мешуданд. Аз хама аламовараш он аст ки, хамон рузхои мухосира, як ТАНК дар болояш ягон 10 чанговар савор бо салоххои АК ва ПК дар мобайни халк даромаданду муйсафедону калонсолонро дар гирди Танк чаъм намуданд ва Кумондони онхо бо суханони тахкиромез суханрониро шуруъ намуда гуфт ки, “ин нохияхо ватани шумо нест, шумо бояд аз ин нохияхо биравед ва агар наравед зинда намемонед” аз шунидани ин суханон як мусафеди часуру нотарс суи он Кумандон гуфт-“мо Точикем моро аз Точикистон мерони! Агар Точикистон ватани мо набошад, пас бигу ватани мо кучост ва мо кучо равем?” Баъд кумондон гуфт ки, мо автобусхоро меорем шумо мардхо алохида дар автобусхо мешинеду занхо алохида дар автобусхо мешинанд, мо шуморо то Кизил Калъа гусел мекунем. Мардуми Точик ин пешниходи онхоро рад намуд , онхо мардумро 2 соат мухлат додаанд ки агар дар ин 2 соат шумо ризо нашавед мо хамаи шуморо ба катл мерасонем ва баъд асабони шуда Танкаашонро давр дода аз байни мардумон рафтанд. Хонандаи азиз, баъди ду соат рузи махшар барои мардуми Точик сар шуд. Аз як тараф Танк бо пулемёташ тир паронда дар байни мардум даромад аз дигар тарафхо он чанговароне ки мардумро бо Камазхову УАЗхо мухосира карда буданд, тир парронданро сар карданд. Мардумон мисли як раммаи бе чупон буданд ки, гуё дар хамли гургон карор гирифтанд ва хама ба суи симхорхои сархад медавиданд. Мо дар сафи аввали симхори сархад чойгир шуда будем ва аз баске ки, ин гуна чангхоро факат дар филмхо дар талвизун дида будам аз аввал он кадар боварам наомад ки мардуми бегунохро ин чанговарон мекушанд ва дар болои кабинаи як трактор баромада мардуми сафи охирро тамошо мекардам ки, бо доду фигон хама пеш-пеши танкаю дигар чанговарон баъзехо аз захми тир меафтоду баъзехо суи симхор медавиданд, дар ин холат як тир дар тирезаи трактор расиду тиреза пора-пора шуд, баъд фахмидам ки ин чанги хакики аст ва ру ба гурез ниходам. Мардумон симхорхоро бурида дохили сархад даромаданд, сархадбонони Руссия ки, мо онхоро номусалмон мегуем мрдумро напаронданд, факат ба суи осмон тир мепаронданд, лекин он чанговарони мусалмонзода мардуми Точикро мисли сайд шикор мекарданд. Мардум дар дохили сархад чо ба чо шуданд ва Руссхо аз сари нав симхорхоро таъмир намуданд. Мардум фикр мекарданд ки, дохили сархад чои беташвиш аст, лекин ин беташвиши дер давом накард, боз сахтарин рузхо мардумро дар пеш интизор буд. Гуфтушунидхо байни Халки Точику мухолифонаш боз чанд рузи дигар давом намуд. Мардум аз гуруснаги бисёр азоб мекашид. Мухолифон мардумонро фиреб дода мегуфтанд ки, биёед ба хонахоятон бар гардед мо мардуми одиро кордор нестем, лекин садхо одамоне ки фирефтаи ин найрангбозихои мухолифон шуданд ба хонахояшон баргаштанд, то хол аз зиндаву мурдаи онхо хабаре нест. Дар байни ин мардуми фиребхурда як дусти чониам буд ки, Олим ном дошт (Худо рахматаш кунад) 17 сол дошт, бо хамрохии ду бародари калону Падари муйсафедаш, ба катл расидаанд ки то хол аз онхо хабаре нест. Худо рахмат кунад Олимчона аз гуруснаги бо оилаашон бисёр азоб мекашиданд. Вакти охирин лахзахои дидор у бо ман Худо хофизи намуда гуфт ки, агар ин чо бимонем аз гуруснаги мемирем, “маро пихил куни дустам” гуфту рафт. Ман гох-гох аз модарам барои Олимчон нони хушк мепурсидам. Гох-гох пинхони аз Падару Модарам дар багалам нони хушк дуздида бурда ба Олимчони рахмати медодам. Мухолифони мардуми Точик тактикаи чангиашонро табдил дода яку якбора бо чанд мошинхои зирехпуши Танку БМПву БТР ба мардум хамла намуданд ки, дар натичаи ин хамла, садхо одамни бегунох ба халокат расидаанд. Хулоса дар дохили сархад мухолифон 5 маротиба ба мардуми Точик хамла намуданд ки, дар натича ин хамлахо хазорхо Точик ба катл расиднду садхо Точикони дигар дар дарёи Ому гарк шуданд… Дар он рузхо бори аввал Женерол Муъмин ки, Точики Бадахшони Афгонистон буд (Худо рахматаш кунад) муовини хамонвактаи Женерол Дустум, ба кумаки халки Точик омад бо вертолёташ дар лаби дарёи сархади Точикистон нишаста мардумро ба Афгонистон даъват карда гуфт: “ман ба хотири шумо хамзабонони азиз, Точикони мухтарам сархади давлатиро вайрон намудам” ва чанд захмиро бо худ ба Афгонистон бурд. Кумакхои зиёде аз тарафи Женерол Муъмин ба мардуми Точик дар хамон рузхо расидааст ки, мо Точикон бояд уро харгиз фаромуш накунем ва бо неки ёдаш кунем! Хамон шаб то сахар мардуми Точик бо кумаки афгонхо бо киштихои афгони, касе бо камери трактору мошинхо аз дарё ба як чазирае ки, дар байни Точикистону Афгонистон чогир шудааст, гузаштан. Дар рузи дигар мардуми бечораи Точик, хадафи хамлаи сахти мухолифин карор гирифт. Бо мошинхои зирехпуш мардумро мепаронданд. Аз осмон як таёраи чангии СУ дар болои сари мардум парвоз мекард, вакто ки таёраи Чангии СУ меомад дар паси абрхо ноаён буд, факат овози дахшатноки у ба гуши мардум мерасид баъд ба суи мардум чунон паст меомад ки, мардумон аз тарс худро ба замин мепартофтанд. (чунин эхсос мекарди ки, гуё таёра дар болои сари мардум мешинад). Он таёра вато ки , аз назди мардум дур мешуд боз чунон баланд парвоз мекард ки, гайре овзи у шунида мешуд ва ба тарафи гузаргоххои нохияи Кумсангину Панч равон мешуду боз пас мегашт, лекин шукри Яздони Пок ки, бахти мардуми Точик баланди карду хамон таёра мардумро бомбаборон накард! Фикр мекунам ки, агар пилот гайри Русс мебуд, ягон Точик зинда ба Афгонистон намегузашт. Касоне ки, хамон руз то соати 10-и руз аз дарё гузаштанд зинда монданд ва касоне ки, дар сохили дарёи тарафи Точикистон монданд, мардхоро хамаашонро ба катл расонидаанду занхоро ба гарав бурданд… Кисса дарозасту вакт кам! Мардум баъде ки аз дарё гузаштанд ба хар вилояту вулусволихои Афгонистон рафтанд. Шумораи зиёди мардум ба вилояти Балхи шахри Мазори Шариф рафта дар як дашти васеъ ки, бо номи “Кампи Сахи” ёд мешуд чаъм шуданд. Бо кумакхои Созмони Милали Муттахид мардуми Точик дар ин камп сохиби хуроку пушоку хаймаву дигар чизхои рузгор шуданд. Мардум каме худро орому озод хис мекард ки, боз душманони миллати Точик мардумро ором нагузоштанд. Дар обамборхое ки мардум аз он об меошомиданд, душманони миллат дар ин обамборхо захр партофтанд, аниктарашро гуям “вируси халера” партофтанд ки, дар натича хар руз даххо одамон мефавтиданду хазорхо одамон бемор мешуданд. Бисёртар тифлакону пирансолон ва касоне ки, баданашон заъиф буданд, мефавтиданд… Шояд аз ин захр партобихо дар он рузхо хабарнигорон ягон хабаре ба манзури шунавандагон расонида бошанд, ё шумо мухтарам Салими Аюбзод аз он хабардор шуда бошед! ИН БУД МУХИМТАРИН ХОТИРАХОИ 20 СОЛАИ АХИР БАРОИ МАН! ХОНАНДАИ АЗИЗ ИН НАВИШТАХОЕ КИ, МАН БОЛОИ ИН САХИФА ОВАРДАМ, ЯК ТАЪРИХЕСТ КИ, БО ЧАШМОНИ ХУД БИДИДАМ ВА ОН НАВИШТАХОЕ КИ АЗ ДАХОНИ ЧАНГОВАРОНУ МУЙСАФЕД ВА ЖЕНЕРОЛ МУЪМИН (МАРХУМ) РУИ ИН САХИФА ОВАРДАМ, ХАМААШРО БО ГУШХОИ ХУД ШУНИДААМ ВА ЯГОН ИЗОФАЕ АЗ ХУД НАКАРДААМ. ШОЯД АЗ ИН НАВИШТАХО КАСОНЕ ПАЙДО ПАЙДО ШАВАНД КИ, НОРОХАТ ШАВАНД. ЛЕКИН МО ГУЗАШТАРО БОЯД ХЕЧ ВАКТ ФАРОМУШ НАКУНЕМ ВА НАСЛХОИ ИМРУЗАВУ ОЯНДАРО АЗ ХАКИКАТИ ГУЗАШТА ОГОХ БИСОЗЕМ. ОН ХАТОГИХОЕ КИ МО ДАР ОН РУЗХО КАРДЕМ АГАР АЗ ХАКИКАТИ ХОЛ НАСЛХОИ ИМРУЗАВУ ОЯНДА ХАБАРДОР БОШАНД, ИНШАЛЛОХ ОНХО ОН ХАТОГИХОРО ТАКРОР НАМЕКУНАНД. ВОЙ БАР ХОЛИ НАСЛХОЕ КИ АЗ РУИ ТАЪРИХИ ДУРУГ ТАРБИЯ МЕГИРАНДУ ИНКИШОФ МЕЁБАНД. ЯК БУЗУРГВОР ГУФТААСТ “Нодон аз хатогихои хеш доно мешавад, Доно аз хатогихои нодон донотар мешавад” Ман аз бисёр Точикони дигар нохияхо пурсидаам ки, мардуми Точик соли 1992 дар сархад гуреза шуда буданд то ба Афгонистона рафтанд, Оё шумо хабардор будед? Бисёрихо мегуянд ки, мо хабардор нестем,баъзехо мегуянд ки, хабар доштем ки, 600-700 нафар дар сархад чаъм шуда буданд. Роси ин хандаовар аст, ва як КАТАСТРОФАИ калон аст барои наслхои оянда. Аз хакикат бояд мо хеч вакт нангу номус накунем. Ва дар охир ман ба шумо Мухтарам Салими Аюбзод мурочиат карда гуфтаниам ки, агар ман нохак бошам ё дар навиштахои ман ягон шубхае дошта бошед, метавонед ин навиштахоро дар ин сомона рох надихед. Аз ин навиштахои ман садхо хазор одамоне ки, мухочир шуда буданд, бохабаранд. Касоне ки, бовар надоранд аз дигарон пурсанд баъд бовар мекунанд. Шояд ягон хонандаи ин сомона дар он рузхои дахшати гурезаги руз гузаронида бошад, агар чунин кас пайдо шавад, хохиш мекунам ки бинависад, то ин ки хама аз он рузхо бохабар бошанд! Зинда бошед!

    Comment by Точик | 12.04.2009 | Reply

    • Бародари азизу мехрубон ва бедордил!

      Шахсан ман аз хамаи ин рӯйдодҳо огоҳй дорам ва ба ягон ҳарфи Шумо мубҳа намекунам. Дар бораи бисёре аз ин воқеъаҳо дар вақташ дар радиои “Озодӣ” хабар додаем, ҳатто дар бораи боздошти афроде, ки обанбори овораҳоро олуда карда буданд.

      Шояд мақсад ин буд, ки гурезаҳо ба танг оянд ва баргарданд. Ҳукумати вақти Тоҷикистон ва мақомоти Русия мефаҳмиданд, ки ба чунин шумораи бузург дар Афғонистон боқӣ мондани гурезҳо ба манфиати нерӯҳои сиёсие мешавад, ки кам-кам вориди муборизаи мусаллаҳона мешуданд.

      Як ишораи Шумо бениҳоят муҳим аст, ки насли мову Шумо аз ин чизҳо бохабаранд, аммо насли ҷавон аз он давра маълумот надоранд ва бо таърихи дурӯғе ба воя мерасанд. Таърихро бояд барои он донист, ки хатоҳои гузашта такрор нашаванд, вале то ҳанӯз ҷомеъаи мо ба ин натиҷа нарасидааст.

      Ҳамчун далел ба гуфтаҳои Шумо ман ду нома дорам, ки аз тарафи сокинони ноҳияҳои Панҷ ва Қумсангир навишта шудаанд ва нусхаи асли ин номаҳо дар дасти ман аст. Дар вақташ нусхае аз онҳо ба созмонҳои ҳуқуқи башар расонда шуд ва дар гузориши онҳо номбар шудаанд.

      Сипосгузорам аз заҳмати Шумо ва вақти сарфкардаи Шумо ва орзу дорам, дигарон ҳам хотираҳои худро бинависанд. Ба ин тартиб дар ниҳояти кор мо ҳама якҷоя таърихи ҳақиқии он давраро хоҳем навишт. Барои наслҳои ҷавон ва наслҳои оянда.

      Сарафроз бошем.

      Comment by aioubzod | 13.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: