Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чарвидане барои равон ва умр

samashkБемории ман шояд ягон номи бодабдабаи лотинӣ дошта бошад. Номи хушсадое. Аммо пизишкони бешуморе дар ташхиси он оҷизанд. Куҷост Ибни Синое? Дар шигифтам, магар нахустин бор бо ин дард рӯбарӯ мешаванд? Мабод ангали он аз сайёраи дигаре ба аҳли башар партоб шудааст?

Шояд ин мараз номе надорад. Ба ҳар ҳол исми он дар забони худам одист — хастагӣ, пирӣ ва ноумедӣ. Фикр мекунам, вақте атрофиёнам пайваста дар бораи синнусоли биологӣ ва равонӣ ҳарф мезананд ва мегӯянд, одам ҳамонсолаест, ки худро ҳис мекунад, на он ки дар рӯйи санад аст, бешак маро дар назар доранд ва ман аз ин ҳуруф худамро боз ҳам пиртар эҳсос мекунам. Боз ҳам хастаҷонтар.

Аммо асли масъала дигар аст. Хастагии ман маро бо пирӣ ошно кард. “Шинос шавед, something new…”

“Оууу кей!” — Даст додам, аммо на тан. Нӯгпанҷаӣ. Биё, ту ҳам моли Хоҷа Аҳрори Валӣ, чӣ фарқе мекунад. Сипас тамоми шаб сукут варзидам, то сирро фош накунам. То пай набаранд, ки ҳанӯз оташе ба сина дорам. То ҳамла накунанд. То ки охирин зарраҳои ҷавониро аз пешам набаранд. Бигзор хастагии ман фикр кунад, ниҳоят маро пир кард, ба орзуяш расид, лек ман медонам, ҷавониям ҳанӯз дар пеш аст. Бубинем кӣ киро.

Ба ҳар ҳол қонуни зиндагӣ раднопазиртарин қонун аст. Нафаси сарди пирӣ ба рӯям мерасад. Хастагиям шод мешавад. Вале ман маъюс. Ин қадар зиёд дидаму дидам, санҷидаму чашидам, афтодаму бархостам, дохил рафтаму берун омадам, ки дигар хуше ба ин ҳама бозиҳо надорам. Аз ҳамаи ҳақиқатҳо якеашро дарк кардам, ки ҳама чиз гузарон аст. Шӯҳрат, ком, сарват, ишқ, орзу… На фақат гузарон, балки хеле зудгузар аст. Вақте ки болидарӯҳ ба қуллаашон мерасӣ ва ба худ мегӯӣ, “Худоё, чаро ман ин қадар хушбахтам?” ё мисли халтаи рег ба умқашон меафтӣ ва менолӣ, “Худоё, ман чӣ гуноҳе доштам?” нек бингарӣ, мебинӣ, ин қадар пучанд, ин қадар хандадор ва ин қадар нозаруру беҳуда, ки ба як “оҳ” ҳам намеарзанд.

Ба гуфтаи Нодирпури бузург, инҳо ҳама фиребҳои зиндагиянд ва ҳадаф аз онҳо фақат якест, ки зиндагиро раҳо накунӣ, балки бо ин ҷамъ, ғунд, гурӯҳ, чапира, даста, рама, гала, села, пода, тӯда ё ҳарчӣ ки бошад, рӯзҳоятро бишмарию ба сар бибарӣ. “Гар охирин фиреби ту, эй зиндагӣ набуд,” бешакку шубҳа, “ки кайҳо раҳо карда будамат.”

Чанд Нодирпур бояд ин фиребҳоро мисли пиёз ё карами ту дар ту боз кунад ва ба поёни роҳ расад, то дигарон бидонанд, ки “зиндагӣ чист, хуни дил хӯрдан, зери девори орзу…” хуб, ҳар кас тарона мешунавад, давомашро медонад.

Бастагӣ ба орзу дорад. Орзуҳо катализатори зиндагиянд. Ҳатто катализатори синнусол. Дар 25-солагӣ худро ҳафтодсола ҳис мекардам, аммо дар 45-солагӣ гӯё аз нав 20-сола шудам. Силсилаи зеру бамҳо ва талоши танзими суръати зист.

Умед туро боло мебарад ва агар вазни баданат аз андоза беш нашудааст, бароят боли парвоз медиҳад. Ҳар парвозро ноумедӣ мекушад. Вақте ноумед мешавӣ, гӯё поят ба лаби гӯр мерасад. Пас дар ҷустуҷӯи умеди нав мешавӣ, зеро агар зиндагӣ аслан дар андешаи фиребиданат набошад, худ дар андешаи фиребидани худ хоҳӣ буд. “Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.” Худфиребии кул. Аммо ноумедӣ модари хирад аст, чашми туро ба ҳақиқат боз мекунад. Бедард ҳамдард намешавад, бе худи дард ҳамдардие дар миён нахоҳад буд. Фақат нола хоҳад буд. Бечоранолӣ. Дард ва ҳамдардист, ки моро ба ҷое мерасонад.

Ҳама неруву тавони хешро сарф кардам, аммо ҳарчанд шояд касе ба ман ҳасад барад, худ медонам, ки ба ҷое нарасидам. Ҳанӯз ҳам ҳамон ҷавонаки содаву бегуноҳи рустоӣ дар ҳамон оғози роҳи ношинос. То хами кӯча боз чиҳилсола роҳи дигар аст, ки дигар маҷолашро надорам. Хуб, ҳадаф чӣ буд? Манзил? Аммо манзиле дар ҳама рӯйи олам надорам. Дарвешам. Кадом манзил? Магар касе шоҳсутуни ҷаҳон шуданист? Касе ин ҷо омада, ки ҷовидона бимонад? Пас манзил чӣ маъние дорад? Шояд таъолӣ? Вале ман ҳамонам ки будам. Чаро бояд иваз шавам? Ба хотири чӣ ё ба хотири кӣ? Пас чӣ зарур буд ин ҳама тапишҳо? Афтоданҳову бархостанҳо. Зери хатар рафтану аз хатар гурехтанҳо. Бозиҳои беҳуда. Чизе ки монд — доғи ёди ёрони шаҳид. Доғҳои ҷовидонӣ. Суханҳои ногуфта, ҳуруфи ношунида, дастҳои нофишурда, лабҳои набӯсида дар авҷи давандагиҳои бесуд.

Аммо тапишҳо аз хостанҳо набархоста буд? Оё боз ҳам қонуни раднопазири зиндагӣ? Нафс? Талош? Ҳуҷум? Барҳақ, хостанҳо таҳрикомезанд. Хуш ба ҷони касе ки хешро аз ваҳшату васвасаи хостанҳо раҳо кардааст. Авлиё ӯст ва анбиё ӯст. Хостанҳо доманд. Дом марговар. Ҳар кас асири хостҳои хеш шуд, мурд. Вақте хостан дорӣ, тарс низ хоҳӣ дошт. Ва найрангу фиребу дурӯғу хиёнат низ. Лек хостанҳо ба хотири дигарон низ дом аст? Хостанҳо барои хостҳои дигарон? Шиъор! Пардае барои хостаҳои худӣ.

Зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд мегуфт, муҳим ин нест, ки чӣ қадар зистӣ, муҳим аст, ки чӣ гуна. Ин “чигунагӣ” замоне бароят рӯшан хоҳад буд, ки қутбнамое дар даст дошта бошӣ. Тираки қутбнамои ту бояд қутби ҳақиқат ва адолатро нишон диҳад. Роҳ то ин қутб ҳар рӯз пеши рӯят аст ва воқеан, ба қавли Масъуди равоншод, он роҳи кӯтоҳест. Давр хӯрдану чапғалату миёнабурҳо надорад.

Бардошти ниҳоӣ. Набиншинед. Напечед. Набандед. Наистед. Намонед. Мондан дармондан аст. Ҳар кас умрашро ба ҷустуҷӯи роҳ дар роҳҳову пайроҳаҳо ба сар бурд, фаришта хоҳад гашт. Ба хами кӯча расед. Аз он ҷо манзараи нав боз хоҳад шуд ва хамгашти дигаре шуморо фаро хоҳад хонд. Наистед. Истодан гандидан аст. Истодан мурдан аст.

Ва ман пайкарае ҳастам бо нигоҳи яхбаста ба хами он як кӯча. Бо нигоҳи яхбаста, дили яхбаста ва пойҳои яхбаста. Дигар ҳеҷ баҳоре ин яхистони маро об нахоҳад кард. Пирию хастагиям ба ҳолам механданд. Ва бемории ман шояд аслан ном надорад. Ва ё номи он зиндагии пуч аст. Ва марг ҳам давояш. Ягона давояш.

Дар акс Салими Аюбзод дар соли 1989. Аксбардор Владимир Машков.

14.04.2009 - Posted by | Инсон, Ҳолнома |

12 Comments »

  1. Чарвидан* — чора ҷустан, бо кофтукову даводав чораҷӯӣ кардан.

    Comment by aioubzod | 15.04.2009 | Reply

  2. Салими азиз,

    Ин нахустин бор аст, ки дар торнигори нобу азизи шумо паём мегузорам. Чун навиштаи ахиратон ки аз дил бархоста буд, лочарам бар дил нишаст. Суханхои хирадбор ва дарде, ки дар дили гарибон чун гули печак меруяд, дар ин навиштаи шумо мавч мезананд ва чазбаи васфнопазире доранд. Бисёре чун ман муътакиданд, ки шумо шикастанафсй кардаед. Дар тули муддате кутох шумо корхоеро анчом додаед, ки бисёре дар ду умрашон хам кодир ба анчомаш нестанд. Шумо норасида нестед. Борхо ба маъмани мурод расидаед ва муроде дигарро алам кардаед, то ба они дигарй хам бирасед. Фариштаи комгорй пайваста хамрохи шумо буда ва умедворам бо шумо бимонад. Номи он беморй, ки мегуед, гурбат аст. Андухи гурбат мисли кирми хура магз-магзи моро мечавад. Ва дидани фочеъаи миллат аз дур дардноктар аз дидани он аз дарун аст. Бароятон поймардй мехохам ва шукуфоии бештар. Харгиз навмедиро азиз мадоред. Биронедаш. Медонам, ки навмедй чи чонварест. Хазандаву дарандае, ки хамтову хампое надорад. Пайваста суроги чони манро хам мегирад. Аммо чи хуб аст рондани он ва барафроштани парчами умед ва сар додани нидои “Хуршед човидона аст ва фардо хам хохад омад!” Поянда бошед.

    Comment by Dariush | 15.04.2009 | Reply

    • Хуш омадй, Дориюши фарзона ба ин кулбаи вайрона.

      Лутф дорй, азизам. Аммо фариштаҳо аз ҳарду китф парида.

      Оре, мехоҳам як Диле пур аз Умед бошам. Ва хоҳам буд. То охирин нафас. Лек бубин, ин қадар оҷизанд ватанхоҳони мо, ин қадар оҷизем мо. Ин қадар парешону пароканда!

      Дар пешу дур нуре нест.

      Худованд оқибати ҳамаи моро хайр гардонад.

      На! Хоҳем рафт ин роҳро то ба охир, агар умеде ҳаст ё на. Сипос аз такия ва даъват. Роҳро оне хоҳад сипард, ки меравад…

      Comment by aioubzod | 16.04.2009 | Reply

  3. Устод Салим, субхатон ба хайр! Илтимос ин “беморихо ва бечоранолихо”-ро як су гузоред. Ватан, Миллат дар чи холанду шумо чихо мегуед. Аз барои Худо, солиму бардам бошед ва дар фикри имрузу фардои неки ин диёр ва ин халк шавед. Худо нигахбонатон!

    Comment by Sooroosh | 16.04.2009 | Reply

    • Субҳ абриву боронй буд. Шояд сабоҳи дигаре хуршедй ояд?

      Дуруд бар Суруши арҷманд!

      Ин бечоранолй нест, идроки вазъ ва шинохти ҳақиқат аст. Дили ман на танҳо ба Ватану Миллат месӯзад, балки ҳатто ба ҷаноби Раҳмон низ ва самимона. То ба ҳуш омад, фурсат гузашта. Акнун меваи манҳус-анчарро хоҳад чашид ва эй вой бар ҳолаш! Афсӯс, як талоше ҳам накард, ки Худованд бибахшадаш. Пойе дар сад занҷир дошт ва дӯстони ноние дар ҳама атрофу акнофаш. Даъвати ман аз ҳамаи мост, ки наистем ва дарнамонем.

      Сипос аз муҳаббат ва дуои Шумо! Аммо ростй, касеву чизе нестам. Сарафроз бошем!

      Comment by aioubzod | 16.04.2009 | Reply

  4. Устоди азиз! Хамин хисси навмеди аз хама касу чиз дари калби хар инсонеро гох-гохе мекубад. Аммо дарсе аз он гирифтану ба дигарон омухтан хоси бузургон аст. Хуб кардаед ки ин дарди дили хешро ин чо рехтаед, вагарна шогирдони навхати зиндаги чун мо аз дарси дигаре бебахра монда будем. Худованд ба бахти мо каламатонро хамчунон тез нигах дорад.

    Comment by Farid | 16.04.2009 | Reply

    • Муҳаббат ва лутфи Шумо фаровон аст, Фариди азиз. Шифобахш аст.

      Худо ҳамаи моро дар паноҳаш нигоҳ дорад.

      Comment by aioubzod | 16.04.2009 | Reply

  5. Salimi aziz,

    chi navishtahoye pur az dard … vale boz ham, khele khub karded, ke dard-hoyatonro bo dustonaton taqsim namuded.

    Mekhoham Ranginkamon-i zebo-yi KHurshed-i Hayotbakhsh-i UMEDRO dar parcham-i navbahori, chun alanga-yi mehr-i yak dust baroyaton had’ya firistam, to hamaye yakh-hoyaton ob shavand va hazor-ho khamu rost-i payraha-ho, kucha-ho va manzara-hoye nav ba nav-ro payopay bigarded-u dar umq-i dili khud va pas dar dil-hoye mo ham aksgardon kuned…

    To dusti okhirinaton zinda ast, zindavu salomat boshed, Salimi aziz! Pls!!!!!!!!! Pleeeeeeeeeeeeeease!!!
    KHud medoned, ke az dast dodani dust chi sadamaye buzurgest …
    Pls, Tamomi farishtahoye nek-i dustonaton dar kitfonu kanori shumo nishastaand to kumakaton kunand, onhoro mehmoni dil kuned, ba onho tak’ya kuned!

    Medonam, ke haqqe nadoram, vale boz ham nametavonam khomush bosham: bijanged baroye davomi zindagi, bikhurushed bo navmedi, yak shabi toriki ya’sro ba hazoru yak shabi munavvaru zebo tabdil kuned… Isodami Umed boshed, Salimi aziz, baroye navrason, javonon va dustoni nazdiku duraton … Hamesha duoguye shumo va khonavodaaton hastam.

    Zindavu salomat boshed!!!!

    Bo kamoli ehtirom,
    Muborak

    Comment by muborak | 16.04.2009 | Reply

    • Мубораки азиз, сипосгузорам аз муҳаббати беғаразонаи Шумо!

      Оре, умед охирин дастак аст ва агар он ҳам аз даст рафт, дигар ангезае боқӣ намемонад. Орзу дорам яхбастагии банда бештар ҷисмонист, то равонӣ ва даъват ҳамонест, ки буд: “Ба пеш!”

      Дуои Шумо фавқулодда ҷолиб аст — зистан то замоне ки охирин дӯст зинда аст — ва сангин… зеро рафтани ҳар яки онҳо як бор мурдану боз бо машаққат зинда шудан аст…

      Comment by aioubzod | 17.04.2009 | Reply

  6. Durud ba Ayubzodi aziz.
    Piri on vaght oghoz meshavad,ki inson az juyandagi va injomi kori mufid bozmonad.
    Shumo Inshoalloh bo in havsala va tavonoe,ki dored to okhiri umr javon khohed mond

    Comment by hoshim | 28.04.2009 | Reply

  7. Устод, чаро чунин харфхо? Рости, ин сатрхоро мехонаму ашк аз чашмаш чорист. Чаро? Барои чи? Ташаккур аз Шумо, як каме дилам холи шуд.

    Comment by Alisher | 12.04.2012 | Reply

  8. Умед дорам боз ба хами даххо куча хохед расид ва “дар кучаи мо х,ам ид мешавад”. Ноумеди ва яъс аз сипох,и Ах,римананд ва яъси мо танх,о боиси хушии душманонамон мешавад! Аз ин гирдоб берун бояд омад ва ба пеш бояд рафт!

    Comment by А. Рустам | 08.04.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: