Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шигифтзадагии бозрасони байнулмилалӣ

paxtaБаъд аз чунин гузориши бозрасони ширкати аудитории “Ernst & Young” мантиқӣ хоҳад буд, агар ҳукумати Тоҷикистон пардохти қарзи деҳқонони тоҷикро на аз онҳо, балки аз ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардонов ва шарикони ӯ талаб кунад.

Садҳо ҳазор кишоварзи тоҷик, зану кӯдаки онҳо моҳҳои дароз зери офтоби сӯзон арақи ҷабин рехта, пахта мепарваранд, аммо сол то сол, ҷои он ки пуле барои рӯзгор ба даст оранд, миллионҳо доллар қарздортар мешаванд. Ба иттилоъи расмӣ қарзи умумии деҳқонони тоҷик ба 540 (ғайрирасмӣ — 900) миллион доллар расидааст.

Ва шахсе, ки худ сабабгору судхӯри ин фоҷиаи миллӣ гаштааст, акнун аз ниҳодҳои байнулмилалӣ хоҳиш мекунад, ки дар ҳалли масъалаи воми кишоварзон кӯмак кунанд ва Бонки Ҷаҳонию Бонки Рушди Осиё посухи мусбат медиҳанд.

Аммо муфаттишони “Ernst & Young” ошкор карданд, ки сабаби асосии ҳам ин қарзҳои дурӯғин ва ҳам гузориши носаҳеҳ ба Сандуқи Байнулмилалии Пул муҳосибаи дугона (двойная бухгалтерия) ва схемаи ҷойфтодаи сирқати сармоя буда, ки аз Бонки Миллии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст. Бар асари ин 221,5 миллион доллар аз ҳисобҳо берун мондаву 850 миллион доллар ба истилоҳ “обулой” шудааст.

Таърихи муосир шояд чунин ҳодисаеро ёд надорад, ки дар як кишвари фақир, ҷангзада ва бӯҳроние мисли Тоҷикистон Бонки Миллӣ, яъне Хазинаи Миллат комилан дар хидмати як гурӯҳи хурди афрод қарор дода шавад ва ин гурӯҳи хурд битавонад, ин гуна моҳирона як миллатеро, ки ҳамагӣ дарбадару мардикору қашшоқ шудааст, ба садҳо миллион доллари қарз ғарқ кунад.

Аз ин лиҳоз гузориши бозрасони “Ernst & Young” торсакие ба сурати Алимардон нест, балки торсакие ба сурати як миллат аст. Агар ончӣ дар ин гузориш омадааст, ҳақиқат бошад, ҳарчанд далелҳое, ки зикр шудаанд, ҷойи хеле каме барои шубҳа боқӣ мегузоранд, байни Хазинаи Миллат ва кисаи шими Муродалӣ Алимардон, собиқ раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, фарқе вуҷуд надоштааст.

Шояд аз рӯйи дилсӯзии беш аз ҳаддаш ба сармояи миллат ин шахс дар дохили Бонки Миллӣ ширкати миёнараве ба номи “Кредит-Инвест” таъсис дода, пули ин бонкро ба воситаи ҳамин ширкати пӯшида ба ширкатҳои дигари миёнарав медодааст, ки он ширкатҳо дар навбати худ гӯё ҳамчун спонсор ва инвестор ба ин пул барои хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмӣ, техника, сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, қисмҳои эҳтиётӣ мехаридаанд.

Деҳқонон медонад, ки ин маводу коло ба онҳо ба шарте дода мешавад, ки нархи онон дар коғазҳо 3-4 баробар зиёдтар навишта шавад. Охири сол ин “спонсор ва инвестор”-ҳо пахтаи деҳқонро аз ӯ ба нархи дилхоҳи худ мегиранд, ҳатман ба нархи ноодилона ва бо “брак” эълон кардани наздик ба ними ҳосил. Дар натиҷа деҳқон на танҳо даромаде ба даст намеорад, балки бештару бештар қарздор мешавад ва илоҷе надорад, ҷуз ин ки ба алафу ғӯзапоя шукр кунад.

Бо ҳамин ҳол Алимардон гуфтааст, маълумоти бардурӯғ ба Сандуқи Байнулмилалии Пул, ки дар заминаи муҳосабаи дугона пайдо шуда, сабаби ба манфиати муассисаҳои хориҷии молиявӣ гарав гузошта шудани 241 миллион доллар дороии мамлакат ва ба ҳисоби ширкати “Кредит-Инвест” рехтани 250 миллион доллари Бонки Миллӣ гашта буд, як амри маҷбурие буд ба хотири “рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон.”

Вале оё кишоварзии Тоҷикистон дар ин ҳама соли “бозиҳои пулию молӣ” рушд кард? Сол то сол маблағҳои бузургтаре дар ин схемаи бетаги пирамидаи чаппа нопадид мешуданд ва сол то сол ҳосили пахта ҳам камтар мешуд.

Собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон Ваҳҳоб Воҳидов дар мусоҳибае бо нашрияи “Озодагон” мегӯяд, агар моҳи январи соли 1991 дар кишвар 37 000 трактор буд, ҳоло ҳамагӣ 15 800 трактор боқӣ мондааст. Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намешавад ва худи деҳқонон гуфтаанд, ба пул, техника, тухмӣ, маводи сӯхт ва нуриҳои минералӣ ниёзи шадид доранд.

Пас ин миллионҳо доллари “Кредит-Инвест” ба куҷо харҷ шудаанд?

Куҷоӣ ОБХСС? Он гоҳ на танҳо Алимардон, балки даҳҳо нафари дигар низ мебоист ба курсии айбдошавандагон менишастанд. Масалан, дар ҳамин ширкати “Кредит-Инвест” мансабдорони калони давлат номнавис шудаанд ва номи на ҳамаи онҳо ҳанӯз маълум асту ҳеҷ кадоми онҳо аз риштаи кишоварзӣ нест. Сарону кормандони ширкатҳои “Тамер ИНБ”, “Олими Каримзод”, “Хуҷанд-Инвест-Коттон”, “Ришта”, “Баракат”, “Хонақоҳнефтепродукт” ва ғайра дар системаи сохтаи Алимардон мисли моҳӣ дар об андаруни пул бозӣ мекунанд. Лекин натиҷа барои мамлакат ҳеҷ аст.

Аҷобаташ ин аст, ки тибқи матали “ҳам аз тору ҳам аз пуд”, Алимардон ба номи падар ва бародараш ҳам чунин ширкатҳо дуруст карда, ба онҳо аз Бонки Миллӣ сармоя медодааст. Ва дар ширкати дигаре, ки шояд бештар аз ҳама сармоя гирифтааст — “ХИМА” ду ҳарфи охир сари номи худаш ва ду ҳарфи аввал номи писари сарвазири собиқи Тоҷикистон Исмат Хаёев будаанд. Алимардон инро рад кардааст ва иллати аксар вақт дар идораи “ХИМА” буданашро эҳтиром ба падари Исмат ва талоши “маслиҳату кӯмак” номидааст.

Бозрасони “Ernst & Young” менависанд, аксари кулли асноди ин ширкатҳо ҳангоми сар шудани тафтиш маҳв гардидаанд. Дар ивази онҳо санадҳои нав сохта шудаанд, ки аз рӯйи санаи ташкили онҳо дар компютер сирри қалбакӣ буданашон фош гаштааст. Дар ширкати “ХИМА”, масалан, ҳангоми барои як лаҳза берун рафтани муфаттишон чанд ҳуҷҷат нобуд карда шудааст. Дар “Тамер ИНБ” аввал нафаҳмида, ҳуҷҷати электронии “Сармояи ворида аз “Кредит-Инвест” ва Бонки Миллии Тоҷикистон”-ро ба муфаттишон нишон додаанд, сипас дарҳол бо забони форсӣ яке аз бозрасони форсидонро илтиҷо кардаанд, ки “наҷот диҳад ва он файлро истифода накунад.”

Ҳодисаи аз ҳама аҷиб дар ширкати “Ёрирасон-Бепарастон” (?) рӯй додааст. Ба бозрасон гуфтаанд, ки аз рӯйи зарурат ин санадҳо ба ҳайси коғази туалет истифода ва сипас сӯзонда шудаанд. Бечора миллионерҳои гадотабъ аз коғази нармтари туалет сарфаҷӯй карда, ҳуҷҷатҳоеро ба ҷои нозуки худ месофтаанд, ки далели ба куҷо гум шудани миллионҳо доллари миллат буданд.

Бозрасони байнулмилалӣ мегӯянд, бо сабаби онки ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳим дастрасӣ надоштанд, наметавонанд, аз тафтиши Бонки Миллии Тоҷикистон натиҷагирӣ кунанд.

Онҳо муҳосибаи саросарии дугона — яке расмӣ ва дигаре ғайрирасмӣ — ва маҳви аснод ба хотири пинҳон мондани ҳаракати сармояҳои бузург, мавҷудияти ширкатҳои машкук бо дастрасии номаҳдуд ба сармояи Бонки Миллӣ, аз ҳама гуна гузоришдиҳӣ ва мониторинги масрафи ин маблағҳо озод будани чунин ширкатҳои машкук — ҳамаи инро қайд карданд, вале ба хулосае наомадаанд.

Шояд барои он ки ин бозрасӣ мебоист ба хотири дарёфти камбудиҳо дар ирсоли иттилоъ ҷараён мегирифт ва ба ҳар ҳол бозрасии молиявӣ мешуд, на ҷиноӣ ва ба ҳамин сабаб онҳо ҳаққи хулосаи ниҳоиро ба додситонҳо вогузор кардаанд? Аммо пурсиш ин аст, ки магар дар худи кишвар аз соли 2001 то ҳоло касе намедиду намедонист, ки дар Бонки Миллӣ чӣ мегузарад?

12.04.2009 - Posted by | Иқтисодиёт, Тоҷикистон |

6 Comments »

  1. DUSHANBE, Tajikistan (AP) — Tajikistan’s Central Bank has published an independent audit revealing that its former chairman diverted huge sums of public funds to a company run by his family.

    The Ernst & Young audit released Monday says that under Murodali Alimardonov’s stewardship, the Central Bank gave his Center-Invest company more than $850 million.

    According to the audit, a further $221.5 million allocated for investment in the cotton industry in 2004-2007 remains unaccounted-for.

    Gross financial irregularities are common in the former Soviet nation. The International Monetary Fund last year demanded repayment of $47 million in loans amid charges that Tajik authorities doctored data on national reserves.

    However, the sums of money allegedly appropriated by Alimardonov, who has served as deputy prime minister since last year, are enormous for the impoverished Central Asian economy.

    Comment by Samandar | 13.04.2009 | Reply

    • Бале, Самандари азиз. Хабари шармсоркунандаи Тоҷикистон дирӯз дар маҷаллаи шумораи аввали молиявии ҷаҳон — “Forbes” ва дигар нашрияву хабаргузориҳо ба чоп расид.

      Имрӯз аз Тоҷикистон хабар мерасад, ки раисиҷумҳур Эмомалй Раҳмон мӯҳлати бозгардони қарзи бонкҳоро барои ширкатҳои пахтакор то 1-уми ноябр дароз кардааст. Аммо он ки раҳбари давлат дар бораи парвандаи Алимардон чй фикр дорад, садое ба гӯш намерасад.

      Бархе аз сомонаҳои интернетй менависанд, Муродалй Алимардон ба кори худ ҳамчун муъовини сарвазири Тоҷикистон идома медиҳад ва дар муқобили “корнамоиҳо”-яш чорае ҳам дида нахоҳад шуд. Сабабаш ба ҳама маълум аст.

      Comment by aioubzod | 14.04.2009 | Reply

  2. Имруз паёми Раисчумхурро ба Мачлис тамошо кардам. Рахмон талаб намуд барои сарфакории барк то охири сол кулли Точикистон ба лампахои каммасраф гузарад. Муродали Алимардон хам он чо буд ва чунин менамуд, ки бодиккат Раисчумхурро гуш мекунад. Ва агар аз имруз собик раиси Бонки Милли ба истифодаи ин лампочкахо гузарад, то охири сол ба маблаги 189 сомони баркро сарфа мекардааст….

    Comment by Farid | 15.04.2009 | Reply

    • Паёми раисиҷумҳур якчанд нуктаи ҷолиб дошт, масалан, аз байн бурдани монеъаҳои соҳибкорй дар кишвар ва кӯмак ба ташаббусҳои мардумй як ваъдаи хеле ҷиддист, ки худо кунад танҳо дар руи коғаз намонад. Агар ба соҳибкорони мо халал нарасонанд, бовар дорам, онҳо ба ҳалли бахши аъзаме аз масъалаҳои кишвар мусоидат карда метавонанд.

      Аз бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обй ситоиш шуд, аммо хабар дорем, ки яке аз аввалин чунин нерӯгоҳҳо дар вилояти Суғд аз тарафи мақомоти давлат мамнӯъ гашта буд. Оё чунин бархӯрд тағйир хоҳад кард?

      Замин ба мардум низ як ташаббуси муҳим буда метавонад, агар одилона ва оқилона амалй гардад.

      Назар ба соли гузашта паём нисбатан воқеъбинона буд,аммо тавре пешгӯӣ мекарданд, паёми имсола як барномаи миллии зидди бӯҳрон хоҳад шуд, ин тавр нашуд. Дар муқобили масъалаҳои вазнини ҳаёти имрӯза дар маркази паём қарор додани лампаҳои сарфакор, ислом ва дунявият ва гилоя аз нашрияҳои интернетй сатҳи паёми раҳбари давлатро хеле коҳиш дод. Ин масъалаҳое набуданду нестанд, ки сардори давлат ба забон орад.

      Матлабҳои тӯҳматомез дар интернет мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд, аммо чапандозии раиси пешини Бонки Миллии Тоҷикистон ба чашм нахӯрд, магар тӯҳмат аз берун меояд ва ё ин танқидест, ки аз аъмоли давлатмардоне чун Алимардон бармехезад?

      Comment by aioubzod | 15.04.2009 | Reply

  3. Устоди азиз! Чи тавр мешавад бароятон нома навишт, ки дар торнигор нашр нагардад?

    Comment by Farid | 15.04.2009 | Reply

    • фариди азиз. Бароятон нома навиштам ва он ҳам нишонаи почтаи электронии ман аст. Шод бошед.

      Comment by aioubzod | 15.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: